Пятница, Декабрь 20, 2019 9:33

 

 

 

 

 

Хуш омадед ба сайти факултети филология

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст.

Декабрь 18, 2019 13:45

КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ЗАБОН ВА ТИПОЛОГИЯ

ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

Таърихи таъсис. Кафедраи таърихи забон ва типология маркази муҳимтарини таҳсилоти олӣ ва аз асоситарин марказҳои илмии ДМТ ба ҳисоб меравад. Кафедраи таърихи забон ва типология аз моҳи феврали соли 1995 тибқи низомномаи мактабҳои олӣ ва дастури раёсати ДДМТ дар заминаи кафедраи забони тоҷикӣ таъсис ёфт ва аввалин  мудири он доктори илми филология, профессор М.Н. Қосимова интихоб гардид.

Ҳайати устодони кафедра. Дар солҳои аввали таъсиси кафедра устодони забардаст ва олимони варзидаю пухтакор ба мисли С. Ҳалимов (шодравон), С. Ҳошимов, Д. Искандарова ва олимони ҷавон А. Мирбобоев, Ш. Каримов, Б. Қосимов, М. Саломов, Д. Ҳомидов, З. Мухторов, С. Ҳалимова, Ш. Ҳаитова ва чанд нафари дигар дар кафедра кору фаъолият намуда, ба донишҷӯён дарс мегӯянд ва дар навиштани асару мақолаҳои илмию таълимӣ саҳми худро мегузоранд. Дар ташкил ва вусъати васеи илмию таълимии кафедра саҳми узви вобастаи АИ ҶТ, профессор М.Н. Қосимова назаррас ва шоистаи таҳсин аст.

                Профессор М.Н. Қосимова барои мукаммал гардонидани ҳайати воҳиди кории муаллимони кафедра чанд нафар хатмкардагонро ба ҳайси муаллим ба кор қабул карда, барои ба дараҷаи устодӣ расидани онҳо заҳмати зиёде ба харҷ додаанд. Ба ин ҷумла, муаллимон М. Саломов, Д. Ҳомидов, З. Мухторов, С. Ҳалимова, Ш. Ҳаитова, Ф. Шарифова, Х. Камолов, Ю Нурмаҳмадов, Ж. Гулназарова, У. Саъдуллоев ва дигарон шомиланд. Ин муаллимон дар баробари тадрис ба навиштани рисолаҳои илмӣ низ шуғл варзида, дар муҳлатҳои муайяншуда таҳти роҳбарии профессор М.Н. Қосимова рисолаҳои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филология гардидаанд ва чанд нафари дигар имрӯз дар талоши навиштани рисолаҳои илмӣ мебошанд.

                Зарурияти таъсиси кафедра дар он зоҳир мегардад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият худшиносии мардум то андозае боло гирифт ва ин барои омӯзишу тадқиқи осори ниёгон шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Ҳамчунин дар замони истиқлол мавқеи забони адабии тоҷикӣ хеле боло рафт ва бинобар он баҳри  такмили ҳамкориву ҳамгироӣ муқоисаи типологии забони тоҷикӣ бо забонҳои хеш ва бегона пешорӯ омад. Аз ин рӯ, баҳри амалӣ гардонидани ин ҷараён соли 1995 кафедраи таърихи забон ва типология таъсис ёфт. Тӯли фаъолияти худ кафедра ба маркази  бузурги илмию таълимӣ ва методӣ табдил ёфт.

               Аз соли 2003 то 2009 вазифаи мудири кафедраро номзади илми филология, дотсент М. Саломов ба уҳда дошт. Аз соли 2009 то 2012 бошад доктори илмҳои филология, профессор Д. Хоҷаев дар вазифаи мудири кафедра кор кард ва аз соли 2012 то 2017 мудирии кафедраро номзади илми филология, дотсент Ж. Гулназарова бар уҳда дошт. Аз соли 2018 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро номзади илми филология, дотсент М. Саломов ба уҳда дорад.

                То имрӯз  устодони варзида чун профессор М.Н. Қосимова, Д. Хоҷаев, дотсентон С. Ҳалимов (шодравон), С. Ҳошимов, Н. Офаридаев, М. Саломов, Д. Ҳомидов, Ш. Ҳаитова, Ф. Шарифова, С. Ҳалимова, З. Мухторов, А. Мирбобоев, Х. Камолов, М. Акбарзод, Б. Тӯраев, Ж. Гулназарова, У. Саъдуллоев, муаллимони ҷавон асс. Н. Қурбонов, асс. Ҳ. Муслимов ва дигарон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд ва ҳастанд.

