Руйхати навбатдорони кафедра

 

 

 

 

 

 

 

 

                                           КАФЕДРАИ ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ

                                                    ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

                Кафедраи забони муосири тоҷикӣ яке аз воҳидҳои  собиқадори илмиву таълимии Донишгоҳ аст. Ин кафедра соли 1948 ҳамзамон баробари таъсисёбии  Донишгоҳ арзи ҳастӣ карда, то имрӯз дар таълиму тарбияи мутахассисони  хушсалиқаву варзида барои соҳаҳои  мухталифи маориф, илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ саҳми муҳим гузоштааст. То соли 1953 таълиму тадриси  забон ва адабиёти тоҷик аз тариқи як  кафедра роҳбарӣ ва назорат мешуд ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ном дошт. Сарварии ин  кафедраро  доктори илми филология, академик  А.Мирзоев ба ӯҳда  дошт.

                Соли 1953 бахши забони ин кафедраро ҷудо карда,  кафедраи забони тоҷикиро ташкил доданд. Вазифаи мудирии ин кафедра  ба дӯши Д.Т.Тоҷиев, ки дар он вақт ягона номзади илм дар кафедра буд, вогузор мешавад. Дар тӯли  зиёда аз сӣ сол ин вазифаро  содиқона ва бо маҳорати баланди  кордонӣ пеш мебарад.

      Дар солҳои аввали фаъолияти кафеда бо профессор Д.Т.Тоҷиев  устодон Ҳ.Каримов, М.Эшниёзов, Обидов, Бурҳонов, И. Саидов кор мекарданд.

                Вақте ки Д.Т.Тоҷиев вазифаи мудирии кафедраро  ба ӯҳда гирифт, бо ду душвории бунёдӣ рӯ ба рӯ шуд: яке камбудии кадрҳои соҳаи забоншиносӣ дар кафедра ва ҷумҳурӣ; ва дуюмӣ мавҷуд набудани барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ аз фанҳои асосӣ. Бояд одилона иқрор шуд, ки профессор Д.Т.Тоҷиев аз ӯҳдаи ҳаллу  фасли ин масъалаҳо сарбаландона баромад. Аз нимаи солҳои 60-уми  асри ХХ бо ташаббус ва мусоидати профессор Д.Т.Тоҷиев ба кафедра ҷавонони  нави хушсалиқа, ба монанди:   М.Н.Қосимова, С.Ҳалимов, М.Турсунов, Р.Ҷӯраев, Б.Камолиддинов, М.Норматов, Ҳ.Маҷидов, Н.Беҳбудӣ, М.Муҳаммадиев, Х.Ҳусейнов, Шукурова К., Р.Х.Додхудоев, Каримов А.А., Каримов А.К.  ҷалб карда мешаванд. .

Дар тӯли мавҷудияти кафедра бо роҳбарии профессор Д.Т.Тоҷиев ва шогирди нахустини ӯ – профессор М.Н.Қосимова, зиёда  аз 40 номзад ва 10 доктори илм ба камол расида, соҳиби  унвонҳои илмӣ шудаанд.      Кафедра дар камолоти докторҳои илм, профессорон Д.Т.Тоҷиев, М.Н.Қосимова, Р.Х.Додихудоев, Манфред Лоренс (аз Олмон), Б.Камолиддинов, Т.Бердиева, Т.Хаскашев, Ҳ.Маҷидов, Д.Хоҷаев саҳми асосӣ дорад. Баъдтар дар заминаи ҳамин кафедра (соли 1994)  кафедраи нав ба номи таърихи забон ва типалогия ташкил шуд ва кафедраи забони тоҷикӣ номи кафедраи  забони муосири тоҷикиро гирифт.

Ҳоло  дар кафедраи забони муосири тоҷикӣ 13 нафар забоншиносони варзида ва муаллимони ҷавон машғули тадрис ва таҳқиқоти  илмиву методӣ мебошанд. Як нафар устоди кафедра –       Ҳ. Маҷидов соҳиби унвони  доктори улуми  филологӣ, 10 нафар:  М.Норматов, Ҳ.Талбакова, М. Бобомуродов, А.Неъматов, В. Абдулазизов, М. Абдураҳмонова, М. Музофиршоев, Ҳ. Дӯстов, Ш. Бобомуродов, Ф. Мирзоёров  номзади илм ва ду нафар: Н.Худоёрова, М.Ҳайдаров устодони ҷавони  бе дараҷаи илмӣ буда, ба таҳқиқи масоили забоншиносӣ машғуланд.Аз соли 1994 то 2001-ум роҳбарии кафедраро  доктори улуми филологӣ, профессор Т.Хаскашев ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2001-2002-юм иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зимаи дотсент Д.Хоҷаев  гузошта мешавад. Соли 2002-юм дар асоси  озмун ба  ин вазифа профессор Ҳ.Маҷидов интихоб шуда, то соли 2005-ум адои вазифа менамояд. Аз соли 2005 то соли 2007 –ум иҷрои ин вазифа аз нав ба дӯши  дотсент Д.Хоҷаев гузошта мешавад. Соли 2007-ум дар асоси озмун  доктори илми филологӣ, профессор Д.Хоҷаев ба вазифаи мудири кафедраи  забони муосири тоҷикӣ  интихоб мешавад.

