Хуш омадед ба сайти факултети филология

Бахшида ба муносибати 65 солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

beach_banner_l.gif

 

 

 

 

КАФЕДРАИ НАЗАРИЯ ВА АДАБИЁТИ НАВИНИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

                Таърихи таъсис. Кафедраи назария  ва адабиёти навини форсии  тоҷикӣ  (номҳои  пешинааш: забон ва адабиёти тоҷик – 1948-1953; адабиёти тоҷик – 1953-1962; адабиёти советии тоҷик – 1962-1994) баробари таъсиси  Донишгоҳ  арзи вуҷуд карда,  аввалин  мудири  он  академик  Абдулғанӣ Мирзоев буд. Номбурда дар ташаккули кафедра ва тайёр намудани  мутахассисони варзидаи  илмию омӯзгорӣ  саҳми арзанда гузошт ва  муносибати кафедраро ба   муассисаҳои  алоҳидаи илмию  таълимии Иттиҳоди  Шӯравӣ ва Шарқи хориҷӣ  барқарор намуд. Асару мақолаҳои академик  Мирзоев  ва махсусан китобҳои   бунёдии  «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Биноӣ» (1957), «Абӯабдулло Рӯдакӣ» (1958) ҷойгоҳи адабиётшиносии тоҷикро дар адабиёти  форсизабони Эрону Афғонистон  муайян намуд.                                                              

                 Солҳои 1953-1980 сарвари  кафедра шогирди академик Мирзоев узви вобастаи  АИ  Тоҷикистон С.Ш. Табаров  буд.  Дар ин муддат  кафедра ба яке аз марказҳои   бонуфузи илмӣ ва таълимии мактабҳои олии Тоҷикистон табдил ёфт. Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию  мунаққидии С.Ш. Табаров  боиси густариши  беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии  кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, аз ҷумла  дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд,  солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Мунзим. Беҳбудӣ» (2002) мавриди тадқиқи амиқ қарор  гирифтаанд.                                     

               Дар давраи мудирии Табаров С.Ш. дар баробари устодони варзидаШарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром  Сирус, Муллоҷон Фозилов,  Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода,  Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмадюсуф Имомов, Абдувалӣ Давронов,  Рустам Ваҳҳобов,  Зебуннисо Ёрова ба воя расиданд. Услуби тадқиқи Табаров С.Ш. дар пайравӣ ба академик  А. Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо  эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, Табаров С.Ш. дар илми  филологияи тоҷик  мактаби адабиётшиносии  пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд.

             Профессор Раҳим Мусулмонқулов солҳои 1980-1992 ба сифати мудири кафедра фаъолият намуд. Дар  ин айём иқтидори  илмии кафедра  боз ҳам  мустаҳкам гардид. Р. Мусулмонқулов  масъалаҳои мухталифи  таърихи адабиёт ва адабиётшиносӣ, аз қабили афкори назариявию эстетикии суханварони  асримиёнагии форсу тоҷик,  робитаҳои адабӣ ва эҷодиёти   адибони  садаи ХХ-ро  мавриди  тадқиқ қарор дод ва дар ин соҳа рисолаҳое чун «Саҷъ ва сайри таърихии он  дар насри тоҷик» (1970), «Асрори сухан» (1980), «Поэтикаи  классикии форсу тоҷик  дар  асрҳои Х-ХV» (1980), «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ», «Фурӯғи  шеъри ҷонпарвар» (1984)  таълиф намуд.                         Замони  мудирии  профессор  Худойназар Асозода (солҳои 1993-1996) ба давраи  аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ  душвори Тоҷикистон  рост омад ва мавсуф  тавонист, ки  иқтидори илмии кафедраро нигоҳ дошта,  ба парокандашавии  устодони  соҳибунвони кафедра  роҳ надиҳад.  Дар ин давра дар назди кафедра  кабинети «Махзани адаб» таъсис ёфт, ки он осори нодири илмию адабӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои адабиву фарҳангии дар Тоҷикистон ва хориҷи он чоп гардида ва аксҳои  шахсиятҳои  фарҳангии ҷумҳуриямонро  дар бар мегирад.  Таълифоти профессор  Х. Асозода, аз ҷумла,  асарҳои  «Адабиёти форсӣ ва  се шохаи он» (1991), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997), «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1999), «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) усули нави  тадқиқро фаро гирифта дар ҷумҳурӣ  ва берун аз он   маъруфият  доранд.                                                                               

Солҳои 1996 - 2002 вазифаи мудирии кафедра ба зимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дотсент Ҷӯрахон Бақозода  вогузор гардид.  Дар ин муддат равобити  илмӣ ва фарҳангии кафедра ба муассисаҳои илмию  таълимии мамлакат ва берун аз он густариш ёфт ва иқтидори илмии кафедра аз нав қувват гирифт. Рисолаҳои илмию тадқиқотии Ҷӯрахон Бақозода, чун «Падидаҳои тоза» (1974), «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007) ҳар кадом як марҳалаи  тозае  дар танқиди адабии тоҷик мебошанд.                  

Солҳои 2002 – 2010  мудирии  кафедра  ба ӯҳдаи профессор А. Кӯчаров  вогузор шуд. Номбурда чун дастпарвари факултети филология  анъанаи  устодони рашидро идома  дода,  баҳри густариши  фаъолияти  корҳои илмию тадқиқотии аъзои кафедра, конференсияву нишастҳои умумидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва  масъалаҳои муҳимми адабиёти давраи нави тоҷик ҷидду  ҷаҳди зиёд ба харҷ дод.  Таълифоти профессор А. Кӯчаров, аз ҷумла рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Айнӣ» (1982), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матн ва  масъалаҳои матншиносии  насри Айнӣ» (2002)  чун тадқиқоти тозаву муҳим  дар соҳаи нақди матни  адабиёти давраи нави тоҷик арзиш  доранд.                       Аз моҳи октябри соли 2010 то моҳи декабри соли 2012 вазифаи мудири кафедра дигарбора ба уҳдаи прпофессор Х.Асозода  вогузор гардид. Дар ин фосила низ анъанаи неки кафедра ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони унвондор идома ёфт. Таълифи китоби дарсии Таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав) дар ҳамин давра аз ҷониби профессор Х.Асозода анҷом дода шуд. Аз оғози соли 2013 вазифаи мудирии кафедраро дотсент М.Зайниддинов ба ухда дорад.                              

Ҳайати устодони кафедра. Ҳоло дар ҳайати кафедра узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ С.Ш.Табаров (мушовир), докторҳои илмҳои филология, профессорон Абдулҳай Маҳмадаминов, Равшан Раҳмонов, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Муртазо Зайниддинов, Боймурод Шарифов, Сироҷиддини Эмомқул, Наврӯз Қаландаров, муаллимони калон, Ҳафиз Раҳмонов, Қарор Нурқаев ва ассистент Зебунисо Ёрова фаъолият доранд.                                

Ҷои ифтихор аст, ки собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АУ Тоҷикистон, ҳоло профессор Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, профессор Худойназар Асозода ва собиқ ректори Донишгоҳи давлатии славянии Россия ва Тоҷикистон, ҳоло ректори ДМТ узви пайвастаи АИ ҶТ профессор Маҳмадюсуф Имомов дар кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикӣ сабзида, айни ҳол ба кафедра ҳамкорӣ доранд. Бо назардошти ҳамкорон ҳоло ба ҳайати устодони кафедра як узви вобастаи АУ Тоҷикистон, чор узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, чор профессор, панҷ дотсент, ду муаллими калон ва як ассистент шомил мебошанд.                                                 

Соҳаи фаъолияти кафедра. Устодони кафедра оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимтарини адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, афкори адабиву эстетикӣ, матншиносӣ, равобит ва ҷараёнҳои адабӣ тадқиқот мебаранд. Алҳол таҳқиқоти илмии кафедра таҳти унвони «Адабиёт ва фолклори халқҳои форсизабон ва хусусиятҳои он» дар 10 самт ҷараён дорад.  Ширкати устодони кафедра дар анҷуману симпозиумҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ самаранок аст ва он дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфт. Суханрониҳои профессор А.Кӯчаров дар дувумин ҳамоиши миллии эроншиносӣ (Теҳрон, даймоҳи соли 1338 шамсӣ), панҷумин Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷик (Душанбе, марти 2006), профессор А.Маҳмадаминов дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ (Теҳрон, июни 2005),   профессор Р.Раҳмонов дар кишварҳои Амрико (2000, 2001), Олмон (2001,2005), Фаронса (2006), Италия (2006), Эрон, Ҳиндустон, Япония, Покистон, Австралия, Афғонистон, Австрия, Англия, Арманистон, Гурҷистон, Корея, Қирғизистон, Маҷористон, Муғулистон, Норвегия, Туркия, Шведсия, Ӯзбекистон, Юнон, Россия ва дотсент М.Зайниддинов дар 6-умин Анҷумани байналмиллалии ноширон ва тарҷумонҳо Ереван (2012) намунаи чунин фаъолият мебошад.                                                                                                                 

Фаъолияти таълимию методии кафедра. Кафедра ба ҷараёни таълим,  сифати илмию  назариявӣ  ва методии   машғулиятҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Таълифи барнома, дастуру  васоити таълим ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои  олӣ ва миёнаи Тоҷикистон қисми таркибии кори муаллимони кафедра ба шумор  меравад.   Ҳанӯз  соли  1948,  дар соли  аввали  таъсиси  ДМТ,  дастури  таълимии С.Ш. Табаров барои муаллимони адабиёт бо номи  «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» дастраси  донишҷӯён  гардид  ва минбаъд  устод Табаров оид ба   фанҳои  марбути кафедра – таърихи адабиёти  тоҷик (давраи нав),  назарияи адабиёт, таърихи нақди адабӣ дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ  таълиф  мекунад: «Программаи таърихи адабиёти советии тоҷик» (барои шӯъбаи филологияи УДТ, 1950), Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ,  қисмҳои 1 ва 2 (барои шӯъбаи филологияи тоҷики УДТ, 1950, 1983) ва ғайра. Минбаъд фаъолияти кафедра дар таълифи дастуру васоити  таълимӣ  беш аз пеш вусъат ёфт. Ба табъ  расидани  китобҳои  таълимии Р. Мусулмонқулов «Анъана ва навоварӣ», «Назарияи адабиёт» дастури методии А. Маҳмадаминов «Мавзӯъҳои  корҳои  контролӣ   аз  адабиёти  тоҷик барои шунавандагони uоибхони факултаҳои  иқтисодӣ  ва таъриху  ҳуқуқшиносии   шӯъбаи  тайёрии  УДТ  ба номи  В.И. Ленин» (1984), Х. Асозода, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ аз адабиёти тоҷик барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ» (1990), А. Давронов, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи рисолаи дипломӣ аз адабиёти тоҷик (форсӣ)» (1993) далели равшани ин фикр аст.                 Солҳои охир дар кафедра дар асоси таҷдиди назар ба таърихи адабу фарҳанги садаи ХХ барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсии  бисёре таълиф ёфта,  дастраси устодону донишҷӯён гардидаанд, ки  китоби  дарсии «Адабиёти тоҷик»  барои синфи 11 (Х. Асозода ва  А. Кӯчаров),  дастурҳои таълимии «Се маорифпарвар дар бораи амирони Манuит» (С. Табаров), «Нақди матни осори Айнӣ» (А. Кӯчаров), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (М. Зайниддинов), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (Ҳ.Раҳмонов) ва барномаҳои таълимии «Адабиёти  саддаи ХХ-и  форсию тоҷикӣ»  (Х. Асозода, А.Раҳмонов), «Фолклори тоҷик» (А. Сӯфизода), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (А. Маҳмадаминов), «Адабиёти иттиҳод» (М. Зайниддинов), «Матншиносӣ» (А. Кӯчаров) намунаи онҳо мебошад.