               Кафедра аз оғози таъсисаш ба тадриси фанҳои бунёдии филологӣ аз қабили таърихи забони тоҷикӣ, таърихи забони адабии тоҷик, матни классикӣ, шевашиносӣ, муқоисаи типологии забонҳо, таърихи афкори забоншиносӣ, семантика, лексикографияи таърихӣ машғул аст. Баъд аз таъсис ёфтани ихтисосҳои ҳуҷҷатнигорӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, тарҷумаи бадеӣ устодони кафедра ба тадриси фанҳои таърихи истилоҳоти тоҷикӣ, таърихи забоншиносӣ, забоншиносии компютерӣ, забоншиносии равонӣ, забоншиносии иҷтимоӣ ва ғайра низ машғуланд. Кафедра дар навиштани дастуру китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ низ саҳмгузор аст.

Аъзоёни кафедраро ҳайати профессору дотсентон ва муаллимони калону ассистентон ташкил дода, онҳо ба таълиму тарбияи донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳанд, то ки онҳо аз хат ва асолати забони ниёгон бархӯрдор бошанду аз онҳо баҳра бурда тавонанд ва пайваста насли ояндаро омӯзонанд. Аз ин ҷиҳат ҳайати устодони кафедра аз  фанҳои хат ва имлои матни классикии тоҷикӣ, грамматикаи  таърихӣ, муқоисаи забонҳо, шевашиносӣ дар бахши филологияи тоҷик, аз фанҳои хат ва матни классикии тоҷикӣ, таърихи истилоҳоти тоҷикӣ, таърихи забони адабии тоҷикӣ, дар шуъбаи ҳуҷҷатнигорӣ, аз фанҳои семантика, забоншиносии компютерӣ, забоншиносии равонӣ, забоншиносии иҷтимоӣ дар шуъбаи забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ  дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани тадриси фанҳои мазкур аз ҷониби устодони кафедра китобу дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён навишта шудааст. Китобҳои М.Н. Қосимова «Хат ва имлои матни классикӣ», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)», «Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик», китобҳои устод С. Ҳалимов «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои Х1-Х11)», «Алифбои ниёгон ва имлои он», китоби З. Мухторов «Таърихи забони тоҷикӣ», китоби Д. Ҳомидов «Шевашиносии тоҷик» ва uайраҳо асарҳоеанд, ки дар тӯли даҳ соли таъсиси кафедра навишта шудаанд. 

Ҳамчунин устодони кафедра дар шӯъбаҳои таърих, кишваршиносӣ ва бойгоншиносии факултаи таърих аз фанни забонҳои қадимаи эронӣ, матни классикӣ, топонимика ва шевашиносӣ низ дарс мегӯянд. Дарсҳои назаривию амалии ҳамаи фанҳои таълимии кафедра дар асоси барномаҳои таълимии ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ  гузаронида мешаванд.

                                              ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ УСТОДОН

Самти тадқиқ. Дар кафедра корҳои илмӣ – тадқиқотӣ вобаста ба проблемаҳои таърихи забон ва  шевашиносӣ, муқоисаи типологии забонҳо идома дорад ва давраву марҳилаҳои гуногуни онро профессор М.Н. Қосимова, дотсентон М. Саломов, А.Мирбобоев, Д. Ҳомидов, З. Мухторов, С. Ҳалимова, Ш. Ҳаитова,  Х. Камолов, Ж. Гулназарова ва м.к. У. Саъдуллоев таҳқиқу тадқиқ карда истодаанд. Роҳбарии мавзӯъҳои илмию тадқиқотии кафедраро мушовири илмии кафедра, профессор М.Н. Қосимова ба уҳда дорад.  Дар асоси ин мавзӯи тадқиқотӣ чандин рисолаву монография, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимию методӣ ба монанди китобҳои «Вожаи «об» дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Чор унсур. Калимасозӣ. Маъноофаринӣ» (дар асоси маводи «Маснавии маънавӣ»-Xалолуддини Румӣ)-и М.Н. Қосимова, «Ифодаи маҷоз дар uазалиёти Ҳофизи Шерозӣ» - и М. Саломов, «Лексикаи  сӯфиёнаи ашъори Саноӣ»-и З. Мухторов, «Топонимияи водии Кешруд», «Дастури методӣ доир ба таълифи корҳои илмии донишҷӯён аз забони тоҷикӣ» - и Д. Ҳомидов, «Дафтари сабз»-и Ш. Ҳаитова, «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ»-и Ф. Шарифова, «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ»-и Ж. Гулназарова, «Ибораҳои изофӣ»-и Х. Камолов, «Вожаҳои муарраби тоҷикӣ дар «Қуръони маҷид», «Хусусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ»-и У. Саъдуллоев таълиф ва манзури донишҷӯёну муҳаққиқони ин соҳа гардидааст.

