Кафедраи астрономия

мудири кафедра
номзади илмҳои физикаю математика,
Сафаров Абдуљалол

Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз солҳои 70-уми қарни гузашта мутахассисони соҳаи астрофизикаро тайёр менамояд. Ихтисоси астрономия аввал чун шуъба дар назди кафедраи физикаи назариявӣ ва солҳои 80-ум мустақилан чун кафедраи астрофизика амал менамуд. Дар ин муддат шогирдони зиёди кафедра то ба устодӣ расиданд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат мекунанд. Мутаассифона охирҳои солҳои 80-ум кафедра барҳам дода шуд ва имконияти тайёр намудани ихтисосмандони ин соҳа дар Тоҷикистон аз байн рафт.

Барои бо мутахассисин таъмин намудани ин соҳа дар даврони соњибистиќлолии кишвар зарурати аз нав кушодани кафедраи астрономия ба миён омад. Бо ташаббуси роҳбарияти Институти астрофизикаи АИ ҶТ ва дастгирии раёсат ва Шӯрои олимони ДМТ, раёсати Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дар факултети физикаи ДДМТ (њоло ДМТ) ихтисоси астрономия ва мувофиқ ба он кафедраи астрономия таъсис ёфт. Барномаи таълимӣ ва нақшаҳои корӣ дар асоси барномаи таълимии ихтисоси астрономияи Донишгоҳи давлатии Россия тартиб дода шудааст ва дар сохтани он саҳми олимони Институти астрофизика калон аст. Ҳангоми таълифи барнома самти фаъолият ва зарурати Институти астрофизика ба кадрҳои соҳибихтисос ба назар гирифта шудааст.

Кафедраи астрономия базаи асосї ва ягонаи тайёр намудани кадрҳои кайҳоншиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳа барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст. Байни ДМТ ва Институти астрофизикаи АИ ҶТ, бо мақсади иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва омодасозии мутахассиси ҷавон дар кафедраи астрономия шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.

Муассис ва аввалин мудири кафедра шахсияти дар соҳаи илм ва таълиму тадрис маъруф – академик Пӯлод Бобоҷонович Бобоҷонов (1999-2001) буданд. Саҳми устод дар ташаккулу инкишофи кафедра, мураттаб сохтани нақшаву барномаҳои таълимӣ, пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи олимони ҷавон назаррас аст. Дар солҳои аввал ба ҳайати кафедра профессор Х.И.Ибодинов, дотсент А.А.Раҳмонов ва ходими илмӣ Наимов О. шомил шуданд ва баъдан сафи онҳоро шогирдони кафедра А.Ғ.Сафаров, А.А.Иброҳимов, А.М.Буриев, Л.А.Одинаева, Ҷ.Исмоилов, Ҷ.Ҳаитов, С.О.Мирзохонова ва Ҷ.Шарипов пурра намуданд. Солҳои 2001-2004 ва баъдан 2010-2012 вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Х.И.Ибодинов вогузор гардид. Номбурда дар ташаккули кафедра ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия саҳми арзанда гузошт. Аз соли 2004 то соли 2017 мудирии кафедра якчанд навбат ба уҳдаи дотсент А.А.Раҳмонов вогузор шуд. Аз соли 2017 то соли 2019 иљрокунандаи вазифаи мудири кафедра Шоимов У. буд. Асз соли 2019 то ин љониб вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи Сафаров А. вогузор шуд.
Айни замон дар бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси астрономия 10 нафарӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва 15 донишҷӯ ба тариқи шартномавӣ қабул мешавад. Шогирдони кафедра ба ғайр аз курсҳои умумӣ боз фанҳои тахассусии астрофотометрия, геофизика ва физикаи сайёраҳо, ситораҳои тағйирёбанда ва ғайристатсионарӣ, таҷрибаҳои махсуси астрономӣ, кометаҳо, метеорҳо, астероидҳо ва радифони сайёраҳо, галактикаҳо, асосҳои космология ва маҷмӯи фанҳои интихобиро аз худ мекунанд. Устодони кафедра барои донишҷӯёни ихтисосҳои физика, метеорология, механика ва риёзӣ низ доир ба соҳаҳои номбаршуда дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ мегузаранд.
Кафедра дорои расадхона ва лабораторияҳои таълимӣ мебошад, ки онҳо бо телескопҳо ва асбобҳои аёнӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Телескопи асосии расадхона MEADE 16²LX200-ACF буда, масофаи конуниаш ба 4064 мм ва қутри оинааш 406,4 мм аст. Бо воситаи он объектҳои кайҳонии қадриситоравиашон то 15,5m мушоҳида карда мешавад. Телескоп дорои имконоти махсуси астрономӣ буда, беш аз 27 ҳазор объектҳои осмониро дар бар мегирад. Бартарии ин телескоп боз дар он аст, ки мушоҳид метавонад объектҳои заруриро ба хотираи телескоп дохил намояд. Ба сифати қабулкунаки рӯшноӣ асбобҳои нимноқилии барқии SBIGST8-XE ва FLIPROLINE истифода мешавад. Онҳо имкон медиҳад, ки объектҳои хира дар фосилаи кӯтоҳи вақт дар монитор аксбардорӣ ва ба воситаи барномаҳои махсуси астрономӣ коркард карда шаванд.
Институти астрофизика ва Расадхонаи астрономии Ҳисор базаҳои илмӣ ва таҷрибавии кафедра ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои астрономии таълимӣ ва таҷрибаҳои астрономии донишҷӯён дар расадхонаи астрономӣ гузаронида мешаванд. Маводҳои зарурӣ барои навишти корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ дар ин базаҳо гирифта мешаванд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Астрономи ҷавон» амал менамояд ва аъзоёни он дар конфронсҳои донишгоҳию берун аз он маърӯзаҳои илмӣ намуда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Соли 2013 Ризои Баҳромзод дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён «Шоҳҷоиза», соли 2014 Ҳабибҷон Хӯҷаназаров дар олимпиада дараҷаи аввали «Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуданд. Ду шогирди ихтисоси астрономия ва як нафар аз ихтисоси метеорология дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Соли 2004 шогирдони аввалини кафедра донишгоњро аз рўи ихтисоси астрономия хатм намуданд. Ҳоло қариб 20 нафар хатмкунандагони кафедраи астрономия дар кафедра ва Институти астрофизика кор мекунанд. Л.А.Одинаева соли 2012 рисолаи илмии худро дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳи ба номи Н.Хусрав ҳимоя намуд. Шогирдони дигари кафедра А.Ғ.Сафаров ва А.М.Буриев дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмїќарор доранд.
Кори илмии кафедра ба ҳалли проблемаҳои таъсири фаъолнокии Офтоб ба равандҳои дар кометаҳо гузаранда алоқаманд аст. Ширкати устодони кафедра дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ самаранок аст. Кафедра дар якҷоягӣ бо Институти астрофизика якчанд конфронси байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро гузаронид, бо олимони барҷастаи хориҷи дуру наздик семинарҳои илмӣ ташкил намудааст. Устодони кафедра дар навиштани китобу дастурҳои методӣ кӯшиш доранд ва мисоли он «Чирмҳои Системаи офтобӣ» (муаллиф А.А.Раҳмонов), «Корҳои лабораторӣ аз астрономияи умумӣ» (муаллифон А.А.Раҳмонов ва Х.И.Ибодинов) ва ғайра мебошад.
Аз соли 2009 дар назди кафедраи астрономия ихтисоси метеорология амал мекунад. Ихтисоси метеорология аз соли 1994 ҳамчун шуъба ва баъдан аз соли 1998 чун кафедраи алоҳида фаъолият дошт. Роҳбарии кафедраро аз рӯзи таъсисёбӣ то соли 2009 узви вобастаи АИ ҶТ, Арбоби илм ва техника, профессор Ф.Х.Ҳакимов ба уҳда дошт. Аз аввали соли таҳсили 2011-12 қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи аз сари нав кушодани ихтисоси метеорология ва иқлимшиносӣ ба табъ расид. Ҳоло дар гурӯҳҳои рӯзонаи он 10 нафарӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва 15 донишҷӯ ба тариқи шартномавӣ қабул мешавад.
Базаи таҷрибавии ихтисоси метеорология Муассисаи давлатии обу ҳавосанҷии назди Ҳукумати ҶТ ва стансияҳои метеорологӣ аст. Дар назди факултет майдони обу ҳавосанҷӣ сохта шудааст ва дарсҳои амалии донишҷӯён дар он гузаронида мешавад. Кушодани лабораторияҳои таълимӣ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои замонавӣ дар нақшаи кафедра, садорати факултет ва раёсатидонишгоҳ мебошад.