Иттифоқи касабаи факултети филология

“Иттифоқи касаба ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзояш дар соҳаи маориф ва илм муттаҳид менамояд” (Оинномаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 2).

Мутобиқи моддаи 3-юми Оинномаи мазкур мақсади Иттифоқи касаба “ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба” маҳсуб мегардад.

Иттифоқи касабаи факултети филология ҷузъи Иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ идора мегардад.

Иттифоқи касаби факултети филологияи ДМТ 89 нафар узв дорад.

Раиси бюрои иттифоқи касабаи факултет Камолов Хуршед Маҳмадисоқович аст. Бюрои иттифоқи касабаи факултет ҳамасола мувофиқи нақшаи аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ тасдиқгардида фаъолият менамояд.  Бюрои иттифоқи касаба бо мусоидати садорати факултети филология ва Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ бо ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз таъмин гардидааст.

Дар бюрои иттифоқи касабаи факултет чор комиссияи доимоамалкунанда фаъолият дорад: 

1. Комиссияи муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, раиси комиссия – Саврия Дурманова.

2. Комиссияи манзил ва баҳсҳои меҳнатӣ, раиси комиссия – Шуҳрат Мавлонзода.

3. Комиссияи кори фарҳангӣ ва омӯзишӣ (корҳои маданию равшаннамоӣ), раиси комиссия – Зебунисо Ёрова.

4. Комиссия  варзиш, раиси комиссия – Дӯстмурод Ҳафиззода.

Аз ҷониби бюрои иттифоқи касабаи факултети филология ва комиссияҳои он маъмулан корҳои зерин анҷом мепазирад:

  1. Ҳуҷҷатгузории бюрои иттифоқи касаба мувофиқи меъёри мавҷуда.
  2. Таҳияи гӯшаи бюрои иттифоқи касабаи факултет ва таъмин намудани он бо маводи зарурӣ.
  3. Ба сафи иттифоқи касаба ҷалб намудани кормандони нав ва таъмин намудани устодону кормандони факултет бо билети намунаи нави Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ.
  4. Ҳар сол бо дастгирии молиявии Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ ба фарзандони устодону кормандони техникӣ (то 8-сола) ва устодони собиқаи кории 25-соладошта ҳадя намудани тӯҳфаи солинавӣ.
  5. Ҳамасола бо дастгирии молиявии Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ ба занони корманди факултет тақдим намудани тӯҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба Рӯзи модар.
  6. Ташкил намудани сайругашти беруназшаҳрӣ бо оростани дастурхони идона барои устодон ва кормандони факултет ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз.
  7. Ҳамасола таъмин намудани ширкати аъзои иттифоқи касабаи факултет дар мусобиқаҳои донишгоҳии шоҳмот ва футболи ДМТ.
  8.  Мусоидат намудан барои истироҳати кӯтоҳмуддати устодон дар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ.
  9. Ба мукофотпулӣ  пешниҳод намудани  устодон (мас., дар иди касбии омӯзгорон, ба муносибат солгарди таваллуд).
  10. Мусоидат намудан барои истироҳат фарзандони аъзои иттифоқи касбаи факултет дар лагери тобистонаи “Чайка”.
  11. Расонидани ёрии моддии яккарата ба аъзои иттифоқи касабаи факултет дар мавридҳои зарурӣ.
  12. Дар таътили тобистона фиристодани аъзои иттифоқи касаба ба осоишгоҳҳои ҶТ.