                Тарбияи кадрҳои илмӣ. Бояд гуфт, ки саҳми устодони кафедраи таърихи забон ва типология дар кори тайёр намудани олимони забоншинос хеле назаррас аст. Профессор М.Н. Қосимова дар пешрафти корҳои илмию таълимии кафедра нақши бориз дошта, дорои мактаби забоншиносии хеш аст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ин донишманд беш аз 45 нафар муҳаққиқи забоншинос рисолаҳои номзадиву докториро дифоъ намуда, чандин нафари дигар дар айни ҳол аз пайи таҳқиқанд. Xиҳати хосаи мактаби забоншиносии профессор М.Н. Қосимова  аз он иборат аст, ки пас аз таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология мавзӯъҳои мухталиф дар шинохту таҳлили асари ин ё он  намояндаи адабиёти классикии тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди забони адабии тоҷик интихоб гардида, муҳаққиқони ҷавону умедбахш таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ кори тадқиқотиро идома медиҳанд. Дар соҳаи забоншиносии муқоисавӣ низ дар кафедра корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Оид ба ин проблема корҳои курсӣ, дипломӣ ва рисолаҳои номзадӣ  навишта мешаванд. Таҳти роҳбарии М.Н. Қосимова  оид ба муқосиаи забонҳо ду нафар рисолаҳои докторӣ (С. Сулаймонов, М. Б. Наuзибекова) ва чор нафар рисолаҳои номзадӣ (Б. Авезова, Н.А. Бобоҷонова, Х. Исмоилова, Э. Исмоилзода) дифоъ карданд ва чанд  муҳаққиқи дигар  оид ба муқоисаи забонҳо корҳои илмӣ навишта истодаанд.

                Xиҳати дигар он аст, ки кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш то кунун барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дигар мактабҳои олии ҷумҳуриамон саҳми босазо мегузорад. Аз ин ҷост, ки дар айни замон тадқиқи чандин рисолаҳои номзадӣ ва доктории муҳаққиқони донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Самарқанд, Хоруu, Қурuонтеппа, ки доир ба  таърихи забон ва типологияи забонҳо мебошанд, дар салоҳияти кафедра қарор дошта, кафедраҳои дигари забонии донишгоҳ бошад чунин афзалиятро надоранд. Аз ин сабаб ҳамаи муҳаққиқону коромӯзони дигар кафедраҳои забонии донишгоҳу берун аз қаламрави он мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотиашонро дар нақшаи илмии кафедраи таърихи забон ва типология ворид менамоянд. Ҳоло дар кафедра 1 нафар ходими калони илмӣ, 2 нафар аспирант, 6 нафар  унвонҷӯ, 1 нафар муҳаққиқи коромӯз бо корҳои тадқиқотӣ машuуланд ва  рисолаҳои илмии худро таҳия менамоянд.

                Кафедра пас аз таъсис ёфтанаш дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ба муносибати санаҳои муҳим ва бузургдошти шоирону адибони адабиёти классикии форсу тоҷик саҳми арзандае мегузорад. Бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типология соли 2006 ба ифтихори бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ конфронси байналмилалӣ зери унвони «Тамаддуни ориёӣ ва забонҳои эронӣ» гузаронида шуд. Дар кори ин конфронс олимони варзидае аз гӯшаву канори ҷаҳон ва донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.

