|
||||
|
Кафедраи забони тољикї Таърихи таъсис ва мудирони кафедра. Кафедраи забони тољикї (барои ихтисосњои ѓайрифилологї) соли 1989 бо ташаббуси собиќ декани факултети филологияи тољик, профессор Усмонов И.К. бо номи кафедраи Забон ва адабиёти тољик ба сифати кафедраи умумидонишгоњї таъсис дода шуд ва ба сифати мудири он дотсент шодравон Каримов А.А. таъин гардид. Баъд аз як сол ба асоси озмун профессор Б. Камолиддинов мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Чун баъди як сол профессор Б. Камолиддинов вазифаи муовини ректор оид ба таълимро ба уњда гирифтанд, боз дуюмбора мудирии кафедра ба уњдаи шодравон Каримов А.А. вогузошта шуд ва ин масъулиятро то охирин лањзаи њаёт – то моњи майи соли 1996 иљро намуданд. Аз соли 1996 то соли 2012 мудирии кафедраро дотсент Ш. Кабиров ба уњда доштанд. Ҳоло дотсент Қурбонов С. ба сифати и.в. мудири кафедра фаъолият дорад. Кафедра соли 1995 ба сохтори факултаи филология шомил карда шуд ва он Кафедраи хат ва матни форсии тољикї номгузорї гардид. Бо ќарори Шўрои олимони донишгоњ аз 27.02.2006, № 6 номи кафедра ба Кафедраи забони тољикї (барои ихтисосњои ѓайрифилологї) иваз карда шуд. Устодони кафедраи
забони тољикї барои ихтисосњои ѓайрифилологї
Кабиров Шаҳбозбек (12.08.1945, деҳаи Порвори ноҳияи Москва (ҳоло
Шӯрообод), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1979), дотсент (1985),
профессор (2012).
Соли
1968 Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро
бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1968 то 1992 дар кафедраи забони тоҷикии
донишгоҳи мазкур ба сифати ассистент, муаллими калон ва дотсент кор кардааст. Аз
соли 1992 то 1996 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология кор карда ва аз
соли 1996 то 2012 мудири кафедраи умумидонишгоҳии хат ва матни форсии тоҷикии (ҳоло
кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро
ба ӯҳда дошт. Солҳои 1973-1976 ва 1979-1983 дар Ҷумҳурии Афғонистон кор
кардааст. Беш
аз 90 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ, дастуру китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳамагонӣ
ва олӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои оммавӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ
расонидааст.
Дар
чандин конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Душанбе, Кулоб,
Кобул, Теҳрон ва Деҳлӣ баромад намудааст. Таҳти
роҳбарии ӯ се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда ва се нафари дигар рисолаи
номзадӣ навишта истодаанд. Дорандаи
нишони «Аълочии маориф» (1988), медали «Хизмати шоиста» (1999) буда, узви Иттиҳодияи
журналистон мебошад. Ос.: Хусусиятҳои лексикии «Таърихи Бадахшон» (монография).–Душанбе, 1984; Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ. –Душанбе: «Маориф», 1992; Алифбо ва имлои ниёгон (васоити таълимӣ).–Душанбе, 2002; Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ).–Душанбе: «Эр-граф», 2012, 148 с. (ҳаммуаллиф С. Анварӣ).
Ос.: Тасаввуф ва баъзе масъалаҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик.– Кӯлоб, 1989; Маҳорати суханварии Носири Хусрав . –Душанбе : Адиб, 2003; Каломи Президент дар таълими забон. Нашри 1. – Душанбе: Олами китоб, 2011. Солҳои 1971-1975 аспиранти кафедраи забони
тоҷикӣ. Баъдан чун дотсент дар кафедраи забони тоҷикии
донишгоҳи номбурда ифои вазифа кардааст. Аз соли 1989 то соли 2002 чун дотсенти
кафедра ва ҳамзамон шаш сол вазифаи декани факултаи филологияи ДДОТ-ро ба уҳда
дошт. Аз соли 2002 дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ
барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДДМТ. Дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ
ширкат ва суханронӣ кардааст. Беш аз 200 номгӯй таълифоти илмӣ-методӣ ва оммавӣ
дорад.
