НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД, МУРДАНАШ ОСОН КУҶОСТ

131

Бешак, қадру манзалати ҳар нафаре баъд аз заволи умру марги ӯ боз бештар тобнок мегардад. Ба таври дигар, фанои шахс шинохти ҳарчи хубтари шахсияти ӯ дар роҳи хизмат ба халқу ватан мебошад ва аз чунин эътирофи судманд инсонҳое ба таври чашмрас баҳра мебардоранд, ки агар ҳаёту мамоти хешро дар роҳи илму таълим ва тарбияи насли ҷавон қурбон намуда бошанд. Дар ин ҳолат, ки ёдномаи олими донишманду пуркоре пеши рӯ меояд, барои ҳаводорону шогирдон танҳо зикри хотироти ширину ифтихорбарангез боқӣ мемонаду халос.

Ҳадаф аз руҷуи боло зикри фаъолияти илмиву таълимии доктори илми филология, профессори зиндаёди кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, устоди донишманду ҳақиқатбаён Ҳомид Маҷидов мебошад. Бегумон, ин ном барои ҳаводорони илми забоншиносии тоҷик ошно буда, маҳбубияти эшон аз меҳнатҳои зиёдашон дар ҷодаи омӯзиши масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ ва таълифоти арзишманди илмии он кас сарчашма мегирад. Доираи фаъолияти илмиву омӯзгории устоди шодравони мо ниҳоят фаррох аст. Мавсуф солҳои зиёд дар баробари омӯзгорӣ дар мактабҳои олии кишвар ба ҳалли мушкилоти фразеология ва лексикаи забони тоҷикӣ машғул шуда, ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шудаанд. Ҳамчунин ба масъалаҳои сарбастаи дастур ва савтиёти забони тоҷикӣ даст зада, дар равиши ҳаллу баррасии бисёре аз онҳо ақидаҳои ҷолиб изҳор кардаанд.

Дар масъалаҳои тарҳандозии низоми забони адабӣ, тасвири меъёрҳои истеъмолии он, мавзуъҳои нутқ, ҳусни баён, усули таълими забон дар мактабҳои олӣ ақидаву пешниҳодоти хосаи худро доштанд.

Устоди моро дар фазои илмии кишварамон ҳамчун асосгузори илми фразеологияи тоҷик мешиносанд, зеро ӯ дар атрофи масъалаҳои мубрами ин шохаи ҷавони илми забоншиносӣ пайваста таҳқиқот бурда, асару мақолаҳои зиёдеро таълиф намудаанд. Кӯшишҳои аввалини ӯро мо дар мақолаҳои солҳои 60-и ӯ зери унвони «Баъзе масъалаҳои фразеологияи забони ҳозираи тоҷик» (с.1966) ва «Аломатҳои фарқкунандаи воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ» (1967), ки баъдан ба рисолаи номзадии ӯ ҳамчун бандҳои ҷудогона ворид шудаанд, мушоҳида карда метавонем. Ҷустуҷӯҳои солҳои 70-и асри гузашта ба профессор Ҳ. Маҷидов имкон доданд, ки ба таҳқиқи бисёре аз масъалаҳои ин мушкилот бо диду назарияҳои нав муроҷиат намоянд. Натиҷаи чунин ҷустуҷӯҳои илмӣ, ки дар мақолаҳои «Ҷумлаҳои фразеологӣ» (1978), «Таркибҳои фразеологӣ» (1980), «Фарқи воҳидҳои фразеологӣ аз зарбулмасал ва мақолҳо» (1982), «Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб» (1982) сабт гардида буданд, баъдан ба китобу монографияҳои вай бо номи «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик» (1982) ва «Фразеологическая система современного таджикского литературного языка» (2006) ворид мегарданд.

