Хуш омадед ба сайти факултети филология

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Описание: D:\расмхои Устодони собиқадор\DSC_0375.JPG

СироҷиддиниЭмомалӣ – доктори илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
5-уми марти соли 1975 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шуда, соли 1991 мактаби миёна, соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи ДМТ, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ» - и Сотим Улуғзода» соли 2002 дифоъ намудааст.
  Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника», соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2016 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.  
  Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2001-2005 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия; солҳои 2005-2009 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим; солҳои 2008-2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ; аз 21.10.2013 то 06.06.2014 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; аз 07.06.2014 то 30.12.2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 02.01. 2015 то 26.03.2016 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 26.03.2016 то ҳол декани факултети филологияи ДМТ.

Описание: D:\Жоскый диски\ \Умедҷон\Умедчон\IMG_0034копирование.jpgСаъдуллоев Умедҷон Қудратуллоевич – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
4-уми январи соли 1982 дар  деҳаи Ромити ҷамоати деҳоти  Ромити шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, соли 2000-ум мактаби миёна, соли 2005 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
  Пас аз хатми донишгоҳ ба сифати муҳаққиқи коромӯз дар кафедраи таърихи забон ва типология ба фаъолият шурӯъ кардааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ» соли 2010 дифоъ намудааст.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2010 Раиси Шӯрои олимони ҷавони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2010-2015 Раиси Шӯрои кураторони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2015 то ҳол ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим мебошад.

Описание: 00011Ҳайдаров Муҳаммадёр Маҳмадумарович – номзади илми филология, дотсенти  кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
9-уми июли соли 1980 дар деҳаи Турбақалъа 4 (ҳоло Ваҳдат)-и ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, соли 1997 мактаби миёна, соли 2001 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-ҳуҷҷатнигор  аз рӯйи шакли таҳсили бакалавр ва соли 2003 ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикро аз рӯйи шакли таҳсили магистр хатм карда, солҳои 2004-2008 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудааст.Ӯ рисолаи номзадиашро соли 2015 дар зери роҳбарии профессор Ҳ. Маҷидов бо унвони «Калимаҳои услуби баланд дар забони адабии муосири тоҷик» ҳимоя кардааст.
Соли 2017 барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи омӯзгорӣ бо “Ифтихорнома”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2019 бо “Ифтихорнома”-и вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои  2004 – 2007 танзимгари Маркази забони адабии муосири тоҷик (МЗАМТ)-и ДМТ ва баъд вазифаи ҳамоҳангсози Маркази омӯзиши забонҳо ва тарҷума;  соли 2016 раиси Шӯрои кураторони факултети филология; аз соли 2017 муовини декан оид ба тарбияи факултети филолигияи ДМТ мебошад.

 

Описание: 63

Мавлонзода  Шуҳрат Мавлон – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.  
18-уми майи соли 1983 дар шаҳри Панҷакенти вилояти  Суғд таваллуд шуда, соли 2001 мактаби миёна, соли 2006 факултети филологияи тоҷик, соли 2010 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии забони ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф» соли 2011 дифоъ намудааст. 
Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи илму маориф бо“Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Ифтихонома”-и Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. 
 Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2014 котиби илмии кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ;
Аз соли 2011  раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2016 то ҳол муовини декан оид ба илми  факултети филологияи ДМТ.

 

 

 

 

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён)   Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2020.   Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66, email: yorjon@mail.ru