КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият 

            Таърихи таъсис. Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик соли 1948 таъсис ёфт ва мудири он С.Ш. Табаров буд. Соли 1962 кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба ду кафедра тақсим шуд: кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик. Ба кафедраи таърихи адабиёти тоҷик профессор Ҳусейнзода Ш. ва ба кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик дотсент Табаров С.Ш. мудир таъйин шуданд.

            Ҳайати устодони кафедра. Муассис ва аввалин мудири кафедра шахсияти дар соҳаи маориф ва таълими мактаби олӣ ва танқиду илми адабиётшиносӣ маъруф, номзади илми филология, баъдҳо профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таъйин карда шуд. Дар соли аввали таъсис ба ҳайати кафедра муаллимон Т.Неъматзода, С.Асадуллоев, С.Амирқулов, С.Имронов ва лаборанти калон Назира Қаҳҳорова шомил шуданд. Баъди як-ду сол С.Асадуллоев ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд интиқол шуд. Назира Қаҳҳорова рисолаи номзадӣ дифоъ кард, баъди як сол ба вазифаи муаллимӣ гузаронда шуд, мутаассифона хеле бармаҳал, дар соли 1983 вафот ёфт. Дигарон рисолаҳои номзадӣ ва баъдан устодон Т.Неъматзода ва С.Амирқулов рисолаи докторӣ дифоъ карда, дар мақоми профессорӣ ҷой гирифтанд. Профессор Ш.Ҳусейнзода соли 1985 ба нафақа баромаданд, вале аз дарс додан даст накашида, дар соли 1988 вафот ёфтанд. Устод С.Имронов соли 2006 аз олам чашм пӯшид.

Аз соли 1985 то соли 1993 профессор А.Сатторзода вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Дар муддати мусофирати ӯ ба Афғонистон як сол Т.Неъматзода ва як сол Х.Шарифов иҷрокунандаи вазифаи мудириро ба ӯҳда доштанд ва соли 1993 як сол ҳамин гуна вазифаро С.Имронов ба ҷой овард. Аз соли 1994 то соли 2009 профессор Х.Шарифов мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик буд, аз соли 2009  то кунун ин вазифа бар ӯҳдаи дотсент М. Солеҳов аст.

Дар оғози солҳои ҳафтодуми асри бистум ба кори кафедра муаллимон С.Воҳидов, А.Сатторзода (Сатторов) ва Х.Шарифов қабул шуданд. Устод С.Воҳидов, баъди хатми таҳсил дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, ба сафи муаллимон ворид шуд, рисолаи номзадӣ ва баъдан докторӣ дифоъ кард. Устод С. Воҳидов то вопасин лаҳзаҳои умрашон (то соли 1993) профессори кафедра  буданд.

Аз миёнаи солҳои 80-ум ва оғози солҳои навадуми асри гузашта муаллимон У.Тоиров, М.Солеҳов, Б.Мақсудов, А.Абдусатторов ва баъдтар муаллимони ҷавон М.Нарзиқул, М.Низомов ва Л.Ҳоҷибоева ба кор қабул шуданд. Якчанд сол дотсент Ш.Исрофилов муаллими кафедра буд. Ба истиснои Л.Ҳоҷибоева дигар ҳамаи муаллимони мазкур рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Тоиров У., Абдусатторов А., Б. Мақсудов, М. Нарзиқул (Маҳмудзода) ва Ш. Исрофилов инчунин, ба дифои рисолаХои докторӣ муваффақ шуданд ва унвони профессорӣ ҳам доранд. Соли 2006 Ниёзов П. ва соли 2007 Раҷабова О. ба сафи муаллимони кафедра шомил шуданд. Соли 2012 ассистентон Афғонов А. ва Нозимова Г.  ба фаъолият оғоз намуданд.

            Фаъолияти кафедра. Аз оғози таъсис вазифаи кафедра таълими таърихи адабиёт, назария ва нақди адабӣ аз замони қадим то оғози садаи бистуми мелодӣ буда, ин замони тӯлонии сайри таърихи адабиёт ба ду марҳила тақсим мешавад: 1) адабиёти қадим, 2) адабиёти асрҳои миёна. Адабиёти асрҳои миёна низ дар ду қисм таълим дода мешавад: адабиёти асрҳои IXV ва адабиёти асри ХVI оғози асри. Аз оғози таъсиси кафедра назмшиносӣ ҳамчун фанни ёвари таърихи адабиёт таълим дода мешавад. Асоси фанни назмшиносиро илмҳои арӯз, қофия, бадеъ ва анвои шеър ташкил медиҳанд. Тадриҷан таълими фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, мактабҳо ва сабкҳои адабӣ ва таҳлили мутуни адабиёти классикӣ, инчунин фанҳои усули таълими адабиёт ва адабиёти хориҷа (адабиёти араб, Туркия ва Ҳинду Покистон), нома ва номанигорӣ ба ҷумлаи фунуни таълимии кафедра шомил шуданд.

