МУАССИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР РУШДИ ЗАБОНҲОИ МИНТАҚА

40

Забони адабии тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаву пурғановати забонҳои дунёст, ки бо ин забон дар тули беш аз сеҳазор сол осори фаровону гаронбаҳои илмиву адабӣ, бадеиву таърихӣ офарида шудааст, ки ин навиштаҷот дар хазинаи тамаддуни умумибашарӣ нақши муайян дорад. Аз нигоҳи мазмуну мундариҷа осори ба забони тоҷикӣ таълиф- ёфта хеле пурмазмун буда, аз ҷиҳати фарогири мавзуъ мухталифанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки воқеан, ҳоло забони адабии тоҷикӣ бемайлон аз ҳар нигоҳ рушд менамояд, ки онро метавон яке аз дастовардҳои бузург ва меваҳои ширини замони истиқлол арзёбӣ кард. Месазад бо ифтихор зикр намуд, ки барои тавсеаву омӯзиши мукаммали забони адабии тоҷикӣ, ки аз пурғановаттарини забонҳои дунё маҳсуб меёбад, ягон сади чинӣ аз сатҳи поён то мақомоти олӣ вуҷуд надорад. Зеро дар Конститутсияи мамлакатамон бо ҳарфҳои зарҳал мақоми забони тоҷикӣ дар моддаи 2 ба сифати забони давлатӣ навишта шудааст ва забони адабии тоҷикӣ дар ҳимояву паноҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Бояд гуфт, ки забони ноби тоҷикӣ чун аз замони ба пояи забони расмӣ-коргузорӣ расиданаш (аз асрҳои IX-X) то кунун баҳри пешбурди ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии мардуми гуногунзабону гуногунқабилаи минтақа хидмат менамояд. Дар замони муосир низ нақши забони тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ чашмгир аст. Зеро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои миллӣ падид омада, забони коргузории онҳо забони қавмҳое, ки номи ҷумҳуриҳо бо номи онҳо ёд мешавад, эътироф гардидаанд. Яъне дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ, дар Ҷумҳурии Қирғизистон забони қирғизӣ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон забони қазоқӣ ва дар Ҷумҳурии Туркманистон забони туркманӣ, дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон забони қарақалпоқӣ ва ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ расидаанд. Бояд эътироф кард, ки аз ин забонҳои номбурда бештарашон таърихи тӯлонӣ ва собиқаи таърихии забони давлатиро надоштанд. Бинобар он, дар шароити феълӣ соҳибони ин қабил забонҳо барои такмили соҳаи истилоҳот ва пурғановат гардонидани таркиби луғавии забони давлатиашон рӯ ба таркиби луғавии забони форсии тоҷикӣ меоранд. Воқеан, забони адабии тоҷикӣ дар гузашта дорои шукӯҳу манзалати хосса буда, ба сифати забони расмӣ дар марзи ниҳоят паҳно дар хидмати давлатдорону сиёсатмадорон, донишмандону фозилон қарор дошт.

Давлатдорону сиёсатмадорон, донишмандону фозилон низ баҳри рушду нумуи ин забони шевою зебо пайваста мекӯшиданд, таркиби луғавии онро такмилу сайқал мебахшиданд. Забони адабии тоҷикӣ аз ин ҷиҳат то солҳои 20-уми асри ХХ забони давлативу коргузории қаламрави Варазрӯди таърихӣ (Мовароуннаҳр ё Осиёи Марказӣ) маҳсуб меёфт ва вазифаи иҷтимоии он бештар ба назар мерасид. Дар замони собиқ шуравӣ то андозае манзалати забони тоҷикӣ ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам дар минтақа коҳиш ёфта, вале пас аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон манзалату шаҳомати он батадриҷ афзун мегардад. Афзун гардидани вазифаи иҷтимоии ин забони нобу пурғановатро мо дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз эҳсос ва дарк мекунем. Дар ин бобат Президенти маҳбуби кишварамон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз нигоштаҳои хеш чунин баёни андеша мекунанд: «Имрӯз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ равнақи тоза меёбад, робитаҳои мо бо ҳамзабонони худ васеътар ва амиқтар мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст.

Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарё Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд.Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таҳқиқи таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳар чи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст» [Э. Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.].

