РИСОЛАИ ТОЗАИ ИЛМӢ ДАР БОРАИ ҶАШНИ САДА

372

Рисолаи нави илмӣ, ки «Сада дар Тоҷикистон» ном дорад ба қалами академик А.Раҳмонзода ва профессор Р.Раҳмонӣ тааллуқ дошта, зери назари президенти АМИТ профессор Қ.Хушвахтзода ба нашр расид. Рисола аз 172 саҳифа иборат буда бо гуфтаҳои зерини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад: «Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад».

Китоб аз сарсухан ва бахшҳои: “Эҳёи ҷашни Сада дар Тоҷикистон”, “Оид ба вожаи Сада ва ҷашнгирии он”, “Сада – ҷашни пешазориёӣ ва пайвастагии он бо оташ”, “Ялдо, шаби чилла ва ҷашни Сада”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, устураву ривоятҳо”, “Сада ва оташ дар оинҳои мардумӣ”, “Сада дар ашъори шоирон классик”, “Сада дар ашъори шоирони муосири тоҷик”, “Сада дар ашъори шоирони ҳамзабон”, “Хулоса” ва “Китобнома” иборат мебошадҶолиб аст, ки муаллифон таърихи пайдоиши ҷашни Садаро ба чархиши офтоб вобаста кардаанд. Ба гуфти онҳо устураҳо ва ривоятҳои солшуморӣ ё гоҳшумории ниёгони ориёҳо бо мурури замон сабабгори пайдоиши оинҳои ва ҷашнҳои Ялдо (шаби чилла), Сада, Ифандорҷашн (ҷашни модар), Наврӯз, Тиргон, Меҳргон шудаанд.

Нигорандагон воқеъбинона эҳёи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро ба ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвоми миллат пайванд медонанд. Дар ин бора бо далелҳо дар бахши «Эҳёи ҷашни Сада дар Тоҷикистон» сухан гуфтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «…зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Тибқи ишораи муаллифони рисола «дар воқеъ ин гуфтаи Пешвои миллат амалӣ гардид. Дар таърихи 6-уми декабри соли 2023, дар сесияи 18-ум Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касане, Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба феҳристи мероси ғайримодии башарият ворид карда шуд».

Олимон А.Раҳмонзода ва Р.Раҳмонӣ дар бахши “Оид ба вожаи Сада ва ҷашнгирии он” бо мисолҳо дар асоси луғатномаҳо ва сарчашмаҳои гузашта ба мисли “Авесто” забони санскрит ба таври қонеъкунанда бар пояи гуфтаи М.Байҳақӣ, А.Берунӣ, А.Дехудо, Ҳ.Тақизода, М.Баҳор, Ҷ.Дӯстхоҳ, А.Кристенсен, Ҳ.Разӣ ва дигарон ба собит расонидаанд, ки Сада аслан ҷашни чиллаи хуршед буда баъдан дар байни мардум устураҳо ва ривоятҳои зиёд ба вуҷуд омадааст. Муҳаққиқон дар бахши “Сада – ҷашни пешазориёӣ ва пайвастагии он бо оташ” аз иқтибосҳо оварда, бо такя ба гуфтаи устурашиносни машҳур Меҳрдоди Баҳор ба чунин натиҷа расидаанд:

“Мувофиқи гуфтаи М.Баҳор Сада ба рамзҳои оташ, хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот доштанро дар худ таҷҷалӣ менамояд ва он хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад. Ба ин ҷиҳат бо такя ба андешаҳои мантиқии М.Баҳор Сада ҷашнест, ки хуршед пас аз чил рӯзи зимистон ба таври пурра зоҳир мешавад. Маҳз аз ҳамин зоҳиршавии чилрӯза, тибқи оинҳои бостонӣ, ниёгони мо хушҳол мешуданд ва онро ҷашн мегирифтанд. Чунки пас аз зода шудан хуршед бештар зоҳир мешуду заминро гармтар мекарду одамон ба кишту кор, ба баҳор, ба Наврӯз надиктар мешуданд.”

Дар бахшҳои дигари рисола “Ялдо, шаби чилла ва ҷашни Сада”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, устураву ривоятҳо”, “Сада ва оташ дар оинҳои мардумӣ” ба таври муфассал хусусиятҳои назарраси ҷашни Садаро баён намуда, хонандаро бо далелҳои илмӣ роҳнамоӣ мекунанд, ки гузаштаи ҷашни Садаро хубтар ва беҳтар дарк намояд. Муаллифон барои таҳкими андешаҳои хеш аз мардумшиносону шарқшиносони кишварҳои гуногуни олам, ба гунаи И.В.Рак, Э.Б.Тайлор, С.А.Токарев, Э.Бертелс, С.Ҳидоят, М.Бойс, Иброҳим Шукрузода, Ж.Дюмезил, Х.Шарифзода, М.Ёҳақӣ, Анна Красноволска ва дигарон мисолҳо меоранд ва назари худро кӯшиш менамоянд, ки ба исбот расонанд.

Муҳаққиқон дар бахшҳои “Сада дар ашъори шоирон классик”, “Сада дар ашъори шоирони муосири тоҷик”, “Сада дар ашъори шоирони ҳамзабон” намунаҳо аз шеърҳое меоранд, ки ҳама ба Сада вобаста буда, шоирон нисбат ба ин ҷашн эҳсоси удро баён намудаанд.

Дар ҳашт банди хулосаи рисола натиҷаҳ ои илмии муаллифон баён шудааст: “Дар оянда хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ бештар талқин гарданд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ аст. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро, боз ҳам бештар, ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон раванд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҳои табиӣ гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкон ҳадя фиристанд. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани боғистону ҷӯйҳову дарахтон ва муҳити зист машғул шаванд, ҳавлиҳои худро тоза намоянд, ба таври рамзӣ гулхан афрӯхта, аз ҳамаи кудуратҳо, бадиҳо худро раҳо созанд ва ҷӯю заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонад. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд, аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Садаро оро диҳанд.

Хуб мешуд, ки дар ин суфра бобою бибӣ, падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, хурсандӣ ва базму бозию шӯхӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд. Умед аст, ки дар оянда дар гирди гулхани ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи хуршеди тобон таҳия мегарданд; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад; ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад».

Ба гуфти муаллифон китоб «Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи хуршеди оламтоб мераванд».

Хуб аст, ки баъди эҳёи ҷашнҳои бостони мо ҳар сол муҳаққиқон дар бораи онҳо мақолаҳо ва рисолаҳо навишата паҳлуҳои наву тозаи онҳоро маврди пажӯҳиш қарор медиҳанд.

Қарор Муҳаммадизода,дотсенти ДМТ