            Усули таълим. Дар тӯли мавҷудияти кафедра усул ва тарзҳои таълими фанҳои асосӣ такмил ёфтанд. Дар замони шӯравӣ дар таълими таърихи адабиёт назари синфигароӣ ва мафкураи мувофиқи он имтиёз дошт. Ҳоло тамоюли асосии таълим ба озодии андеша ва баҳои воқеӣ ба ҳаводиси адабӣ нигаронида шудааст. Барномаи таълими таърихи адабиёт чор маротиба таҳриру такмил ёфта чоп шудааст. Дар солҳои охир барномаи таълим барои фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, назмшиносӣ, сабкҳои адабӣ тартиб дода шуда, ба чоп расидаанд. Китобҳои таълимӣ барои фанҳои балоғат ва суханварӣ ва назмшиносӣ аз ҷониби устодони кафедра Шарифов Х. ва Тоиров У. навишта шуда, инчунин доир ба таълими арӯз устодон М. Нарзиқул (Маҳмудзода), У. Тоиров, М. Солеҳов ҳар кадом алоҳида китобҳои таълимӣ таълиф кардаанд. Таълифи  китоби дарсии «Нома ва номанигорӣ» ба қалами профессор М. Нарзиқул (Маҳмудзода) тааллуқ дорад. Барои фанни таҳлили матн Исрофилниё Ш. васоити таълим омода кардааст. Азбаски китоби дарсии таърихи адабиёт мавҷуд нест, кафедра талхиси  китоби Забеҳуллоҳ Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон»-ро бо хатти тоҷикӣ нашр кардааст. Ҷилди аввали китобро Шарифов Х. ва Абдусатторов А., ҷилди дуюмро Имронов С. ва Мақсудов Б., ҷилди сеюмро Шарифов Х. ва Абдусатторов А. ва ҷилди чаҳорумро Шарифов Х. ва Низомов М. ба чоп омода кардаанд.

  Фаъолияти илмии устодон

             Самтҳои таҳқиқ. Устодони кафедра аз оғози ташкили он дар масъалаҳои таърих, назария ва нақди адабиёти қадим ва асрҳои миёна ба таҳқиқи илмӣ машғул шудаанд. Профессор Ш.Ҳусейнзода дар мавзӯъҳои таърихи адабиёти тоҷик мақола, рисола ва китобҳо навишта, муддати мадиде муаллифи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-ум ва 8-уми мактаби миёна буд. Профессор Ш.Ҳусейнзода бо ҳамроҳии Х.Шарифов чаҳор китоб дар солҳои 80-уми асри гузашта роҷеъ ба  фаъолиятҳои Ибни Сино дар соҳаи адабиёт ва адабиётшиносӣ навишта ба табъ расонидаанд. Проблемаҳои таъсири Арасту ба афкори назарӣ-адабии тоҷик аз ҷониби профессор А.Сатторзода, таърихи тазкиранависӣ С.Воҳидов, эҷодиёти Масъуди Саъди Салмон ва Возеҳ аз ҷониби Т.Неъматзода, адабиёти аввали асри ХIХ – С.Амирқулов, ҳаёт ва эҷодиёти Ибни Ямин – С.Имронов, назарияи наср аз тарафи Х.Шарифов таҳқиқ шудаанд. Устодони ҷавони кафедра низ дар инкишофи илми адабиётшиносии тоҷик саҳми намоёне доранд. Аз ҷумлаи китобҳои илмии машҳуртарини устодони кафедра инҳоро номбар кардан лозим аст: Ш.Ҳусейнзода «Сухансарои Панҷруд»; Т.Неъматзода «Ҳаёт ва эҷодиёти Масъуди Саъди Салмон»; С.Имронов «Ибни Ямини Фарюмадӣ»; С.Амирқулов «Адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХIХ»; С.Воҳидов «Тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ»; Х.Шарифов «Каломи бадеъ», «Назарияи наср», «Рози ҷаҳон»; А.Сатторзода «Поэтикаи Арасту ва таъсири он ба равияи машшоиюн»; Б.Мақсудов «Ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ», «Рӯзгор ва осори Фахруддини Ироқӣ»; У.Тоиров «Вазни шеъри халқии тоҷикӣ»; М.Солеҳов «Мунтахаби «Ҳадиқатулҳақиқат»-и Саноӣ»; А.Абдусатторов «Таърихи адабиёти араб»; М. Нарзиқул (Маҳмудзода) «Масъалаҳои назария дар адабиёти асрҳои ХIIIIV форс-тоҷик»; М.Низомов «Поэтикаи ғазалиёти Шайх Аттор» ва ғайра.

Тарбияи кадрҳои илмӣ. Ҳамаи устодони ҳозираи кафедра, ба истиснои профессор С.Амирқулов, хатмкардагони факултети филология мебошанд. Онҳо дар ҳамин кафедра таҳсили аспирантураро гузашта, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Бо роҳбарии профессор Ш.Ҳусейнзода зиёда аз 30 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд ва  профессор Х.Шарифов роҳбари кори илмии зиёда аз 35 нафар аспиранту унвонҷӯён, ки рисолаи илмии номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд, будааст. Бо роҳбарии устод Неъматзода Т. - як нафар, Имронов С. - як нафар, Сатторзода А. - 2 нафар, Амирқулов С. - се нафар, Абдусатторов А. - чор нафар, Б. Мақсудов  - як нафар, М. Маҳмудзода – як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Дар айни замон дар кафедра 6 аспиранти рӯзона, 2 аспиранти ғоибона ва 9 унвонҷӯ ба таҳлил ва навиштани рисолаи номзадӣ машғуланд.

                                             Устодони кафедра

Шарифов Худоӣ (Шарифзода) – доктори илмҳои филологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон.

Шарифов Х. 25-уми июни соли 1973 дар қишлоқи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1961 шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард ва дар кафедраи адабиёти тоҷик барои кор тавсия гардид. То соли 1966 ассистенти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик буд. Солҳои 1966-69 дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик таҳсил мекард. Соли 1970 дар мавзуи «Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. То соли 1989 муаллими калон ва дотсенти  ҳамин кафедра буд. Солҳои 1975-1975 ҷонишини декан ва муддате раиси Иттифоқи касаба буд. Соли 1987 дар мавзуи «Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ» (асрҳои Х-XV) рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои  1989-1993 мудири кафедраи фолклор ва методикаи таълим, солҳои 1993-97 декани факултети филологияи тоҷик, солҳои 1993-2009 мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик буд, дар ҳоли ҳозир мушовир ва профессори кафедраи мазкур мебошад. Аз соли 1979 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аст. Ба рисолаи номзадӣ ва доктории 36 унвонҷӯ роҳбарӣ кардааст.

Таълифоти профессор Шарифов Х.:

а) китобҳо

«Услуб ва камолоти сухан» (1985), «Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), «Каломи бадеъ» (1991), «Шоир ва шеър» (1998), «Озурдагон ва умедворон» (2001), «Савти Аҷам» (2002), «Балоғат ва суханварӣ» (2002), «Рози ҷаҳон» (2003), «Назарияи наср»  (2004), «Суннатҳои адабӣ» (2007), «Сухан аз адабиёти миллӣ» (2009), «Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (2012), «Сездаҳ мақола» (2013), «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» (2007), «Ашъори ҳакимон ва орифон» (2011, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор).

б) дигар маҷмуаҳо аз таълифоти гузаштагон ва муосирон

Ибни Сино: «Пирӯзинома», «Фанни шеър» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), «Мунтахаби «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» (1987), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), «Мероси Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), Восифӣ: «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (мунтахаби ҳикоёт, 2008). Фарҳанги Бадахшон //Рӯдакӣ, Ройзании Фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2011; Нақди адабӣ дар Тоҷикистон // Номаи пажӯҳишгоҳ, 2011.

 

               Мисбоҳиддини Нарзиқул (19.09.1970, деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент), номзади илмҳои филологӣ (1997), дотсент (2005), доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2010), мунаққид ва адабиётшинос, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999)), бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2007).

Мисбоҳиддини Нарзиқул фаъолияти кориашро пас аз хатми аълои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар соли 1993  аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент ва профессор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ҳамин Донишгоҳ то кунун идома дода истодааст. Аз ноябри 2002 то октябри 2007 ба ҳайси ҷонишини декани факултет оид ба илм фаъолият  дошт ва айни замон низ (аз соли 2012) вазифаи мазкурро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, сарварии Шӯрои олимони ҷавони факултети филологияро аз соли 1997 то 2007 ва Шӯрои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДМТ-ро аз соли 2000 то 2007 ба ӯҳда дошт.

Дар ин фосила ду маротиба ба ҶИЭ сафар карда, бори аввал ба муддати як моҳ ва дафъаи дуюм панҷ моҳ ба сифати бозомӯзи забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) дар донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Теҳрон ба таҳсил ва тадқиқ машғул ва аз 1-уми сентябри соли 2007 то феврали 2010 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ буд.

Соли 1997 дар мавзӯи “Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV” (таҳти роҳбарии профессор Х.Шарифов) рисолаи номзадӣ ва соли 2010 дар мавзӯи “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ” ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)” (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов)  рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Бо роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул 1 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва 7 нафар аспиранту унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд.

Миқдори мақолаву рисолаҳои илмию адабии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул беш аз 100 буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон- дар Эрон, Покистон, Доғистон чоп шудаанд. Ба қалами ӯ 4 монография, 1 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-интиқодӣ, 2 китоби дарсӣ, 1 дастури таълимӣ ва дигар таълифоти илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ тааллуқ дорад.

Номгӯйи таълифоти асосии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул инҳоянд:

  1. Таърих ва назарияи номанигорӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 140 саҳ.);
  2. “Эъҷози Хусравӣ” ва мақоми он дар таърихи афкори адабии форсии тоҷикӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 176 саҳ.);
  3. Авзони ашъори Рӯдакӣ (Душанбе: Сино, 2008.- 96 саҳ.);
  4. Ҷойгои сухан (Душанбе: Адиб,2006.- 224 саҳ.);
  5. Муқаддимаи шеършиносӣ (вазни шеър) (Душанбе: Сино, 2004.- 80 саҳ.);
  6. Фурӯғи астӣ (зиндагинома, баррасӣ ва нақди ашъори Лоиқ) (Душанбе:      Адиб, 2002.- 120 саҳ.);
  7. Адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрои XIII-XIV (Душанбе: Адиб, 1998.- 112 саҳ).

 

Солеҳов Мирзо (тав. 15.03.1950, ноҳияи Ваҳдат) адабиётшинос, номзади илми филология (1987), дотсент (1989). Хатмкардаи ДДТ (1973). Фаъолияташ ба ҳайси муҳаррири илмӣ дар сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик (1973-1974) оғоз гардида, баъд ба ДДТ гузашта , солҳои 1975-85 мудири кабинети адабиёт ба номи Ҷомӣ, 1985-1987 ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, 1987-1989 муаллими калон, 1989-дотсент ва аз соли 2009 мудири кафедра аст.