Ҳарчанд профессор Ҳ.Маҷидов дар забоншиносии тоҷик беш аз ҳама бо мушкилоти фразеология машғул шуда бошанд ҳам, дар бахшҳои дигари он низ пажӯҳишҳои судмандро ба анҷом расонидаанд. Бахусус, ҷустуҷӯҳои мавсуф дар танзими илми луғатшиносии тоҷик, ба низом даровардани бахшҳои таркибӣ, муқаррар намудани анвои воҳидҳои он; ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами сарфу наҳв, савтиёт ва тарҳандозиву меъёрсозии низоми забони адабии муосир ҷолиби диққатанд.

Сарфи назар аз он ки ба масъалаҳои луғатшиносии тоҷик якчанд дастурҳои хурди таълимӣ ба чоп расида буданд, аввалин тадқиқоти ҳамаҷонибаро дар ин бобат устоди мо анҷом додаанд.

Дар як силсила мақолаҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар маҷаллаи «Мактаби советӣ» ба табъ расонидаанд, мавзуи баҳси луғатшиносӣ, моҳияти лингвистии воҳидҳои луғавии забони тоҷикӣ, хосиятҳои муҳимтарини калимаҳои забонамон ва масъалаҳои дигари ба онҳо алоқаманд таҳқиқ шудаанд. Баъдан ин ҳама мақолаҳо бо тасҳеҳу иловаҳо дар шакли китоби алоҳида бо номи «Забони адабии муосири тоҷик. Луғатшиносӣ» (2007) ба табъ расидаанд. Ин асарро метавон ҷамъбасти назарияҳои солҳои охири шохаи луғатшиносии тоҷик номид.

Қайду мулоҳизаҳои ҷудогонаи профессор Ҳ. Маҷидовро дар бобати масъалаҳои савтиёти тоҷикӣ низ дар асару мақолаҳои ба мушкилоти таъбирот ва луғот таълиф кардаашон пайдо кардан мумкин аст. Устоди зиндаёд дар чанд мақолаву гузоришҳои ҷудогона низ ба масъалаи савтиёти забони адабии тоҷикӣ бевосита таваққуф кардаанд. Ба ақидаи он кас, фонемаи ъ (сакта), ки зери таъсири овозҳои айн ва ҳамзаи арабӣ ба вуҷуд омадааст ва ӣ-и дарози классикӣ дар системаи овозии забони адабии имрӯзаамон низ вуҷуд доранд ва ба ин нисбат бояд онҳоро эътироф намуд, зеро инкори ин овозҳо дар забони тоҷикӣ ва адами истифода аз онҳо боиси пайдоиши нуқсонҳои фаровони нутқи хаттиву шифоҳии мо гаштаанд. Ин аст, ки маҳз ба тавассути пофишориҳои собитқадамонаи вай дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и қабули соли 2011 фонемаҳои ъ (сакта) ва ӣ-и дароз ҳамчун фонемаҳои мустақил ба алифбои забони тоҷикӣ ворид карда шуданд.

Аз таваҷчуҳи профессор Ҳ.Маҷидов масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик – тарҳандозии сиёсати давлатии мамлакат оид ба забон, меъёрсозӣ ва анвои меъёрҳои истеъмолии забони адабӣ, ҳусни баёни тоҷикӣ ва усулҳои ҳифзи каломи солим низ берун намондаанд. Дар силсилаи мақолаҳои «Оид ба баъзе майлонҳои номатлуб дар забони адабии муосири тоҷикӣ» (2003) , «Забони адабии тоҷик ва меъёрҳои луғавии он» (2005), «Эҳтироми забони давлатӣ арҷгузорӣ ба миллат аст» (2011), «Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ» (2012), «Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷик» (2013), «Системаи забони муосири тоҷикӣ: қонуниятҳои мавҷудият ва амалкард» (2012), «Забони адабии муосири тоҷик ва сатҳҳои он» (2013), «Қонуни мутобиқат ва усулҳои мутобиқгардонии иқтибосоти русӣ» (2014), «Истиқлол ва забони давлатӣ» (2014), «Масъалаҳои мубрами сотсиолингвистикаи тоҷик» (2015), ки ҳамовозии аҳли зиёро ба вуҷуд оварданд, масъалаҳои сохтмони забони адабии сирф тоҷикӣ, меъёрҳои устувори истеъмолии савтию аксентологӣ, сарфию калимасозӣ, луғавию маъноӣ, фразеологӣ ва наҳвии он; махсусиятҳои асосҳои ҳусни баёни тоҷикӣ, ҷалби таваҷҷуҳи аҳли зиё ба мавзуи тозагии забон ба миён гузошта шудаанд.