                                                         Фаъолияти  илмии устодон

Тадқиқот ва рисолаҳои А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонов, А. Раҳмонов, М. Имомов, А. Сӯфизода, Б. Шарифов ва С. Эмомқул  дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба эътирофи олимони машҳури адабиётшинос сазовор шуданд. Чунончи, М.Давлатов «Ғазал ва анъанаи он дар назми Абулқосим Лоҳутӣ» (1974), А.Маҳмадаминов  «Ҷустуҷӯи ҳақиқат (1994)», «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддин Айнӣолим (2010)», Р.Раҳмонов «Афсона ва дигар жанрҳои насри шифоҳӣ» (1999), «Масъалаҳои фолклори кишварҳои форсизабон» (1998), А.Раҳмонов «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004), М.Имомов «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С.Айнӣ» (2004), Ҷ. Бақозода «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), А. Сӯфизода «Фолклор - ҳамрадифи таърих» (1994), М.Зайниддинов «Адабиёти ҷаҳон» (2000), С. Эмомқул «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» (2003) паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои насру назми давраи нави адабиёти тоҷикро фаро гирифта, ба таваҷҷӯҳи олимони машҳури хориҷӣ чун Иржи Бечка, Е.Э.Бертелс, А.Н. Болдирев, Парвиз Нотили Хонларӣ, Манфред Лоренс ва дигарон сазовор  гардидаанд.  Монографияи профессор А.Кӯчаров таҳти унвони «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии С.Айнӣ» соли 2003 ба Ҷоизаи адабии Айнӣ  сазовор дониста шуд. Инчунин китоби профессор Равшан Раҳмонов  соли 2003 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши сол мушарраф  гардид.                                                    

Аз вақти таъсиси  кафедра  то имрӯз  миқдори  асару мақолаҳои  чопшудаи  муаллимон  ба бештар  аз се  ҳазор  мерасад.  Дар таърихи  кафедра  бори  аввал соли  1981   маҷмӯаи   илмӣ бо номи «Маҳорати эҷодии  Мирзо Турсунзода» нашр гардид. Баъд анъанаи чопи маҷмӯаи мақолаҳои устодони кафедра бо унвони «Ҷустуҷӯҳои адабӣ» расм шуд, ки то ҳол 8 ҷилди он ба чоп расидааст.                   Кафедра бо марказҳои илмии Эрон, Афғонистон, Чехословакия, Булғория,  Лаҳистон, Италия ва бо донишгоҳ, донишкадаҳои тадқиқотӣ ва педагогии Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Одесса, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон,  Академияи  илмҳои Тоҷикистон,  ДДОТ ба  номи С.Айнӣ, донишгоҳҳои  давлатии  Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ғайра  робитаи пурсамари илмӣ дорад. Кафедра дар тӯли мавҷудияти  худ даҳҳо рисолаҳои  докторӣ ва номзадиро аз муасисаҳои илмию таълими ватанию хориҷӣ  муҳокима ва ба ҳимоя  тавсия намудааст. Алҳол ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди кафедра ба пажӯҳиш машғуланд.                                                               

Тарбияи кадрҳои илмӣ. Кафедра дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи адабиёт хизмати арзанда мекунад. Дар назди кафедра маҳфилҳои «Нақди адабӣ» ва «Адибони ҷавон» амал мекунанд, ки нақши онҳо дар тарбия ва рушду камоли мутахасисони соҳаи филологияи тоҷик  калон аст. Як зумра  адибони намоёни  ҷумҳурӣ  парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» мебошанд.  Барпо намудани ҷашни адибону олимони маъруф, вохӯрӣ бо адибону  донишмандон, шабҳои адабӣ ва ғайра дар кафедра ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, соли 1980 нахустин бор нишасти «Солонаи Мирзо Турсунзода»  гузаронида шуд ва  ҳар сол  ин чорабинӣ дар рӯзи мавлуди шоир  мунтазам идома дорад. То ҳозир 32 маҷлиси Солонаи устод Турсунзода  баргузор шудааст. 

Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  минбаъд  дар асоси қарору дастурҳои ҳукумат  ва Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба мактабҳои олии  мамлакат  ва фармону  супоришҳои  раёсати ДМТ  амал   намуда,  паҳлуҳои гуногуни  адабиёт ва фолклори халқҳои форсизабонро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор медиҳад ва равобити ҳасанаро бо муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон  ва баъзе дигар мамолики хориҷӣ густариш медиҳад. Дар таълиму тарбияи  мутахассисони  соҳаи филологияи тоҷик саҳмгузорӣ карда,  таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимиро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.

                                                                                 Устодони кафедра    

                                                 Зайниддинов Муртазо (Мухтадо) (тав. 30.12.1958 деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд), адабиётшинос, номазади илмҳои филология (1990). Мактаби миёна (1976), факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1981) хатм намудааст.

Муҳаррири хурди нашриёти давлатии «Ирфон» (1981), лабаранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1982). Аспиранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и ДДТ (1983-1987). Муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР (1987-1991). Соли 1990 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзуи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» ҳимоя намудааст. Солҳои 1992-1993 ба сифати дотсенти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и ДДТ кор кардааст. Аз соли 1993 то 1996 ба сифати дотсенти кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷӣ ва муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои таълим ва тарбия фаъолият намудааст. Солҳои 1996-1999 дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДДМТ.  Аз соли 1999 то соли 2001 Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2002 муовини Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати Сардори идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то соли 2011 дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДДМТ кор кардааст. Дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2011-2012), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2013).