Солеҳов тавъам бо омӯзишу таҳқиқи масоили гуногуни адабиётшиносӣ, инчунин дар таҳияи осори манзуми мансури адибони форс-тоҷик саҳм дорад: “Рубоиёти Хоқонии Шарвонӣ”, Д., ; “Анвори Суҳайлӣ” (Дар китоби “Дурдонаҳои наср”. Ҷ. 3, Д.: Адиб, 1993); “Саноии Ғазнавӣ”, “Рубоиёт” (Бо ҳаммуаллифии профессор М. Имомов), Д., 2006; “Дар боғи рӯшноӣ” (Таҳияи сарсухан ва матни шарҳу тавзеҳоти Аҳмад Маҳдии Домғонӣ бар “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат ва шариъат-ул-тариқат”-и Ҳаким Саноии Ғазнавӣ). Д., Ирфон, 2006; “Гулчини андарзҳои Мавлавӣ аз “Маснавии маънавӣ”. Д., 2008 ва ғайраро бо шарҳу тавзеҳот ва таҳияи мутун мунташир сохтааст.

Барои макотиби олӣ ва дабистонҳо китобҳои дарсӣ, васоити таълиму дастурҳои методӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла: “Арӯз ва омӯзиши он”. Д.: Илм ва ҳаёт. 2005; “Адабиёти тоҷик барои синфи10” (Бо ҳамроҳии проф. У. Тоиров ва Р. Шарифов) Д., 2008; “Адабиёти тоҷик барои синфи 10. Баёз. (Бо ҳамроҳии проф. Тоиров ва Н. Маҳмадхоҷа)”. Теҳрон. 2010 ва ғайра. Теъдоди мақолаҳои илмӣ, илмии омавӣ, методӣ, ки дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо ба табъ расонидааст, бештар аз 200-тост. Дорандаи сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2010).

Ос.: Шоири тавоно.-Д.: Ирфон, 1990; Андеша ва маърифати адабӣ. Д.: 2001; Арӯз ва омӯзиши он. Д.: 2005; Дар ҳарими сухансанҷӣ. Д.: 2011.

Ад.: Энсиклопедияи олимони ДДМТ. 2008. с. 290-291.

Тоиров Урватулло (Урватуллои Тоир, тав. 10.05.1942, деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод), адабиётшинос, доктори илми филология (1997), профессор (1998). Хатмкардаи ДДТ (1966). Фаъолияти меҳнатияш ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” (1966-1967) оғоз гардида, баъд ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик гузашта, ба ҳайси муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи “Луғатнома ва нашри луғатҳои дузабона” то соли 1990 фаъолият кардааст. Сипас ба кори ДМТ гузашта, солҳои 1990-1991 дотсент, солҳои 1994-1996 мудири кафедраи фолклоршиносӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, аз с. 1998 профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва дар айни замон, солҳои 2002-2006 вазифаи сардабири маҷаллаи “Маърифат”-ро ба ҷо овард. Аз соли 1997 профессори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа низ мебошад. Ҳамзамон, солҳои 2006-2008 сармуҳаррири “Энсклопедияи ДДМТ” буд.

Т. ғайр аз масъалаҳои умумии адабиётшиносӣ, ба таҳқиқи соҳаҳои камомӯхташудаи илми адабиётшиносӣ чун арӯз, қофия ва бадеъ тадқиқоти судманд анҷом додааст. Инчунин, дар ҳамин замина матни чанд асари гаронбаҳои адабиётшиносии форс-тоҷик, аз қабили “Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1986, ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов), “Ал-мӯъҷам”-и Шамси Қайси Розӣ (1991), “Меъёр-ул-ашъор”-и Насируддини Тӯсӣ (1992), “Фунун ва саноеи адабӣ”-и Ваҳидиёни Комёр (1995), “Бадоеъ-ул-афкор”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (2007), “Рисолаи рубоӣ”-и Мулло Саъдуллоҳ (2007) ва ғайраро бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳ, таҳияву нашр кардааст. Ҳамзамон барои донишгоҳҳои олӣ (“Назмшиносӣ, ҳамроҳи проф. Худоӣ Шарифов; “Таърихи адабиёти тоҷик” Ҷ. 1, 2010, ҳамроҳи дотсент Солеҳов М.) ва мактабҳои миёна чанд китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ (“Барномаи таълими адабиёти тоҷик”) барои синфҳои 5-11, Д., 2006 (ҳамроҳи профессор Х. Шарифов), “Адабиёти тоҷик” барои синфи 7., Д., 2008 (ҳамроҳи Мӯсоев М), “Адабиёти тоҷик” барои синфи 10. Д., 2010 (ҳамроҳи М. Солеҳов ва Р. Шарифов), “Баёзи адабиёти тоҷик”. Теҳрон, 2011 (ҳамроҳи М. Солеҳов) таълиф кардааст. Миқдори мақолаҳои илмию тадқиқотӣ ва методиаш, ки дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” (ҷилдҳои 1-8), “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (ҷилдҳои 1-3), “Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон”, “Донишномаи Рӯдакӣ” (ҷилдҳои 1-3), “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, (ҷилдҳои 1-2), маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҳафтаномаҳо ба табъ расидаанд, аз 919 адад бештар аст. Муддати шаш сол аст, ки ба маҳфили илмии “Таҳлили каломи манзум” роҳбарӣ мекунад. Т. аз соли 1998 узви Шӯрои олимони ДМТ доир ба ҳимояи  рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, ба 3 аспирант роҳбарӣ кардааст. Аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (2002). Бо Грамотаи фахрии Шӯрои Олии ҶТ (1988) ва медали “Нишони фахрӣ” (2002) мукофотонида шудааст.