Инчунин ба ташаббуси кафедра доир ба забони осори Саъдии Шерозӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Xалолуддини Балхӣ ва дигарон конфронсҳои донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ доир карда шуд. Дар назди кафедра кабинети забоншиносии ба номи профессор Д.Т. Тоҷиев амал мекунад. Дар ин кабинет аксарияти китобҳои дарсӣ ва асарҳои илмии устодони кафедра ва забоншиносони дохилию хориҷӣ гирд оварда шудааст. 

Робитаҳои илмии кафедра бо марказҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз қаламрави он рӯз аз рӯз қавӣ гашта истодааст. Кафедра ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон ва таҳияву муҳокимаҳои рисолаҳои илмии онҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Uафуров, Донишгоҳи давлатии забонҳо, Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забони форсию тоҷикии назди Сафорати Xумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Сафорати Xумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Фонди Сорос ва дигар муассисаю ташкилотҳо ҳамкории зичи илмӣ ва ҳасана дорад.

Ҳамзамон кафедра  ба корҳои тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тарбияи ахлоқӣ ва мадании  донишҷӯён машғул аст. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Сипанди сухан» фаъолият дорад.  Дар маҳфил викторинаҳо ва силсилаи гузоришу маърӯзаҳои илмӣ  донишҷӯён таҳлил мегардад ва инчунин дар кори он муҳокимаи забони осори адибон, забони матбуоти даврӣ ва қироати шеър сурат мегирад. То кунун бо ташаббуси маҳфили «Сипанди сухан» чандин ҷамъомади шеърхонӣ баргузор гардид, ки дар он беҳтарин донишҷӯён аз ҷониби  раёсати ДМТ қадршиносӣ гардиданд ва ҷараёни он аз расонаҳои ахбори умум пахш гардид. Ба фаъолияти маҳфил м.к. У  Саъдуллоев роҳбарӣ менамояд.

Устодони кафедра ҳамзамон дар Маркази омӯзиши забонҳо низ фаъолият менамоянд. Дар ин самт саҳми онҳо дар тарuибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст. Дар оянда кафедра ният дорад, ки барои боз ҳам мукаммал кардани фаъолияти илмии кафедра чораҳои иловагӣ андешад ва барои рушду нумӯи илми забоншиносии тоҷик нақши муассире гузорад.

        Устодони кафедраи таърихи забон ва типологи

МУКАРРАМА НАБИЕВНА ҚОСИМОВА ( соли тав. 16. 01. 1933 шаҳри бостонии Конибодом) Арбоби илму техника, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (1982), профессор (1984) Мукаррама Набиевна Қосимова  дар аспирантура (солҳои 1955-1959) таҳсил кардааст. Соли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи “Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик” ҳимоя  намуд. Солҳои 1956-1986  ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори  факултети филология кору фаъолият кардааст. Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултети филологияи ДДТ. Солҳои 1971-1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ буд. Солҳои 1986-1995  мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995-2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буд. Аз соли 2004 профессор, мушовири илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ мебошад.

Бо ибтикори М. Н. Қосимова дар ДМТ   Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ)  ташкил шуд,  ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009  роҳбарии ин марказро ба уҳда  дошт. 

М.Н. Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди АИ Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи филология нақши амиқе дорад. Муҳаққиқ имрӯз мактаби илмии худро дорад ва дар омода намудани мутахассисони варзидаи илми забоншиносӣ саҳми бузургу беназир дорад, ки бо роҳнамоиву ҳидояти ин олимаи нодирафитрат то кунун 42 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ӯ узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон аст. М.Н. Қосимова дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.

М.Н. Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ зиёда аз 180 номгӯйи асар ва интишороти илмӣ  тааллуқ дорад.

М.Н. Қосимова дорандаи нишони «Мактаби олии СССР. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста (1970). Бахшида ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин» ва  «Ветерани меҳнат» (1985) мебошанд.

Осор. “Матни классикӣ” /Васоити таълимӣ/, Душанбе, 1969; 1976; 1989; 2000; 2010; “Маҷмуаи машқҳо аз забони тоҷикӣ”, дастур барои муаллимони мактабҳои миёна, Душанбе, 1971; “Хрестоматия оид ба матни классикӣ”; Душанбе, 1974; “Практикум аз забони ҳозираи тоҷик”, /Морфология ва синтаксис: Васоити таълим барои донишҷӯёни факултети филологияи мактабҳои олӣ; Душанбе, Маориф, 1976; Маҷмуаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов), Душанбе, 1976; Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри Х1 (Дар асоси материали “Сиёсатнома”, “Қобуснома”, “Сафарнома”). – Душанбе: Ирфон, 1976. – 216 с. “Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ” (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов), Душанбе, 1981; “Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ” (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова), Душанбе, 2001; “Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ” (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Т. Шокиров, А. Ҳасанов), Душанбе, 2002; “Краткий русско-таджикский тематический учебный словарь” (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова), Душанбе, 2002; “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ). - Душанбе, 2002; Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ. – Душанбе, 2002; Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик. – Душанбе, 2002; Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. – Душанбе, 2003; Забон ва муъҷизаи он. – Душанбе, 2004; Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд.  Нашри дуюм. – Душанбе, 2005; Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ (маълумоти мухтасар). – Душанбе, 2007; Чор унсур: Маъниофаринӣ, калимасозӣ (дар асоси маводи “Маснавии маънавӣ”).-Душанбе: Деваштич, 2007.-256 с., Вожаи бад: маъно, калимасозӣ, вазифаҳои грамматикӣ (дар асоси осори асрҳои 1Х- Х). – Душанбе: Сино, 2011. – 92 с., Таърихи  забони  адабии  тоҷик  (асрҳои  1Х-Х). Ҷ.1. – Душанбе, 2012.

ХОҶАЕВ ДАВЛАТБЕК (тав. 12.05.1947 ноҳияи Файзобод), забоншинос, доктори илми филология (2004), профессор (2008). Хатмкардаи ДДТ (1972). Пас аз хатми ҳамин донишгоҳ ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ таъин мегардад (1972). Дар сафи қувваҳои Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст (1974-1975). Соли 1975 аввал ассистент ва баъд муаллими калони ҳамин кафедра таъин мегардад. Солҳои 1983-2007 дотсент ва аз соли 2008 профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, кафедраи таърихи забон ва типологияи ДДМТ мебошад. Ӯ аз шогирдону пайравони мактаби забоншинос профессор Д.Т. Тоҷиев буда, аз солҳои 70-уми асри ХХ ба таҳқиқ ва омӯзиши сохти наҳвиёти забони адабии тоҷик машғул аст. Оид ба наҳви ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як силсила мақолаҳо ба табъ расонидааст.

                Д. Хоҷаев солҳои зиёде оид ба афкори забоншиносии классикии тоҷик таҳқиқот бурда, дар ин замина чандин мақолаю рисолаҳои судманде ба табъ расонидааст, ки аҳамияти муҳими назарӣ ва амалӣ доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиши ӯ дар рисолаи докториаш – Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои Х-XVI» (2004) инъикос ёфтаанд. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи IХ мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 дастуру рисола ва зиёда аз 120 мақола аст. Таҳти роҳбарии профессор Д. Хоҷаев 4  нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ҳоло ба ҳашт нафар аспиранту унвонҷӯ (аз он ҷумла се нафар унвонҷӯи дараҷаи илми докторӣ) роҳбарӣ менамояд. 

                Д. Хоҷаев солҳои 1987-1988, 1988-2000 ҷонишини садри факултет оид ба таълим буда, солҳои 2005-2007 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷикӣ, солҳои 2007-2008 садри факултети филология ва солҳои 2008-2011 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияро ба уҳда дошт. Дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ» (1991), «Барои хизматҳои шоиста» (1998), «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон», аз соли 1995 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад. 

                Осор: Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик. –Душанбе, 1984; Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия. –Душанбе: Адиб, 1990; Калиди дари ганҷ. –Душанбе: Адиб, 1990; Синтаксис ва пунктуатсия. –Душанбе: Маориф, 1991; Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфҳои IХ. –Душанбе: Маориф, 1992; Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва афкори забоншиносии ӯ. –Душанбе: Деваштич, 2004; Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии  форсу тоҷик дар асрҳои миёна. –Душанбе: Диловар, 1998; Тарбияи ватандӯстию интернатсионалии ҷавонон. –Душанбе: Ирфон, 1988; маҷмуаи саволҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик (бо ҳаммуаллифӣ) – Душанбе., 2007; Гуфтори накӯ куҳан нагардад. – Душанбе, 2011; Наҳв ва аломатгузорӣ. –Душанбе, 2012.