Риштаи таҳқиқоти З. масоили гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ, назария ва танқиди адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ ва масъалаҳои тарҷумаро фаро мегирад. Ҳамзамон дар таълифу таҳияи барнома ва дастуру китобҳои дарсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Муалифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

З. назария ва амалияи илмиро дар иртибот таҳқиқ намуда дар як вақт аз фанни Адабиёти ҷаҳон барои донишҷӯён дарс мегӯяд ва осору аҳволи адибони бузурги дунёро дар иртибот бо адабиёти тоҷик таҳқиқ менамояд. Мақолаву асарҳои таълиф намудаи ӯ оид ба осору аҳволи адибони халқҳои ҷаҳон Қаюм Носирӣ, Шаҳобуддин Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мусо Ҷалил, Л.Толстой, А.Пушкин, А.Гайдар, К.Паустовский, А.Чаковский, Мухтор Авезов, Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳамкимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, Т.Сотилғанов, Ч.Айтматов, Э.Межелайтес, М.Бажан, Николас Гильиен, Шота Руставелӣ, Назар Душбадзе, Сергей Есенин  ва дигарон ба хонандагони тоҷик шинос буда, дар ташаккули дунёшиносии онҳо саҳм гузоштааст. Ҳамчунин З. ба ҷараёни инкишофи адабии муосир иртибот дошта, паҳлӯҳои гуногуни ҳайёту эҷодиёти С.Айни, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Юсуфӣ,  А.Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, А.Қаҳҳорӣ, М.Ҳайдаршо, И.Файзулло, Қутби Киром, М.Ҳотам ва Садриддин Ҳасанзод дар мақолаву гузоришҳои худ мавриди арзёбӣ қарор додааст.

З. бо марказҳои илмию таълимии шаҳрҳои Москва, Қазон, Уфа, Новосибирск ва Оренбург иртибот дошта, оид ба масъалаҳои гуногуни илмӣ ҳамкорӣ дорад.

З. кори таълим ва тадқиқоти илмиро пайваста пеш мебарад. Аз ҷумла асарҳои ӯ «Машалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи матбуот, адабиёти тоҷик, адабиёти ҷаҳон, робитаҳои адабӣ, масъалаҳои тарҷума ва осору аҳволи саромадони фарҳанги миллӣ нақши арзанда доранд.

Аз ҷониби ӯ Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11 (2001), Дастури таълимии Таърихи адабиёти хориҷӣ (2005) нашр гардидааст.

З. чун муҳақиқи пайвандҳои адабӣ дар марказҳои илмию фарҳангии хориҷӣ низ эътироф гардидааст. Соли 1995 дар таҷлили ҷашни эпоси «Манас» дар Туркия, соли 1997 дар Конгреси VI - туркшиносони ҷаҳон дар шаҳри Оренбург , соли  2007 дар семинари байналмилалии омӯзиши тарзи ҳаёти солим дар Украина, соли 2008 дар семинари байналмилалӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир иштирок намудааст. З. узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия буда дар анҷумани дуюм (2008) ва форуми шашуми байналмилаии он (2012) дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон иштирок ва суханронӣ намудааст.

З. аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009)  буда, бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1998), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009), «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010) мукофотонида шудааст.

З. соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст.

 ОС.: Машъалафрӯз - Душанбе-Маориф,1995; Адабиёти ҷаҳон - Пик «Офсет»-2001; Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино - Душанбе-«Эр-граф», 2008; Ёде аз бузургон - Душанбе-«Эҷод», 2010.

                                                                  

Асозода Худойназар (тав. 25. 12. 1941, деҳаи Момайии н. Балҷувони собиқ вил. Кӯлоб, ҳоло вил. Хатлон), адабиётшинос – шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология (1989), проф. (1990). Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб(1960) ва ДДТ – ро хатм кардааст (1968). Муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Колхозобод, шаҳраки Ҷилликӯл (1960 - 63), лаборанти калони  кафедраи забони тоҷикии ДДТ (1968 -70), аспиранти  кафедраи адабиёти советии тоҷики ДДТ, дар айни замон сафари хидматӣ ба Афғонистон ба сифати тарҷумон(1971 -73). 14 –уми июни 1974 дифои рисолаи номзадӣ оид ба мавзӯи Симои синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик. Ассистент, муаллими калони кафедраи адабиёти советии тоҷик (1976 – 1978). Тарҷумони гурӯҳи мушовирини Шӯроӣ дар назди Ҳукумати Афғонистон (1978 – 81), муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷик (1981 – 85), докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1985 – 88), дифои рисолаи докторӣ дар назди шӯрои дифои Институти шарқшиносии Москва       (17. 02. 1989), дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1989 – 92), муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Ҷумҳурӣ (1992 – 93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДМТ (1993 – 96), декани факултети филологияи ДДМТ (1996 – 99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999 – 2004). Ректори ДДОТ (2005 – 2008), профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии  тоҷикӣ (2008 – 2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2010 – 2012), профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (аз 01 – 2013). А. аз соли 1979 сар карда, дар бораи инкишофи насри муосири Афғонистон беш аз бист мақола ва рисолаи «Нигарише ба насри муосири дарии Афғонистон» (1981, ба ҳуруфи арабӣ, Кобул) –ро таълиф намудааст. Китобу монографияҳои «Симои коргар» (1983, Душанбе), «Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ» (1984), «Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ» (1987, ба забони русӣ), «Ташаккули системаи жанрҳои насрӣ дар адабиёти Афғонистон ба забони дарӣ (1988, ба забони русӣ) ва Ташаккули жанрҳои бузурги насрӣ» (1993, ба забони русӣ). Солҳои 90 –и а. 20 А. ба таҳқиқи се шохаи адабиёти форсӣ даст зад («Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», 1991). Дар идомаи таҳқиқи ҳавзаҳои адабӣ  А. дар ду ҷилд китоби «Адабиёти садаи XX –и форсии тоҷикӣ» (1996) –ро ба табъ расонид, ки дар онҳо осори манзум ва насри достонии даризабони Афғонистон ҳарҷониба таҳлилу баррасӣ шудааст. Монографияи «Адабиёти Эрон дар садаи XX» (1997), «Адабиёти тоҷик дар садаи XX» (1999) ва рисолаи «Чеҳраҳои фарҳангӣ», ки ба намояндагони се ҳавзаи адаби форсӣ бахшида шудааст  (1996) низ маҳсули ранҷу заҳмати  А. дар солҳои 90 –уми асри XX мебошанд . А. ба асоси маводи амалии «Адабиёти тоҷик дар садаи XX» қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаҳову рисолаҳо таълиф намудааст , вале ба ҳаёту эҷодиёти С. Айнӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ин масоилро дар рисолаҳои «Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода» (2001), «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ» (2004), «Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ» (2011), «Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ» (2013), «Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд» (2013) мавриди баррасӣ қарор додаст.  А. ҳамчунин рисола ва монографияҳои «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2006), «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти С. Улуғзода»(2000), «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ» (2007), «Саргузашти устод Лоҳутӣ » (2009) –ро ба чоп расондааст. «Таърихи адабиёти тоҷик, давраи нав» (2013) ба сифати китоби дарсӣ барои факултетҳои филологӣ омодаи чоп аст. Дар соҳаи танқиди адабӣ монографияи «Кашшофи рози адабиёт», ки ба ҳаёт ва фаъолияти мунаққид ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров бахшида шудааст, китоби мондагар аст. Таълифи сафарнома, хотироти сафар ҷанбаи дигари фаъолияти илмиву эҷодии А. мебошад. «Зиёрати Каъбатуллоҳ» (Сафарнома, 1999) асарест, ки ҳам барои ашхоси ба ҳаҷраванда муфид аст ва ҳам чун китоби хонданиву андарзӣ ва ахлоқомӯзӣ барои ҷавонон аҳамияти калон дорад. Хотироти сафари худро ба Афғонистон А. дар ду китоби бузургҳаҷми пурмӯҳтаво «Афғонистони шоҳӣ» (2002) ва «Афғонистони инқилобӣ» (2003) манзури хонандагон гардондааст. А. зиндагиномаашро аз давраи кӯдакӣ то синни  70 –солагӣ дар шаш ҷилди китоби «Достони зиндагӣ» рӯйи тасвир овардааст (2006 – 2013), ки дорои аҳамияти ёддоштӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин китобҳо дар рушд ва такомули насри ҳуҷҷатӣ – мустанади тоҷик мақоми хоса хоҳанд пайдо кард. Узви ИНТ (аз 1998) ва ИЖ Тоҷикистон (2010)

