Кафедраи таърихи забон ва типология

Таърихи таъсис. Кафедраи таърихи забон ва типология маркази муҳимтарини таҳсилоти олӣ ва аз асоситарин марказҳои илмии ДМТ ба ҳисоб меравад. Кафедраи таърихи забон ва типология аз моҳи феврали соли 1995 тибқи низомномаи мактабҳои олӣ ва дастури раёсати ДДМТ (ҳозира ДМТ) дар заминаи кафедраи забони тоҷикӣ таъсис ёфт ва аввалин мудири он доктори илми филология, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова интихоб гардид. Зарурияти таъсиси кафедра дар он зоҳир мегардид, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият худшиносии мардум то андозае боло гирифт ва ин барои омӯзишу тадқиқи осори ниёгон шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ мавқеи забони адабии тоҷикӣ хеле боло рафт. Баҳри такмили ҳамкориву ҳамгироӣ муқоисаи типологии забони тоҷикӣ бо забонҳои хеш ва бегона пешорӯ омад. Баъдан, дар рафти фаъолияти худ кафедра ба маркази бузурги илмию таълимӣ ва методӣ табдил ёфт. Дар солҳои аввали таъсиси кафедра устодони забардаст ва олимони варзидаю пухтакор ба мисли Саид Ҳалимов (шодравон), Собирҷон Ҳошимов (шодравон), Дилоро Искандарова ва олимони ҷавон Азиз Мирбобоев, Шамсиддин Каримов, Баҳодур Қосимов, Муҳаммаддовуд Саломов, Дилмурод Ҳомидов, Зайниддин Мухторов, Сафаргул Ҳалимова, Ширинбону Ҳаитова ва чанд нафари дигар дар кафедра кору фаъолият намуда, ба донишҷӯён дарс мегӯянд ва дар навиштани асару мақолаҳои илмию таълимӣ саҳми худро мегузоранд. Саҳми профессор Мукаррама Набиевна Қосимова дар ташкил намудан ва вусъат додани фаъолияти илмию таълимии кафедра хеле назаррас ва шоистаи таҳсин аст. Профессор М.Н. Қосимова дар соли аввали таъсис ёфтани кафедра барои мукаммал гардонидани ҳайати воҳиди кории омӯзгорони кафедра чанд нафар хатмкардагонро ба ҳайси муаллим ба кор қабул карда, барои ба дараҷаи устодӣ расидани онҳо заҳмати зиёде ба харҷ додаанд. Ба ин гурӯҳ муаллимон М. Саломов, Д. Ҳомидов, З. Мухторов, С. Ҳалимова, Ш. Ҳаитова, Ф. Шарифова, Х. Камолов, Ю Нурмаҳмадов, Ж. Гулназарова, У. Саъдуллоев шомиланд. Ин муаллимон дар баробари тадрис ба навиштани рисолаҳои илмӣ низ шуғл варзида, таҳти роҳбарии профессор М.Н. Қосимова рисолаҳои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуданд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардидаанд.

Аз соли 2003 то 2009 вазифаи мудири кафедраро номзади илми филология, дотсент М. Саломов ба уҳда дошт. Аз соли 2009 то 2012 доктори илмҳои филология, профессор Д. Хоҷаев дар вазифаи мазкур фаъолият намуд. Аз соли 2012 то 2017 мудирии кафедраро номзади илми филология, дотсент Ж. Гулназарова бар уҳда дошт. Аз соли 2018 то моҳи октябри соли 2019 вазифаи мудирӣ дар кафедра бар уҳдаи доктори илми филология, дотсент М. Саломов буд. Аз моҳи октябри соли 2019 дотсент Ж. Гулназарова мудири кафедра аст.