Аз соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи   дотсент М. Абдураҳмонова  гузошта шуд. Аз соли 2008-ум дар асоси озмун номзади илми филология, дотсент М. Абдураҳмонова ба вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷикӣ интихоб шуда, то ҳол роҳбарии кафедраро ба зима дорад. Бо ташаббуси  дотсент М. Абдураҳмонова ҳайати кафедра аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра карда шуд, ки аксарияти онҳо  соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Ҳамчунин, дотсент М. Абдураҳмонова дар тӯли солҳо   барои мустаҳкам  гардидани заминаи таълимии  кафедра кӯшиши зиёде ба харҷ дода истодааст.

Аксарияти  устодони кафедра  дорои нишони   ифтихории «Аълочии Вазорати  маорифи Тоҷикистон»  мебошанд. Профессор Ҳ.Маҷидов ва дотсентон Ҳ.Талбакова,  М.Норматовро  Ҳукумати ҷумҳурӣ бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон»  сарфароз гардонидааст.

Дар солҳои гуногун дар кафедра устодони зерин  фаъолият намудаанд: С. Назарзода, Тилавов Б., Абдуллоев Ф., Сиёев Б., Қурбонов М., Холов М., Солиева С., Муҳаммадиев М., Акрамов М.,Ҷӯраев Н., Ҳасанов А., Шокиров Т., Ғаниева С., Нурмаҳмадов Ю., Мирбобоев А., Кенҷаев М.

                           НАҚШИ КАФЕДРА ДАР КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ – МЕТОДӢ

         Устодони кафедра аз фанҳои дастури забони тоҷикӣ, ки бахшҳои вожашиносӣ ва фразеология,  савтиёт,  сарфу наҳв ва услубиёт, мадхали  забоншиносӣ,  забоншиносии  умумӣ, асосҳои  ҳусни баён ба он  шомиланд ва  дар факултаҳои забон ва адабиёти рус, забонҳои Осиё ва Аврупо дарс мегӯянд. Устодоне, ки  ин фанҳоро дарс медиҳанд, ҳама дараҷаи илмии номзад ё доктори илмро  доро мебошанд. Ҳамаи фанҳои таълимии кафедра барнома, китоби дарсӣ ё васоити таълимӣ доранд, ки муаллифони  аксарияти онҳо худи устодони кафедра ҳастанд: Чунончи:Муҳаммадиев М. «Очеркҳо оид ба лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (Душанбе, 1968), «Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексика» (Душанбе, 1982), Ҳ.Маҷидов. «Фразеологияи забони адабии ҳозираи тоҷик».-Душанбе, 1982, «Забони адабии муосири тоҷик». Қ. 1. – Душанбе, 2007, М.Муҳаммадиев, Ҳ.Талбакова ва дигарон «Лексикаи забони адабии тоҷик» (Душанбе, 1997),  Т.Хаскашев. Фонетикаи  забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. Садонокҳо ва ҳамсадоҳо (Душанбе, 1983); «Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик». Қ.2. Просодика (Душанбе,1994); «Фонетикаи забони адабии тоҷик» (Душанбе, 1989),  М.Норматов. «Забоншиносии умумӣ» (Душанбе, 1994 ва 2006), «Муқаддимаи  забоншиносӣ» (Душанбе, 1995);  «Усули таҳлили синтаксисӣ» (Душанбе, 1991), «Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (Душанбе, 2001), «Забони адабии муосири тоҷик» (синтаксис). (Душанбе, 2011)

Дар назди кафедра  аз соли 2001 то 2008-ум маркази омӯзиши забони адабии тоҷикӣ (масъул профессор Ҳ.Маҷидов) фаъолият дошт. 

 САҲМИ КАФЕДРА ДАР КОРҲОИ ИЛМӢ

Солҳои 70-80-уми асри ХХ давраи камолоту пешравии  кафедра маҳсуб меёбад, зеро дар ин солҳо, аз як тараф, базаи таълимии  кафедра мустаҳкам шуда бошад, аз тарафи дигар, як  гурӯҳ шогирдони соҳибзавқи устод Д.Т.Тоҷиев ба камол расида, сафи мутахассисони  кафедраро пурра намуданд. Дар ин солҳо  муаллимони ҷавон: А.Мӯъминов, Т.Хаскашев, Ҳ.Талбакова, Ш.Кабиров, Э.Шоев, А.Неъматов, С.Ҳошимов, Ш.Бобомуродов, С.Собирҷонов, Д.Хоҷаев, В.Абдулазизов ба фаъолият шурӯъ карданд.

Профессор Д.Т.Тоҷиев донишманди гуногунсоҳа буд, вале дар маркази диққати ӯ ҳамеша масоили наҳви забони тоҷикӣ меистод. Бесабаб нест, ки рисолаи  номзадии ӯ «Воситаҳои алоқаи муайянкунанда бо  муайяншаванда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1951) ва рисолаи докториаш  «Ҷумлаҳои пайрави ҳол»  (1971) маҳз ба наҳви ҷумлаҳои  соддаю мураккаб бахшида шудаанд. Профессор Д.Т.Тоҷиев маҳз дар таҳқиқи  ҳамин бахши забон натиҷаҳои намоён ба даст овард ва  шогирдони зиёдеро  тарбия намуда,  мактаби забоншиносии худро ба вуҷуд овард. Профессорон М.Н.Қосимова, Б.Камолиддинов, Т.Бердиева, Д.Хоҷаев, дотсентон М.Норматов,  М.Холов, Ш.Кабиров, Э.Шоев, В.Абдулазизов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷойи ифтихор аст, ки дар кафедра дар қатори  ҷавонони тоҷик даҳҳо намояндагони  мамолики хориҷаи  дуру наздики Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина, Федератсияи Россия, Афғонистон, Эрон, Олмон, Булғористон, Амрико дарси илмиву олимӣ гирифтаанд.

Дар пешрафти корҳои илмиву  таълимии  кафедра ҳиссаи  марказҳои  бонуфузи илмии Москва, Санкт-Петербург, Тошканд, Тбилиси, Боку ва олимони шинохтаи ин марказҳо И.И.Зарубин,  А.А.Фрейман, М.С.Андреев, А.А.Семенов, М.Н.Боголюбов, А.З.Розенфельд, В.С.Расторгуева, В.А.Лившитс, И.О.Оранский, Л.Г.Герсенберг, С.Н.Соколов, И.М.Стеблин Каминский, В.Б.Иванов, Ҷ.Гиунашвили, А.Шафоӣ ва дигарон ҳиссаи шоиста гузоштаанд. Донишмандони ин марказҳо ба кафедра бо ду роҳ кӯмак расонидаанд: тарбияи кадрҳои  забоншинос ва тадриси фанҳое, ки дар кафедра мутахассис надоштанд. Аз ҷумлаи устодони кафедра _ профессорон Д.Т.Тоҷиев ва Т.Н.Хаскашев, хатмккардагони Донишгоҳи Санкт – Петербург буда,  давраҳои аспирантура ва докторантураро низ дар ҳамин  донишгоҳ гузаронидаанд. Профессор Р.Х.Додихудоев ва дотсент Р.Ҷӯраев рисолаҳои номзадии худро таҳти  роҳбарии М.Н.Боголюбов ва С.Н.Соколов ба анҷом расонидаанд. Дотсентон Ш.Бобомуродов ва А.Неъматов дастпарварони профессор Ҷ.Гиунашвили мебошанд. Чандин устодони дигар дар ин марказҳо такмили  тахассус кардаанд ва  аз ин олимон роҷеъ ба  рисолаҳои илмӣ маслиҳату машварат гирифтаанд.

Ҳамчунин дар назди  кафедра 4  аспирант, як докторант ва 3   унвонҷӯ  машғули  татқиқоти  илмӣ мебошанд, ки ба онҳо профессорон Д.Хоҷаев ва Ҳ.Маҷидов, Нозимов А. ва дотсент М. Абдураҳмонова роҳбарӣ менамоянд.

Фаъолияти илмӣ ва омӯзишии шогирдони кафедра  аз тариқи  дарсҳои  назариявӣ  ва амалии  тахассусӣ, маҳфили илмии «Забоншиноси ҷавон» (роҳбар – номзади илми филология Ф. Мирзоёров), навиштани  рефератҳо, гузоришҳо, корҳои курсӣ ва рисолаҳои  дипломӣ, номзадӣ ва докторӣ сайқал меёбад.

Дар таҳқиқи масъалаҳои бунёдии илми Забони адабии муосири тоҷикӣ хизмати  олимони  кафедра назаррас аст. Ҳоло олимони кафедра доир ба  чор масъалаи илмӣ – сохтори овозии забони тоҷикӣ), вожашиносӣ ва фразеология; сохтори сарфӣ ва калимасозии  забони тоҷикӣ; сохтори наҳвии забони  тоҷикӣ, ки фарогири паҳлӯҳои гуногуни масъалаи  умдаи «Таҳқиқ ва тасвири  забони адабии муосири тоҷикӣ» мебошанд, тадқиқоти  илмӣ  анҷом медиҳанд:

Олимони кафедра дар кори тарбияи кадрҳои илмӣ  ва омӯзгорӣ анъанаи хуби  устодони худро идома дода  истодаанд. Чандин номзадҳои  илм ва докторҳое, ки марҳилаҳои аспирантура ва докторантураашонро   дар назди кафедра гузаронидаанд,  дар марказҳои  илмиву таълимии  ҷумҳурӣ ва мамолики  муштаракулманофеъ бомуваффақият ифои вазифа карда истодаанд.

Устодони кафедраи забони муосири тоҷикӣ бо марказҳои  илмиию таълимии дохилӣ  ва хориҷии  забоншиносӣ  алоқаи доимӣ доранд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо  олимони ин  марказҳо  тадқиқоти  илмӣ анҷом медиҳанд, китобу мақолаҳо менависанд, дар ҳимояи  рисолаҳои илмӣ ба  сифати муқарризи расмию ғайрирасмӣ  ширкат меварзанд. Устодони кафедра дар корҳои  маърифатӣ бо  муассиса  ва созмонҳои марбутаи ҷумҳурӣ фаъолона  ширкат  варзида,  дар ҳаллу  фасли  масоили  илмиву фарҳангӣ саҳм мегиранд.  Проф. Ҳ.Маҷидов ва аъзои Шӯрои  диссертатсионии ДМТ ва М. Абдураҳмонова аъзои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

    
   
                                                Абдураҳмонова Мастура Амиралиевна (тав. 25.06.1960, шаҳри Кулоб)  филолог, номзади илми филология (2003), дотсент (2007). Хатмкардаи ДДК-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1980), лаборанти калони кафедраи забони тоҷикӣ (1986-1987), ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ (1986-1987), аспирантураи ДДТ (1990). Аз соли 1990 омӯзгори ҳамин Донишгоҳ. Аз соли 1990 ассистент ва аз соли 2001 то соли 2005 ҷонишини декан оид ба шуъбаи ҳуҷҷатшиносӣ ва соли 2002 муаллими калони кафедраи забони муосири тоҷикӣ, соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва дотсенти ҳамон кафедра ва аз соли 2008  то ҳол мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷалла, рӯзнома ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонидааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Точикистон» буда, бо ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

      Ос: Ҷумлаи амрӣ дар забони адабии тоҷикӣ.- Душанбе : Матбуот, 2010.- 144с. (монография), Шасти камолот.- Душанбе: Матбуот, 2009.- 112 с. (мураттиб).  Мулоҳизаҳо доир ба раванди нутқ. Паёми Донишгоҳи миллӣ.- Душанбе, 2002.- №2 (мақола). С. 108-115. , Муносибати ҷомеа ба забони коргузорӣ. /Нақши забон дар рушди ҷомеа.-  Душанбе, 2008.- С. 32-37 (мақола).

  Талбакова Ҳуснигул (24.12.1943 , ноҳияи собиқ Қизилмазор (ҳозира Темурмалик) ), филолог, забоншинос, номзади илми филология.  Солҳои 1961-1966 донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

     Аз соли 1966 то соли 1967 – лаборанти кафедраи забони тоҷикӣ. Солҳои 1967-1972 ассистенти кафедра. Солҳои 1973-1976  аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ.

    Соли 1978 Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии  «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил». Аз соли 1983 то ҳол дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ. Дар давоми фаъолияти  илмии омӯзгорӣ зиёда аз 70 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.  Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Шарафи модарӣ» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои  ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мебошад. 

    Ос: 1)Лексикаи забони адабии тоҷик.- Душанбе, 1977, бо ҳаммуалифӣ. 2) Вожашиносии забони адабии тоҷик.- Душанбе: 1999.- 101 с. (бо ҳаммуалифӣ). 3) Луғати антонимҳои забони  адабии тоҷик.- Душанбе, 2000, 101 с. 

Маҷидов Ҳомид  (тав. 15.06.1937, ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Чоряккорон), забоншинос, доктори илми филология (1995), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи  забони муосири тоҷик. Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус  (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 мудири кафедраи забони муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)-ро ба ӯҳда дошт.
     М. аз бунёдгузорони назарияи фразеология (=таъбирот)-и забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Вай тамоми умр бо ин мушкилоти сарбаста машғул шуда, як силсила масъалаҳои мубрами онро ҳал кардааст. Аз ҷумла, муқаррар намудани  сатҳи фразеологияи забони тоҷикӣ дар радифи системаҳои дигари он, гурӯҳҳои маъноӣ, сохторӣ, мансубияти ҳиссаинутқӣ ва шаклу категорияҳои грамматикии воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ ба ӯ тааллуқ  дорад. Дар асару мақолаҳои  сершумори ба мушкилоти фразеология бахшидаи ӯ ҳамчунин масъалаҳои сермаъноӣ, омонимия, синонимия, антонимия, услубиёт, манбаъҳои пайдоиш, фарҳангсозии фразеологӣ тадқиқ шуда, қонуниятҳои мавҷудият ва амали ин воҳидҳои ниҳоят пуробуранги забони тоҷикӣ муқаррар карда мешаванд. Ин ҳама назарияву натиҷагириҳои  дар монографияи «Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик» (Душанбе ,2006) ҷамъбастгардидаи ӯ аз ҷониби мутахассисони худӣ – Ғаффоров Р., Капранов  А., Рустамов Ш. ва махсусан, хориҷи кишвар – Рубинчик Ю.А. (Москва), Шафоӣ Р., Султонов Р. (Боку), Гертсенберг Л.Г. (Санкт-Петербург), Ғаниев А.Г. (Тошканд) ҳамаҷониба дастгирӣ шудаанд.
     М. дар баробари тадқиқи системаи фразеологии забони тоҷикӣ ба масъалаҳои мубрами луғат, сарф, савтиёт, имло ва услубиёти забони муосири тоҷик низ машғул шудааст. Ба хусус, ақидаҳои ӯ нисбат ба калима ҳамчун воҳиди асосии забони тоҷикӣ ҷолиби диққатанд. Ӯ аввалин бор дар забоншиносии тоҷик нишонаҳои фарқкунандаи калимаи тоҷикиро баррасӣ намуда, онро  аз воҳидҳои сатҳҳои фразеология ва нутқ ҷудо мекунад. Вай ба ақидаи ғалати дар забоншиносии тоҷик ҳукмрони аз маънои аслӣ пайдо шудани ҳамаи маъноҳои маҷозӣ зарбаи қотеъ зада, навъҳои воқеии маъноҳои луғавии забони тоҷикиро таҷзия намудааст, ки ба ин қатор маъноҳои мафҳумӣ, эҳсосотӣ, модалӣ ва ишоратӣ шомил ҳастанд. Дар нигоришоти М., ки ба масъалаҳои луғатшиносӣ бахшида  шудаанд, ҳамчунин аввалин бор дар забоншиносии тоҷик масъалаҳои калимаҳои ҳамоҳанг, вожаҳои услуби баланд ва паст, ҳамнишинӣ ва интихоби онҳо дар нутқ, вазифаҳои луғатнигории тоҷик ва усулҳои фароҳам овардани луғату фарҳангҳои мухталифи забони тоҷикӣ тадқиқ гардида, ба як низоми муайян дароварда шудаанд. Вай бо мавзуъҳои фразеология ва луғатшиносии тоҷик дар зиёда аз 50 конфронс ва симпозиумҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ баромад кардааст. Ақидаҳои фразеологӣ ва луғатшиносии ӯ дар корҳои тадқиқотии беш аз 100 муҳаққиқи тоҷик ва эроншиносони хориҷи кишвар тадбиқи худро ёфтаанд.
    Дар як силсила асару мақолаҳои проф. М. роҷеъ ба масъалаҳои мубрами грамматика сухан меравад. Ба ин ҷумла, «Гурӯҳҳои феъли забони тоҷикӣ» (1978), «Ибораҳои фразеологӣ ва таркибҳои феълӣ» (1986), «Оид ба категорияи намуди феъл дар забони тоҷикӣ» (1999), «Оё барои забони мо грамматика зарур аст?» (2009), «Мулоҳизае чанд роҷеъ ба баъзе масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ» (2010) шомил ҳастанд. Дар ин асарҳо вай доир ба масъалаҳои шакл, категория ва сохтори сарфии калима ва таъбироти тоҷикӣ таваққуф кардааст.
