Маҳфилҳои кафедра

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Сипанди сухан» амал мекунад.  Маҳфили мазкур соли 2003 ташкил шудааст ва моҳе як маротиба бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор мегардад. Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра вобаста ба мавзуъҳои илмиашон маъруза мекунанд ва муҳтавои маърузаҳо аз ҷониби устодону донишҷӯён арзёбӣ мегардад. Ҳоло масъули маҳфили “Сипанди сухан” дотсент У.Саъдуллозода аст.

Аз ибтидои соли 2023 маҳфили дигаре бо номи “Забон ва технологияҳои нав” барои ихтисоси “Забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ”, ки марбут ба кафедра аст, ташкил гардид. Масъули маҳфил муаллим А. Ҷобиров аст.