|
||||
|
КАФЕДРАИ НАЗАРИЯ ВА АДАБИЁТИ НАВИНИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ Таърихи таъсис. Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (номҳои пешинааш: забон ва адабиёти тоҷик – 1948-1953; адабиёти тоҷик – 1953-1962; адабиёти советии тоҷик – 1962-1994) баробари таъсиси Донишгоҳ арзи вуҷуд карда, аввалин мудири он академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Номбурда дар ташаккули кафедра ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда гузошт ва муносибати кафедраро ба муассисаҳои алоҳидаи илмию таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шарқи хориҷӣ барқарор намуд. Асару мақолаҳои академик Мирзоев ва махсусан китобҳои бунёдии «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Биноӣ» (1957), «Абӯабдулло Рӯдакӣ» (1958) ҷойгоҳи адабиётшиносии тоҷикро дар адабиёти форсизабони Эрону Афғонистон муайян намуд. Солҳои
1953-1980 сарвари кафедра шогирди
академик Мирзоев узви вобастаи АИ Тоҷикистон С.Ш. Табаров буд.
Дар ин муддат кафедра ба яке аз
марказҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии
мактабҳои олии Тоҷикистон табдил ёфт. Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию
мунаққидии С.Ш. Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва
амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва
илмию оммавии устод Табаров, аз ҷумла
дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт,
адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои
1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Мунзим. Беҳбудӣ»
(2002) мавриди тадқиқи амиқ қарор
гирифтаанд. Дар давраи мудирии Табаров С.Ш. дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмадюсуф Имомов, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобов, Зебуннисо Ёрова ба воя расиданд. Услуби тадқиқи Табаров С.Ш. дар пайравӣ ба академик А. Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, Табаров С.Ш. дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд. Профессор Раҳим Мусулмонқулов солҳои 1980-1992 ба сифати мудири кафедра фаъолият намуд. Дар ин айём иқтидори илмии кафедра боз ҳам мустаҳкам гардид. Р. Мусулмонқулов масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёт ва адабиётшиносӣ, аз қабили афкори назариявию эстетикии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик, робитаҳои адабӣ ва эҷодиёти адибони садаи ХХ-ро мавриди тадқиқ қарор дод ва дар ин соҳа рисолаҳое чун «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик» (1970), «Асрори сухан» (1980), «Поэтикаи классикии форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХV» (1980), «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ», «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар» (1984) таълиф намуд. Замони мудирии профессор Худойназар Асозода (солҳои 1993-1996) ба давраи аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ душвори Тоҷикистон рост омад ва мавсуф тавонист, ки иқтидори илмии кафедраро нигоҳ дошта, ба парокандашавии устодони соҳибунвони кафедра роҳ надиҳад. Дар ин давра дар назди кафедра кабинети «Махзани адаб» таъсис ёфт, ки он осори нодири илмию адабӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои адабиву фарҳангии дар Тоҷикистон ва хориҷи он чоп гардида ва аксҳои шахсиятҳои фарҳангии ҷумҳуриямонро дар бар мегирад. Таълифоти профессор Х. Асозода, аз ҷумла, асарҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997), «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1999), «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) усули нави тадқиқро фаро гирифта дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфият доранд. Солҳои
1996 - 2002 вазифаи мудирии кафедра ба зимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
дотсент Ҷӯрахон Бақозода вогузор
гардид. Дар ин муддат равобити илмӣ ва фарҳангии кафедра ба муассисаҳои
илмию таълимии мамлакат ва берун аз он
густариш ёфт ва иқтидори илмии кафедра аз нав қувват гирифт. Рисолаҳои илмию
тадқиқотии Ҷӯрахон Бақозода, чун «Падидаҳои тоза» (1974), «Нависанда ва идеали
замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамиди Самад ва
инкишофи ҳикоя» (2007) ҳар кадом як марҳалаи
тозае дар танқиди адабии тоҷик
мебошанд. Солҳои 2002 – 2010
мудирии кафедра ба ӯҳдаи профессор А. Кӯчаров вогузор шуд. Номбурда чун дастпарвари
факултети филология анъанаи устодони рашидро идома дода,
баҳри густариши фаъолияти корҳои илмию тадқиқотии аъзои кафедра,
конференсияву нишастҳои умумидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва масъалаҳои муҳимми адабиёти давраи нави тоҷик
ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ дод. Таълифоти профессор А. Кӯчаров, аз ҷумла
рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Айнӣ» (1982), «Масъалаҳои матншиносии
адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матн ва
масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ»
(2002) чун тадқиқоти тозаву муҳим дар соҳаи нақди матни адабиёти давраи нави тоҷик арзиш доранд. Аз
моҳи октябри соли 2010 то моҳи декабри соли 2012 вазифаи мудири кафедра
дигарбора ба уҳдаи прпофессор Х.Асозода
вогузор гардид. Дар ин фосила низ анъанаи неки кафедра ҷиҳати таълифи
китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ ва тайёр кардани
мутахассисони унвондор идома ёфт. Таълифи китоби дарсии Таърихи адабиёти тоҷик
(давраи нав) дар ҳамин давра аз ҷониби профессор Х.Асозода анҷом дода шуд. Аз оғози
соли 2013 вазифаи мудирии кафедраро дотсент М.Зайниддинов ба ухда дорад. Ҳайати устодони кафедра. Ҳоло дар ҳайати кафедра узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ С.Ш.Табаров (мушовир), докторҳои илмҳои филология, профессорон Абдулҳай Маҳмадаминов, Равшан Раҳмонов, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Муртазо Зайниддинов, Боймурод Шарифов, Сироҷиддини Эмомқул, Наврӯз Қаландаров, муаллимони калон, Ҳафиз Раҳмонов, Қарор Нурқаев ва ассистент Зебунисо Ёрова фаъолият доранд. Ҷои ифтихор аст, ки собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АУ Тоҷикистон, ҳоло профессор Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, профессор Худойназар Асозода ва собиқ ректори Донишгоҳи давлатии славянии Россия ва Тоҷикистон, ҳоло ректори ДМТ узви пайвастаи АИ ҶТ профессор Маҳмадюсуф Имомов дар кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикӣ сабзида, айни ҳол ба кафедра ҳамкорӣ доранд. Бо
назардошти ҳамкорон ҳоло ба ҳайати устодони кафедра як узви вобастаи АУ Тоҷикистон,
чор узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, чор профессор, панҷ дотсент, ду
муаллими калон ва як ассистент шомил мебошанд.
Соҳаи фаъолияти кафедра.
Устодони кафедра оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимтарини адабиётшиносӣ,
фолклоршиносӣ, афкори адабиву эстетикӣ, матншиносӣ, равобит ва ҷараёнҳои адабӣ
тадқиқот мебаранд. Алҳол таҳқиқоти илмии кафедра таҳти унвони «Адабиёт ва
фолклори халқҳои форсизабон ва хусусиятҳои он» дар 10 самт ҷараён дорад. Ширкати устодони кафедра дар анҷуману
симпозиумҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ самаранок аст ва он дар солҳои истиқлолияти
Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфт. Суханрониҳои профессор А.Кӯчаров дар дувумин ҳамоиши
миллии эроншиносӣ (Теҳрон, даймоҳи соли 1338 шамсӣ), панҷумин Анҷумани
байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷик (Душанбе, марти 2006), профессор
А.Маҳмадаминов дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ (Теҳрон,
июни 2005), профессор Р.Раҳмонов дар
кишварҳои Амрико (2000, 2001), Олмон (2001,2005), Фаронса (2006), Италия
(2006), Эрон, Ҳиндустон, Япония, Покистон, Австралия, Афғонистон, Австрия,
Англия, Арманистон, Гурҷистон, Корея, Қирғизистон, Маҷористон, Муғулистон,
Норвегия, Туркия, Шведсия, Ӯзбекистон, Юнон, Россия ва дотсент М.Зайниддинов
дар 6-умин Анҷумани байналмиллалии ноширон ва тарҷумонҳо Ереван (2012) намунаи
