Хуш омадед ба сайти факултети филология

Бахшида ба муносибати 65 солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

beach_banner_l.gif

 

 

 

МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ДОНИШГОҲИ

МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

            Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои  иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари мо бо мамлакатҳои дунё бештар гардид. Забони адабии тоҷикӣ чун нишонаи миллат ба сифати забони давлатӣ мақом пайдо кард. Бинобар ин дар муносибати дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ забони адабии тоҷикӣ чун забони давлатӣ нақши асосӣ мебозад. Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд гардида, то ин дам шаҳрвандони зиёде аз мамлакатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Малайзия), Аврупо (Олмон, Англия, Шветсия), инчунин Амрико ба ДМТ омада, тавассути Маркази омӯзиши забонҳо забони тоҷикӣ омӯхтанд ва меомӯзанд. Баробари омӯхтани забони тоҷикӣ онҳо бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми мо ошно гардида, онро дар кишвари худ  тарғибу ташвиқ  менамоянд, ки ин барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани Тоҷикистон нақши муҳимме мебозад.

Маркази омeзиши забон{ои ДМТ соли 2001 бо фармони ректори ДМТ таъсис ёфта, аз {амон сол инxониб дар асоси Низомнома фаъолият дорад. Ро{барии нахустини МОЗ профессор М.Н. Rосимова мебошанд, ки эшон барои фаъолияти минбаъдаи ин марказ наrши муассир гузоштаанд. То кунун да{{о нафар ша{рвандони хориxb аз мамолики Шарrу Ғарб дар ин марказ забономeзb карда, имрeз{о ба сифати мутарxим дар кишвари худ ифои вазифа менамоянд.

 Барои таълими забони тоҷикӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ омӯзгорони варзидаву соҳибэҳтироми забоншинос ва мардумшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ҷалб карда шудаанд. Муассиси Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009), «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба роҳ монда, бо сафорату созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар соҳаи забономe- зӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин марказ асосан барои шаҳрвандони хориҷие таъсис дода шудааст, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва ё кор омадаанд ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки забони давлатӣ (забони тоҷикӣ)-ро омӯхтан мехоҳанд, чун курси тайёрӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла, забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ дар асоси қарордоди тарафайн амал менамояд. МОЗ дар асоси шартномаи тарафайн бо корхонаҳои гуногун барои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак менамояд ва маводи гуногунро, ки ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ чоп шудаанд, таҳрир ва ба забонҳои зикршуда тарҷума менамояд,ба унвонҷӯён ва аспирантону докторантони хориҷӣ хатти сирилик (кирилӣ) меомӯзонад. Инчунин дар МОЗ такмили забони тоҷикӣ барои мутахассисони коргузор ва масъулони давлатию идорӣ, таҳрир ва тарҷумаи маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ба роҳ монда мешавад. Дар МОЗ забономӯзӣ, такмили забон, омӯзиши хатти арабиасос, хатти сирилик ва таҳриру тарҷумаи маводи чопӣ ба тариқи шартнома сурат гирифта, шакли маблағгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ ва барои шаҳрвандони дохили кишвар бо асъори миллӣ (сомонӣ) сурат мегирад. Омӯзгорони  МОЗ донандаи на камтар аз як забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ) буда, дониши мукаммали назариявию амалии таълими забонҳо, усулҳои тарҷума ва мардумшиносиро дороянд.

                Вазифаҳои асосии МОЗ:

-         муҳайё намудани макон ва васоити таълим барои забономӯзон;

-         ба раванди забономӯзӣ ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ;

-         омоданамудани шартномаву қарордодҳои забономӯзӣ барои хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва кор меоянд;

-         омода намудани барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат барои омӯзиши забонҳо;

-         таҳия ва нашри барнома, дастури таълимӣ ва китоби дарсӣ;

-         мусоидат намудан ба забономӯзии кормандони давлатие, ки бо забони коргузории давлатӣ машғуланд;

-         муҳайё ва омодаи нашр намудани лоиҳаҳои санадҳои давлатӣ ба забони коргузории тоҷикӣ;

-         ба нашр омода намудани намунаи ҳуҷҷатҳои корӣ ба забони давлатӣ;

-         ба нашр омода намудани луғатҳои мухтасари дузабона ва сезабона;

-         додани намунаи ҳуҷҷати фарогири забономӯзӣ, яъне сертификат (варақаи касби тахассус) ба азбаркардагони курси омӯзиши забонҳо, хат ва имлои матни классикӣ ва такмили забон;

-         тарҷумаи китобҳои дарсӣ, адабиёти илмӣ, дастури таълимӣ-методӣ, матни лоиҳаи қарордодҳо, ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва коргузорӣ.

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён) Утоқи Эрон  Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2017.   Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,  email: yorsafarov@yahoo.com yorjon@mail.ru