       ОС.: Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ (2013); Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд (2013) Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ (2005), Саргузашти устод Лоҳутӣ (2009)    

Маҳмадаминов Абдулҳай (тав. 01.04.1951, деҳаи Муллоконии ноҳияи Сари Хосори вилояти Кӯлоб), мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор (1998). УДТ ба номи В.И.Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст (1973). Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишгоҳ оғоз карда ва то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ дар вазифаи профессор адои хизмат дорад. Солҳои 1984 – 1992 ҷонишини декани шуъбаи тайёрӣ ва солҳои 1996 – 1999 ҷонишини декан оид ба шубъаи ғоибонаи факултаи  филология буд. Аз соли 2009 то кунун раисии Шӯрои илмию методии факултаи филологияро бар уҳда дорад. Ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Нақди адабӣ» мебошад.М. муаллифи беш аз 30 китоб ва зиёда аз 400 мақола аст. Таълифоти ӯ оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимми таърих ва назарияи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносӣ, китобшиносӣ, сарчашмашиносӣ, тарҷума, равобити адабӣ, фолклоршиносӣ, луғатшиносӣ ва исломшиносӣ бахшида шудаанд. Дар маркази фаъолияти илмии М. махсусан тадқиқи рӯзгор ва осори устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, А.Фитрат, Алӣ Хуш, Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ ва Ҳ. Бақозода мавқеи асосӣ дорад. М. танҳо дар хусуси асари бунёдии С.Айнӣ тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» беш аз 100 мақола ва чор монография «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1994, ба забони русӣ), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008) ба табъ расонидааст.    

М. матни илмию интиқодии «Тартилу - л - Қуръон», «Таҳзибу - с - сибён», «Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик» – и С.Айнӣ, «Мухтасари таърихи Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мусулмонони Дорурроҳат», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв)», «Раҳбари наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон» - и А.Фитрат, «Дафтари сабз» - и Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ, «Маданият ва вазоиф», «Шариати исломия ва тараққиёти мадания» - и Сайид Аҳмади Васлии Самарқандӣ, «Василату - н - наҷот» - и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ оростааст. Таълифоти илмии М. дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чехославакия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Англия, Америка, Франсия, Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҳиндустон ба табъ расиданд. Аз натиҷаҳои тадқиқот М. дар симпозиуму семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттиҳодӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст.       Тарҷумаи китоби дарсии С.Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори шарқшиносони рус А.Д.Гребенкин «Тоҷикон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба қалами М. тааллуқ дорад. Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти тадқиқотии М. мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони «Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн», «Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.                                         

Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И.Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996 - 2012, чор бор ба табъ расидааст), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013), «Назарияи адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013) аз ҷумлаи корҳои методии М. мебошанд. М. ба нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз гардидааст.       Ос.: Адиби мубориз. – Душанбе: Ирфон, 1998; Поиски истины («Образцы таджикской литературы» в борьбе за права таджикского народа). – Душанбе: Сино, 1994; Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ (Тазкираи С.Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»). – Душанбе: Сино, 1998; Ислом – нурбахши адабиёт ва фарҳанг. – Душанбе: Сино, 2004; Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ. Дафтари сабз. – Душанбе: Сино, 2004; Айнишиносӣ ва замони ҳозира. – Душанбе: Эҷод, 2005; Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007; Садриддини Айнӣ – олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010; Сайид Садриддинхоҷаи Айнӣ. Духтарбача ё ки Холида. – Душанбе: Истеъдод, 2010; Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Раҳбари наҷот. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011; Родмарде аз Самарқанди бостон. – Душанбе: Истеъдод, 2012; Пуштибони забони тоҷикӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2013.