                Ад.: Миров Туёчӣ. Ҷонам фидои лафзи дарӣ //Садои Шарқ, 1992, №3, саҳ. 142-143; Солеҳов М. Комилов Р., Саломов М., Нӯъмонпур Ш. Ҷамолат офтоби ҳар назар бод// Адаб, 1997, №1-3, саҳ. 35-37; Хоҷаев Давлатбек. Дар китоби .: Диёри мардумони сарбаланд, -Душанбе. 1997, саҳ. 186; Олимони Донишгоҳ, Д., 1998, саҳ. 271-272; Диноршоев М., Комилов Р. Асари волоарзиш// Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. Чаҳор гулзор, Д., 1998, саҳ. 115-116; Оби гарм, Д., 2006, саҳ. 236-237; Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.-Д., 2008, саҳ. 336-337.   

Саломов Маҳмаддовуд Қаюмович (тав. 12.02.1967) филолог, номзади илмҳои филология (2000), дотсент (2012), дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ (2001), Аълочии маорифи ҶТ (2007). Хатмкардаи ДМТ (1992), аспирантураи он (1994). Аз соли 1995 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 1995 то соли 2000 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типология.  Аз соли 2001 то инҷониб дотсенти ҳамин кафедра. Солҳои 1997-1999 муовини декани факултети филология оид ба тарбия, солҳои 2000-2004 муовини декани факултети филология оид ба таълим, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи таърихи забон ва типология. Аз соли 2008 то инҷониб декани факултети филологияи ДМТ мебошад. Дар симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Теҳрон (2011) ва Боку (2012) иштирок кардааст.

                Ос: Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ.-Душанбе, 2001.-138 с. (монография); Машқи хатти арабиасоси тоҷикӣ.-Душанбе: Пойтахт, 2012.-35 с. (дастури таълимӣ); Орифаи дарёдил (Маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе: пойтахт, 2013.-136 с. (мураттиб).

САЪДУЛЛОЕВ УМЕДҶОН ҚУДРАТУЛЛОЕВИЧ (тав. 04.01.1982. ноҳияи Ваҳдат) забоншинос, номзади илми филология (2010). Аз соли 2006 то 2010 ассистент ва аз 2010 то имрӯз муаллими калони кафедраи таърихи забон ва типологияи донишгоҳ. Муаллифи як монография ва беш аз 20 мақолаи илмӣ.

    Осор: Таҳия ва ба нашр омода намудани матни мукаммали «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ. (бо ҳаммураттибӣ) – Душанбе, 2010. – 286 с; Вожаҳои муарраби тоҷикӣ дар «Қуръони маҷид». – Душанбе, 2011. – 56 с. (дастури таълимӣ); Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ-арабӣ. (бо ҳаммуаллифӣ) -2012. – 183 с. (дастури таълимӣ); Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Душанбе, 2013. – 140 с. (монография).

КАМОЛОВ ХУРШЕД МАҲМАДИСОҚОВИЧ (13.06.1976, н. Панҷакент) – номзади илми филология (2007), дотсент (2010), хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) (1998) ва аспирантураи он (2007). Аз соли 1999 то имрӯз омӯзгори донишгоҳи мазкур. Аз соли 1999  ассистенти кафедра, аз соли 2002 муаллими калон ва аз соли 2010 дотсени кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ.  Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ осори илмию методиаш дар саҳифаҳои рӯзнома, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардидаанд. Осор: Ибораҳои изофӣ. –Душанбе: Баҳманрӯд, 2011. -155с (монография). Хаттотии китоби дарсии Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он (муаллиф Қосимова М.Н., 2002); Барномаи таълимии забони тоҷикӣ (барои забономӯзони хориҷӣ). –Душанбе, 2011(дастури методӣ). Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои Типологияи забоншиносӣ ва минтақаҳои забонӣ (2012), Забоншиносии иҷтимоӣ (2012).

МИРБОБОЕВ АЗИЗ (таваллуд: 22. 10. 1957, ноҳияи Ишкошим), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1991), лауреати Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ (1997).

Хатмкардаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1980). Корманди Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1981-1983); аспиранти Академияи илмҳои ҶТ (1983-1987). С. 1991 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) рисолаи номзадиро аз рӯи тахассуси «забонҳои эронӣ» ҳимоя намуд. С. 1989-1992 муаллим, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Аз замони таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология (1992) дотсенти ҳамин кафедра. Солҳои 1997-2003 дотсент, муовини мудири кафедра, муовини илмии декани факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, узви Шӯрои илмӣ, узви Шӯрои диссертатсионии ин донишгоҳ (1998-2007); аз соли  2007 то кунун дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ.  Ҳамзамон  аз соли 1995 то ҳол сармуҳаррири бахши тоҷикию русии маҷаллаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «Номаи Пажӯҳишгоҳ» мебошад.

Дар давоми фаъолияти худ муқарризи расмии бештар аз 15 рисолаи номзадии унвонҷӯёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии илмии ӯ як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ҳоло чанд унвонҷӯ ба таълифи рисолаҳои номзадии худ машғуланд.

Мирбобоев А. дар баробари тадрис ба таҳқиқоти илмӣ низ машғул буда, ба қалами ӯ чанд фарҳангу таҳқиқот, китоби дарсӣ ва тарҷумаҳои илмӣ, инчунин як силсила мақолот доир ба масъалаҳои луғатшиносӣ ва луғатнигорӣ, решашиносӣ ва таърихи забон, этнолингвистика ва ономастика, масоили таълиму тадриси забон дар Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба забонҳои мухталиф ба табъ расидааст. Ба қалами ӯ тарҷумаҳои форсии китобҳои мухталиф ва як силсила мақолоти муҳими эроншиносии донишмандони маъруфи рус тааллуқ доранд. Таҳти таҳрири А.Мирбобоев бештар 50 китоб, аз ҷумла «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (2005),  «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006), «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ» (2008), «Фарҳанги Доро» (2013) ва ғайра аз чоп баромадааст.

ДАР БОРАИ Ӯ: Beate Reinhold. Seven Wakhi poems. – Journal of the Royal Asiatic Society. Cambridge University Press for the Royal Asiatic Society, vol. 2, part 2. –London, july 1992, p. 203-211; Энциклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008, с. 177; М. Норматов, М. Абдураҳмонова. Шасти камолот (Кафедраи забони тоҷикии ДМТ). – Душанбе, 2009, с. 83-84.

Намунаҳои осор:

Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон (Бо ҳаммуаллифон, ба забони форсӣ). Ҷилди 1-2. – Душанбе, 1997; Фарҳанги номҳои тоҷикӣ (Бо М. Қосимӣ, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2000; Девони Одамушшуаро Рӯдакӣ (Бо ҳаммуаллифон, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2002; Барномаи «Муқаддимаи филологияи Эрон» (барои донишҷӯёни донишкадаҳои филологии мактабҳои олӣ). – Душанбе, 2006; Барномаи таърихи забони тоҷикӣ (барои донишҷӯёни бахши забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои олӣ) – Душанбе, 2007; Иранистика. – Душанбе, 2012 (ҳамроҳ бо П. Ҷамшедов).

                                           ҲОМИДОВ ДИЛМУРОД РАҶАБОВИЧ (30. 09. 1965, деҳаи Варгонзаи ноҳияи Китоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон), номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, мудири Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

            Соли 1987 шомили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардида, онро соли 1992 бо дипломи аъло (сурх) хатм намуд. Аз 1-уми сентябри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1993 ба сифати муҳаққиқи коромӯзи кафедраи забони тоҷикӣ ифои вазифа намуда, солҳои 1993-1997 нахуст дар шӯъбаи рӯзона ва сипас дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил кардааст. Соли 1999 дар мавзӯи «Таҳқиқи лингвистии топонимҳои водии Кешруд» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст (Роҳбари илмӣ-узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор М. Н. Қосимова). Аз соли 1995 омӯзгор ва аз соли 2001 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Нигоштаҳои илмиву иҷтимоиаш дар саҳифаҳои матбуоти даврии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрон ва берун аз ин кишварҳо ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва ӯзбекӣ (бо алифбоҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ) дарҷ гардидаанд. Ӯ аз соли 1997 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, ба қалами ӯ беш аз 250 номгӯйи гузоришу лавҳа ва мақолаҳои оммавӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин ӯ бунёдгузори саҳифаи тоҷикии ҳафтаномаи «Ғалаба» - и ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё (ҳоло «Китоб тонги», яъне «Субҳи Китоб») мебошад, ки дар солҳои 1991-1992 беш аз 100 шумораи ин рӯзнома маводи тоҷикӣ барои тоҷикони ноҳияи мазкур интишор намудааст.

