Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ

ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ яке аз кафедраҳои нахустини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин) буда, аз рӯзи аввали таъсиси он (1948) фаъолият дорад. Дар ибтидо он кафедраи забон ва адабиёти тоҷик унвон дошта, аввалин мудири он донишманди маъруфи тоҷик, академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Дар кафедра таълими забон ва адабиёти тоҷик дар якҷоягӣ сурат мегирифт. Соли 1953 дар заминаи ҳамин кафедра дар асоси ихтисосҳои амалкунанда ду кафедра ташкил дода шуд: 1) кафедраи забони тоҷикӣ ва 2) кафедраи адабиёти тоҷик. Ба кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф. (баъдҳо д.и.ф., профессор) Д.Т. Тоҷиев ва ба кафедраи адабиёти тоҷик н.и.ф. С.Ш. Табаров мудир таъин мешаванд. Пас, амалан кафедраи забони тоҷикӣ аз рӯзи аввали таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд ёфта, аз соли 1953 мустақилона вуҷуд дорад. Бунёдгузори кафедраи забони тоҷикӣ яке аз олимони маъруф ва шинохтаи на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ, балки мамлакатҳои дуру наздики хориҷӣ, доктори илми филология, профессор Додоҷон Тоҷиев буд. Дар тӯли 34 соли сарварии ӯ кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ ба яке аз марказҳои пурқуввати илми забоншиносӣ табдил ёфт.

Мусаллам аст, ки дар назди ҳар як муассиса ва ё идораи навтаъсис вазифа ва масъалаҳои зиёд меистанд, ки ҳалли онҳо ба донишу маҳорат, кордониву ҷаҳонбинӣ ва дурандешии сарвари он вобастагии зич дорад. Ҳамон замон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи дар назди кафедра гузошташуда бо устодони пуртаҷриба ва ё ҷавонони қобилиятноку лаёқатманд таъмин намудани кафедра буд, зеро сифат ва ё сатҳи донишу малакаи мутахассисони оянда ба ин чиз сахт вобаста аст. Бо ҳамин мақсад як гурӯҳ олимони таҷрибадор, аз қабили академик Б. Ниёзмуҳаммадов, олимони зиндаёд М. Фозилов, Ш. Ниёзӣ, М. Турсунов, А. Л. Хромов, М. Эшниёзов, Ҳ. Ҳусенов, Н. Беҳбудӣ ба сифати ҳамкор ва ё корманди асосӣ ба кафедра даъват карда мешаванд. Азбаски дар он солҳо шахсони унвондору пуртаҷриба камтар буданд ва ба онҳо талаботи кафедраро пурра қонеъ кунонидан имкон надошт, профессор Д.Т. Тоҷиев бештар ба қувва ва завқу салиқаи ҷавонон такя мекунад. Бо ҳамин мақсад як гурӯҳ хатмкунандагони беҳтарини солҳои панҷоҳ ва шастум, ба монанди М. Н. Қосимова, С. Ҳалимов, Б. Тилавов, М. Муҳаммадиев, И. Саидов, Р. Ҷӯраев, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, М. Норматов, К. Шукурова, А. Мӯъминов, Т. Хаскашев ба сифати лаборанти калон, ассистент, муаллими калон ва аспирант ба кор қабул карда мешаванд, ки минбаъд рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намуда, устодони асосии кафедра мегарданд. Профессор Д. Тоҷиев ин усулро минбаъд ҳам давом медиҳад ва хатмкунандагони беҳтарини факултет, аз қабили С. Ҳошимов, Ҳ. Талбакова, Ш. Кабиров, М. Холов, А. Неъматов, Ш. Бобомуродов, Д. Хоҷаев, Э. Шоев, С. Собирҷонов, В. Абдулазизов ва Н. Ҷӯраевро ба кор қабул мекунад. Ин дафъа роҳбари нуктасанҷу кордон ва дурандеш ин шогирдонро вобаста ба талаботи кафедра ба соҳаҳои ҷудогонаи қисматҳои илми забоншиносӣ тавсия медиҳад, ки дар оянда онҳо вобаста ба қисматҳои мухталифи илми забоншиносӣ рисолаҳои худро дифоъ менамоянд.