Рустами Ваҳҳоб. Соли таваллуд 1960, ноҳияи Тоҷикобод. Дар соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар соли 1984 аспиранти ҳамин донишгоҳ шуд. Аз ҳамин сол дар Донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (мухбир) ба кор шурӯъ кард. Дар солҳои 1991-92 мувофиқи қарордоди байни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Бунёди фарҳанги Тоҷикистон котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд. Аз соли 2007 то кунун дар кафедраи Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор мекунад. Дар айни ҳол дотсенти кафедраи мазкур мебошад. Дар баробари дарсҳои барномавӣ масъулияти роҳбарии маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳро бар уҳда дорад. Ҳамчунин масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аст. Дар соли 2008 дар мавзӯъи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст. Ду дафтари шеър интишор додаст: «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008). Барои маҷмуаи «Шаҳри Хуршед» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст. Дар соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба воситаи нашриёти «Адиб»  ба чоп расид. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин китоби Афлотун «Ҷумҳур»-ро таҳия ва бо муқаддимаву тавзеҳот ба чоп расондааст. Китоби «Баёзи шеъри Тоҷикистон»-ро иборат аз шарҳи ҳол ва осори 53 нафар аз шоирони муосири Тоҷикистон бо сарсухани муфассал таҳия ва ба сурати вижаномаи иборат аз се шумораи якҷояи маҷаллаи «Рӯдакӣ» ба чоп расондааст ва ҳамин баёз бо такмил ва тавзеҳоти бештар ба сурати китоб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дасти чоп мебошад. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоиро дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расондааст, ки аз он ҷумла метавон аз мақолаҳои нисбатан муфассали зерин ёдоварӣ намуд:

1.       Наврӯз – сапедадами ҳастӣ//Садои Шарқ, 2012, №3, с. 3-6.

2.       Аҳаммияти миллӣ ва ҷаҳонии осори устод Мирзо Турсунзода //Номаи пажӯҳишгоҳ (вижаи нақди адабии тоҷикӣ). Нашрияи пажӯҳишгоҳи Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, 2012, №23-24.

3.               Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ//Садои Шарқ, 2011,№9,с.123-129.

4.               Гаҳвораи ноз (тақриз ба маҷмӯаи ҳамноми М.Сайдар)//Адабиёт ва санъат, 19 январи 2012.

5.               Пешгуфтор ба фаслномаи “Рӯдакӣ”-и Ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон вижаи адабиёти асрҳои 17-19 Мовароуннаҳр. №130, с.5-9. (Форсӣ)

6.               Нишонаҳои сабки ҳиндӣ дар шеъри Ҳофиз//Рӯдакӣ (Фаслномаи ҶИЭ),№130, с.152-171. (Форсӣ).

7.               Назаре кутоҳ ба достоннависии тоҷик//Рӯдакӣ (Фаслномаи Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон), июни 2012, с.3-9.

8.               Назм дар адабиёт ва санъат дар соли 2011//Адабиёт ва санъат,1 марти 2012.

9.               Шукӯҳи сухан (Дар бораи эҷодиёти Мӯъмин Қаноат)//Адабиёт ва санъат,17 майи 2012.

10.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№9.

11.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№10.

12.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№11.

13.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2011,№12.

14.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№1.

15.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№2.

16.   Сом ибни Нӯҳ(Фарҳанги асотир)//Садои Шарқ, 2012,№3, с.151-156.

17.         Ҷамил ва Бӯшина...(Фарҳанги асотир)//Садои Шарқ,212,№4,с.151-156.

18.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№5.

19.         Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ//Садои Шарқ, 2012,№6.

20.         Ваҳдати миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ бояд ҷашн гирифт//Омӯзгор, 21 июни 2012.

21.         Шеъри тоҷик шуури тоҷик аст//Рудаки (вижаномаи шеъри Тоҷикистон). Душанбе: Эр-граф, 2013, (300 с.)

22.         Наврӯз ҳамсозии ҷон ва ҷаҳон аст//Садои Шарқ,№3, соли 2013, с. 3-8.

Рустами Ваҳҳоб ба таври муназзам дар коференсияҳо ва ҳамоишҳои илмии ватанӣ ва байналмилалӣ бо ироаи суханрониҳо ширкат намудааст, ки чанд намунае аз он ба таври зайл мебошад:

          1.               Баъзе масъалаҳои поэтика ва ҷинси “Сурӯши Сталинград”//Конференсия апрелии ДМТ,                            17 апрели соли 2012.

2.               “Масъалаи Шарқ” ва ворисияти адабӣ дар достони “Чароғи абадӣ”//Коференсияи илмии “Турсунзодахонӣ” дар ДМТ, 5 майи соли 2012.

3.               Таносуби шахсияти Фирдавсӣ ва қаҳрамони романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода//конференсияи илмӣ ба муносибати 100-солагии Сотим Улуғзода, ДМТ, 9 майи 2012.

4.               Суханронӣ дар бораи шеъри муосири Тоҷикистон дар “Даҳаи шеъри Фаҷр”. Теҳрон, Донишгоҳи Озод, 20 феврали 2012.

5.               Назари татбиқӣ ба мавзӯи озодии Шарқ дар адабиёти форсизабонон. Суханронӣ дар ҳафтумин  Ҳамоиши тарвиҷи забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, Теҳрон, 5 сентябри соли 2012.

6.               “Голоса Сталинграда” – воплощение дружбы народов//Ҳамоиши илмию адабӣ дар “Хонаи миллатҳо”, Маскав, 28 июни соли 2012.

Матни ин суханрониҳо баъд аз эроди онҳо дар ҳамоишҳо ва конференсияҳои мазкур ба сурати мақола ба чоп расидааст.

                 Намунаи осор:

1.       Поэтикаи вазн ва хусусиятҳои ритмии назми муосири тоҷик. Душанбе: Ирфон, 2009, 200 саҳифа.

2.       Хадисы пророка (с). Тегеран: Алхудо, 2000. 100 стр.

3.       Адабиёт ва фарҳанги миллӣ. Душанбе: Адиб, 2012, 220 саҳифа.