                Ос: Топонимияи водии Кешруд.- Душанбе, 2002.-104 с. (монография) Дастури методӣ доир ба таълифи корҳои илмӣ аз забони тоҷикӣ.– Душанбе, 2004. – 86 с. (дастури методӣ); Шевашиносии тоҷик.– Душанбе, 2006. – 164 с. (дастури таълимӣ); Сарнавишти вожаҳо. – Душанбе, 2008. – 144 с. (Маҷмӯамақолот); Роҳнамо барои таълифи корҳои илмии донишҷӯён. - Душанбе, 2008.– 64 с. (дастури методӣ); Лафзи хуш дар ҷилва орад маънии гуфторро.–Душанбе, 2010.–144 с. Роҳнамо барои таҷрибаи шевашиносӣ.–Душанбе, 2010.–24 с. (дастури методӣ). Варгонза. – Душанбе, 2012. – 96 с. (очерки таърихӣ ва ҷуғрофӣ); Топонимика. – Душанбе, 2012.– 21 с. (барномаи таълимӣ);  Шевашиносӣ. – Душанбе, 2007, 2012. – 24 с. (барномаи таълимӣ). 

ГУЛНАЗАРОВА ЖИЛО БӮРИЕВНА (19.09.1972, деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯминобод), номзади илми филология, дотсент, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (бо дипломи аъло,1994) Аз соли 2004 то имрӯз омӯзгори донишгоҳи мазкур. Дар ин муддат ба ҳайси лаборанти калон, ассистенти кафедра, муаллими калон, дотсент  фаъолият кардааст ва аз соли 2012 то ҳол мудири  кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ.  Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ осори илмию методиаш дар саҳифаҳои рӯзнома, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардидаанд.

Осор: Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2011. -168с (монография). Барномаи таълимӣ аз фанни Семантика(2012).

ҲАЛИМОВА САФАРГУЛ ШАРИФОВНА (04.05.1968, н.Ваҳдат) – номзади илми филология (2002), дотсент (2004), хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) (1990) ва аспирантураи он (1997). Аз соли 1997 то имрӯз омӯзгори донишгоҳи мазкур. Аз соли 1998  ассистенти кафедра, аз соли 2002 муаллими калон ва аз соли 2004 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ.  Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ осори илмию методиаш дар саҳифаҳои рӯзнома, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардидаанд.

Осор:  Шеваи корбурди як вожа дар ғазалиёти Сайидо//Адаб, 1997, №1-3, саҳ. 7-13. Лексикаи меъморӣ ва бинокорӣ дар осори Сайидо//Забон – рукни тоат, Д. 2002, саҳ. 136-144.  Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои Таърихи забони адабӣ (2012), Забоншиносии равонӣ (2012).

ҲАИТОВА ШИРИН ( тав. 14.03. 1970, ноҳияи Ҳисор), забоншинос, номзади илмҳои филология (2002), дотсент (2007). Хатмкардаи ДДТ (1992). Муҳаққиқи коромӯз (1993-1994), аспирант (1998-2001), муаллим (2001-2002), муаллими калон (2002-2007), дотсент (2007- то имрӯз).

Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмии тадқиқотӣ ва методист, ки дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои: «Забон – рукни тоат», «Адиб», «Паёми донишгоҳ» ба табъ расидаанд.

Осор: Дафтари ишқ (баъзе хусусиятҳои лексикӣ – семантикии ғазалиёти Камол), Д., 2007, саҳ. 150., Барномаи таърихи истилоҳоти забони тоҷикӣ. – Д., 2013. – 10 саҳ.

Шарипова Фарангис Худоиевна (10.10.1970, ш. Душанбе) - номзади илми филология (2002), хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001). Аз соли 2001 муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типология.

     Аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ.  Аз сентябри соли 2006   сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ. Аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон.

      Аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур. 

     Муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

    Осор: «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ.-Душанбе:Ирфон,   2011.-140 с.; Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ».-Душанбе,2011.-140 с.;Назарияи сохтори ҷумла.-Душанбе,2013.-220 с.

 

80 cолагии М. Ќосимова

 

Мудирони кафедра

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён)   Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2020. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,   email: yorjon@mail.ru