Маҳфилҳои илмии назди кафедра

Дар назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду навъ маҳфили илмӣ амал мекунад: а) маҳфили тахассусии “Адабиётшиносӣ” ва б) маҳфилҳои инфиродии профессорони кафедра. Аз тариқи баргузории маҳфилҳои мазкур ҷалби донишҷӯёни марбути кафедра ба маҳфилҳои илмӣ ва олимпиадаҳо ба роҳ монда шудааст. Дар назди кафедра ҳамеша ду маҳфили инфиродӣ ва як маҳфили донишгоҳӣ мунтазам амал мекунад: “Адабиётшиносӣ”, “Таҳлили каломи манзум” ва “Кадикология”. Доираи шогирдони маҳфилҳои мазкур маҳдуд набуда, инчунин, донишҷӯёни эҷодкорро аз факултаҳои дигар низ фаро мегирад.

Устодони варзидаи кафедра шогирдонро аз тариқи ҳамин маҳфилҳо ба кори илмӣ низ ҷалб менамоянд. Шогирдони факултет, ки дар ин маҳфилҳо маҳорату малакаи илмии худро сайқал медиҳанд, дар озмунҳои фаннӣ дар ҷумҳурӣ тайи чанд соли охир ҷойи аввалро ишғол менамоянд.

Донишҷӯёни марбути кафедра дар озмунҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ низ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Аз ҷумла, донишҷӯён Сайҷалолов Толиб, Ҳасанова Ниёзмоҳ, Собирова Зарина, Ғаффорзода Фахриддин (бо роҳнамоии профессор М. Нарзиқул), Миҷгонаи Насриддин (бо роҳнамоии проф. Б. Мақсудов) солҳои гуногун ғолибият ба даст овардаанд.

Маҳфили «Адабиётшиносӣ»-и назди кафедра дар як моҳ ду навбат баргузор мегардад: даҳаи аввал ва даҳаи охири моҳ. Дар маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯёни ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва мероси хаттӣ шунида мешаванд. Аъзои маҳфил дар баргузор кардани конфронсҳо фаъол ҳастанд. Мисоли инро метавон дар баргузории конфронси апрелӣ, ки моҳи апрели ҳар сол миёни донишҷӯёни факултет баргузор мегардад, ёдрас кард. Дар конфронс аъзоёни маҳфил бо масъулияти баланд дар мавзуъҳои мухталифи адабиётшиносӣ суханронӣ менамоянд.

Маҳфили “Адабиётшиносӣ” таърихи қадима дошта, солҳои зиёдест, ки дар кафедра гузаронида мешавад. Солҳои гуногун ба ин маҳфил устодони таҷрибадор ва ҷавони кафедра: д.и.ф., пофессор Султон Воҳидов, н.и.ф., дотсент Мирзо Солеҳов, н.и.ф., Гулрухсор Нозимова роҳбарӣ кардаанд.

Устодони кафедра профессорон Урватулло Тоиров, Бадриддин Мақсудов ва Муҳриддин Низомов маҳфилҳои инфиродии худро доранд.

Маҳфили илмии “Таҳлили каломи манзум” бо роҳбарии профессор У. Тоиров аз сентябри соли 2013, ҳар ҳафта, рӯзҳои ҷумъа, соати 1230 баргузор мегардад. Дар ин маҳфил асосан донишҷӯёни факултети филология, инчунин, алоқамандон аз факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупо, журналистика ва хоҳишмандони дигар иштирок мекунанд.

Профессор Б. Мақсудов аз соли таҳсили 2011-2012 сар карда маҳфили инфиродии “Равиши таҳқиқи адабӣ” ва аз соли 2018 маҳфили инфиродии “Нусхашиносӣ”-ро ба роҳ мондааст.

Донишҷӯён ба маҳфилҳои инфиродии устодон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Доираи маҳфили инфиродии профессор У. Тоиров густарда буда, ба ин маҳфил донишҷӯён аз ихтисосҳои дигар ва берун аз факултаю Донишгоҳ низ ҷалб шудаанд.