Ос.: Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам. Д., 1991; Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Д., ҷ.1, 1994; Таҳқиқ ва таълими арӯз. Д., 1995; Фарҳанги истилоҳоти қофия. Д., 1997; Офтобе дар миёни сояе (ду қисм). Д., 1999; Каломи манзум. Д., 2005; Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ. Д., 2007; Роҳе ба сӯйи ғафлат. Д., 2007; Мавлавии Рум хуб бидонад арӯз. Д., 2007; Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 10, ҳамроҳи М. Солеҳов) Д., 2010; Таърихи адабиёти тоҷик, ҷ.1. (ҳамроҳи М. Солеҳов), Д., 2010; Баёзи адабиёти тоҷик. Теҳрон, 2011 (ҳамроҳи М. Солеҳов; Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 7, ҳамроҳи Мӯсоев М.), Д., 2013; Меъёр ва андозаҳои шеър. Д., 2013.

Ад.: Олимони донишгоҳ. Д., 1998, саҳ. 168-169; Профессор Урватулло Тоиров, Д., 2002; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Д., 2004, саҳ. 210; Шоҳзамон Раҳмонов, Таҳқиқ ва нақд, Д., 2005, саҳ. 168-184; Самандар Искандаров, Бозтоби замон. Д., 2007, саҳ. 71-80; Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008, саҳ. 308-309.

МАҚСУДОВ БАДРИДДИН (31.05.1956, ш.Конибодом), номзади илми филология (1992), дотсент (2000), доктори илми филология (2007), профессор (2010), адабиётшинос, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), бо Нишони сарисинагии ИЛКҶУ (1985), Грамотаи Фахрии Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси РСС Тоҷикистон (1987) сарфароз гардонида шудааст. 

Мақсудов Б. соли 1978 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳоло ДМТ) фаъолияти кориашро аз лаборанти калони кабинети Ҷомии УДТ оғоз кард. Аз 11 январи соли 1981 то 11 феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумон кор кард. Пас аз бозгашт ба вазифаи мудири кабинети Ҷомии УДТ таъин шуд ва ҳамзамон ба аспирантураи шӯъбаи ғоибона дохил шуда, онро соли 1989 хатм намуд. Худи ҳамон сол дар асоси озмун ба вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик интихоб гардид. Аз 04 апрели соли 1991 то ҳол дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Моҳи феврали соли 1992 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва хусусиятҳои асосии ғоявию бадеии ғазалиёти ӯ» дифоъ намуд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология (27.02.92) гашт. Аз 29 марти 2000 бо қарори Вазорати маорифи Федератсияи Русия (№ 238-д) ба ӯ унвони илмии дотсент дода шуд.

Мақсудов Б. 07 ноябри 2007 дар мавзӯи «Фахруддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» диссертатсияи докторӣ дифоъ намуд ва бо қарори ВАК Федератсияи Русия (№ 34д/9) барояш дараҷаи илмии доктори илми филология (дипломи № 008354) дода шуд.

Мақсудов Б. муаллифи монография (4), дастур (5) ва барномаҳои таълимӣ (4) мебошад. Мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавии ӯ (зиёда аз 170) дар дохил ва хориҷи кишвар ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидаанд. Ӯ дар байни донишмандони соҳаи филология ба ҳайси муҳаққиқи дақиқназару пуркор шинохта шудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии филологӣ саҳм дорад. Як шогирди бевоситаи ӯ (Ғаффороф Ш.) рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст ва алҳол чаҳор шогирди дохилию хориҷии вай дар арафаи дифоъ қарор доранд. Мавсуф бо симо ва садои Тоҷикистон низ ҳамкории хуб ба роҳ мондааст ва дар тарғиби донишҳои адабӣ саҳми назаррас мегузорад. Ба воситаи Ҷамъияти «Дониш» дар байни коллективҳои меҳнатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон мунтазам суханронӣ намуда, сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати моро тарғибу ташвиқ мекунад.

            Мақсудов Б. дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба илм (1992-1996) ва ҷонишини декан оид ба корҳои таълими шӯъбаи ғоибона (1996-1997), кор кардааст. Борҳо узви Шӯрои олимони факултет ва узви бюрои иттифоқи касабаи факултет буд. Ҳоло узви Шӯрои олимони факултет, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия, узви ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии «Язык. Литература. Образование» (Махачкала) мебошад.  

Номгӯйи таълифоти асосии профессор Мақсудов Бадриддин инҳоянд:

1.                   Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ.-Душанбе: Сино,1994.-163 саҳ.

2.                   The aesthetic image of the, “threshold” in the lyric of Kamol Khujandi // Cira Bulletin. USA.- Vol.- № 12.- № 1.- Fall, 1996.-р.25-28

3.                   Сайре дар ғазалиёти Ироқӣ.-Душанбе: Деваштич, 2007.-168 саҳ.

4.                   Феҳристи нусхаҳои хаттии Маркази фарҳангии ба номи профессор Ш.Ҳусейнзода.-Душанбе: Сино, 2007.- 100 саҳ.

5.                   Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ.-Душанбе: Пайванд, 2009.-555 саҳ.

6.                   Равиши таҳқиқи адабиётшиносӣ.-Душанбе: Сино, 2012.-148 саҳ.

 МАҚСУДОВ БАДРИДДИН (31.05.1956, ш.Конибодом), номзади илми филология (1992), дотсент (2000), доктори илми филология (2007), профессор (2010), адабиётшинос, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), бо Нишони сарисинагии ИЛКҶУ (1985), Грамотаи Фахрии Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси РСС Тоҷикистон (1987) сарфароз гардонида шудааст. 

Мақсудов Б. соли 1978 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳоло ДМТ) фаъолияти кориашро аз лаборанти калони кабинети Ҷомии УДТ оғоз кард. Аз 11 январи соли 1981 то 11 феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумон кор кард. Пас аз бозгашт ба вазифаи мудири кабинети Ҷомии УДТ таъин шуд ва ҳамзамон ба аспирантураи шӯъбаи ғоибона дохил шуда, онро соли 1989 хатм намуд. Худи ҳамон сол дар асоси озмун ба вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик интихоб гардид. Аз 04 апрели соли 1991 то ҳол дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Моҳи феврали соли 1992 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва хусусиятҳои асосии ғоявию бадеии ғазалиёти ӯ» дифоъ намуд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология (27.02.92) гашт. Аз 29 марти 2000 бо қарори Вазорати маорифи Федератсияи Русия (№ 238-д) ба ӯ унвони илмии дотсент дода шуд.

Мақсудов Б. 07 ноябри 2007 дар мавзӯи «Фахруддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» диссертатсияи докторӣ дифоъ намуд ва бо қарори ВАК Федератсияи Русия (№ 34д/9) барояш дараҷаи илмии доктори илми филология (дипломи № 008354) дода шуд.

Мақсудов Б. муаллифи монография (4), дастур (5) ва барномаҳои таълимӣ (4) мебошад. Мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавии ӯ (зиёда аз 170) дар дохил ва хориҷи кишвар ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидаанд. Ӯ дар байни донишмандони соҳаи филология ба ҳайси муҳаққиқи дақиқназару пуркор шинохта шудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии филологӣ саҳм дорад. Як шогирди бевоситаи ӯ (Ғаффороф Ш.) рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст ва алҳол чаҳор шогирди дохилию хориҷии вай дар арафаи дифоъ қарор доранд. Мавсуф бо симо ва садои Тоҷикистон низ ҳамкории хуб ба роҳ мондааст ва дар тарғиби донишҳои адабӣ саҳми назаррас мегузорад. Ба воситаи Ҷамъияти «Дониш» дар байни коллективҳои меҳнатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон мунтазам суханронӣ намуда, сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати моро тарғибу ташвиқ мекунад.

            Мақсудов Б. дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба илм (1992-1996) ва ҷонишини декан оид ба корҳои таълими шӯъбаи ғоибона (1996-1997), кор кардааст. Борҳо узви Шӯрои олимони факултет ва узви бюрои иттифоқи касабаи факултет буд. Ҳоло узви Шӯрои олимони факултет, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия, узви ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии «Язык. Литература. Образование» (Махачкала) мебошад.  

Номгӯйи таълифоти асосии профессор Мақсудов Бадриддин инҳоянд:

1.                   Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ.-Душанбе: Сино,1994.-163 саҳ.

2.                   The aesthetic image of the, “threshold” in the lyric of Kamol Khujandi // Cira Bulletin. USA.- Vol.- № 12.- № 1.- Fall, 1996.-р.25-28

3.                   Сайре дар ғазалиёти Ироқӣ.-Душанбе: Деваштич, 2007.-168 саҳ.

4.                   Феҳристи нусхаҳои хаттии Маркази фарҳангии ба номи профессор Ш.Ҳусейнзода.-Душанбе: Сино, 2007.- 100 саҳ.

5.                   Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ.-Душанбе: Пайванд, 2009.-555 саҳ.

6.                   Равиши таҳқиқи адабиётшиносӣ.-Душанбе: Сино, 2012.-148 саҳ.

 

Исрофилниё Ш. Р.(Исрофилов Шарифмурод Раҳимович) -7-январи соли 1966  дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент, дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Солҳои 1994-1996 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳодияи Шуравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1990 ба шӯъбаи рӯзонаи  аспирантураи назди ДДМТ дохил шудааст. Соли 1992 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантура гузашта, дар кафедраи таърихи адабиёти классикии ДМТ ба сифати асситент ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тасвири май дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ» дифоъ намудааст. Аз соли 1996 дар вазифаи дотсенти кафедраи  таърихи адабиёти классикии тоҷики ДМТ кор кардааст.Соли 2001 то 2005 декани шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири кафедраи филологияи тоҷики ин донишкадаро ба ӯҳда дошт.Солҳои 2005-2006 ба ҳайси декани факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ифои вазифа намудааст.Солҳои 2007 -2010 докторанти ДДМТ  ва 01 июли  2010 дар мавзӯи «Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.Солҳои 2010-2011 мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ, солҳои  2011-2012 профессори кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики ДМТ ва аз 01 феврали соли 2012  ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи тахсилоти Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Ш. Исрофилниё дар Донишгоҳҳои Теҳрон, Шаҳиди Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Ҷумҳурии Исломии Эрон давраи такмили ихтисосро гузаштааст. Муаллифи 7 китоб ва бештар аз 500 мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар саҳаҳои мухталифи илми ададбиётшиносӣ мебошад. Дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Душанбе(1995,1998,2000,2005), Теҳрон(1997,1999,2007, 2008,2010), Шероз(2000),Машҳад(2008), Мадина(2006), Алмаато(2006,2007) , Қуния (2010). Истанбул(2012) бо маърӯза ширкат намудааст ва мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ(форсӣ) ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Қазоқистон ба нашр расидааст.