чунин фаъолият мебошад. Фаъолияти таълимию методии кафедра. Кафедра ба ҷараёни таълим, сифати илмию назариявӣ ва методии машғулиятҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Таълифи барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон қисми таркибии кори муаллимони кафедра ба шумор меравад. Ҳанӯз соли 1948, дар соли аввали таъсиси ДМТ, дастури таълимии С.Ш. Табаров барои муаллимони адабиёт бо номи «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» дастраси донишҷӯён гардид ва минбаъд устод Табаров оид ба фанҳои марбути кафедра – таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав), назарияи адабиёт, таърихи нақди адабӣ дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таълиф мекунад: «Программаи таърихи адабиёти советии тоҷик» (барои шӯъбаи филологияи УДТ, 1950), Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ, қисмҳои 1 ва 2 (барои шӯъбаи филологияи тоҷики УДТ, 1950, 1983) ва ғайра. Минбаъд фаъолияти кафедра дар таълифи дастуру васоити таълимӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Ба табъ расидани китобҳои таълимии Р. Мусулмонқулов «Анъана ва навоварӣ», «Назарияи адабиёт» дастури методии А. Маҳмадаминов «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони uоибхони факултаҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шӯъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И. Ленин» (1984), Х. Асозода, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ аз адабиёти тоҷик барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ» (1990), А. Давронов, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи рисолаи дипломӣ аз адабиёти тоҷик (форсӣ)» (1993) далели равшани ин фикр аст. Солҳои охир дар кафедра дар асоси таҷдиди назар ба таърихи адабу фарҳанги садаи ХХ барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсии бисёре таълиф ёфта, дастраси устодону донишҷӯён гардидаанд, ки китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11 (Х. Асозода ва А. Кӯчаров), дастурҳои таълимии «Се маорифпарвар дар бораи амирони Манuит» (С. Табаров), «Нақди матни осори Айнӣ» (А. Кӯчаров), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (М. Зайниддинов), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (Ҳ.Раҳмонов) ва барномаҳои таълимии «Адабиёти саддаи ХХ-и форсию тоҷикӣ» (Х. Асозода, А.Раҳмонов), «Фолклори тоҷик» (А. Сӯфизода), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (А. Маҳмадаминов), «Адабиёти иттиҳод» (М. Зайниддинов), «Матншиносӣ» (А. Кӯчаров) намунаи онҳо мебошад. Фаъолияти илмии устодон Тадқиқот ва рисолаҳои А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонов, А. Раҳмонов, М. Имомов, А. Сӯфизода, Б. Шарифов ва С. Эмомқул
дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба эътирофи олимони машҳури адабиётшинос сазовор шуданд. Чунончи, М.Давлатов «Ғазал ва анъанаи он дар назми Абулқосим Лоҳутӣ» (1974), А.Маҳмадаминов
«Ҷустуҷӯи ҳақиқат (1994)», «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддин Айнӣ – олим (2010)», Р.Раҳмонов «Афсона ва дигар жанрҳои насри шифоҳӣ» (1999), «Масъалаҳои фолклори кишварҳои форсизабон» (1998), А.Раҳмонов «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004), М.Имомов «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С.Айнӣ» (2004), Ҷ. Бақозода «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), А. Сӯфизода «Фолклор - ҳамрадифи таърих» (1994), М.Зайниддинов «Адабиёти ҷаҳон» (2000), С. Эмомқул «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» (2003) паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои насру назми давраи нави адабиёти тоҷикро фаро гирифта, ба таваҷҷӯҳи олимони машҳури хориҷӣ чун Иржи Бечка, Е.Э.Бертелс, А.Н. Болдирев, Парвиз Нотили Хонларӣ, Манфред Лоренс ва дигарон сазовор
гардидаанд.
Монографияи профессор А.Кӯчаров таҳти
унвони «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии С.Айнӣ» соли 2003 ба Ҷоизаи адабии
Айнӣ сазовор дониста шуд. Инчунин китоби
профессор Равшан Раҳмонов соли 2003 дар Ҷумҳурии
Исломии Эрон ба Ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши сол мушарраф гардид.
Аз вақти таъсиси
кафедра
то имрӯз
миқдори
асару мақолаҳои
чопшудаи
муаллимон
ба бештар
аз се
ҳазор
мерасад.
