Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

Таърихи таъсис. Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик соли 1948 таъсис ёфт ва мудири он С.Ш. Табаров буд. Соли 1962 кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба ду кафедра тақсим шуд: кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик. Ба кафедраи таърихи адабиёти тоҷик профессор Ҳусейнзода Ш. ва ба кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик дотсент Табаров С.Ш. мудир таъйин шуданд.

Ҳайати устодони кафедра. Муассис ва аввалин мудири кафедра шахсияти дар соҳаи маориф ва таълими мактаби олӣ ва танқиду илми адабиётшиносӣ маъруф, номзади илми филология, баъдҳо профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таъйин карда шуд. Дар соли аввали таъсис ба ҳайати кафедра муаллимон Т.Неъматзода, С.Асадуллоев, С.Амирқулов, С.Имронов ва лаборанти калон Назира Қаҳҳорова шомил шуданд. Баъди як-ду сол С.Асадуллоев ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд интиқол шуд. Назира Қаҳҳорова рисолаи номзадӣ дифоъ кард, баъди як сол ба вазифаи муаллимӣ гузаронда шуд, мутаассифона хеле бармаҳал, дар соли 1984 вафот ёфт. Дигарон рисолаҳои номзадӣ ва баъдан устодон Т.Неъматзода ва С.Амирқулов рисолаи докторӣ дифоъ карда, дар мақоми профессорӣ ҷой гирифтанд. Профессор Ш.Ҳусейнзода соли 1985 ба нафақа баромаданд, вале аз дарс додан даст накашида, дар соли 1988 вафот ёфтанд. Устод С.Имронов соли 2006 аз олам чашм пӯшид. Аз соли 1985 то соли 1993 профессор А.Сатторзода вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Дар муддати мусофирати ӯ ба Афғонистон як сол Т.Неъматзода ва як сол Х.Шарифов иҷрокунандаи вазифаи мудириро ба уҳда доштанд ва соли 1993 як сол ҳамин гуна вазифаро С.Имронов ба ҷой овард. Аз соли 1994 то соли 2009 профессор Х.Шарифов мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик буд. Аз соли 2009 то соли 2016 мудири кафдра н.и.ф., дотсент М. Солеҳов буд. Аз соли 2016 то кунун ин вазифа бар уҳдаи д.и.ф., профессор М. Нарзиқул аст.

Дар оғози солҳои ҳафтодуми асри бистум ба кори кафедра муаллимон С.Воҳидов, А.Сатторзода (Сатторов) ва Х.Шарифов қабул шуданд. Устод С.Воҳидов, баъди хатми таҳсил дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, ба сафи муаллимон ворид шуд, рисолаи номзадӣ ва баъдан докторӣ дифоъ кард. Устод С. Воҳидов то вопасин лаҳзаҳои умрашон (то соли 1993) профессори кафедра буданд. Профессор Қ. Восеъ ҳам дар кафедра дар ҳамин солҳо ба фаъолият оғоз карданд.

Аз миёнаи солҳои 80-ум ва оғози солҳои навадуми асри гузашта муаллимон У.Тоиров, М.Солеҳов, Б.Мақсудов, А.Абдусатторов ва баъдтар муаллимони ҷавон М.Нарзиқул, М.Низомов ва Л.Ҳоҷибоева ба кор қабул шуданд. Якчанд сол дотсент Ш.Исрофилов муаллими кафедра буд. Ба истиснои Л.Ҳоҷибоева дигар ҳамаи муаллимони мазкур рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Тоиров У., Абдусатторов А., Б. Мақсудов, М. Нарзиқул (Маҳмудзода) ва Ш. Исрофилов инчунин, ба дифои рисолаҳои докторӣ муваффақ шуданд ва унвони профессорӣ ҳам доранд. Соли 2006 Ниёзов П. ва соли 2007 Раҷабова О. ба сафи муаллимони кафедра шомил шуданд. Соли 2012 ассистентон Афғонов А. ва Нозимова Г. ба фаъолият оғоз намуданд.

Фаъолияти кафедра. Аз оғози таъсис вазифаи кафедра таълими таърихи адабиёт, назария ва нақди адабӣ аз замони қадим то оғози садаи бистуми мелодӣ буда, ин замони тӯлонии сайри таърихи адабиёт ба ду марҳила тақсим мешавад: 1) адабиёти қадим, 2) адабиёти асрҳои миёна. Адабиёти асрҳои миёна низ дар ду қисм таълим дода мешавад: адабиёти асрҳои IX-ХV ва адабиёти асри ХVI оғози асри ХХ. Аз оғози таъсиси кафедра назмшиносӣ ҳамчун фанни ёвари таърихи адабиёт таълим дода мешавад. Асоси фанни назмшиносиро илмҳои арӯз, қофия, бадеъ ва анвои шеър ташкил медиҳанд. Тадриҷан таълими фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, мактабҳо ва сабкҳои адабӣ ва таҳлили мутуни адабиёти классикӣ, инчунин, фанҳои усули таълими адабиёт ва адабиёти хориҷа (адабиёти араб, Туркия ва Ҳинду Покистон), нома ва номанигорӣ ба ҷумлаи фунуни таълимии кафедра шомил шуданд.

