              
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
|
Синфхонаҳои компютерии факултети филология, яке аз марказҳои илмомӯзи ба ҳисоб рафта донишҷӯёни факултаи филология барои самаранок истифода намудани вақти худ аз ин синфхонаҳо дар вақтҳои берун аз дарс барои тайёр намудани мақолаю корҳои курсӣ реферат ва корҳои мустаъқилона ва корҳои дипломиашон аз ин синфхонаҳо истифода мебаранд.
Инчунин дарсҳои амалӣ дар синфхонаи мазкур бо проекторе, ки ба синфхона насб шудааст барои боз ҳам пурра ва амиқ ба донишҷӯён фаҳмондани истифода шуда истодааст.
Дар ҷараёни таълим боз аз синфхонаҳои мазкур дар давоми ҳафтаи корӣ устодон ва донишҷӯён аз шабакаи интернет барои гирифтани маълумотҳои зарурии худ аз вақти ба онҳо ҷудо шуда пурра истифода мекунанд ва ин ҳам дар дафтари бақайдгирии синфхона сабт мегардад.
Инчунин дар синфхонаҳои мазкур дарсҳои амалӣ аз фанни информатика баргузор мешаванд.
Аз тарафи мудири синфхонаи компютерӣ бинобар сар шудани машғулиятҳои семестри баҳорӣ ҳафтае як маротиба чунин корҳо ба анҷом расонида шуд:
- барқарор намудани барномаи зиддивирусӣ;
- барқарор намудани базаи нав ба барномаи зиддивирусӣ;
- гузаронидани профилактикаи компютерҳо ҳафтае 1- маротиба.
- назорати доимӣ аз болои тозаву озода будани синфхона.
- барқарорсозии системаҳои омил ба кафедраҳои факулта
- насби барномаҳои зарурӣ ба кафедраҳо
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи кормандони синфхонаи компютерӣ корҳои профилактикӣ сари вақт гузаронида шуда ҳамаи таҷҳизотҳо барои истифода пурра омодаанд.
Факултети филология дорои ду синфхонаи компютерӣ ва ду синфхонаи лингофонӣ аст. Дар факултет ҳамагӣ 54 дона компютер мавҷуд мебошад. Аз ин 27 дона компютер тамғаи Pentium IV аст ва дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Дигар компютерҳо бошад ба тамғаи Pentium I, Pentium II ва Pentium III шомил мебошанд. Аз 7 адад проектор ва 2 доскаи электронӣ, ки ба факултет дода шудаанд устодони дар вақти дарс самаранок истифода мебаранд ва ҳолати кориашон хуб арзёбӣ шудааст.
|







|