Дар таърихи кафедра
бори аввал соли 1981
маҷмӯаи илмӣ бо номи «Маҳорати эҷодии Мирзо Турсунзода» нашр гардид. Баъд анъанаи
чопи маҷмӯаи мақолаҳои устодони кафедра бо унвони «Ҷустуҷӯҳои адабӣ» расм шуд,
ки то ҳол 8 ҷилди он ба чоп расидааст. Тарбияи кадрҳои илмӣ. Кафедра дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи адабиёт хизмати арзанда мекунад. Дар назди кафедра маҳфилҳои «Нақди адабӣ» ва «Адибони ҷавон» амал мекунанд, ки нақши онҳо дар тарбия ва рушду камоли мутахасисони соҳаи филологияи тоҷик калон аст. Як зумра адибони намоёни ҷумҳурӣ парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» мебошанд. Барпо намудани ҷашни адибону олимони маъруф, вохӯрӣ бо адибону донишмандон, шабҳои адабӣ ва ғайра дар кафедра ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, соли 1980 нахустин бор нишасти «Солонаи Мирзо Турсунзода» гузаронида шуд ва ҳар сол ин чорабинӣ дар рӯзи мавлуди шоир мунтазам идома дорад. То ҳозир 32 маҷлиси Солонаи устод Турсунзода баргузор шудааст. Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ минбаъд
дар асоси қарору дастурҳои ҳукумат
ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мактабҳои олии мамлакат
ва фармону супоришҳои раёсати ДМТ
амал намуда, паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фолклори халқҳои форсизабонро мавриди
таҳлили ҷиддӣ қарор медиҳад ва равобити ҳасанаро бо муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи
Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон
ва баъзе дигар мамолики хориҷӣ густариш медиҳад. Дар таълиму
тарбияи мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик саҳмгузорӣ карда, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои
таълимиро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад. Устодони кафедра
Муҳаррири хурди нашриёти давлатии «Ирфон» (1981),
лабаранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
(1982). Аспиранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и ДДТ (1983-1987).
Муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР (1987-1991). Соли
1990 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзуи «Робитаҳои
адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX
ва ибтидои асри XX» ҳимоя намудааст. Солҳои 1992-1993
ба сифати дотсенти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и ДДТ кор
кардааст. Аз соли 1993 то 1996 ба сифати дотсенти кафедраи журналистика ва
адабиёти хориҷӣ ва муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба
корҳои таълим ва тарбия фаъолият намудааст. Солҳои 1996-1999 дотсенти кафедраи
назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДДМТ. Аз соли 1999 то соли 2001 Мудири шуъбаи
таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2002 муовини
Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома
додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати
Сардори идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то соли 2011
дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДДМТ кор кардааст. Дотсенти кафедраи
назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2011-2012), мудири кафедраи назария
ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2013). Риштаи таҳқиқоти З. масоили гуногуни таърихи адабиёт,
равобити адабӣ, назария ва танқиди адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ ва масъалаҳои
тарҷумаро фаро мегирад. Ҳамзамон дар таълифу таҳияи барнома ва дастуру китобҳои
дарсӣ фаъолона иштирок менамояд. Муалифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва
китобу дастурҳо мебошад. З. назария ва амалияи илмиро дар иртибот таҳқиқ намуда дар
як вақт аз фанни Адабиёти ҷаҳон барои донишҷӯён дарс мегӯяд ва осору аҳволи
адибони бузурги дунёро дар иртибот бо адабиёти тоҷик таҳқиқ менамояд. Мақолаву
асарҳои таълиф намудаи ӯ оид ба осору аҳволи адибони халқҳои ҷаҳон Қаюм Носирӣ,
Шаҳобуддин Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мусо Ҷалил,
Л.Толстой, А.Пушкин, А.Гайдар, К.Паустовский, А.Чаковский, Мухтор Авезов,
Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳамкимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, Т.Сотилғанов,
Ч.Айтматов, Э.Межелайтес, М.Бажан, Николас Гильиен, Шота Руставелӣ, Назар
Душбадзе, Сергей Есенин ва дигарон ба
хонандагони тоҷик шинос буда, дар ташаккули дунёшиносии онҳо саҳм гузоштааст. Ҳамчунин
З. ба ҷараёни инкишофи адабии муосир иртибот дошта, паҳлӯҳои гуногуни ҳайёту эҷодиёти
С.Айни, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Юсуфӣ,
А.Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, А.Қаҳҳорӣ, М.Ҳайдаршо,
И.Файзулло, Қутби Киром, М.Ҳотам ва Садриддин Ҳасанзод дар мақолаву гузоришҳои
худ мавриди арзёбӣ қарор додааст. З. бо марказҳои илмию таълимии шаҳрҳои Москва, Қазон, Уфа,
Новосибирск ва Оренбург иртибот дошта, оид ба масъалаҳои гуногуни илмӣ ҳамкорӣ
дорад. З. кори таълим ва тадқиқоти илмиро пайваста пеш мебарад.