Усули таълим. Дар тӯли мавҷудияти кафедра усул ва тарзҳои таълими фанҳои асосӣ такмил ёфтанд. Дар замони шӯравӣ дар таълими таърихи адабиёт назари синфигароӣ ва мафкураи мувофиқи он имтиёз дошт. Ҳоло тамоюли асосии таълим ба озодии андеша ва баҳои воқеӣ ба ҳаводиси адабӣ нигаронида шудааст. Барномаи таълими таърихи адабиёт чор маротиба таҳриру такмил ёфта чоп шудааст. Дар солҳои охир барномаи таълим барои фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, назмшиносӣ, сабкҳои адабӣ тартиб дода шуда, ба чоп расидаанд. Китобҳои таълимӣ барои фанҳои балоғат ва суханварӣ ва назмшиносӣ аз ҷониби устодони кафедра Шарифов Х. ва Тоиров У. навишта шуда, инчунин доир ба таълими арӯз устодон М. Нарзиқул (Маҳмудзода), У. Тоиров, М. Солеҳов ҳар кадом алоҳида китобҳои таълимӣ таълиф кардаанд. Таълифи китоби дарсии «Нома ва номанигорӣ» ба қалами профессор М. Нарзиқул (Маҳмудзода) тааллуқ дорад. Барои фанни таҳлили матн Исрофилниё Ш. васоити таълим омода кардааст. Азбаски китоби дарсии таърихи адабиёт мавҷуд нест, кафедра талхиси китоби Забеҳуллоҳ Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон»-ро бо хатти тоҷикӣ нашр кардааст. Ҷилди аввали китобро Шарифов Х. ва Абдусатторов А., ҷилди дуюмро Имронов С. ва Мақсудов Б., ҷилди сеюмро Шарифов Х. ва Абдусатторов А. ва ҷилди чаҳорумро Шарифов Х. ва Низомов М. ба чоп омода кардаанд. Фаъолияти илмии устодон

Самтҳои таҳқиқ. Устодони кафедра аз оғози ташкили он дар масъалаҳои таърих, назария ва нақди адабиёти қадим ва асрҳои миёна ба таҳқиқи илмӣ машғул шудаанд. Профессор Ш.Ҳусейнзода дар мавзӯъҳои таърихи адабиёти тоҷик мақола, рисола ва китобҳо навишта, муддати мадиде муаллифи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-ум ва 8-уми мактаби миёна буд. Профессор Ш.Ҳусейнзода бо ҳамроҳии Х.Шарифов чаҳор китоб дар солҳои 80-уми асри гузашта роҷеъ ба фаъолиятҳои Ибни Сино дар соҳаи адабиёт ва адабиётшиносӣ навишта ба табъ расонидаанд. Проблемаҳои таъсири Арасту ба афкори назарӣ-адабии тоҷик аз ҷониби профессор А.Сатторзода, таърихи тазкиранависӣ С.Воҳидов, эҷодиёти Масъуди Саъди Салмон ва Возеҳ аз ҷониби Т.Неъматзода, адабиёти аввали асри ХIХ – С.Амирқулов, ҳаёт ва эҷодиёти Ибни Ямин – С.Имронов, назарияи наср аз тарафи Х.Шарифов таҳқиқ шудаанд. Устодони ҷавони кафедра низ дар инкишофи илми адабиётшиносии тоҷик саҳми намоёне доранд. Аз ҷумлаи китобҳои илмии машҳуртарини устодони кафедра инҳоро номбар кардан лозим аст: Ш.Ҳусейнзода «Сухансарои Панҷруд»; Т.Неъматзода «Ҳаёт ва эҷодиёти Масъуди Саъди Салмон»; С.Имронов «Ибни Ямини Фарюмадӣ»; С.Амирқулов «Адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХIХ»; С.Воҳидов «Тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ»; Х.Шарифов «Каломи бадеъ», «Назарияи наср», «Рози ҷаҳон»; А.Сатторзода «Поэтикаи Арасту ва таъсири он ба равияи машшоиюн»; Б.Мақсудов «Ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ», «Рӯзгор ва осори Фахруддини Ироқӣ»; У.Тоиров «Вазни шеъри халқии тоҷикӣ»; М.Солеҳов «Мунтахаби «Ҳадиқатулҳақиқат»-и Саноӣ»; А.Абдусатторов «Таърихи адабиёти араб»; М. Нарзиқул (Маҳмудзода) «Масъалаҳои назария дар адабиёти асрҳои ХIII-ХIV форс-тоҷик»; М.Низомов «Поэтикаи ғазалиёти Шайх Аттор» ва ғайра. Тарбияи кадрҳои илмӣ. Ҳамаи устодони ҳозираи кафедра, ба истиснои профессор С.Амирқулов, хатмкардагони факултети филология мебошанд. Онҳо дар ҳамин кафедра таҳсили аспирантураро гузашта, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Бо роҳбарии профессор Ш.Ҳусейнзода зиёда аз 43 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд ва профессор Х.Шарифов роҳбари кори илмии зиёда аз 35 нафар аспиранту унвонҷӯён, ки рисолаи илмии номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд, будааст. Бо роҳбарии устод Неъматзода Т. – як нафар, Имронов С. – як нафар, Сатторзода А. – ҳашт нафар, Амирқулов С. – се нафар, Абдусатторов А. – понздаҳ нафар, Б. Мақсудов – чор нафар, М. Нарзиқул – даҳ нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Дар айни замон дар кафедра 2 аспиранти рӯзона, 2 аспиранти ғоибона ва 5 унвонҷӯ, ду нафар доктор PhD ба таҳлил ва навиштани рисолаи номзадӣ машғуланд.

Устодони кафедра