Аз соли 1987 то 1994 ба ҳайси мудири кафедра доктори илми филология, яке аз дастпарварони мактаби илмии профессор Д.Т. Тоҷиев Қосимова Мукаррама Набиевна фаъолият намудааст. Баъдтар дар заминаи ҳамин кафедра (соли 1994) кафедраи нав ба номи таърихи забон ва типология ташкил шуд ва кафедраи забони тоҷикӣ номи кафедраи забони муосири тоҷикиро гирифт. Аз соли 1994 то 2001-ум роҳбарии кафедраро доктори илми филология, профессор Толиб Хаскашев ба уҳда дошт. Он кас аъзои Президиум ва раиси гурӯҳи кории комиссияи татбиқи «Қонуни забони ҶТ» оид ба таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ, аъзои Президиуми Бунёди байналмиллалии забони форсии тоҷикӣ, аъзои комиссияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оид ба истилоҳот, котиби илмии шурои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатиии миллии Тоҷикистон буданд. Профессор Толиб Хаскашев аввалин мутахассис дар бахши савтиёти забони тоҷикӣ ва нахустин татбиқгари методҳои озмоишӣ ва риёзӣ дар омӯзиши савтиёти забони тоҷикист. Мавсуф дар ин бахши забон чандин асарҳои бунёдӣ низ таълиф намудааст.

Солҳои 2001-2002-юм иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зиммаи дотсент (минбаъд профессор) Давлатбек Хоҷаев вогузор мешавад. Дар муддати роҳбарии профессор Д. Хоҷаев тартиби корӣ ва ҳуҷҷатгузории кафедра ба танзим даромада, сарбориҳои таълимӣ таҷдиди назар гардидаанд. Соли 2002 дар асоси озмун ба ин вазифа профессор Ҳомид Маҷидов интихоб шуда, номбурда то соли 2005 адои вазифа менамояд. Профессор Ҳ. Маҷидов дар замони роҳбарии хеш ҷанбаи илмии кафедраро пурқувват намуда, аз ҳисоби хатмкунандагони факултет ҷавонони боалёқатро ба кафедра ҷалб менамояд. Аз соли 2005 то соли 2007 иҷрои ин вазифа аз нав ба дӯши он замон дотсент (имрӯз доктори илми филология, профессор) Давлатбек Хоҷаев гузошта мешавад.

Соли 2008 дар асоси озмун номзади илми филология, дотсент Мастура Абдураҳмонова ба вазифаи мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ интихоб шуда, то соли 2016 роҳбарии кафедраро ба зимма мегиранд. Бо ташаббуси бевоситаи дотсент Абдураҳмонова М. ҳайати кафедра иловатан аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра карда шуд, ки аксарияти онҳо дар оянда соҳиби унвони илмӣ гардиданд.

Аз соли 2016 то ин ҷониб мудирии кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ ба дӯши дотсент Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа вогузор шудааст. Дар ин давра зери роҳбарии Дӯстзода Ҳ. кафедра аз таъмири пурраи замонавӣ бароварда шуда, базаи моддию техникии он пурқувват гардид. Вобаста ба шароити мусоид аҳли кафедра дастаҷамъона барои тақвияти бунёди илмӣ ва таълимию методии он кӯшишҳои зиёде ба ҳарҷ додаанд. Дар як муддати кӯтоҳ чандин монографияҳои илмӣ, дастуру васоити таълимӣ таълиф, таҳия ва нашр шуданд. Барномаҳои фанҳои таълимии кафедра дар шакли маҷмуабарнома тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ таҷдиди назар ва аз нав чоп карда шуданд. Дар зарфи 5 сол чор конференсияи ҷумҳуриявӣ ва як ҳамоиши илмии байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ гузаронида шуд. Боиси қаноатмандист, ки маводи конференсияҳо дар маҷмуаи кафедра бо номи “Забон – ҳастии миллат” ба табъ расидаанд.

Аллакай дар ин давра зери таъкидҳои пайваставу ҷиддии дотсент Дӯстзода Ҳ. ва кӯшишу талоши худи омӯзгорони ҷавон чор нафар омӯзгори кафедра (Шарипова Ш., Ҳасанов М., Худоёрова Н. ва Холова М.) ва се нафар аспирантону унвонҷӯён ва докторони PhD рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуданд. Дар давраи мудирии дотсент Дӯстзода Ҳ. фоизи устодони унвондор дар кафедра боло рафта, чандин нафар устодон мавзуъҳои рисолаҳои доктории хешро тасдиқ намуда, айни замон ба пажуҳиш машғуланд.

ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Ҳанӯз аз давраи сарварии профессор Д.Т. Тоҷиев ҳамаи фанҳои таълимии кафедра: фонетика, имло, лексикология, фразеология, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, ҳусни баён, муқаддимаи забоншиносиву забоншиносии умумӣ бо устодони соҳибихтисоси варзида таъмин буданд. Ҳамаи дарсҳои назариро устодони унвони илмидошта мехонданд. Кафедра аз ҷиҳати бо мутахассисони касбӣ таъмин будан камбудӣ надошт.

Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таълифи дастуру китобҳои дарсӣ аз фанҳои тахассусии кафедра яке аз вазифаҳои дигари муҳимми кафедра маҳсуб меёфт, ки дар ин ҷода ҳам ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти кафедра зери роҳбарии профессор Д. Тоҷиев ва мудирони минбаъдаи кафедра М. Қосимова, Т. Хаскашев, Д. Хоҷаев, Ҳ. Маҷидов, М. Абдураҳмонова ва Дӯстзода Ҳ. корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Устодони кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ дар чанд соли охир низ китобҳои дарсӣ, монография, дастуру васоити таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмиро таълифу таҳия ва нашр намудаанд. Барои таъмин намудани маводи дарс аз ҷониби устодони кафедра китобҳои дарсӣ, дастуру васоити таълимӣ барои донишҷӯён навишта шудааст. Китобу дастурҳои таълимии профессор Хаскашев Т.Н. “Становление и развитие нормы таджикского литературного произношения”, профессор Маҷидов Ҳ. “Фразеологическая система современного таджикского литературного языка”, “Забони адабии муосири тоҷик”, дотсент Бобомуродов Ш. “Таълими баъзе масъалаҳои душвори фонетика ва имлои тоҷикӣ”, дотсент Норматов М. “Ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик”, Таҳлили синтаксисӣ ва навъҳои он”, “Забоншиносии умумӣ”, дотсент Талбакова Ҳ. “Усули таҳлили луғавӣ ва фразеологии вожаҳо”, “Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик”, дотсент Абдулазизов В. “Хусусиятҳои сохторию маъноии ҷумлаи пайрави пуркунанда дар забони адабии тоҷик”, дотсент Абдураҳмонова М. “Ҷумлаи амрӣ дар забони адабии тоҷикӣ”, дотсент Музофиршоев М. “Наввожаҳо ва усули тавлиди онҳо дар забони адабии муосири тоҷикӣ”, дотсент Дӯстзода Ҳ. “Воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар забони адабии муосири тоҷик”, “Таълими воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар забони тоҷикӣ, “Луғати мухтасари оронимҳои Тоҷикистон” (бо ҳаммуаллифӣ), “Раҳнамо аз фанни луғатшиносии забони адабии муосири тоҷикӣ” (бо ҳаммуаллифӣ), дотсент Ҳайдаров М. “Калимаҳои услуби баланд дар забони адабии муосири тоҷикӣ” ва дотсент Мавлонзода Ш. “Хусусиятҳои морфологии забони ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф” аз ҷумлаи осори таълимие мебошанд, ки пас аз таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология нашр гардидаанд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Воқеан, устодони кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ дар тули фаъолияти он корҳои илмии назаррас ба анҷом расонидаанд. Ҳамин буд, ки натиҷаи пажуҳишҳои илмии онҳо дар шакли монографияҳои алоҳида таълиф шудаанд, ки намунаи чанде аз онҳо дар бахши фаъолияти кафедра интихобан оварда шуд. Ҳайати кафедра дар риштаҳои гуногуни илми забоншиносӣ, аз ҷумла фонетика ва вожашиносӣ, фразеология, истилоҳшиносӣ, сарфу наҳв, услубшиносӣ, ҳусни баён, масъалаҳои умумии забоншиносӣ таҳқиқот намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни онҳо рисолаҳои номзадӣ, китобу дастур ва васоити таълимиро нашр намудаанд. Ба монанди «Забони адабии муосири тоҷик (Луғатшиносӣ)», «Фразеологическая система современного таджикского литературного языка», «Забони адабии муосири тоҷикӣ (Синтаксис)», «Забоншиносии умумӣ», «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва монанди инҳо.