      Муҳимтарин таҳқиқоти ӯ ба тариқи зайл аст:

   А) Китобу монография ва васоити таълимӣ:

Таҳлили матнҳои адабӣ.-Душанбе:  Сино, 2001.-96 с. (васоити таълимӣ)

 Хизонаи пурганҷ. -Душанбе: Сино,2002. 98с. (васоити таълимӣ)

Фарҳанги таҳлилии алфози хароботии ашъори Хоҷа Ҳофиз.-Душанбе: Адиб, 2003. 175с.(васоити таълимӣ)

 Сухани аҳли дил.-Душанбе:Дониш, 2007. 218с.

 Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У.-Душанбе: Дониш, 2009.(монография). 250 с.

   Хамриёти Ҳофиз.-Душанбе:Дониш, 2010.(монография)

  Мероси адабии Носири Бухороӣ ва такомули ғазали ошиқонаи орифона дар асри Х1У. –Душанбе: Сифат, 2012.(монография).338с.

Б) Мақолот:

Табақабандии мавзуоти хамрии ашъори Рӯдакӣ.// Паёми Донишгоҳ, 1994, №2, С.10-20.

Носири Бухороӣ ва Салмони Соваҷӣ//Фарҳанг, 2008, 37-8.С. 32-43.

 Анварии Абевардӣ ва Носири Бухороӣ //Садои Шарқ. 2009, №6, С. 125-134.

Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз. //Адаб,1994,№9-10,с.,31.

 Маърифати назар дар назари Камол Хуҷандӣ.//Паёми Донишгоҳ,1996, №;.С.,65-68.

Носири Бухороӣ ва Ҳофизи Шерозӣ.// Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009,№3, С.115-124.

Корбурди вожаи «об» ба маънии ирфонии «шароб» дар ашъори Ҳофиз. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, №2, 2004, С.63-68..

Носири Бухороӣ ва шуарои муосири ӯ. // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, №3, 2007, С.124-132.

-Ҷомӣ ва Навоӣ.//Садои Шарқ, 2008, №8, С. 140-146.

-Ҳофиз ва истиқболи Ҷомию Навоӣ аз ӯ(таҳлили муқоисавии се ғазал аз диди нақди формалистӣ)\ \Фурӯғи андеша, Хуҷанд, 2008, С. 78-87.

-Ҳофиз ва Рӯдакӣ.//Маърифати омӯзгор, 2008,№9, С. 31-36.

-Равобити адабии Носири Бухороӣ бо шоирони муосираш //Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикситон, 2008.

-Хамриёти Рӯдакӣ ва мӯҳтавои он.// Пайванд, 2008, №15,С. 140-148.

-Джами и Навои (проблема традиции и новаторства в литературных связах иранских и тюркских народов) // Ираннаме, научно востоковедческх журнал, ).-Алматы, №2 (6), 2008, с., 154-158.

-Слово «об»(вода)и его смысловые оттенки в мистической поэзии Х1У в.//Суфизм в Иране и Центральной Азии (сборник статей, материалы международной конференции 2-3 мая 2006 года г.Алматы).-Алматы «Дайк- Пресс», 2007, с., 145-152.

-Май дар ашъори Рӯдакӣ. // Донишномаи Рӯдакӣ, -Душанбе, ҷилди 2, 2008, С.63-66.

-Носири Бухороӣ ва «Ҳидоятнома»-и ӯ\\Масъалаҳои маориф, 2012.

-Основные  стилевые  особенности  лирики  Носира  Бухари\\Илм ва инноватсия, 2012, №1-2, с.29-34.

 

                                                         Ниёзов Пӯлод Одинаевич (17.03.1969  ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон), адабиётшинос, номзади илми филология (2004), дотсент (2008), хатмкардаи ДДТ(1997) ва аспирантураи он (2004). Баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои муҳаққиқ-коромӯз ва асисенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик (1997-2000) фаъолият дошта, солҳои 2000-2004 аспиранти кафедраи таърихи адабиёт ва солҳои 2005-2007 муаллими калони ҳамин кафедраи ДДМТ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДДМТ мебошад. Муаллифи бештар аз 20 мақола ва асарҳои илмӣ- методист. Дар мақолаҳои «Роҷеъ ба маъхазҳои «Саломан ва Абсол-и» Абдураҳмони Ҷом «(2003),» «Аз таърихи таҳаввули сюжети «Саломон ва Абсол» «(2004),» «Талмеҳ дар адабиёти форсӣ» (2005), «Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд»(2008) ва ғайра паҳлӯҳои гуногуни адабиёти гузаштаи тоҷикро мавриди тасдиқ қарор додаст.