Аз ҷумла асарҳои ӯ «Машалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо»
(1998), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), «Таърихи
адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), дар муайян намудани паҳлуҳои
норавшани таърихи матбуот, адабиёти тоҷик, адабиёти ҷаҳон, робитаҳои адабӣ,
масъалаҳои тарҷума ва осору аҳволи саромадони фарҳанги миллӣ нақши арзанда
доранд. Аз ҷониби ӯ Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005),
Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии Адабиёти ҷаҳон барои
синфҳои 10-11 (2001), Дастури таълимии Таърихи адабиёти хориҷӣ (2005) нашр
гардидааст. З. чун муҳақиқи пайвандҳои адабӣ дар марказҳои илмию фарҳангии
хориҷӣ низ эътироф гардидааст. Соли 1995 дар таҷлили ҷашни эпоси «Манас» дар
Туркия, соли 1997 дар Конгреси VI - туркшиносони ҷаҳон
дар шаҳри Оренбург , соли 2007 дар
семинари байналмилалии омӯзиши тарзи ҳаёти солим дар Украина, соли 2008 дар семинари
байналмилалӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир иштирок намудааст. З. узви Иттиҳоди
тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия буда дар анҷумани
дуюм (2008) ва форуми шашуми байналмилаии он (2012) дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии
Арманистон иштирок ва суханронӣ намудааст. З. аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009) буда, бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»
(1998), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009), «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» (2010) мукофотонида шудааст. З. соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ»
гардидааст.
ОС.:
Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ (2013); Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад
буд (2013) Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ (2005), Саргузашти устод Лоҳутӣ
(2009)
М.
матни илмию интиқодии «Тартилу - л - Қуръон», «Таҳзибу - с - сибён»,
«Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик» – и С.Айнӣ, «Мухтасари таърихи
Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мусулмонони Дорурроҳат»,
«Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик
(Сарф ва наҳв)», «Раҳбари наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон» -
и А.Фитрат, «Дафтари сабз» - и Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ, «Маданият ва вазоиф»,
«Шариати исломия ва тараққиёти мадания» - и Сайид Аҳмади Васлии Самарқандӣ,
«Василату - н - наҷот» - и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ
оростааст. Таълифоти илмии М. дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Чехославакия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Англия, Америка, Франсия, Ҷумҳурии Ӯзбакистон,
Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҳиндустон ба табъ расиданд. Аз натиҷаҳои тадқиқот М.
дар симпозиуму семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттиҳодӣ, минтақавӣ
ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Тарҷумаи китоби дарсии С.Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори
шарқшиносони рус А.Д.Гребенкин «Тоҷикон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба
қалами М. тааллуқ дорад. Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти
тадқиқотии М. мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони
«Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн»,
«Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи
адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони
ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи
В.И.Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи
адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996 - 2012, чор бор ба табъ
расидааст), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013), «Назарияи
адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013) аз ҷумлаи корҳои методии М.
мебошанд. М. ба нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
(1998) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз
гардидааст. Ос.: Адиби мубориз. –
Душанбе: Ирфон, 1998; Поиски истины («Образцы таджикской литературы» в борьбе за
права таджикского народа). – Душанбе: Сино, 1994; Адабиётшиносӣ ва худогоҳии
миллӣ (Тазкираи С.Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»). – Душанбе: Сино, 1998; Ислом
– нурбахши адабиёт ва фарҳанг. – Душанбе: Сино, 2004; Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ.
Дафтари сабз. – Душанбе: Сино, 2004; Айнишиносӣ ва замони ҳозира. – Душанбе: Эҷод,
2005; Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007; Садриддини Айнӣ –
олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010; Сайид Садриддинхоҷаи Айнӣ. Духтарбача ё ки
Холида. – Душанбе: Истеъдод, 2010; Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Раҳбари наҷот.
– Душанбе: Шуҷоиён, 2011; Родмарде аз Самарқанди бостон. – Душанбе: Истеъдод,
2012; Пуштибони забони тоҷикӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2013.
1.
Наврӯз –
сапедадами ҳастӣ//Садои Шарқ, 2012, №3, с. 3-6. 2.
Аҳаммияти миллӣ ва ҷаҳонии осори устод Мирзо Турсунзода //Номаи пажӯҳишгоҳ (вижаи нақди
адабии тоҷикӣ). Нашрияи пажӯҳишгоҳи Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, 2012, №23-24. 3.