Дар фаъолияти илмӣ таҳқиқотии кафедра дар замони Истиқлол профессорон Ҳомид Маҷидов, Давлатбек Хоҷаев, дотсентон Миршакар Бобомуродов, Мадиброҳим Норматов, Ҳуснигул Талбакова, Ваҳоб Абдулазизов, Мастура Абдураҳмонова, Маҳмадалишо Музофиршоев, Ҳамрохон Дӯстзода, Шуҳрат Мавлонзода, Муҳаммадёр Ҳайдаров ва Фирдавс Мирзоёров барои тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни забоншиносӣ саҳм гузоштаанд. Бештари шогирдони тайёркардаи устодон дар кафедра, дигар кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд.

Имрӯз дар кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ 15 нафар забоншиносони варзида ва муаллимони ҷавон машғули тадрис ва таҳқиқоти илмиву методӣ мебошанд, ки аз ин шумор 12 нафар: Ҳ.Талбакова, В. Абдулазизов, М. Абдураҳмонова, М. Музофиршоев, Ҳ. Дӯстзода, Ш. Мавлонзода, Ф. Мирзоёров, М.Ҳайдаров, Г.Камолова, Б.Аловиддинов, Ш. Шарипова, М. Ҳасанов номзади илм ва 3 нафар: Н.Худоёрова, М. Холова ва О. Исроил беунвон мебошанд. Хушбахтона, муаллимаҳои кафедра Н. Худоёрова ва М.Холова санаи 06.04.2023 рисолаҳои номзадии худро дар шурои диссертатсионии 6D КОА – 021 ҳимоя хоҳанд кард.

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

– таҳқиқи вижагиҳои савтии забони адабии муосири тоҷикӣ; – омӯзиши масъалаҳои луғатшиносӣ ва луғатнигории забони адабии муосири тоҷикӣ; – муқаррар намудани ҳаҷму ҳудуди таркиби луғавии забон ва мавқеи иқтибосот дар забони адабии муосири тоҷикӣ; – таҳқиқи масъалаҳои мубрами фразеология ва хусусиятҳои сохториву маъноии воҳидҳои фразеологӣ дар забони адабии муосири тоҷикӣ; – пажӯҳиши хусусиятҳои сарфии забони адабии муосири тоҷикӣ; – омӯзиш ва муайян намудани роҳҳои калимасозии ҳиссаҳои нутқ дар осори адибони муосир; – таҳқиқи масъалаҳои назариву амалии наҳви забони адабии муосири тоҷикӣ; – муқаррар намудани вижагиҳои наҳвии осори адибон (насру назм); – баррасии масъалаҳои истилоҳшиносӣ ва истилоҳоти соҳавӣ дар забони адабии муосири тоҷикӣ; – таҳқиқи масъалаҳои мубрам ва баҳсноки имлои забони тоҷикӣ; – омода намудани китобҳои дарсии забони адабии муосири тоҷикӣ барои макотиби олӣ.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ:

Фанҳои умумии тахассусӣ

барои бакалаврҳо (шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона):

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ.

2. Муқаддимаи забоншиносӣ.

3. Забоншиносии умумӣ.

4. Услубшиносӣ.

5. Курс ва семинари махсус.

Фанҳои тахассусӣ барои ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик:

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ.

2. Муқаддимаи забоншиносӣ.

3. Забоншиносии умумӣ.

4. Услубшиносӣ.

5. Курс ва семинари махсус.

Фанҳои тахассусии ихтисоси мероси хаттӣ:

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ.

2. Асосҳои имло ва нигориши тоҷикӣ.

3. Услубшиносӣ.

Магистратура (шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона) дар самти забоншиносӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

1. Асосҳои ҳусни баён.

2. Ҷараёнҳои муосири забоншиносӣ.

3. Назарияи ва амалияи истилоҳоти коргузорӣ.

4. Назарияи таснифоти ҳиссаҳои нутқ.

5. Асосҳои забон ва услуби ҳуҷҷат.

Фанҳои тахассусии ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора:

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ. 2. Муқаддимаи забоншиносӣ. 3. Асосҳои нигориши тоҷикӣ. 4. Ҳуҷҷатнигории муосир. 5. Назария ва амалияи тарҷума. 6. Коргузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ. 7. Ҳуҷҷатшиносӣ. 8. Фарҳангнигории муосир. 9. Истилоҳоти илми ва касбӣ. 10. Ташкили коргузорӣ. 11. Услубшиносӣ. 12. Курс ва семинари махсус.

