МЕҲРГОН — ҶАШНИ ОРИЁИТАБОРОН

1016

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии мардуми форсу тоҷик маҳсуб мешуд, дорои хусусиятҳои ҷолиб буд. Мардум ин ҷашнро хеле дӯст медошатанд ва ботантана таҷлил менамуданд. Аз ин ҷост, ки дар ашъори шоирон низ аз ин ҷашни мардумӣ хеле зиёд ёд шудааст. Чунончи, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашни Меҳргонро чунин тасвир додаст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону Хусравон омад.

Хаз ба ҷои мулҳаму харгоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғавон омад,

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон омад.

Манучеҳри Домғонй низ дар ашъори дилпазираш аз ин ҷашни бостонӣ ёд мекунад:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонги овои дарои корвон омад.,..

Маъсуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро фарруху дӯстдошта таъкид карда, ҳама рӯзи ин моҳро рӯзи меҳру меҳрубонӣ меномад. Ва мардумро барои дӯст доштану меҳрубонӣ намудан даъват менамояд:

Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр биафзой эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.

Дар асрҳои миёна то ба ибтидои саддаи XX ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои «Сайр» ва Иди тирамоҳӣ таҷлил мегашт. Устод Садриддин Айнӣ дар асари арзишманди хеш-«Ёддоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он маълумоти ҷолиб додааст.

Мувофиқи шаҳодати ӯ, сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳй оғоз шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори Ғиҷдувон баромада, ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо, чойхона, баъзеашон ошхонаи моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи давраҳо ғирғиракбозӣ. Дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигар қартабозӣ ва монанди инҳо сурат мегирифтанд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо месуруданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ шурӯъ мешудааст. Чунин ҷашнҳо ки як идомаи ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳаллаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то оғози садаи XX барпо мешудаанд.

Дар садаи XX оид ба Меҳргон қариб ягон шеъре эҷод нашуд. Шоирон бештар дар васфи тирамоҳ ва хусусиятҳои он шеър месуруданд. Тавсифи ин ҷашни кадим асосан дар ибтидои садаи XXI дар шеъри тоҷик тазоҳур намуд. Вале миқдори он нисбатан кам аст. Шоир Султонмуроди Одина дар пайравӣ ба Саъди Салмон шеъреро бо унвони «Меҳргон омад!» эҷод кардааст, ки дар он аз шукӯҳу шаҳомати ин ҷашни қадим, мероси аҷдоди гузашта будани он сухан рафта, мардумро дар ин моҳи муборак, моҳи ҷамъоварии ҳосили деҳқон ба меҳрубониву шеъру сурудхонӣ даъват менамояд:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,

Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

Зарфишонад дастранҷи марди заҳмат ин замон,

Зери пойи зарфишоно зарфишониҳо кунед.

Аз Фаридун монда мерос ин ҷалои Меҳргон,

Бо дирафши ковиёӣ омада то ин замон.

Иди нусрат, иди қудрат, иди покӣ бошад он,

Рамзи серию саодат ояд аз ӯ бар ҷаҳон

Дар шеъри Гулрухсор Меҳргон бо ҳама зебоиву нафосаташ ҷилвагар мешавад. Ӯ фасли таҷлили ҷашни Меҳргонро фасли зеботарин тасвир мекунад, ки нерӯи зинда кардани меҳрро дар қалби инсонҳо дорад. Фасле, ки табиат ҷомаи заррин ба бар мекунад, дарахтон қабои нав ба бар менамоянд. Ишқ ҳама ҷо танинандоз мешавад:

Фасли меҳри Меҳргон буд,

Меҳр дил буд, меҳр ҷон буд,

Ранги зарди тирамоҳӣ

Сурху сабзу арғавон буд.

Ишк, меҳроби таҷалло

Ишқ султони ҷаҳон буд.

Ишқ наврӯзии поиз,

Қалбҳо наврӯзгон буд.

Мо надонистем, ҳайҳот,

Ганҷ, ганҷи шойгон буд.

Дар сабӯи мастии мо,

Аз булӯри осмон буд!

Бояд таъкид кард, ки мутолиаи чунин шеърҳо дар хонанда ҳисси худшиносии миллӣ, хештаншиносии фардӣ муҳим аз ҳама, ҳисси меҳанпарсатиро бедор мекунанд, дар шинохти ҷашнҳои миллии аҷдодӣ нақши мунир мебозанд.

Комилҷон Латипов, устодони кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