4.       Фарҳанги асотир дар адабиёти форсии тоҷикӣ. (Бознашри китоби ҳамноми муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ҳамроҳ бо шарҳу тавзеҳи муфассал дар бораи илми устурашиносӣ ва асотири адабиёти муосири тоҷик) (Дар дасти чоп). (1000 с.)

5.       Калимаҳо (маҷмуаи ашъор). Душанбе: Ирфон, 1990. (100 с.)

6.       Шаҳри Хуршед (китоби шеър). Душанбе: Деваштич, 1990 (200 с.)

7.       Робиндронат Тагор. Нукот (тарҷума аз русӣ)//Садои Шарқ, №4, соли 2012.


Равшан Раҳмонӣ (Раҳмонов Равшан Қаҳҳорович) 28 ноябри соли 1954, деҳаи Пасурхӣ, н.Бойсун, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор. Доктори илмҳои филологӣ(1998), профессор (2002). Солҳои 1972-1977 дар факултети филологияи тоҷики Университети давалтии Тоҷикистони ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳ (1977) дар Комитети радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон (1977), сипас дар ДМТ ҳамчун лаборанти калон (1978-1981) кор кардааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи Кобул ҳамчун тарҷумон фиристода шуд, то 1985 дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кард. Аз байни тоҷикони Афғонистон маводи зиёди фолклорӣ гирд овард. Дар Афғонистон бо ҳамкории профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуровро аз алифбои крили ба алифбои форсӣ баргардон кард, ки барои худшиносӣ ва ваҳдати миллии ҳамзабонон нақши муҳиме бозидааст. Аз соли 1985 дар ДМТ муаллим (1985-1986), асперанти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии ДМТ (1990), муаллими калон ДМТ (1991-1993), дотсент (1993), докторант (1993-1997), дотсенти Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ДМТ (1997-2001), профессори ҳамин кафедра (2001-2009) будааст. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд» (номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд) аст. Ӯ раиси Пажӯҳишкадаи “Мардумшиносӣ” (аз 1992), бунёдгузор ва сардабири нахустин маҷаллаи хусусии фолклорӣ “Мардумгиёҳ” (аз 1993) будаст. Зери унвонҳои «Назми шифоҳии таълифии дарӣ дар Афғонистони муосир» (Москва, 1989) рисолаи номзадӣ ва «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажӯҳиши майдонӣ)» рисолаи докторӣ (Душанбе, 1998) дифоъ намудааст. Бо пажӯҳиши фолклор, адабиёт, этнографияи тоҷикон ва форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон машғул аст. Муаллиф ва таҳиягари бештар аз 30 китоб ва зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 14 китоб ва 58 мақолаи илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояш бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор додааст. Ӯ бо муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ дорад. Аз ҷумла бо профессори амрикоӣ Маргарет Миллс роҷеъ ба як гӯяндаи фолклори тоҷик китобе таҳия кард, ки он ба забони англисӣ нашр шудааст: Conversations with Dauvlat Khalav. Oral narratives from Tajikistan. Mosow: Publishing hauseHumanitary”, 2000. Китобҳои зерини ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудааст: «Омӯзиш ва таҳқиқи фолклори даризабонони Афғонистон дар Тоҷикистон» (Кобул, 1984), «Намунаҳои фолклори дарӣ» (дар 3 ҷилд, Кобул, 1985), «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Д., 1996); «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшани Раҳмонӣ» (М., 1997); «Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ» (Д., 1998); «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Д., 1999); Роҷеъ ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва омӯзиши адабиёти омиёнаи тоҷик. (Washington DC – 2000, ба форсӣ), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Д., 2001; Теҳрон, 1380=2001); «Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition (With video-records)» (Будапешт, 2002); «Афсонаҳои нодир» (Пешовар, 2003, 2005); «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Д., 2008), «The Popular Literature of the Tajiks» дар кит.: «A History of Persian Literature» (London-New York, 2010), «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажӯҳиш ва матн) (Д., 2011), «Фарёди бесадо» (Гуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Д., 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Д., 2012), «Муши тиллоӣ» (Д., 2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (Д., 2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (Д., 2013) ва ғайра. Раҳмонӣ беш аз 30 сол аст, ки бо гирдоварии маводи фолклорӣ ва этнографӣ машғул аст. Ҳоло дар бойгонии ӯ беш аз 50 ҳазор саҳифа дастнавис, 12 000 сурат, 522 касет, 70 навори видео, маводи гуногун оид ба расму оинҳо мавҷуд аст, ки аз кишварҳои форсизабон ва марказҳои эроншиносии дунё сабт ва забт шуда, аз он олимони кишварҳои хориҷӣ низ истифода менамоянд. Ӯ дар бештар аз 60 конгрес, конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австралия (1998), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983, 1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Италия (2006), Корея (2009, 2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Миср (2009), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010), Русия (1988, 2000; 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008), Туркия (2007), Фронса (2006), Шведсия (2008, 2011), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011), Ӯзбекистон, (1993, 1994, 1999, 2002, 2003), Ҳиндустон (1989) ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ ширкат варзидааст. Корҳои илмии эшон дар кишварҳои Австралия, Амрико, Англия, Аргентина, Афғонистон, Олмон, Покистон, Русия, Франсия, Эрон, Япония, Ӯзбекистон чоп шуда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фронсавӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, кореягӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудааст. Раҳмонӣ узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993); узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» (аз 2000); узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (аз 2000), узви ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии “Эрон ва Қафқоз” [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2003); узви ассотсиатсияи байналмилалии “Эпоси халқҳои ҷаҳон” (Бишкек, аз 1999); узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003); узви «Созмони байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (аз 2005); узви Шӯрои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» (дар 1996-2000, дубора аз 2006); сардабири маҷаллаи «Пайванд» (аз 2006) аст. Номбурда бештар аз 30 сол аст, ки дар ДМТ бо фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ машғул буда, дар тарбияи кадрҳо низ ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Ӯ дар факултаҳои филология, журналистика ва таърихи ДМТ аз фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, адабиёти тоҷик, этикети касбии тарҷумонӣ дарс медиҳад. Аспирантҳо ва унвонҷӯйҳо аз дохил ва хориҷи кишвар зери назари ӯ рисолаҳои номзадӣ менависанд. Эшон узви ду шӯрои дифои рисолаҳои доктории ДМТ ва ҳамчунин пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ аст. Роҳабри илмии 15 тан асперантҳо ва унвонҷӯйҳо аст, ки то ба ҳол 11 нафари онҳо аз рисолаҳои илмии худ дифоъ карданд, ки 6 нафарош аз кишвари Эрон ҳастанд. Соли 2003 барои китоби “Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон”, аз кишвари Эрон, ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши солро дарёфт намуд. Соли 2008 дар дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии қиссагӯӣ, дар шаҳри Исфаҳон суханронӣ намуда, сазовори «Медали тилло»  гардид. Хизматҳои ӯ сазовори ордени «ДӮСТӢ» (2008), нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) дониста шудааст.  Осор: «Простонародная литература современного Афганистана (дар 2 ҷилд, М., 1994); «Афсонаҳои дарӣ» (Т., 1994, 1998); «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Д., 1996); «Сказки сказочники персоязычных народов» (М., 1998); «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Д., 1999); «Проблемы устной поэзии и прозы в творчестве персоязычных народов» (М., 2000); «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Д., 2001; Теҳрон, 1380=2001); «Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition (With video-records)» (Будапешт, 2002); «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Д., 2008 , «The Popular Literature of the Tajiks» дар кит.: «A History of Persian Literature» (London-New York, 2010), «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажӯҳш ва матн) (Д., 2011), «Фарёди бесадо» (Гуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Д., 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Д., 2012), «Муши тиллоӣ» (Д., 2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (Д., 2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (Д., 2013) ва ғайра.

 

Сироҷиддини Эмомалӣ - номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.  
Соли 1975 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шуда, соли 1991 мактаби миёна, соли 1996 факултети филология, соли 2001 шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро соли 2002 дифоъ намудааст. Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ва соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сазовор дониста шудааст.
Солҳои 2001- 2005 муовини декани факултети филология оид ба тарбия ва солҳои 2005 – 2009 муовини декани факултети филология оид ба таълим фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2009 то ҳол мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ шуда фаъолият дорад.
Муаллифи китобҳои «Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ» (2001), «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ» - и Сотим Улуғзода» (2003), «Восеънома» (2003), «Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик» (2007), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2011), «Таърихи эҷоди қиссаи «Ривояти суғдӣ» - и Сотим Улуғзода» (2011), Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ (2012), Андеша ва маҳорати адабӣ (2012) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

              

         Қаландаров Наврӯз (тав. 23.03.1969, ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон), адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2004), дотсент (2009). Хатмкардаи ДДТ (1996) ва аспирантураи он (2003). Солҳои 1996 – 1999 Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, 2000 – 2001 сармутахассиси идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва мактаббачагони Кумитаи кор бо ҷовонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 2006 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДМТ (ҳамзамон раиси шӯрои шӯъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии ш. Душанбе), 2006- 2009 мудири сектори ташкилии ДДМТ, аз соли 2009 аввал муаллими калон, баъдтар дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи ДМТ.                                   

           Муаллифи зиёда аз 10 рисола ва мақолаҳои илмӣ – методист. Мақолаҳои ӯ : «Нигоҳе ба нақди матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Ду таҳрир дастхати №30», «Махсусиятҳои матни ӯзбекии «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Таҳаввули образи Қорӣ – ишкамба дар дастхати №30», «Зарурати тадқиқ ва дараҷаи омӯзиши матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Нусхаҳои рӯзномавӣ ва маҷаллавии қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Таҳаввули услуби қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ» ва ғ. дар маҷалла ва китобҳои дастаҷамъӣ ба табъ расиданд.                                                                                             

              Қаландаров Н. с.2004 дар мавзӯи «Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

         Ос.: Таърихи матнҳои қаламии қиссаи «Марги судхӯр»– и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2003; Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2008.

Нурқаев Қарор Муҳаммадиевич (тав. 26.04.1975 деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон), адабиётшинос. Мактаби миёна (1992), факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (1998) хатм намудааст.

 Муҳаққиқ коромӯзи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (1999). Аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2000-2003). Ассистент, муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2001-2013). Аз соли 2008 то ҳол ба сифати муовини декан оид ба таълим дар факултети филологияи ДМТ фаъолият дорад.

 Н. ба таҳқиқи масоили гуногуни таърихи адабиёт, назария ва танқиди адабӣ, адабиётшиносии сару кор дошта, ҳоло ба таълифи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Саттор Турсун ва насри психологӣ дар адабиёти тоҷик» машғул аст. Инчунин дар  таълифу таҳияи барномахо ва дастуру васоити таълимӣ иштирок менамояд.

 Муалифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва дастурҳо мебошад.

 Н. дар баробари таҳқиқу баррасии масъалаҳои гуногуни адабиётшиносии муосири тоҷик ба тадриси осори гаронмоя ва баландғояи аҳли адаби Шарқи хориҷӣ ва кишварҳои мутамаддини Ғарб, Амрико (фанни Адабиёти ҷаҳон) дар факултетҳои филология, журналистика ва муносибатҳои байналхалқӣ машғул аст.

 

 

 

Мудирони кафедра

 

 

 

 

Таърихи факулта  Садорати факултет  Кафедраи таърихи забон ва типология  Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ  Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик  Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ  Кафедраи забон (умумидонишгоҳӣ)  Толори Ш. Ҳусейнзода Маркази омӯзиши забони тоҷикӣ (барои хориҷиён) Утоқи Эрон  Махзани адаб  Махфилҳо Синфхонаҳои компютерӣ

Copyright © 2012-2017.   Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.  Виростор Сафаров Ё. тел: 935-88-88-66,    email: yorsafarov@yahoo.com yorjon@mail.ru