Худшиносии миллӣ
дар ашъори Лоиқ Шералӣ//Садои Шарқ, 2011,№9,с.123-129. 4.
Гаҳвораи ноз (тақриз
ба маҷмӯаи ҳамноми М.Сайдар)//Адабиёт ва санъат, 19 январи 2012. 5.
Пешгуфтор ба
фаслномаи “Рӯдакӣ”-и Ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон вижаи адабиёти асрҳои 17-19
Мовароуннаҳр. №130, с.5-9. (Форсӣ) 6.
Нишонаҳои сабки ҳиндӣ
дар шеъри Ҳофиз//Рӯдакӣ (Фаслномаи ҶИЭ),№130, с.152-171. (Форсӣ). 7.
Назаре кутоҳ ба
достоннависии тоҷик//Рӯдакӣ (Фаслномаи Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон),
июни 2012, с.3-9. 8.
Назм дар адабиёт ва
санъат дар соли 2011//Адабиёт ва санъат,1 марти 2012. 9.
Шукӯҳи сухан (Дар
бораи эҷодиёти Мӯъмин Қаноат)//Адабиёт ва санъат,17 майи 2012. 10.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№9. 11.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№10. 12.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№11. 13.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№12. 14.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№1. 15.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№2. 16. Сом ибни Нӯҳ(Фарҳанги
асотир)//Садои Шарқ, 2012,№3, с.151-156. 17.
Ҷамил ва Бӯшина...(Фарҳанги
асотир)//Садои Шарқ,212,№4,с.151-156. 18.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№5. 19.
Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№6. 20.
Ваҳдати миллиро дар
сатҳи ҷаҳонӣ бояд ҷашн гирифт//Омӯзгор, 21 июни 2012. 21.
Шеъри тоҷик шуури
тоҷик аст//Рудаки (вижаномаи шеъри Тоҷикистон). Душанбе: Эр-граф, 2013, (300
с.) 22.
Наврӯз ҳамсозии ҷон
ва ҷаҳон аст//Садои Шарқ,№3, соли 2013, с. 3-8. Рустами Ваҳҳоб ба таври муназзам дар коференсияҳо ва ҳамоишҳои илмии ватанӣ
ва байналмилалӣ бо ироаи суханрониҳо ширкат намудааст, ки чанд намунае аз он ба
таври зайл мебошад: 2.
“Масъалаи Шарқ” ва
ворисияти адабӣ дар достони “Чароғи абадӣ”//Коференсияи илмии “Турсунзодахонӣ”
дар ДМТ, 5 майи соли 2012. 3.
Таносуби шахсияти
Фирдавсӣ ва қаҳрамони романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода//конференсияи илмӣ ба
муносибати 100-солагии Сотим Улуғзода, ДМТ, 9 майи 2012. 4.
Суханронӣ дар бораи
шеъри муосири Тоҷикистон дар “Даҳаи шеъри Фаҷр”. Теҳрон, Донишгоҳи Озод, 20
феврали 2012. 5.
Назари татбиқӣ ба
мавзӯи озодии Шарқ дар адабиёти форсизабонон. Суханронӣ дар ҳафтумин Ҳамоиши тарвиҷи забон ва адабиёти форсӣ дар
Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, Теҳрон, 5 сентябри соли 2012. 6.
“Голоса
Сталинграда” – воплощение дружбы народов//Ҳамоиши илмию
адабӣ дар “Хонаи миллатҳо”, Маскав, 28 июни соли 2012. Матни ин суханрониҳо баъд аз эроди онҳо дар ҳамоишҳо ва конференсияҳои
мазкур ба сурати мақола ба чоп расидааст. 1.
Поэтикаи вазн ва хусусиятҳои ритмии назми муосири тоҷик.
Душанбе: Ирфон, 2009, 200 саҳифа. 2. Хадисы пророка (с). Тегеран: Алхудо, 2000. 100 стр. 3. Адабиёт ва фарҳанги миллӣ. Душанбе: Адиб, 2012, 220 саҳифа. 4. Фарҳанги асотир дар адабиёти форсии тоҷикӣ. (Бознашри
китоби ҳамноми муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ҳамроҳ бо шарҳу тавзеҳи
муфассал дар бораи илми устурашиносӣ ва асотири адабиёти муосири тоҷик) (Дар
дасти чоп). (1000 с.) 5. Калимаҳо (маҷмуаи ашъор). Душанбе: Ирфон, 1990. (100 с.) 6. Шаҳри Хуршед (китоби шеър). Душанбе: Деваштич, 1990 (200
с.) 7. Робиндронат Тагор. Нукот (тарҷума аз русӣ)//Садои Шарқ,
№4, соли 2012.
