Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ

Таърихи таъсис. Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (номҳои пешинааш: забон ва адабиёти тоҷик – 1948-1953; адабиёти тоҷик – 1953-1962; адабиёти советии тоҷик – 1962-1994) баробари таъсиси Донишгоҳ арзи вуҷуд карда, аввалин мудири он академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Номбурда дар ташаккули кафедра ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда гузошт ва муносибати кафедраро ба муассисаҳои алоҳидаи илмию таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шарқи хориҷӣ барқарор намуд. Асару мақолаҳои академик Мирзоев ва махсусан китобҳои бунёдии «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Биноӣ» (1957), «Абӯабдулло Рӯдакӣ» (1958) ҷойгоҳи адабиётшиносии тоҷикро дар адабиёти форсизабони Эрону Афғонистон муайян намуд.

Солҳои 1953-1980 сарвари кафедра шогирди академик Мирзоев узви вобастаи АИ Тоҷикистон С.Ш. Табаров буд. Дар ин муддат кафедра ба яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии мактабҳои олии Тоҷикистон табдил ёфт. Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии С.Ш. Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, аз ҷумла дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Мунзим. Беҳбудӣ» (2002) мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд.

Дар давраи мудирии С.Ш. Табаров дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳиббов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Маҳмадюсуф Имомзода, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобзода, Зебуннисо Ёрова ба воя расиданд. Услуби тадқиқи С.Ш. Табаров дар пайравӣ ба академик А. Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, С.Ш.Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд. То замони фавт узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ С.Ш.Табаров ба ҳайси мушовир фаъолият доштанд.

Профессор Раҳим Мусулмонқулов солҳои 1980-1992 ба сифати мудири кафедра фаъолият намуд. Дар ин айём иқтидори илмии кафедра боз ҳам мустаҳкам гардид. Р. Мусулмонқулов масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёт ва адабиётшиносӣ, аз қабили афкори назариявию эстетикии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик, робитаҳои адабӣ ва эҷодиёти адибони садаи ХХ-ро мавриди тадқиқ қарор дод ва дар ин соҳа рисолаҳое чун «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик» (1970), «Асрори сухан» (1980), «Поэтикаи классикии форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХV» (1980), «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ», «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар» (1984) таълиф намуд. Замони мудирии профессор Худойназар Асозода (солҳои 1993-1996) ба давраи аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ душвори Тоҷикистон рост омад ва мавсуф тавонист, ки иқтидори илмии кафедраро нигоҳ дошта, ба парокандашавии устодони соҳибунвони кафедра роҳ надиҳад. Дар ин давра дар назди кафедра кабинети «Махзани адаб» таъсис ёфт, ки он осори нодири илмию адабӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои адабиву фарҳангии дар Тоҷикистон ва хориҷи он чоп гардида ва аксҳои шахсиятҳои фарҳангии ҷумҳуриямонро дар бар мегирад. Таълифоти профессор Х. Асозода, аз ҷумла, асарҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997), «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1999), «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) усули нави тадқиқро фаро гирифта дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфият доранд.

Солҳои 1996 – 2002 вазифаи мудирии кафедра ба зимаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дотсент Ҷӯрахон Бақозода вогузор гардид. Дар ин муддат равобити илмӣ ва фарҳангии кафедра ба муассисаҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз он густариш ёфт ва иқтидори илмии кафедра аз нав қувват гирифт. Рисолаҳои илмию тадқиқотии Ҷӯрахон Бақозода, чун «Падидаҳои тоза» (1974), «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007) ҳар кадом як марҳалаи тозае дар танқиди адабии тоҷик мебошанд.

Солҳои 2002 – 2010 мудирии кафедра ба ӯҳдаи профессор А. Кӯчарзода вогузор шуд. Номбурда чун дастпарвари факултети филология анъанаи устодони рашидро идома дода, баҳри густариши фаъолияти корҳои илмию тадқиқотии аъзои кафедра, конференсияву нишастҳои умумидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва масъалаҳои муҳимми адабиёти давраи нави тоҷик ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ дод. Таълифоти профессор А. Кӯчарзода, аз ҷумла рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Айнӣ» (1982), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (2002) чун тадқиқоти тозаву муҳим дар соҳаи нақди матни адабиёти давраи нави тоҷик арзиш доранд. Аз моҳи октябри соли 2010 то моҳи декабри соли 2012 вазифаи мудири кафедра дигарбора ба уҳдаи прпофессор Х.Асозода вогузор гардид. Дар ин фосила низ анъанаи неки кафедра ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони унвондор идома ёфт. Таълифи китоби дарсии Таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав) дар ҳамин давра аз ҷониби профессор Х.Асозода анҷом дода шуд. Аз оғози соли 2013 вазифаи мудирии кафедраро дотсент М.Зайниддинзода ба ухда дорад.

Ҳайати устодони кафедра. Ҳоло дар ҳайати кафедра докторҳои илмҳои филология, профессорон Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аламхон Кӯчарзода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Равшан Раҳмонов, доктори илмҳои филология Сироҷиддини Эмомалӣ, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Муртазо Зайниддинзода, Рустам Ваҳҳобзода, Боймурод Шарифзода, Наврӯз Қаландаров, муаллимони калон, Ҳафиз Раҳмонов, Қарор Нурқаев ва ассистентон Зебуннисо Ёрова, Илҳомҷон Бобомаллаев ва Аҳдия Нуриллозода фаъолият доранд. Донишманди фақид Худойназар Асозода дар ҳамин кафедра ба камол расида, то лаҳзаи охири ҳаёт ба сифати мудир ва профессори кафедра фаъолият намудааст. Ҷои ифтихор аст, ки собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АУ Тоҷикистон, ҳоло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ сабзида, айни ҳол ҳамчун устодони кафедра ба таълиму тадрис машғуланд. Бо назардошти манфиатовар будани ҳамкорӣ бо донишмандони варзида як узви вобастаи АУ Тоҷикистон ва панҷ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кори кафедра ҷалб гардидаанд.

Соҳаи фаъолияти кафедра. Устодони кафедра оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимтарини адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, афкори адабиву эстетикӣ, матншиносӣ, равобит ва ҷараёнҳои адабӣ тадқиқот мебаранд. Алҳол таҳқиқоти илмии кафедра таҳти унвони «Назария ва ташаккули адабиёти навини форсии тоҷикӣ. Масъалаҳои фолклоршиносӣ ва робитаҳои адабӣ» дар 14 самт ҷараён дорад. Ширкати устодони кафедра дар анҷуману симпозиумҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ самаранок аст ва он дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфт. Суханрониҳои профессор А. Кӯчарзода дар дувумин ҳамоиши миллии эроншиносӣ (Теҳрон, даймоҳи соли 1338 шамсӣ), панҷумин Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷик (Душанбе, марти 2006), профессор А.Маҳмадаминов дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ (Теҳрон, июни 2005), профессор Р.Раҳмонов дар кишварҳои Амрико (2000, 2001), Олмон (2001,2005), Фаронса (2006), Италия (2006), Эрон, Ҳиндустон, Япония, Покистон, Австралия, Афғонистон, Австрия, Англия, Арманистон, Гурҷистон, Корея, Қирғизистон, Маҷористон, Муғулистон, Норвегия, Туркия, Шведсия, Ӯзбекистон, Юнон, Россия ва дотсент М.Зайниддинзода дар 6-умин Анҷумани байналмиллалии ноширон ва тарҷумонҳо Ереван (2012) намунаи чунин фаъолият мебошад.

Фаъолияти таълимию методии кафедра. Кафедра ба ҷараёни таълим, сифати илмию назариявӣ ва методии машғулиятҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Таълифи барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон қисми таркибии кори муаллимони кафедра ба шумор меравад. Ҳанӯз соли 1948, дар соли аввали таъсиси ДМТ, дастури таълимии С.Ш. Табаров барои муаллимони адабиёт бо номи «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» дастраси донишҷӯён гардид ва минбаъд устод Табаров оид ба фанҳои марбути кафедра – таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав), назарияи адабиёт, таърихи нақди адабӣ дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таълиф мекунад: «Программаи таърихи адабиёти советии тоҷик» (барои шӯъбаи филологияи УДТ, 1950), Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ, қисмҳои 1 ва 2 (барои шӯъбаи филологияи тоҷики УДТ, 1950, 1983) ва ғайра. Минбаъд фаъолияти кафедра дар таълифи дастуру васоити таълимӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Ба табъ расидани китобҳои таълимии Р. Мусулмонқулов «Анъана ва навоварӣ», «Назарияи адабиёт» дастури методии А. Маҳмадаминов «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони uоибхони факултаҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шӯъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И. Ленин» (1984), Х. Асозода, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ аз адабиёти тоҷик барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ» (1990), А. Давронов, М. Солеҳов «Дастури методӣ оид ба таълифи рисолаи дипломӣ аз адабиёти тоҷик (форсӣ)» (1993) далели равшани ин фикр аст. Солҳои охир дар кафедра дар асоси таҷдиди назар ба таърихи адабу фарҳанги садаи ХХ барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсии бисёре таълиф ёфта, дастраси устодону донишҷӯён гардидаанд, ки китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11 (Х. Асозода ва А. Кӯчарзода), дастурҳои таълимии «Се маорифпарвар дар бораи амирони Манuит» (С. Табаров), «Нақди матни осори Айнӣ» (А. Кӯчарзода), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (М. Зайниддинзода), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (Ҳ.Раҳмонов) ва барномаҳои таълимии «Адабиёти саддаи ХХ-и форсию тоҷикӣ» (Х. Асозода, А.Раҳмонов), «Фолклори тоҷик» (А. Сӯфизода), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (А. Маҳмадаминов), «Адабиёти иттиҳод» (М. Зайниддинзода), «Матншиносӣ» (А. Кӯчарзода) намунаи онҳо мебошад.

Фаъолияти илмии устодон. Тадқиқот ва рисолаҳои А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонов, А. Раҳмонзода, М. Имомзода, А. Сӯфизода, Б. Шарифов ва С. Эмомалӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба эътирофи олимони машҳури адабиётшинос сазовор шуданд. Чунончи, М.Давлатов «Ғазал ва анъанаи он дар эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ» (1974), А.Маҳмадаминов «Ҷустуҷӯи ҳақиқат (1994)», «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддин Айнӣ – олим (2010)», Р.Раҳмонов «Афсона ва дигар жанрҳои насри шифоҳӣ» (1999), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажуҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (2001), А.Раҳмонзода «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004), М.Имомзода «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С.Айнӣ» (2004), Ҷ. Бақозода «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), А. Сӯфизода «Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик» (1977), «Фолклор – афкори эстетикӣ ва иҷтимоии халқ» (1982), «Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик» (1992), «Фолклор – ҳамрадифи таърих» (1994), «Фолклор – махзани сухан» (2007), «Сухан – ҷавҳари фикр» (2009), «Фолклор –ҳамрадифи таърих» (1994), «Турсунзода ва фолклор» (2011), М.Зайниддинзода «Адабиётиҷаҳон» (2000), «Хусусиятҳои ритмӣ ва поэтикии назми муосири тоҷик» (2009), «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» (2012), С. Эмомалӣ «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» (2003) паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои насру назми давраи нави адабиёти тоҷикро фаро гирифта, ба таваҷҷӯҳи олимони машҳури хориҷӣ, чун Иржи Бечка, Е.Э.Бертелс, А.Н. Болдирев, Парвиз Нотили Хонларӣ, Манфред Лоренс ва дигарон сазовор гардидаанд. Монографияи профессор А.Кӯчаров таҳти унвони «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии С.Айнӣ» соли 2003 ба Ҷоизаи адабии Айнӣ сазовор дониста шуд. Инчунин китоби профессор Равшан Раҳмонов соли 2003 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши сол мушарраф гардид.

Аз вақти таъсиси кафедра то имрӯз миқдори асару мақолаҳои чопшудаи муаллимон ба бештар аз се ҳазор мерасад. Дар таърихи кафедра бори аввал соли 1981 маҷмӯаи илмӣ бо номи «Маҳорати эҷодии Мирзо Турсунзода» нашр гардид. Баъд анъанаи чопи маҷмӯаи мақолаҳои устодони кафедра бо унвони «Ҷустуҷӯҳои адабӣ» расм шуд, ки то ҳол 8 ҷилди он ба чоп расидааст. Кафедра бо марказҳои илмии Эрон, Афғонистон, Чехословакия, Булғория, Лаҳистон, Италия ва бо донишгоҳ, донишкадаҳои тадқиқотӣ ва педагогии Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Одесса, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ғайра робитаи пурсамари илмӣ дорад. Кафедра дар тӯли мавҷудияти худ даҳҳо рисолаҳои докторӣ ва номзадиро аз муасисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ муҳокима ва баҳимоя тавсия намудааст. Алҳол ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди кафедра ба пажӯҳиш машғуланд.

Тарбияи кадрҳои илмӣ. Кафедра дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи адабиёт хизмати арзанда мекунад. Дар назди кафедра маҳфилҳои «Нақди адабӣ» ва «Адибони ҷавон» амал мекунанд, ки нақши онҳо дар тарбия ва рушду камоли мутахасисони соҳаи филологияи тоҷик калон аст. Як зумра адибони намоёни ҷумҳурӣ парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» мебошанд. Барпо намудани ҷашни адибону олимони маъруф, вохӯрӣ бо адибону донишмандон, шабҳои адабӣ ва ғайра дар кафедра ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончи, соли 1980 нахустин бор нишасти «Солонаи Мирзо Турсунзода» гузаронида шуд ва ҳар сол ин чорабинӣ дар рӯзи мавлуди шоир мунтазам идома дорад. То ҳозир 39 маҷлиси Солонаи устод Турсунзода баргузор шудааст.

Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ минбаъд дар асоси қарору дастурҳои ҳукумат ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мактабҳои олии мамлакат ва фармону супоришҳои раёсати ДМТ амал намуда, паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фолклори халқҳои форсизабонро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор медиҳад ва равобити ҳасанаро бо муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон ва баъзе дигар мамолики хориҷӣ густариш медиҳад. Дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик саҳмгузорӣ карда, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимиро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.

Устодони кафедра