Ҳоло устодони кафедра – профессорон Д. Хоҷаев, Ф. Шарипова, дотсентон Ж. Гулназарова, А. Мирбобоев, М. Саломов, З. Мухторов, Д. Ҳомидов, С. Ҳалимова, Х. Камолов, У. Саъдуллоев, саромӯзгор Ҳ. Муслимов ва ассистент А.Ҷобиров ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд.

Кафедра аз оғози таъсисаш ба тадриси фанҳои бунёдии филологӣ, аз қабили таърихи забони тоҷикӣ, таърихи забони адабии тоҷик, матни классикӣ, шевашиносӣ, муқоисаи типологии забонҳо, таърихи афкори забоншиносӣ, семантика, луғатнигории таърихӣ машғул аст. Баъд аз таъсис ёфтани ихтисосҳои ҳуҷҷатнигорӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, тарҷумаи бадеӣ, фарҳанги ватанӣ ва ҷаҳонӣ устодони кафедра ба тадриси фанҳои таърихи истилоҳоти тоҷикӣ, таърихи забоншиносӣ, забоншиносии компютерӣ, забоншиносии равонӣ, забоншиносии иҷтимоӣ, дискурс ва ғайра низ машғуланд. Ҳамчунин, устодони кафедра дар шӯъбаҳои таърих, кишваршиносӣ ва бойгоншиносии факултаи таърих аз фанҳои забонҳои қадимаи эронӣ, матни классикӣ низ дарс мегӯянд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани тадриси фанҳои мазкур аз ҷониби устодони кафедра китобу дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён навишта шудааст. Китобҳои М.Н. Қосимова «Хат ва имлои матни классикӣ», «Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои Х1-Х11)», «Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик», «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ», китобҳои устод С. Ҳалимов «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)», «Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои Х1-Х11)», «Алифбои ниёгон ва имлои он», китоби А. Мирбобоев «Муқаддимаи филологияи эронӣ», китоби З. Мухторов «Таърихи забони тоҷикӣ», китоби Д. Ҳомидов «Шевашиносии тоҷик», китоби Х. Камолов «Омӯзиши хат ва имлои форсии классикӣ» аз ҷумлаи асарҳоеанд, ки пас аз таъсиси кафедра нашр гардидаанд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ УСТОДОН

Самти таҳқиқ. Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба проблемаҳои таърихи забон ва шевашиносӣ, муқоисаи типологии забонҳо идома дорад. Давраву марҳилаҳои гуногуни онро профессорон М.Н. Қосимова, Д. Хоҷаев, Ф. Шарифова дотсентон М. Саломиён, А.Мирбобоев, Д. Ҳомидов, З. Мухторов, Ж. Гулназарова, С. Ҳалимова, Х. Камолов, У. Саъдуллозода, саромӯзгор Ҳ. Муслимзода, ассистент А. Ҷобиров таҳқиқ карда истодаанд. Роҳбарии мавзӯъҳои илмию тадқиқотии кафедраро мушовири илмии кафедра, профессор М.Н. Қосимова ба уҳда дорад. Дар асоси ин мавзӯи таҳқиқотӣ чандин рисолаву монография, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимию методӣ ба монанди китобҳои «Вожаи «об» дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Чор унсур. Калимасозӣ. Маъноофаринӣ» (дар асоси маводи «Маснавии маънавӣ»-Ҷалолуддини Румӣ)-и М.Н. Қосимова, «Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ»-и М. Саломов, «Лексикаи сӯфиёнаи ашъори Саноӣ»-и З. Мухторов, «Топонимияи водии Кешруд»-и Д. Ҳомидов, «Дафтари сабз»-и Ш. Ҳаитова, «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ»-и Ф. Шарипова, «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ»-и Ж. Гулназарова, “Лексикаи касбу ҳунар дар осори Саййидои Насафӣ”-и С. Ҳалимова, «Ибораҳои изофӣ»-и Х. Камолов, «Хусусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ»-и У. Саъдуллоев таълиф ва манзури донишҷӯёну муҳаққиқони ин соҳа гардидааст.

Тарбияи кадрҳои илмӣ. Бояд гуфт, ки саҳми устодони кафедраи таърихи забон ва типология дар тайёр намудани олимони соҳаи забоншиносӣ хеле назаррас аст. Профессор М.Н. Қосимова дар пешрафти корҳои илмию таълимии кафедра нақши бориз дошта, дорои мактаби забоншиносии хеш аст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ин донишманд беш аз 45 нафар муҳаққиқи забоншинос рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуда, чандин нафари дигар дар айни ҳол аз пайи таҳқиқанд. Ҷиҳати хосаи мактаби забоншиносии профессор М.Н. Қосимова аз он иборат аст, ки пас аз таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология мавзӯъҳои мухталиф дар шинохту таҳлили асари ин ё он намояндаи адабиёти классикии тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди забони адабии тоҷик интихоб гардида, муҳаққиқони ҷавону умедбахш таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ кори тадқиқотиро идома медиҳанд. Дар соҳаи забоншиносии муқоисавӣ низ дар кафедра корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Таҳти роҳбарии М.Н. Қосимова оид ба муқоисиаи забонҳо ду нафар рисолаҳои докторӣ (С. Сулаймонов, М. Б. Нағзибекова) ва чор нафар рисолаҳои номзадӣ (Б. Авезова, Н.А. Бобоҷонова, Х. Исмоилова, Э. Исмоилзода) дифоъ карданд ва чанд муҳаққиқи дигар оид ба муқоисаи забонҳо корҳои илмӣ навишта истодаанд. Кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш то кунун барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси муассисаҳои дигари олии ҷумҳуриамон саҳми босазо мегузорад.

Кафедра пас аз таъсис ёфтанаш дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба муносибати санаҳои муҳим ва бузургдошти шоирону адибони адабиёти классикии форсу тоҷик саҳми арзандае мегузорад. Бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типология соли 2006 ба ифтихори бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ конфронси байналмилалӣ зери унвони «Тамаддуни ориёӣ ва забонҳои эронӣ», соли 2014 якҷоя бо кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ конфронси байналмилалӣ бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бо унвони «Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва марҳилаи классикии рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» ва соли 2019 конфронси байналмилалӣ бахшида ба 400-солагии Миробид Саййидои Насафӣ бо унвони «Саййидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик» гузаронида шуд. Дар кори ин конфронсҳо олимони варзида аз донишгоҳҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Бо ташаббуси кафедра доир ба забони осори Саъдии Шерозӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон конфронсҳои донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ доир карда шуд. Дар назди кафедра кабинети забоншиносии ба номи профессор Д.Т. Тоҷиев амал мекунад. Дар ин кабинет аксарияти китобҳои дарсӣ ва асарҳои илмии устодони кафедра ва забоншиносони дохилию хориҷӣ гирд оварда шудааст. Робитаҳои илмии кафедра бо марказҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз қаламрави он торафт қавӣ мегардад. Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва муҳокимаи рисолаҳои илмии онҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии забонҳо, Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар муассисаю ташкилотҳо ҳамкории илмӣ дорад. Кафедра ба корҳои тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тарбияи маънавии донишҷӯён низ машғул аст. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Сипанди сухан» фаъолият дорад. Дар маҳфил викторинаҳо баргузор мегардад, силсилаи гузоришу маърӯзаҳои илмии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегирад. Мутасаддии маҳфил ассистент А. Ҷобиров аст. Устодони кафедра дар «Маркази омӯзиши забонҳо»-и ДМТ низ фаъолият менамоянд. Дар ин самт саҳми онҳо дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст. Кафедра нақша дорад, ки барои боз ҳам такмил додани фаъолияти илмиву таълимӣ чораҳои иловагӣ андешад ва барои рушду нумӯи илми забоншиносии тоҷик саҳми арзандае гузорад.

Устодони кафедраи таърихи забон ва типологи