     Аз назари диққати М. масъалаҳои мубрами меъёрҳои забони адабии муосири тоҷик, ҳусни баён, услубиёт ва тозагии забони тоҷикӣ низ берун намондаанд. Дар мақолаҳои  вай «Оид ба баъзе майлонҳои номатлуб дар забони адабии муосири тоҷик» (2003), «Оид ба масъалаи  мутобиқати калимаҳои иқтибосии русӣ ва аврупоӣ» (2003), «Оё, мо  забони адабии шифоҳӣ дорем? » (2004), «Забони адабии тоҷик ва меъёрҳои луғавии он» (2005) риоя нашудани меъёрҳои корбурди забони адабии имрӯза, махсусияти асосҳои ҳусни баёни тоҷикӣ, ҷалб намудани диққати аҳли фазли тоҷик ба масъалаи тозагии забон ба миён гузошта шудаанд. Умуман, ба қалами М. 11 китобу рисолаҳои ҷудогона ва зиёда аз 170 мақолаи илмиву методӣ мансуб аст. Асару мақолаҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ низ ба табъ расидаанд.
    М. аз методистони шинохтаи забони тоҷикӣ дар системаи мактабҳои олии мамлакат ба шумор меравад. Бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаҳои филологияи тоҷики мактабҳои олӣ китобҳои дарсии вай «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик»( 1982) ва «Забони адабии муосири тоҷик. Луғатшиносӣ» (2007) ба табъ расидаанд, ки онҳо ҳамчун васоити асосии таълимӣ истифода бурда мешаванд. Вай мураттиби «Барномаи забони адабии муосири тоҷик» (2005), «Барномаи услубшиносии забони адабии тоҷик» (2005) ва «Барномаи асосҳои ҳусни баён» (2005) буда, дар танзим ва таҳрири зиёда аз 10 барномаҳои дигари таълимии забони адабии муосири тоҷикӣ ширкат варзидааст. Фаъолияти муҳарририи ӯ низ  пурмаҳсул аст. Зиёда аз 20 номгӯй асарҳои монографӣ, маҷмӯа ва дастуру китобҳои дарсии муҳаққиқони ҷавон бо таҳрири ӯ аз чоп баромадаанд. Ҳамчунин вай бо тақризу тавсияҳои худ ба нашри монография, дастур ва китобҳои дарсии забоншиносони маъруфи тоҷик  Хушенова С.В., Рустамов Ш., Хаскашев Т., Шаропов Н.А., Маҳмудов М., Муслимов М., Хоҷаев Д. ва бисёр дигарон мусоидат намудааст. 
     Проф. М. баробари фаъолияти илмиву педагогӣ бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ низ масруф аст. Бо роҳбарии ӯ панҷ нафар забоншиноси ҷавон рисолаҳои номзадӣ дифо намудаанд. Феълан вай ба 5 нафар аспиранту унвонҷӯ ва 1 нафар докторант роҳбарӣ мекунад. Вай дар дифои рисолаҳои докторию номзадии зиёда аз 10 нафар унвонҷӯён ба ҳайси муқарризи расмӣ баромад карда, ҳамчун аъзои гурӯҳи коршиносони назди шӯроҳои диссертатсионӣ  рисолаҳои илмии муҳаққиқони зиёди дигарро барои ҳимоя пешниҳод намудааст.
    Проф. М. узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи коршиносони назди Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба нашри китобҳо ва барномаҳои таълимӣ, аъзои ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Забоншиносӣ»-и назди АИ Тоҷикистон мебошад. Вай солҳои зиёд ба ҳайси аъзои Шӯрои махсуси АИ Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои докторӣ аз забон, аъзои комиссияи кори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни забон ва аъзои гурӯҳи кории ҳукуматии Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ адои вазифа намудааст.
     Хидматҳои проф. М. аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадр карда шудаанд. Вай бо медали  «Собиқадори меҳнат» (1987), нишони  «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) ва унвони фахрии  «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997) мукофотонида шудааст.
     Ос: Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик.- Душанбе, 1982; Ҳилол Каримов – муаллими нахустини мо.– Душанбе, 1982; Забони адабии муосири тоҷик.– Ҷ.1.– Луғатшиносӣ.– Душанбе, 2007; Забони адабии муосири тоҷик ва меъёрҳои луғавии он // Садои Шарқ.– 2005.– №7-9; Мулоҳизае чанд роҷеъ ба баъзе масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ// Садои Шарқ.– 2010.– №2; Изучение русской фразеологии в таджикской школе (дар ҳамкорӣ).– Душанбе, 1980; Фразеологическая система современного таджикского литературного языка.– Душанбе, 2006; The Similarity of Reflecting Reality in tajik phraseology and in other languages // The «Shahname» of Firdowsi is uniqe, creative, and artistic achievement in history of word civlization.– Dushanbe- Tehran, 1994.