Бояд гуфт, ки аз замони қадим инҷониб таъсири забони тоҷикӣ ба забонҳои дигари дунё, аз ҷумла дар забонҳои минтақа баръало эҳсос мегардад, ки ин муассириро мо ҳам дар рушди сохти дастурӣ (грамматикӣ), луғавӣ ва савтии онҳо дида метавонем. Аз ҷумла, ба низоми дастури забонӣ истифодаи қолабҳои иборасозӣ (вилоята ҳокимаш ё раисаш – вилоятнинг ҳокими ё раиси, донишгоҳа ректораш – университетнинг ректори ва ғ.), мансуби ҳиссаҳои гуногуни нутқ дар шакли андаке тағйирёфта (ман-мен, ӯ-у), ифодаи объект (ариқ ба маънои ҷӯйбор), номгузории мавзеъҳои аҳолинишини Осиёи Марказӣ нақши забонҳои эронӣ, хосатан тоҷикӣ, суғдӣ, яғнобӣ, забонҳои бадахшонӣ дида мешаванд. Баъзе аз ин ифодаву тарзи баён ҳоло дар гӯйишҳои забони тоҷикӣ, ба хусус дар гӯйиши шимолӣ (донишгоҳа ректораш – ректори донишгоҳ, аҳмада куртеш – куртаи Аҳмад), дар гӯйиши ҷанубӣ (ариқ, ота, ата, ума (момо) ва амсоли инҳо чун унсури дастурии таърихӣ боқӣ мондаанд. Ин далолат бар он мекунад, ки гӯйишҳои ин ё он забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ нигаҳбони вижагиҳои таърихӣ буда, худи забони тоҷикӣ таърихи қадимаро соҳиб аст.

Бо назардошти ҳамин муассирӣ мо тасмим гирифтаем дар ин гузориш чанд омилеро номбар кунем, ки таъсири забони тоҷикӣ дар такомули таркиби луғавии забонҳои гурӯҳи туркӣ ва дигар гурӯҳи забонҳои минтақа мусоидат карда бошанд:

1.Вожаву вожагони зиёд чи дар гузаштаи дур ва чи дар айни ҳол ба забонҳои туркӣ аз забони форсии тоҷикӣ ворид гардидаанд, ки аслан арабиву тоҷикианд: хона (сартарошхона, китобхона, қассобхона, ошхона, расмхона, говхона, дарсхона (дар Қазоқистон), устохона ва ғ.), об (тагоб, пастоб, сайёҳоб, кашоб), мадраса (мударрис, дарсхона), нон ва навъҳои он (нонбой, нонхона, нонпаз, ширмол ва ғ.), дон (ғалладон, хумдон, нондон ва ғ.), наврӯз, мотам, мусибат, чил, ҳафта, навбаҳор, нурафшон ва ғ.;

2. Дар гузоштани мавзеъҳои ҷуғрофӣ аз таркиби луғавии забони тоҷикӣ, тавре гуфтем, дар айни ҳол хеле фаровон истифода менамоянд: Остона (пойтахти нави Қазоқистон), Чимкент (на Шимкент, ки ба забони қазоқӣ садо медиҳад), Ҳафтрӯд (ҳоло дар шакли Ҷетису ифода меёбад) (дар Қазоқистон), Арнасой, Ширинобод, Ширин, Ҷавзобод, Яккасарой, Чағониён, Боғиирам, Ниҳолзор, Гултеппа, Қизариқ, Навбаҳор, Дилварзинтеппа, Нилова, Ширдоғ, Шоҳҷаҳон, Конимех, Учтеппа, Ҳазорасп, Боғот, Сардоба, Тайлоқ, Нуробод, Хуҷаобод ва амсоли инҳо (дар Ӯзбекистон), Навкат, Киштут, Қадамҷой, Боткент (бояд Ботканд), Бишкек (аз Бешкант) (дар Қирғизистон), Ашқобод, Чорҷӯй, Марв (дар шакли Мари ифода меёбад) (дар Туркманистон) ва амсоли инҳо. Дар мисолҳои овардаамон Арнасой, Қизариқ, Учтеппа, Тайлоқ, Ширдоғ аз ҷиҳати шакл тағйир ёфта, аз нигоҳи решашиносӣ мансуби забони форсии тоҷикианд. Арнасой (маънояш мавзее, ки дар дараи хурд воқеъ аст. Арна ба маънои ҷойгоҳи танг, хурд, муқобили васеъ аст [ниг.: Этимологических словарь иранских языков, ч. 1. // Фарҳанги решашиносии забонҳои эронӣ]. Қизариқ (маънои диж ё қалъаи канори ҷуйборро дорад. Қиз ба маънои духтар набуда, шакли дигаршудаи диж ё диз аст. Ариқ калимаи қадимаи эронӣ ва аз решаи rautaha буда, аз ин вожа ҳоло рӯд боқӣ мондааст. Ба калимаи мазкур мувофиқи маълумоти муҳаққиқони таърихи забонҳои эронӣ Додихудоев Р.Х. ва Герценберг Г. аугменти а-, ки маънои муқобил, антонимро ифода мекард, илова карда шуда, шакли arek-арек//arik-арик//ariq-ариқ ба вуҷуд омадааст, ки маънои муқобили рӯд, яъне нисбат аз рӯд хурдтарро ифода кардан аст. Дар забони адабии тоҷикӣ онро ҷӯй, ҷӯйбор мегӯянд. Шакли арик ё ариқ дар гӯйишҳои ҷанубӣ то имрӯз истифода мешавад. Дар забони русӣ аз ин реша река боқӣ мондааст. Учтеппа (аз ҷузъҳои уч ва теппа шакл гирифта, зоҳиран онро ба мавҷудияти се теппа нисбат медиҳанд, ки чунин нест. Вожаи уч дар забонҳои туркӣ ифодагари шумораи се бошад, дар номгузории мавзеъҳо чун мансуби забонҳои шарқии эронӣ дониста шуда, маънои баландиро дорад, яъне теппа ё пуштаи баланд аст. Дар ҳамин қолаб Калтуч – мавзеи баландии кӯҳӣ, Артуч – деҳаи баланди ориёнишин ва амсоли инҳо). Тайлоқ (шакли дигаршудаи пайлох//поёнлох, яъне мавзеи поёнӣ нисбат ба Саразм аст. Агар Саразм сари замин, яъне оғозгоҳ бошад, Тайлоқ // Пайлохро поёнтар донистан мувофиқи муҳити ҷуғрофӣ дуруст аст. Ширдоғ номи мавзеъ аст ва аз ҷузъҳои шир мансуб ба забонҳои шарқии эронӣ буда, маънои кӯҳро дорад ва доғ шакли тағйирёфтаи лох, яъне замин аст ва ба маънои мавзеи замини кӯҳӣ далолат мекунад.