Факултети таъриху филологияи ИДП ба номи Т. Г. Шевченкоро соли 1981 бо дипломи
аъло хатм кардааст. Солҳои 1981-84 ассистенти кафедраи МТИ филиали ИДП ба номи
Т. Г. Шевченко дар ш. Қӯрғонтеппа, солҳои 1984-87 аспиранти кафедраи забони тоҷикии
ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко ва то соли 1992 муаллимаи калони факултети
филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Аз соли
1993 то соли 2003 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба
номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.
Аз соли 2003 инҷониб дар кафедраи забони тоҷикии ДМТ ба сифати
дотсент фаъолият дорад. Соли
1992 дар мавзӯи «Диалектизмҳо ва хусусиятҳои услубии истифодаи онҳо дар
адабиёти бадеӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 1 монография, 2
дастури таълимӣ ва 20 мақолаи илмӣ мебошад. Ос.: Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултети
геология). –Душанбе, 2009; Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаи
ғоибонаи факултетҳои ғайрифилологӣ). –Душанбе, 2012; Диалектизмҳо ва хусусиятҳои
услубии истифодаи онҳо дар адабиёти бадеӣ (монография). –Душанбе, 2013.
Соли 2007 муаллими
калони кафедраи забони тоҷикӣ барои
ихтисосҳои ғайрифилологӣ ва аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи мазкур.
Муаллифи 1 монография, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 20 асару мақолаи илмӣ-методӣ
ва оммавӣ мебошад.
Хатмкардаи Донишкадаи
омӯзгории Кӯлоб (1990) ва аспирантураи ДДТ (1997). Муаллими кафедраи забони тоҷикии
ҳамин донишкада (1990-1994), муаллими кафедраи забони тоҷикии ҳамин донишкада
(1997-2001). Аз с. 2006 дотсенти ДДМТ. Соли 2004 таҳти унвони «Лексикаи сару
либос дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» рисолаи илмиашро дифоъ намудааст. Аълочии
матбуоти Тоҷикистон (2012). Муаллифи 1 монография, 4 дастури методӣ ва бештар
аз 130 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Ос.: Тоҷ андар «Шоҳнома». – Душанбе: «Деваштич», 2009 (монография);
Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ). –Душанбе:
«ЭР-граф», 2010 (ҳаммуаллиф); Сию се мақола.
– Душанбе: «Баҳманрӯд», 2011.
Хатмкардаи
Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе (1978) ва аспирантураи ДДМТ (1998).
Фаъолияти меҳнатиаш соли 1978 оғоз гардидааст: муаллими забон ва адабиёти
мактабҳои миёна (1978-1993), муҳаррир ва сармуҳаррири шуъбаи табъу нашри ДДМТ (1993–1994), ассистент
(1994), муаллими калон (2002) ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои
ғайрифилологии ДМТ (2006). Рисолаи
илмиашро таҳти унвони «Антропонимияи тоҷикони навоҳии Шаҳритузу Қубодиён» соли
2002 дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ-
тадқиқотӣ ва методист. Ос.: Забони тоҷикӣ (дастури
таълимӣ барои гурӯҳҳои русии факултетҳои ғайрифилологӣ).–Душанбе: Нашриёти
ДДМТ, 2008 (ҳаммуаллиф); Забони тоҷикӣ (барои факултетҳои биология ва
тиббиву дорусозӣ). – Душанбе: «ЭР-Граф», 2011 (ҳаммуаллиф); Барномаҳои таълимӣ
аз фанни забони тоҷикӣ. – Душанбе: Нашриёти ЭР-Граф, 2013 (ҳаммуаллиф).
Ос.: Лаҳҷа-нумӯи дигари забони куҳан. –Душанбе: «Оила», 2008
(монография); Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ).
–Душанбе: «ЭР-граф», 2010 (ҳаммуаллиф); Ҳуҷҷатнигорӣ. –Душанбе: «ЭР-граф», 2011
(ҳаммуаллиф); Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. – Душанбе: «Баҳманруд»,
2012 (ҳаммуаллиф).
Факултети филологияи
тоҷикро бо дипломи аъло хатм кардааст (2005).
