ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ

79

Инак, рӯзи ҷашни бузурги миллиамон – Истиқлолият фаро мерасад. Бешак, тамоми муваффақияту музаффариятҳо, пешрафту шукуфоиҳои кишвар ва беҳ гардидани вазъи зиндагии мардум ҳама аз истиқлолу озодист. Озодӣ яъне ҳамон истиқлолест, ки ҳамагон бо шодию сурур ба забон меорем. Агар таваҷҷуҳ шавад, ҳар фарди ватандӯст пешрафти кору фаъолияти хешро аз ин озодӣ медонад. Ва ин истиқлолу озодӣ болои мо масъулияти бузургеро мегузорад. Фақат як сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки солҳост, дар дилу дидаи мардум дурдонавор ҷо шудааст, пеши назар орем, кофист:

«Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст. Истиқлолият боз масъулияти бузургеро ба дӯши мо мегузорад: масъулият барои ҳифзи истиқлолияти хеш, барои ватандорӣ ва наслҳои оянда. Ба ибораи дигар, истиқлолият нангу номус ва ҳисси ватандориро тақозо мекунад».

Дар ҳақиқат масъулияте, ки Истиқлолият болои мо гузоштааст, барои расидан ба зиндагии осоиштаву босаодат ва ба наслҳои оянда бегазанд боқӣ гузоштани он аст. Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан, ҳар як шахси ҷомеаро зарур аст, ки вазифаи хешро софдилона ва аз сидқи дил иҷро намояд. Уҳдадориҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо барои ҳифзи Истиқлоли мамлакат мусоидат менамояд:

1. Ба ҳамагон шарт ва зарур аст, ки дастовардҳои давлатамонро дар ин 33 соли Истиқлолият ҳифз намоем ва нагузорем, то тангназаре ё бадандеше ҳарфи носазое гӯяд;

2. Дар роҳи ободию созандагии ватани азизамон бетараф набошем. Офарин, ба нафароне, ки барои ободии кишвар саъю талош меварзанд (роҳ, мактабу бунгоҳи тиббӣ месозанд, аз зери замин об мебароранд ё аз роҳи дур об мерасонанд, ба ятимону камбизоатон дасти ёрӣ дароз мекунанд ва ғ.);

3. Дар мактабу дабистонҳо муаллимону мураббиён бояд бо ҳисси баланди касбӣ ва аз сидқи дил дарс диҳанд, шавқу завқи шогирдонро ба илмомӯзӣ бедор намуда, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватандӯстиро дар дили онҳо ҷо кунанд;

4. Масъулияти фарзандон он аст, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсил намоянд;

5. Устодони донишгоҳу донишкадаҳо дар ҷодаи таълиму тарбия ва илм нисбат ба шогирдон бо шафқату меҳрубонӣ ва хеле ҷиддӣ муносибат дошта бошанд, зеро дар соҳибкасб гардидани шогирдон онҳо нақши калидиро мебозанд.

6. Донишҷӯён аз донишҷӯ гардидани худ бояд ифтихорманд ва дар навбати худ пайваста дар фикри дониш андӯхтан ва ба ояндаи дурахшон боварӣ дошта бошанд;

7. Муносибати кормандони тамоми идораву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ нисбат ба мардум бояд самимӣ сурат бигирад ва бо дилу нияти неку пок вазифаи худро иҷро намоянд, то нафаре нисбат ба давлат сухани сарде нагӯяд;

8. Тоҷирону соҳибкорон ҳангоми пешниҳод кардани молу маҳсулот ва колои хеш инсофро мадди назар гиранд ва бояд донанд, ки тоҷикон аз ибтидо боинсофтарин миллат дар байни дигар қавму миллатҳо буданд ва бо чунин хислаташон эътироф шудаанд;

9. Кишоварзону деҳқонон ва чорводорон тавре кору фаъолият намоянд, ки арзиши маҳсулоти ғизоӣ дар ин сарзамини биҳишосо то дараҷае боло наравад;

10. Ронандагон, махсусан ронандагони шаҳри Душанбе маърифати баланди ронандагӣ дошта бошанд ва фарҳанги волои тоҷиконаро зери по накунанд ва ғайраву ҳоказо.

Умуман, ҳар нафаре, ки дар Тоҷикистони азиз зиндагиву кору пайкор дорад, бояд Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллиро эҳтиром намояд ва барои расидан ба зиндагии боз ҳам шоистатар бо маърифати тоҷикона саъю талош варзад.

Дар охир мехоҳам, бо адиби хушсалиқаамон ҳамовоз шавам, ки навиштаҳояш хеле самимианд.

Хушо иқболу Истиқлоли тоҷик!

Хушо моҳу ҳумоюн соли тоҷик,

Хушо бахти ҳумоюнфоли тоҷик,

Зиҳӣ, эй мардуми хушбахту дилшод,

Хушо иқболу Истиқлоли тоҷик!

*****

Дуруд, эй ақл, хуш иқбол дорем,

Дуруд, эй ишқ, нақди ҳол дорем.

Мунаввар шуд ҷаҳони тори тоҷик,

Сано, эй бахт, Истиқлол дорем!

НАЗРУЛЛО КАРИМОВ – н.и.ф., дотсентикафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълимизабон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон