Толори марбути кафедра

Толори профессорон Д.Т.Тоҷиев ва М.Н.Қосимова

Толори профессорон Д.Т.Тоҷиев ва М.Н.Қосимова соли 2023 дар заминаи Кабинети ба номи профессор Тоҷиев Д.Т., ки чандин сол қабл дар назди кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуда буд, таъсис ёфтааст. Толори мазкур аз як ҳуҷраи фарогири захираи китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию бадеӣ ва саҳни хониш иборат буда, фонди онро китобҳои собиқ Кабинети ба номи профессор Тоҷиев Д.Т., китобхонаи шахсии дотсенти шодравон Мардон Муҳаммадиев ва қисми асосиро китобхонаи шахсии профессор Мукаррама Набиевна Қосимова ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 16-уми январи соли 2023 бо ташаббуси кафедра ба истиқболи 90-умин солгарди зодрӯзи профессори шодравон Мукаррама Набиевна Қосимова ҳамойиши байналмилалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат фарзандони Мукаррама Набиевна тасмим гирифтанд, ки васияти модарашонро амалӣ гардонанд, яъне китобхонаи шахсии профессор М.Н.Қосимоваро дар ҳудуи 1500 китоб бо чаҳор ҷевон, ҳамчунин, мизу курсии кории эшонро ба кафедра интиқол диҳанд. Мизу курсӣ ва ҷевону китобҳо дар “абинети ба номи профессор Тоҷиев Д.Т. ҷой дода шуданд ва кафедра тасмим гирифт, ки ба хотири гиромидошти номи профессор М.Н.Қосимова номи ин кабинетро ба Толори профессорон Д.Т.Тоҷиев ва М.Н.Қосимова иваз намояд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби садорати факултет ва раёсати ДМТ пазируфта шуд. Ҳоло фонди умумии ин толорро беш аз 3000 китоб ташкил медиҳад.