Мудири кабинети “Махзани адаб”и факултети филологияи тоҷик (20032005). Аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ (20052009), муовини декани факултети
филологияи тоҷик (2005- 2007). Аз соли 2005 ба сифати ассистенти кафедраи
забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аз соли 2009 то сентябри 2011 ба ҳайси ёвар ва мушовири муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз соли 2011 то ҳол
дар вазифаи мудири шуъбаи тайёрии ДМТ кор
карда истодааст. Рисолаи номзадияшро таҳти унвони “Азрақии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои
бадеӣ эстетикии қасоиди ӯ” соли
2012 ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ
ва оммавӣ мебошад. Ос.: Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва фалсафа). – Душанбе: «Баҳманруд», 2010 (ҳаммуаллиф); Як нусхаи дастнависи девони Азрақӣ. – Душанбе, 2010.
Ос.: Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва
фалсафа). – Душанбе: «Баҳманруд», 2010; Асолат дар забони мардум. – Душанбе:
2012; Калими Кошонӣ ва ашъори ғиноии ӯ. – Душанбе: «Адиб», 2012.
Хатмкардаи
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005) ва аспирантураи ДМТ (2010).
Фаъолияти меҳнатиаш соли 1994 оғоз гардидааст: муаллими забон ва адабиёти
мактабҳои миёна (1994-2005), ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои
ғайрифилологии ДМТ (2005-2007), аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини
форсии тоҷикии ДМТ (2007-2010) ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои
ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ (2010 то имрӯз). Соли
2010 дар мавзӯи «Мавзӯъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар назми солҳои 90-уми тоҷик» рисолаи илмиашро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ
ва методист Ос.:
Ҷанги
шаҳрвандӣ ва инъикоси бадеии он. – Душанбе: «Истеъдод», 2010; Назаре ба ғазалиёти
маҷмӯаи «Фарёди бефарёдрас»-и Лоиқ Шералӣ
// Ахбори Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон. – 2009. – №1; Санъатҳои лафзӣ дар маҷмӯаи «Фарёди
бефарёдрас»-и Лоиқ Шералӣ // Паёми
Донишгоҳ. – 2009. – №4(52). Хатмкардаи
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1990). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1991 оғоз
гардидааст: муаллими забон ва адабиёти Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент
(1993-1997), Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (1998-2002), аз соли 2003 то ҳол
муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ. Соли 2012 таҳти унвони «Қатрони Табрезӣ ва
мероси адабии ӯ» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Муаллифи
зиёда аз 15 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Ос.: Дастури иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). –
Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф); Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои
факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф);
Марвориде аз уқёнуси беканор (мураттиб). – Душанбе: «ЭР-граф», 2010 (ҳаммуаллиф).
Соли 1999 факултети
филологияи ДДМТ-ро хатм кардааст. Соли
2001 ассистенти кафедраи Хат ва матни форсии тоҷикии ДДМТ, соли 2007 муаллими
калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ, аз соли 2011
то ҳол дотсенти кафедраи мазкур. Соли 2007 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Таҳаввули
забони адабии тоҷик дар даврони Истиқлол» ҳимоя намудааст. Аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
мебошад. Муаллифи 1 монография, 3 васоити таълимӣ ва бештар аз 15 асару мақолаҳои
илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Ос.: Дастури иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). –
Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф); Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои
факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф);
Таҳаввули забони адабии тоҷик дар даврони Истиқлол».– Душанбе: «ЭР-граф», 2011;
Луғати вожаҳои нав. – Душанбе: «ЭР-граф», 2013.
Соли 1996 шуъбаи
арабии факултети шарқшиносии ДДМТ-ро хатм намудааст, солҳои 1996 – 1997 мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии раёсати обуҳавосанҷии
Вазорати ҳифзи муҳити зист ва солҳои 1997-2001 ба сифати мутахассиси пешбари
раёсати сиёсати илмӣ- техникӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоии Вазорати иқтисодиёт
ва робитаҳои иқтисоди хориҷии ҷТ фаъолият намудааст. Соли 2001 ассистенти
кафедраи Хат ва матни форсии тоҷикии ДДМТ, соли 2007 муаллими калони кафедраи
забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ, аз соли 2012 то ҳол докторант. Соли 2009 рисолаи номзадиашро таҳти
унвони «Вижагиҳои хоси забони шеъри Мавлоно
Чалолиддини Румӣ» ҳимоя намудааст.
Муаллифи 1 монография, 2 васоити
таълимӣ ва бештар аз 15 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ мебошад. Ос.: Дастури
иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). – Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф);
Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби
дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф); Султони мулки сухан (Вижагиҳои
хоси забони шеъри Мавлоно Чалолиддини
Румӣ). – Душанбе, 2001 (монография).