3. Шаклгирии номҳои ашхос бо ҷузъҳои гул, дил, меҳр, ноз, нигор, навоз ҳамчун вандҳои номсоз: Сафаргул, Гулнор; Дилноз, Дилбар, Дилрабо; Меҳроб, Меҳрангез, Меҳрубон; Нозгул, Нозук, Меҳрнигор, Дилнавоз, Дилнур, Шоҳнур, Зарнигор, Дилнигор…),

4. Истифодаи қолабҳои истилоҳсозии забони форсии тоҷикӣ дар истилоҳсозӣ ва истилоҳпазирии cоҳавӣ: сухангӯй, гӯянда-диктор, наттоқ (дар соҳаи садо ва симо); замин, офтоб, курраи замин (дар соҳаи ҷуғрофия), дунё, модар, дониш, хирад, донишманд (дар соҳаи шеъру шоирӣ), Худо, худованд, дин (дар соҳаи диншиносӣ), девон, девони вазирон (дар соҳаи идорӣ-маъмурӣ), дарахт, олу, ношпути, гелос ва ғ. (дар соҳаи боғдорӣ), меҳмон, меҳмонӣ, дастархон, ширинӣ, шинӣ (дар соҳаи рӯзгордорӣ), мева, сабзавот, полиз, пахта, тухмӣ, хишова, ҷӯякгирӣ, обёрӣ, ряд, пилла, пиллаварӣ… (дар соҳаи кишоварзӣ), тахта, девор, мех, лой, теша, табар, искана, арра, пойтеша, обтарозу, раҷа, чӯбкорӣ, кандакорӣ, болохона (дар соҳаи сохтмон), боҷхона, боҷӣ, гумрук (дар соҳаи иқтисодиёт), дафтар, ранг, варақ (дар соҳаи ифодаи ашёи хониш), чаканафурӯшӣ, яклухт- фурӯшӣ, бима, нимчак, якчак, саҳмгузор, сармоя, тахфиф (дар соҳаи бозаргонӣ), истифодаи ҷузъи шинос, ки баробари логоси юнонӣ аст, дар таркиби илмҳои гуногун: тилшинослик (забоншиносӣ), адабиётшинослик (адабиётшиносӣ), диншинослик (диншиносӣ), шарқшинослик (шарқ- шиносӣ) ва ғ.;

5. Мавҷуд будани як миқдор вожаҳои содаи рехта, ки дар ифодаи мафҳумҳои гуногун меоянд ва баъзан аз ҷониби мо ва дигарон шакли нодурусташ ифода меёбанд: Тошканд (Тошкент, Ташкент), Чимкент (Шимкент шакли талаффузи қазоқӣ аст), Сердор (Сардор номи раиси ҷумҳурии Туркманистон), кӯл//кул (Учкӯл, Кӯли шариф, Қулписта ва амсоли инҳо, ки калимаи кӯл ё кул на бар ифодаи мафуми обӣ, балки ифодагари пуштаро дорад) ва ғайра. Учкӯл – пуштаи баланд, Қулписта пуштаи пистаҳо, яъне пуштаи пистазор, Кӯл номи деҳа воқеъ дар Шаҳрисабз ба маънои дар пуштаи сабзазор воқеъ будани деҳаро ифода мекунанд.

6.Мавҷуд будани чандин вожаҳо дар таркиби луғавии забонҳои минтақа, ки таърихи қадима доранд ва то ҳол мансуби дигар забон дониста мешаванд: Мисол парк (маънояш боғ, фирдавс), киоск (ғурфаи рӯзнома- фурӯшӣ), вард (гул), қишлоқ (деҳа), дин (мазҳаб), казино (ҷойи тафреҳ ва истироҳат). Бояд гуфт, ки ин вожаҳо аслан, мансуби гурӯҳи забонҳои эронӣ буда, шаклҳои қадимаашон чунин аст: а) парк аз paradаizа (парадиз)-и суғдӣ ба маънои боғе, ки атрофаш диз ё диж дорад ё бо диз иҳота шудааст, далолат мекард. Аз ин калима минбаъд ду вожа–фирдавс (муарраби парадиз) ва парк (шакли юнонишуда), ки ҳар ду маънои боғро доранд, шакл мегирад. Ин вожа ба забони юнонӣ дар замони истило- гарии Александр ё Искандари Македонӣ дар шакли парк (park) ворид мегардад ва ба забони мо чун вожаи юнонӣ дар ҳамин шакл бо воситаи забони русӣ барои ифодаи боғ омадааст. Вожаи фирдавс, тавре гуфтем, шакли арабишудаи парадиз буда, ба таркиби луғавии забони форсии тоҷикӣ чун вожаи арабӣ ба маънои боғи биҳишт дар баъзе сарчашмаҳо арзёбӣ гардидаанд, ки хилофи ҳақиқат аст; б) вожаи vard (вард) – гул; шакли вардун дар забони арабӣ. Шакли қадимааш varda буда, дар натиҷаи ҳодисаи сафтӣ v дар аввали вожаҳо ба g, ҳамсадои думахраҷаи rd ба ҳамсадои l табдил ёфта, шакли гулро соҳиб мешавад; (виринҷа гурунҷ биринҷ, варка гург Виштосп Гуштосп)… в) қиш+лоқ (аслан аз кишт+лох, яъне замини кишт), дар шакли қишлоғ хеле маъмул аст; г) din (дин аз daina-и порсии бостон) адюн шакли ҷамъбандии арабӣ низ гирифтааст, яъне динҳо; ғ) kazn (казино) – русӣ, kanz (хазина), xazina (аз хазон), qazon (қазон) аслан ва таърихан форсии тоҷикӣ буда, ба забонҳои арабӣ, туркӣ (ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ) ва русӣ ин вожаҳо дар шакли тағйирёфта ё қадимаашон ворид гардида, дар шаклҳои махзан, хазон, қазон ва казино дар ин забонҳо ифода меёбанд. Вожаи киоск шакли дигари кохак, яъне хонаи хурд аст. Дар луғату фарҳангҳои тафсирӣ ва дузабонаву вожаҳои хориҷӣ вожаҳои зикргардидаро на мансуби забони форсии тоҷикӣ, балки мансуби забонҳои арабӣ, русӣ ва туркӣ-ӯзбекӣ мешу- моранд, ки ин хилофи воқеият аст.

Ҳамин тавр, ин навиштаҳо моро ба чунин андеша меорад, ки забони ноби тоҷикӣ барои пурғановат гардидани таркиби луғавии худ баробари аз забонҳои дигар вом гирифтан, инчунин худ низ дар тули таърих ва ҳоло низ барои такмили забонҳои минтақа вожаҳои зиёдро чун вомвожа додааст ва медиҳад. Дар шароити феълӣ ин муассири тарафайни забонҳои минта- қаро хуб пазируфтан мумкин аст. Халалрасонӣ ба омилҳои густариши муассирӣ ва равобити забонҳои минтақа, ба хусус ба забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадима ва нерӯманд мебошад, бар зарари баъзе забонҳои камиқтидору камнуфузи минтақа хоҳад буд.

Д. Ҳомидзода,профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