    

   Норматов Мадиброҳим (тав. 01.02.1938 ноҳияи Ашт) забоншинос, номзади илми филология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ: ассистент, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 дотсент то ҳол. Дар давоми фаъолияти  илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.  Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

      Ос: Муқаддимаи забоншиносӣ («Маориф», 1995.- 172 с.; «Матбуот», 2006.- 240 с.): Забоншиносии умумӣ («Маориф», 1991.- 160 с. ; «Матбуот», 2007.- 256 с.): Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик («Матбуот», 2001.- 184 с.): Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис) («Матбуот», 2011.- 324 с.): Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он («Матбуот», 2008.- 148 с.).

 Бобомуродов Ш. (29,12,1942, Панҷакент), забоншинос, номзади илми филология (1975), дотсент (1983).

Фаъолияти меҳнатии Бобомуродов Ш. соли 1961 пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар мактаби ҳафтсолаи ба номи Шербаковаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) оғоз ёфтааст.

Соли 1962 ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи Уневерситети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1970 (пас аз адои хизмати ҳарбӣ) бо баҳои аъло хатм намудааст.

Солҳои 1970-74 аввал ба сифати муҳаққиқи коромӯз ва сипас аспиранти кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти сарпарастию роҳбарии ховаршиноси машҳур Ҷамшед Гиунашвили дар мавзӯи «Сохтори овошиносию фонологии калимаҳои якҳиҷоӣ дар забони адабии тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз соли 1975 то имрӯз устоди кафедраи забони адабии муосири тоҷикист.

Ӯ солҳои 1984-87 дар ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси мушовир-тарҷумон ифои вазифа намудааст. Ба қалами ӯ беш аз шаст номгӯй асару мақолаҳои илмию дастурҳои таълимӣ тааллуқ дорад.

Бобомуродов Ш. бо ифтихорномаҳои донишгоҳ,  ифтихорномаҳои Сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии Афғонистон, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999) ва соли 2002 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Осор: Садоноки «ӯ» ва мавқеи он дар системаи вокализми забони тоҷикӣ. – душанбе, 1978 - 54с.; Луғати мухтасари калимасозии забони адабии тоҷикаммуаллиф). –Душанбе: маориф, 1985.-150с.; Русско-дари словарь технических терминов автомобильного транспорта. –Кабул, 1996-182с.; Ҳамсадоҳои такрор дар забони адабии ҳозираи тоҷик. –Душанбе, Дониш, 1987-58с.; Таълими баъзе масъалаҳои душвори фонетика ва имлои тоҷикӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2005. -84с.; китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфи 5 (ҳаммуаллиф) –Душанбе, 2006.-280с. Ҷамоли мард дар фасоҳати гуфтори ӯст. –Душанбе, 2012.-239с.

 
      Абдулазизов Ваҳобҷон (тав. 29.10.1955 д. Зартеппа, ҷамоати деҳоти Гулистон н. Ленин (ҳоло н. Рӯдакӣ) филолог, номзади илми филология (1993). Хатмкардаи факултети филологияи  тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1977). Муаллими мактаби миёнаи №90 н. Ленин (1977-1979), лаборанти кафедраи забони тоҷикии УДТ ба номи В.И. Ленин (1979-1980), сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати тарҷумони мушовири КМ ВЛКСМ (1980-1983), мудири кабинети лингафонии факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И. Ленин (1983-1985), сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати ёвари сармушовири КМ ВЛКСМ (1985-1987), муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №90, н. Ленин (1987-1989), ассистент, дотсенти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1989), муовини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия ва илм, муовини декани факултети филологияи ДМТ оид ба илм (1996-2005), Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон (2005- 2009), ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (2009-20012). Аз соли 2012 то ҳол дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ.  Дар давоми фаъолияти  илмии омӯзгорӣ зиёда аз 30 мақолаи худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.  Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», ордени давлатии Ҷумҳурии Афғонистон- «Фидокорӣ», медали Давлатии Ҷумҳурии  Афғонистон «Аз мардуми сипосгузори Афғонистон»(1987-1988) ва медали «10-солагии Инқилоби Савр» (1988) ҳамчунин медалҳои фахрии КМ ВЛКСМ- «За активную работу в Комсомоле» (1981); «Трудовая доблесть» (1983); медали КМ ВЛКСМ ва Комитети Созмонҳои Ҷавонони (КМО) СССР- «За укрепления Мира, дружбы и солидарности молодёжи»(1987) ва «Медали ифтихорӣ»-и «Созмони ДемократииҶавонони Афғонистон»- ду дафъа солҳои 1983 ва 1987  инчунин чандин Ифтихорномаҳои Вазорати  Маориф   мебошад.

     Ос: Калимаю Таркибҳои пайвандакӣ дар ҷумлаҳои пайрави пуркунанда. Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1993, №4, саҳ. 13-20; Вожагиҳои вожаи «то». Маҷаллаи «Адаб» 1995, №3-6, саҳ. 11-17; Тобишҳои маъноии иловагии ҷумлаи пайрави пуркунанда. Дар китоби «Вазифаҳои воҳидҳои забонӣ дар ҷараёни гуфтор» (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 1995, саҳ. 153-159;  Сермаъноии ҷумлаи пайрави пуркунанда. Дар китоби «Сохтор ва корбасти воҳидҳои забони тоҷикӣ», (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 1999, саҳ. 130-136; Вазифаҳои дастурии вожаи «чун» дар ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ. Дар китоби «Забон рукни тоат». (Маҷмӯи мақолаҳо).– Душанбе, 2004, саҳ. 96-106; Ҷумлаи пайрави хилоф дар ашъори М. Турсунзода. Дар китоби «Вассофи сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо» (Маҷмӯи мақолаҳо).- Душанбе, 2011.