    Ос: «Абдараҳмони Ҷомӣ ва «Саломон ва Абсол-и» ӯ Д, 2007; Феҳристи рӯзгор ва осори профессор Худоӣ Шарифов, Д, 2007 (бо шариктаълиф).

    Рӯдакӣ дар шеъри муосири тоҷик, Д, 2008 (бо шахриктаълиф). Назаре ба «Саломон ва Абсол »-и Абдараҳмони Ҷомӣ ва савобиқи он,»Д, 2003.

 

Низомов Мӯҳриддин 2-феврали соли 1973 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1990 мактаби миёнаи № 11 ҳамин деҳаро бо медали нуқра хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин(ҳоло ДМТ) дохил шудааст. Соли 1995 Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ ба ҳайси ассистент ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Ҳамзамон бо тадрис Низомов М. ба кори илмӣ машғул шуда, аз моҳи январи соли 1996 дар шӯъбаи аспирантураи ДМТ ба сифати унвонҷӯ сабти ном шудааст. Аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба тарбияро ба ӯҳда дошт.  Аз моҳи феврали соли 1998 ба вазифаи муаллими калони кафедраи таърихи адабиёти тоҷик интихоб шудааст. Моҳи декабри соли 2002 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ» ҳимоя кардааст. Моҳи феврали соли 2004 ба вазифаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик интихоб шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2007 то моҳи майи соли 2012 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба илмро иҷро намудааст. Аз моҳи майи соли 2012 то 31 декабри соли 2012  вазифаи директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ-ро ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2013 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ мебошад.

                Низомов М. З. муаллифи чор китоб, ду барнома ва 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) ва нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”(соли 2012) мукофотонида шудааст.

 Осор: Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ.-Д.,2013; Маликушшуаро Баҳор. Мурғи саҳар. Мураттибон Х.Шарифов, М.Низомов.- Душанбе:Пайванд, 2006.-110+5с; Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон.- Бо муқаддима ва таҳияву тавзеҳоти Х.Шарифов ва М.Низомов.-Душанбе, 2012.-240с; Камолуддин Биноӣ. Девон.  Мураттибон ва омодагарони чоп Х.Шарифов ва М.Низомов.- Душанбе, 2012.- 701с; Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор // Адаб, 1997. № 7-9.-С. 26-27;  Мадхале бар таҷаллии рамз дар ғазалиёти Аттор [Матн] /М.Низомов //Ҷавонон ва илми муосир. – Д.: Ҳумо, 2001. – С. 142-144;  Реализми ҷодуӣ дар достонҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Субҳатулаброр»-и Ҷомӣ // Паёми Донишгоҳи миллӣ. Бахши филология, 2010, №7(63).- С.116-120; Баъзе масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар маснавии “Силсилат-уз-заҳаб” –и Ҷомӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2012, №4/3(88).- С.178-180; Вазифаҳои бадеии оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дар “Силсилат-уз-заҳаб” –и Ҷомӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2012, №4/3(88). - С. 262-266; Таълимоти Нақшбандия ва инъикоси он дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2012, №4/4(91).- С. 200-204

 Адабиёт: Солеҳов Қурбонбег. Обигарм(таърихи нонавишта).- Душанбе : Деваштич, 2006.-302с.-С.239; Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии  Тоҷикистон.- Душанбе: Деваштич, 2008.- 408с.- С.218.

Нозимова Гулрухсор Саидисломовна           12-уми сентябри соли 1978 дар ноҳияи Мӯъминобод, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1995 мактаби №30 ноҳияи мазкурро  аъло хатм намудааст.

     Соли 2002 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дохил шуда, соли 2007 донишгоҳро аъло ба итмом расонидааст.

       Баъди хатми донишгоҳ аз соли 2008 то соли 2009 ба ҳайси коромӯз-муҳаққиқ дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Шурӯъ аз соли 2009 дар ҳамин кафедра ба ҳайси аспиранти рӯзона қабул гашта, 12-уми апрели соли 2012, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусатторов Абдушукур рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Пайдоиш ва рушди тамсил дар адабиёти асри X ва нимаи аввали асри XI» дифо намудааст. Соли 2011 дар мавзӯи рисолаи номзадӣ, китобчае бо унвони «Тамсил дар шеъри форсӣ-тоҷикии асри X ва нимаи аввали асри XI» ба табъ расонидааст. Аз соли 2009 то соли 2012  вобаста ба мавзӯи рисолаи илмиаш номгӯи чунин  мақолаҳоро «Санъати масал дар нахустин осори адабиётшиносӣ», «Умумият ва тафовути маънои масал, зарбулмасал ва тамсил», «Тасвирҳои  тамсилӣ дар манзумаи «Дарахти Осуриг»» ва «Нақши «Калила ва Димна» дар таърихи таҳаввули насри тамсилӣ» дар маҷаллаи илмии Донишгоҳ «Паёми Донишгоҳ» ва Ахбори Академия ба табъ расонидааст. Соҳиби як маҷмӯаи шеърӣ бо номи «Тулӯи сабзи як орзу» мебошад.

Муддати чор сол дар телевизион ба ҳайси мухбири телевизион фаъолият намуда бо  ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 2007 аъзои иттиҳоди журналистон мебошад.

Аз соли 2011 то соли 2012 дар Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият намуда истодааст.

 

 

Мудирони кафедра

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён)   Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2020.  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,    email: yorjon@mail.ru