![]()
Соли 1975 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло
Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шуда, соли 1991 мактаби
миёна, соли 1996 факултети филология, соли 2001 шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро соли 2002 дифоъ
намудааст. Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо Ҷоизаи
ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ва соли
2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии
маорифи Тоҷикистон сазовор дониста шудааст.
Солҳои 2001- 2005 муовини декани факултети филология
оид ба тарбия ва солҳои 2005 – 2009 муовини декани факултети филология оид ба
таълим фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2009 то ҳол мудири шуъбаи
таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ шуда фаъолият дорад.
Муаллифи китобҳои «Нақши Восеъ дар адабиёти
бадеӣ» (2001), «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ» - и Сотим Улуғзода» (2003),
«Восеънома» (2003), «Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик»
(2007), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2011), «Таърихи эҷоди қиссаи «Ривояти
суғдӣ» - и Сотим Улуғзода» (2011), Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ (2012),
Андеша ва маҳорати адабӣ (2012) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои
таълимӣ мебошад.
Қаландаров Наврӯз (тав. 23.03.1969, ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон), адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2004), дотсент (2009). Хатмкардаи ДДТ (1996) ва аспирантураи он (2003). Солҳои 1996 – 1999 Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, 2000 – 2001 сармутахассиси идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва мактаббачагони Кумитаи кор бо ҷовонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 2006 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДМТ (ҳамзамон раиси шӯрои шӯъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии ш. Душанбе), 2006- 2009 мудири сектори ташкилии ДДМТ, аз соли 2009 аввал муаллими калон, баъдтар дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи ДМТ. Муаллифи зиёда аз 10 рисола ва мақолаҳои илмӣ – методист. Мақолаҳои ӯ : «Нигоҳе ба нақди матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Ду таҳрир дастхати №30», «Махсусиятҳои матни ӯзбекии «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Таҳаввули образи Қорӣ – ишкамба дар дастхати №30», «Зарурати тадқиқ ва дараҷаи омӯзиши матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Нусхаҳои рӯзномавӣ ва маҷаллавии қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Таҳаввули услуби қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ» ва ғ. дар маҷалла ва китобҳои дастаҷамъӣ ба табъ расиданд. Қаландаров
Н. с.2004 дар мавзӯи «Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи «Марги судхӯр» – и
С.Айнӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ос.: Таърихи матнҳои қаламии қиссаи
«Марги судхӯр»– и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2003; Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи
«Марги судхӯр» – и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2008.
Муҳаққиқ коромӯзи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ
(1999). Аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2000-2003). Ассистент, муаллими калони кафедраи
назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ
(2001-2013). Аз соли 2008
то ҳол ба сифати муовини декан оид ба
таълим дар факултети филологияи ДМТ фаъолият дорад. Н. ба
таҳқиқи
масоили гуногуни таърихи адабиёт, назария ва танқиди
адабӣ, адабиётшиносии сару кор дошта, ҳоло ба таълифи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Саттор Турсун ва насри психологӣ дар адабиёти тоҷик» машғул аст. Инчунин дар таълифу таҳияи
барномахо ва дастуру васоити таълимӣ иштирок менамояд. Муалифи
зиёда аз 20 мақолаҳои
илмӣ, таълимӣ-методӣ ва дастурҳо
мебошад. Н. дар
баробари таҳқиқу
баррасии масъалаҳои гуногуни адабиётшиносии муосири тоҷик ба тадриси осори гаронмоя ва баландғояи аҳли адаби Шарқи хориҷӣ ва кишварҳои
мутамаддини Ғарб, Амрико (фанни Адабиёти ҷаҳон) дар факултетҳои
филология, журналистика ва муносибатҳои
байналхалқӣ машғул аст.
|
Мудирони кафедра
|
||
Таърихи
факулта Садорати факултет Кафедраи таърихи
забон ва типология Кафедраи назария ва
адабиёти навини форсии тоҷикӣ Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Кафедраи забони адабии муосири
тоҷикӣ Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ) Толори Ш. Ҳусейнзода
| ||||
Copyright © 2012-2020. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66, email:yorjon@mail.ru |