      Музофиршоев Маҳмадалишо Ҳокимшоевич (тав. 27.07.1961, д. Сижд, н. Шуғнони ВМКБ.), филолог, номзади илмҳои филологя (2012). Хатмкардаи факултаи филологияи ДМТ (1989). Муаллими фанни  Алифбои ниёгон дар мактаби таҳсилоти умумии №51, ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) (1989-91), омӯзгори фанҳои алифбои ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дар м.т.у. № 26 ва 28 н. Шуғнон (1992-1995), ҷонишини директор оид ба тарбия дар Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, ш. Душанбе ва омӯзгори фанҳои алифбои ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дар литсеи №55 ш. Душанбе(1995- 2003). Аз соли 2004 муаллими калони кафедраи забони муосири тоҷики факултаи филологияи ДМТ.

   

   Мирзоёров Фирдавс Ниёзович (тав.25.09.1979 ) филолог, номзади илми филология (2011), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2010). Хатмкардаи ДМТ (2003) ва аспирантураи он (2008). Баъд аз хатми аспирантура фаъолиятро дар ДМТ ба ҳайси китобдори Китобхонаи илмии донишгоҳ оғоз намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи июни соли 2012 дар кафедраи таърихи забон ва типология фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2012 то имрӯз дар кафедраи забони муосири тоҷикӣ ба сифати ассистент фаъолият дорад. Дар давоми фаъолияти илмии омӯзгорӣ барои  донишҷӯён маводи илмию оммавӣ дар саҳифаи маҷалла, рӯзнома ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонидааст.

Ос:.1. Шарҳи баъзе пасвандҳои калимасоз дар «Фарҳанги Рашидӣ» //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(маҷаллаи илмӣ). – Душанбе: Сино, 2010. №5 (61).- С. 85- 88; Шарҳи изофат дар фарҳангҳои тафсирӣ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(маҷаллаи илмӣ). – Душанбе: Сино, 2010. №7(63).- С. 104-107; Шарҳи пешоянду пасояндҳо дар фарҳангҳои тафсирӣ //Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон(маҷаллаи илмӣ).Шуъбаи илмҳои гуманитарӣ,Душанбе, 2010.№4(230).-С.80-86; Шарҳи масъалаҳои лексикиву грамматикӣ дар муқаддимаи фарҳанги тафсирии «Бурҳони қотеъ» // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон        ( маҷаллаи илмӣ) №8(72).-Душанбе: «Сино».-2011.-С.297-302.

 

 Дӯстов Ҳамрохон Ҷумъаевич (тав. 13.09.1981, ноҳияи Шӯробод) филолог, номзади илми филология (2010), дотсент (2011). Хатмкардаи факултети филологияи ДМТ (2005) ва аспирантураи он (2010). Аз соли 2005 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 2010 то соли 2011 ассистент ва аз соли 2011 инҷониб дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ. Мавзӯи рисолаи номзадиаш «Воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар забони адабии муосири тоҷик».  Дар давоми фаъолияти илмии омӯзгорӣ вобаста ба масъалаҳои мухталифи илми забоншиносӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла ва маҷмӯаҳои илмӣ мақолаҳои илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ. Самти тадқиқоти ӯ бештар ба омӯзиши масъалаҳои илми фразеология бахшида шудааст.  

    Бобомуродов Шуҳрат Мавлонович (тав.18.05.1983 шаҳри Панҷакент) забоншинос, номзади илми филология (2011), муаллими калон (2011). Хатмкардаи ДМТ (2006) ва аспирантураи он (2011).  Аз соли 2007 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 2011 муаллими калони  кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ.        

     Ос: Шарҳи чанд истилоҳи коргузорӣ дар фарҳангу луғатҳои дузабона.// Маводи конференсияҳои илмӣ – назариявӣ бахшида ба 14-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-2008.- С.32-44; Вожаи «Оиннома» ва шарҳу тафсири он  дар луғатҳо.//Маърифати омӯзгор. -2010 .– №3 . - С. 41-45; Баъзе хусусиятҳои услубии матнҳои  ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2010. -  №2. - С. 8-11; Ҷаъбандии исмҳо ва корбасти онҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф.//Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -2011 .– №3 . - С. -  385 -390; Нақши шумора дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф.//Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -2011 .– №6 . - С. -  285 -289.

   

Описание: C:\Documents and Settings\кафедра\Рабочий стол\IMG_9146.JPGҲасанов Меҳроб Маҳмадович – ассистенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
23-юми июни соли 1990 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 2008 мактаби миёна, соли 2014 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 2015 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст, дар мавзӯи «Тадқиқи сохториву фонатсионии воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ» таҳқиқоти илмӣ  бурда истодааст.
  Аз соли 2016  муовини декан оид ба тарбияи факултети филологияи ДМТ.

   

 

 

 

Мудирони кафедра

 

 

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён)  Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2020.   Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,      email: yorjon@mail.ru