Тӯраҳасанов
Қодир (тав. 28.12.1966, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ), забоншинос, номзади
илми филологӣ (2000), дотсент (2007). Хатмкардаи УДТ (1991). Солҳои 1996-1999
аспиранти ДТИТҶТ ва ДДМТ. Солҳои 2000-2006 муаллими калон ва аз соли 2007 то ҳол
дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологии ДДМТ. Соли 2000
рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Истилоҳоти пешобшиносӣ дар забони тоҷикӣ» ҳимоя
намудааст. Муаллифи 1 монография, 10 васоити таълимӣ ва зиёда аз 40 асару мақолаҳои
илмиву методӣ ва оммавӣ мебошад. Ос.: Истилоҳоти тиббӣ-пешобшиносӣ дар забони тоҷикӣ. – Душанбе:
«Деваштич», 2005; Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои гурӯҳҳои русии факултетҳои
ғайрифилологӣ).–Душанбе: Нашриёти ДДМТ, 2008 (ҳаммуаллиф); Забони тоҷикӣ (барои факултети ҳуқуқшиносӣ).
– Душанбе: «ЭР-Граф», 2010.
Соли 1987 факултети
забон ва адабиёти Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро хатм кардааст. Аз соли 1988 то соли 1992 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби
миёнаи рақами 33, 39 ноҳияи Вахш. Солҳои 1993-1997 аспирант ва муаллими
калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи
давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ҷонишини декан оид
ба таълими факултаи филология тоҷики донишгоҳи мазкур. Аз соли 1987 то соли
2005 ба таври гузариш ба кафедраи усули таълими забони тоҷикӣ ва саромӯзгори
кафедраи забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологии Донишгоҳи омӯзгории ба
номи С. Айнӣ (собиқ ба номи Ғ. Ҷӯраев), аз соли 1988 то соли 2005 ба ҳайси
муовини декан оид ба таълими факултаи забонҳои хориҷии (англисӣ) донишгоҳи
мазкур. Соли 2005 ассистенти кафедраи
забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз
соли 2005 то имрӯз муаллими калони кафедраи
мазкур мебошад. Соли 2007 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Вижагиҳои
луғавӣ ва сарфии забони ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» ҳимоя намудааст. Муаллифи
1 монография, 2 васоити таълимӣ ва бештар аз 25 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва
оммавӣ мебошад. Ос.: Таълими
аломатҳои китобат. –Душанбе, 2002; Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети
кимиё). -Душанбе, 2012 (ҳаммуаллиф); Ҳоҷӣ Ҳусайн - шоири суханофарин. –Душанбе,
2012; Ҳоҷӣ Ҳусайн ва арзиши сухан (ҳаммуаллиф). –Душанбе, 2013.
Факултети филологияи
тоҷикро соли 2000 хатм кардааст. Соли
2000 муҳаққиқ- коромӯзи кафедраи забони
муосири ДМТ, аспиранти шуъбаи ғоибона (20022005), солҳои 2004-2007 ба сифати
мушовири ноиби аввали ректори ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2007 ба сифати муаллими
калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ
намудааст. Рисолаи номзадияшро таҳти унвони “Хусусиятҳои луғавию маъноии
забони ғазалиёти Лоҳутӣ” соли 2013 ҳимоя
намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои
илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Ос.: Усули таҳлили луғавӣ (лексики)-и вожаҳо // Маърифат, 2005,
№11-12; Силлабус аз фанни алифбои ниёгон барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайрифилологӣ.
– Душанбе: Нашриёти ЭР-Граф, 2010; Дастури таълимии «Маҷмӯаи саволу ҷавобҳои
тестӣ аз фанни алифбои ниёгон». – Душанбе: Нашриёти ЭР-Граф, 2010 (ҳаммуаллиф);
Баъзе хусусиятҳои луғавии ашъори Лоҳутӣ // Паёми донишгоҳ, 2008, №1; .
|
Мудирони кафедра
|
||
Таърихи
факулта Садорати факултет Кафедраи таърихи
забон ва типология Кафедраи назария ва
адабиёти навини форсии тоҷикӣ Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Кафедраи забони адабии муосири
тоҷикӣ Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ) Толори Ш. Ҳусейнзода
| ||||
Copyright © 2012-2020. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66, email:yorjon@mail.ru |