Фанҳои тахассусии ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ:

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ. 2. Услубшиносӣ. 3. Асосҳои имло ва нигориши тоҷикӣ.

Фанҳои тахассусии ихтисоси тарҷумаи бадеӣ:

1. Забони адабии муосири тоҷикӣ. 2. Суханварӣ. 3. Грамматикаи забони адабии муосири тоҷикӣ. 4. Ҳусни баён. 5. Услубшиносӣ.

Фанҳои тахассусии ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ:

1. Забони адаби муосири тоҷикӣ. 2. Услубшиносӣ. 3. Ҳусни баён.

Фанҳои тахассусии ихтисоси танқиди адабӣ

1. Асосҳои имло ва нигориши тоҷикӣ

МАРКАЗУ ТОЛОРҲОИ МАРБУТИ КАФЕДРА:

Мутаассифона, дар назди кафедра марказ ва толори алоҳида вуҷуд надорад. Танҳо синфхонаи №528, ки ба номи профессор Хаскашев Т.Н. гузошта шудааст, тобеи кафедра буда, дар он, асосан, дарсҳои ихтисоси марбути кафедра – ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора гузаронида мешаванд. Айни замон мудирияти кафедра ҷиҳати ташкил намудани толори махсус дар назди кафедра бо раёсати донишгоҳ чораҳои зурурӣ андешида истодаанд.

МАҲФИЛҲОИ ИЛМИИ НАЗДИ КАФЕДРА

Дар назди кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ ду маҳфили илмӣ: а) Забоншиноси ҷавон ва б) Ҳуҷҷатнигорӣ амал мекунанд. Маҳфили “Забоншиноси ҷавон”-ро, ки аз соли 2017 то имрӯз устоди кафедра н.и.ф., муаллими калон Ҳасанов Меҳроб роҳбарӣ мекунад, моҳе ду маротиба миёни донишҷӯёни курсҳои гуногуни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик гузаронида шуда, маърузаҳои онҳо аз ҷониби устодони кафедра шунида мешаванд.

Маҳфили “Ҳуҷҷатнигорӣ” барои донишҷӯёни курсҳои гуногуни ихтисоси ҳуҷҷатнигорӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идорӣ амал намуда, моҳе ду маротиба зери роҳбарии н.и.ф., муаллими калон Аловиддинов Б. (аз соли 2019 то ин ҷониб) гузаронида мешавад. Дар он аз ҷониби донишҷӯён маърузаҳое пешниҳод мегарданд, ки, асосан, ба масъалаҳои мубрами шохаи ҳуҷҷатнигории забони тоҷикӣ бахшида мешаванд. Барои боз ҳам рангину ҷолибтар гардидани кори маҳфил баъзан аз идораву муассисаҳои гуногун мутахассисони соҳа даъват карда мешаванд.

Маҳфилҳо нақшаи кории худро доранд, ки аз ҷониби садорати факултет тасдиқ шуда, ба раёсати илми донишгоҳ пешниҳод шудаанд.

СЕМИНАРИ ИЛМИИ КАФЕДРА:

Дар назди кафедра аз соли 2019 инҷониб семинари илмии “Забони миллат – ҳастии миллат” амал мекунад, ки мувофиқи нақша дар се моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин муддат дар ҷараёни фаъолияти семинар маърузаҳои илмии устодони кафедра, профессори зиндаёд Ҳ. Маҷидов, дотсентон Дӯстзода Ҳ., Абдулазизов В., Абдураҳмонова М., Музофиршоев М., Мирзоёров Ф., Ҳайдаров М. ва Мавлонзода Ш. оид ба масъалаҳои мухталифи илми забоншиносӣ шунида шуданд. Баъзан дар кори семинар олимони забоншинос аз дигар муассисаҳои таълимӣ барои маъруза намудан ҷалб карда мешаванд.

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ:

Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ бо кафедраҳои забонии донишгоҳҳои Самарқанду Бухоро ва Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон, сектори забонҳои эронии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, Донишкадаи ховаршиносии донишгоҳи Панҷоби Покистон ва Донишгоҳи Табрези Эрон ҳамкориҳои судманди илмиро ба роҳ мондааст. Устодони донишгоҳҳои зикршуда дар чандин конференсияҳои илмии аз ҷониби кафедра баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намудаанд.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА