ЗАБОН – ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

375

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тули мавҷудияти худ неъматҳои моддии зиёдеро аз даст дод; шаҳрҳо, заминҳо, сарватҳои бешумори моддӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ганҷҳои беқиёси маънавӣ – китобу дастхатҳои нодир… Борҳо дучори ҳамлаи аҷнабиён ва газанди рӯзгору ҷабри фалак гардида, давраҳои «Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд»-ро аз сар гузаронд, вале чун самандар дар оташи худ эҳё гардид. Забони тоҷикӣ, забони «Саъдиву Ҳофиз, забони Рӯдакӣ…» дар убури тамоми мушкилиҳо бо миллат ҳамқадам буд. Тоҷики ранҷкашида давлату сарватҳояшро аз даст дод, вале ганҷи шоҳвор – забонашро ҳифз кард. Маҳз забони ноби тоҷикист, ки моро бо гузаштаи чандҳазорсолаамон васл месозад. Шарофати ҳамин забони ягона ва бузургии бемисоли он аст, ки мо имрӯз осори А. Рӯдакӣ, Ибни Сино, А. Фирдавсӣ, Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, А. Ҷомӣ, Мавлоно Ҷ. Румиро ва дигар бузургони илму адабамонро дар шакли аслашон мутолиа мекунему аз назокату фасоҳати воқеии он лаззати маънавӣ мегирем. Барҳақ, забони тоҷикии мо- шиносномаи миллати тоҷик аст. Ва бузургии миллат ҳам дар он инъикос мегардад, ки ба забон, фарҳанг, маданият ва фарзонафарзандони худ арҷ гузорад, зеро забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои давлату миллат, инъикоскунандаи ҳувият, фарҳанг ва маданияти ҷомеа маҳсуб мешавад.

Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият мақоми волое касб кард. Зеро ҳимояти он таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Ин абармарди дунёи сиёсат масъалаи забон ва фарҳангро як ҷузъи таркибии сиёсати худ қарор дода, пайваста барои тоза нигоҳ доштани ин сарвати бебаҳо ва татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, зимни гузоришҳои худ дар маҷлисҳои расмиву ғайрирасмӣ оид ба мақом ва масъалаи инкишофи он таваққуф менамояд. Чун вориси бонангу баномус оид ба рушди он пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шурӯъ мешавад. Маҳз бо ташаббуси Президент чанд сол аст, ки забони давлатии Тоҷикистон–забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад ва дар музокироти байнидавлатӣ истифода мешавад, ки ин боиси ифтихор ва сарафрозии ҳар як тоҷик мебошад. Ҳамин тариқ, обрӯ ва эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад. Суханони Президенти кишвар моро ба омӯзиши амиқ ва ҳифозати забони модариву миллӣ ҳидоят мекунад: «Мо ифтихор мекунем, ки донанда ва дорандаи яке аз забонҳои ширину зебои ҷаҳон, яъне забони тоҷикӣ ҳастем. Мо забони миллати худро эҳтиёт мекунем, доираи истифодаи онро инкишоф медиҳем».

Имрӯз, ки ҷаҳон дар ҳолати бархурд бо ихтилофҳо қарор дорад, ҳар як тоҷик, ҳар як вориси фархангу маданиятро зарур аст, ки дар ҳифозати ин рукни худшиносии миллӣ, ин ганҷи бебаҳо устувор ва дар ҷавшани хирад печида бошад. Гузаштагони мо, фарзонафарзандони бонангу номус ин хазинаи бебаҳоро то замони мо расониданд ва моро зарур аст, ки хар кадом, новобаста аз мавқеи ҷамъиятиву шаҳрвандиямон, ин рисолат, яъне ба ояндагон бегазанд расондани оташи ҳастӣ, появу ҳастии давлату миллат-забонро бошарафона ба анҷом расонем. Ва бигзор мисраъҳои зерини шеъри таърихӣ, сиёсӣ, ватандӯстона ва ҷасуронаи устоди сухан, зиндаёд Бозор Собир ҳамеша дар забонамон гирдгардон бошад:

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан…

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ!

ИМРӯЗ МО БО ИФТИХОР МЕГӮЕМ: САРОБОНИ БОЪТИМОД ДОРАД!

ҲАЙДАРОВА С. А., н.и.ф.