Кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик

Кафедраи забони тоҷикӣ
(барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ)

Таърихи таъсис ва мудирони кафедра. Кафедраи забони тоҷикӣ  (барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ) соли 1989 бо ташаббуси собиқ декани факултети филологияи тоҷик, профессор Усмонов И.К. бо номи кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик ба сифати кафедраи умумидонишгоҳӣ таъсис дода шуд ва ба сифати мудири он дотсент шодравон Каримов А.А. таъин гардид. Баъд аз як сол ба асоси озмун профессор Б. Камолиддинов мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Чун баъди як сол профессор Б. Камолиддинов вазифаи муовини ректор оид ба таълимро ба уҳда гирифтанд, боз дуюмбора мудирии кафедра ба уҳдаи шодравон Каримов А.А. вогузошта шуд ва ин масъулиятро то охирин лаҳзаи ҳаёт – то моҳи  майи соли 1996 иҷро намуданд. Аз соли 1996 то соли 2012 мудирии кафедраро дотсент Ш. Кабиров ба уҳда доштанд. Баъдан дотсент Қурбонов С. ба сифати и.в. мудири кафедра фаъолият дошт. Ҳоло роҳбарии кафедраро дотсент Н. С. Каримов ба уҳда дорад. Кафедра соли 1995 ба сохтори факултаи филология шомил карда шуд ва он Кафедраи хат ва матни форсии тоҷикӣ номгузорӣ гардид. Бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ  аз 27.02.2006, № 6 номи кафедра ба Кафедраи забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ) иваз карда шуд.
     Корҳои таълимӣ. Кафедра дар факултетҳаи ғайрифилологӣ аз фанни забони тоҷикӣ дар курсҳои якуми гурўҳҳои тоҷикиву русии шуъбаҳои рўзонаву ғоибона таълим медиҳад.  Миқдори умумии соатҳои кафедра тақрибан 22 ҳазорро ташкил дода, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар кафедра 22 устоди доимӣ (штатӣ) – 2 нафар профессор, 8 нафар дотсент, 5 нафар номзади илм, муаллими калон, 1 нафар муаллими калон, 4 нафар ассистент, як нафар мудири кабинет ва як нафар лаборанти калон фаъолият менамоянд. Тамоми машғулиятҳо амалӣ буда, шакли назорати фаъолияту давомоти донишҷўён дар низоми таҳсилоти кредитӣ бо чор санҷиш (рейтинг) ва  ду имтиҳон, дар низоми таҳсилоти анъанавӣ бо як санҷишу як имтиҳон  амалӣ карда мешавад.
     Корҳои илмӣ- методӣ. Устодони кафедра дар самти забоншиносӣ фаъолияти илмии худро ба роҳ мондаанд. Мавзўи самти забоншиносӣ «Низоми забон ва таҳаввулу инкишофи он» (роҳбари мавзўъ – профессор Кабиров Ш.) буда, дар  доираи ин мавзўъ 13 нафар устоди кафедра тадќиќот мебаранд.  Дар панҷ соли охир устодони ҷавони кафедра дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ рисолаҳои номзадии худро  (Шукуров – 2007, Кабиров Х. – 2009, Табаров Х. –2010, Қулов Д. –2010, Ғаффоров Ш. –2011, Бобобеков А. –2011, Каримов Н. –2013) бомуваффақият ҳимоя намуда, як нафари дигар дар арафаи анҷоми рисолаи хеш мебошад. Ҳамзамон устодони кафедра барои самаранок сурат бахшидани таълиму тарбия ба иншои китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмию методӣ машғул буда, аз ҷумла, китобҳои дотс. С.Анварӣ. Забони тоҷикӣ  (барои синфи 6); Кабиров Ш. Алифбои ниёгон ва матн. Алифбо  (барои синфи 4, ҳаммуаллиф Байзоев А.); Кабиров Ш. Алифбои ниёгон ва матн. Қоида. (барои синфи 5, ҳаммуаллиф Байзоев А.); Кабиров Ш., С.Анварӣ. Забони тоҷикӣ (васоити таълимӣ барои донишҷўёни гурўҳҳои тоҷикии ихтисосҳои ғайрифилолгӣ); Кабиров Ш., Аюбова М., Тўраҳасанов Қ., Саидҷаъфаров О., Қурбонов С. Забони тоҷикӣ (васоити таълимӣ барои гурўҳҳои русии ихтисосҳои ғайрифилологӣ); Кабиров Ш.,  С. Исматов, С. Қурбонов. Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ба тоҷикӣ; Тўраҳасанов Қ. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултети ҳуқуқшиносӣ); Исматов С., Қурбонов С. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ); Кабиров Ш., Аюбова М. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои биология ва дорусозӣ); Раҳимова Ш. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултети геология); Раҳимова Ш. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷўёни шуъбаҳои ғоибона); Табаров Х., Муслимов М. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултети кимиё); Саидҷаъфаров О., Ғаффоров Ш. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва фалсафа); Тўраҳасанов Қ., Шукуров Г., Бобобеков А., Кабиров Х. Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои иќтисодӣ); Қурбонов С. Ҳуҷҷатнигорӣ (ҳаммуаллиф бо Диловаров М.); Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф бо Диловаров М.); Шукуров Г. Tajik for beginners; Исматов С., Қурбонов С. Калимаҳои ташдиддор;   Қурбонов С. Луғатномаи ҳарфи «ў» (ҳаммуаллиф бо Ҷўраева Р.) ва ғайра ба табъ расониданд. Дар панҷсолаи охир (2008-2012) муаллимони кафедра зиёда аз 40 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ ба чоп расонидаанд.

Ғаффоров Шоҳрух – мудири кафедра

(тав.31.01.1976, ноҳияи Фархор), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2011).   

Факултети филологияи тоҷикро бо дипломи аъло хатм кардааст (2005).  Мудири кабинети “Махзани адаб”и  факултети филологияи тоҷик (2003-2005). Аспиранти шуъбаи ғоибонаи  ДМТ (2005-2009), муовини декани

факултети филологияи тоҷик (2005- 2007). Аз соли 2005 ба сифати ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.  Аз соли 2009 то сентябри 2011 ба ҳайси  ёвар ва мушовири  муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии

Тоҷикистон    ифои вазифа кардааст. Аз соли 2011 то соли 2013 дар вазифаи мудири шуъбаи тайёрии ДМТ ва минбаъд директори литсейи равияи табию риёзии ДМТ кор  карда  истодааст.

Рисолаи номзадияшро   таҳти унвони “Азрақии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои бадеӣ  эстетикии қасоиди ӯ” соли 2012  ҳимоя намудааст.  Муаллифи китоби «Забони тоҷикӣ» (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва фалсафа). – Душанбе: «Баҳманруд», 2012 (ҳаммуаллиф);  Як нусхаи дастнависи девони Азрақӣ. – Душанбе, 2010., монографияи «Қасидасарои навовар» (Азрақии Ҳиравӣ). –Душанбе, 2015 ва зиёда аз 30 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.   

           Устодони  кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