Самти дигари фаъолияти илмии устоди мо тарғиби дастовардҳои илмии бахши забоншиносӣ ва, аз ҷумла, дастовардҳои илмии худ дар шаклҳои ниҳоят содаву оммафаҳм аст. Бисёре аз масъалаҳои фразеология, луғат, этимология ва забоншиносии умумиро, ки амиқ фаҳмидани онҳо дониши муайяни муосирро талаб мекунад, ӯ бо ифодаҳои ниҳоят содаву фаҳмо пешниҳод намудаанд. Ба ҷумлаи нигоришоти илмиву оммавии дар мавзуъҳои забоншиносии тоҷик таълифнамудаи профессор Ҳ. Маҷидов мақолаҳои «Дурдонаҳои қиматбаҳо» (1961), «Ҳусни калом дар маънии он аст» (1991), «Тадбир кам, амал зарур» (1993), «Муъҷизаи забон» (1993), «Оё, мо забони адабии шифоҳӣ дорем» (2004), «Воқеият дар таъбирот» (1995), «Санъати нигориш ва интихоби калима» (2002), «Осори воқеияти қадимаи эронӣ дар фразеологияи муосири тоҷикӣ» (2002), «Саёҳати калимаҳо» (2003), «Бозгашти калимаҳои сайёҳ» (2000), «Забони модарӣ гули ҳамешабаҳор» (2008), «Номҳои ғалат бояд ислоҳ шаванд» (2013) ва ғайраҳо дохил мешаванд. Дар ин нигоштаҳо муаллиф диққати хонандаро, хосатан, хонандагони ҷавонро ба қонуниятҳои мавҷудият ва амалкарди калимаву маъноҳои сирф тоҷикӣ, рангубори нотакрори таъбироти забонамон, масъалаҳои тозагии забон, номгузорӣ, сабабҳои ба вуҷуд омадани номҳои ғалат, бузургдошти забони модарӣ, ақидаҳои барғалат нисбат ба сохтори грамматикии забонамон ҷалб намудаанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки хизматҳои устоди мо дар назди давлату ҳукумат ва илми забоншиносии тоҷик арзандаву беназиранд. Аз ин ҷост, ки заҳматҳои профессор Ҳ. Маҷидов аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Собиқадори меҳнат» (1988), нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) қадрдонӣ гардидаанд.

Мутаассифона, имрӯз устоди нуктадону хушсалиқа ва озодабаёну ҳақиқатпешаамон – профессор Ҳомид Маҷидов, дар миёни мо нестанд. Ҳарчанд миёни мо набошанд ҳам, вале ёду симои гиромӣ ва кулбори гаронбаҳои илмиашон ҳамеша бо мост. Аз он мефахрем, ки тарбиядидаи маҳз мактаби илмии устодему имрӯз аз он то ҷое намояндагӣ мекунем. Ба ҳайси шогирдони мактаби илмиву одамияти устод барояшон аз даргоҳи Худованд биҳишти ҷовидонӣ ва охирати ободро талаб дорем. Ба қавли шоир:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

Дӯстзода Ҳ.Ҷ., Музофиршоев М., Ҳасанов М.М., Аловиддинов Б.Д. – устодони кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи ДМТ