НОМИ МОҲҲОИ СОЛШУМОРИИ ФОРСӢ- ТОҶИКӢ

35

1. ФАРВАРДИН – 21 март- 21 апрел

2. УРДИБИҲИШТ – 22 апрел – 21 май

3. ХУРДОД – 22 май – 21 июн

4. ТИР – 22 июн – 21 июл

5. МУРДОД – 22 июл – 21 август

6. ШАҲРИВАР – 22 август – 21 сентябр

7. МЕҲР – 22 сентябр – 21 октябр

8. ОБОН – 22 октябр – 20 ноябр

9. ОЗАР – 21 ноябр – 20 декабр.

10. ДАЙ – 21 декабр – 20 январ

11. БАҲМАН – 21 январ – 20 феврал

12. ИСФАНД – 21 феврал – 20 март

Солшумории хуршедӣ ё форсӣ- тоҷикӣ аз рӯйи даври гардиши офтоб буда, дар даврони давлати Мод (ҳазораи пеш аз мелод, пойтахташ шаҳри Ҳамадони Эрон буд) оғоз шуда, дар даврони Ҳахоманишиён такмил ёфтааст. Сари соли он 1-уми фарвардин буда, мутобиқи солшумории мелодӣ ба 20-21 март баробар меояд, ки онро Ҷашни Наврӯз меноманд. Дар бораи ҷашни Наврӯз дар сангнавиштаҳои кӯҳи Бесутун дар пойтахти Ҳахоманишиён, воқеъ дар наздикии шаҳри Шероз нақшҳо дар кӯҳи сангӣ аз таҷлили ин ҷашн мавҷуд аст. Ин нақшҳо дар санг 2550 сол пеш дар давраи Ҳахоманишиён нигошта шудааст.

Ин солшуморӣ ҳар 300- 400 сол такмил меёфт. Дар давраи Сосониён онро Яздигурди Шаҳриёр такмил дод ва ин гоҳнома ё тақвим бо номи солшумории Яздигурдӣ низ ёд шудааст. Солшумории форсии тоҷикӣ дар соли 1079 аз ҷониби риёзидони беҳамтои форс-тоҷик, мунаҷҷими бузург Умари Хайёми Нишопурӣ такмил ёфт, ки дақиқтар аз тақвими мелодӣ аст. Мувофиқи ҳисоби мунаҷҷимон бо тақвими имрӯзаи мелодӣ дар 3300 сол 1 шабонарӯз хато мешавад, аммо аз рӯйи тақвими Умари Хайём дар 5000 сол 1 шабонарӯз хато мешавад. Тақвими Умари Хайём аз тақвими мелодӣ 11 сония фарқият дорад. Умари Хайём дақиқтарин тақвимро барои инсоният пешниҳод кардааст, ки боиси ифтихори мо форсҳою тоҷикон аст. Маънии номи моҳҳо аз рӯйи ” Наврӯзнома”-и Умари Хайём чунин аст: фарвардин – моҳе, ки рустаниҳо аз замин мерӯянд, урдибиҳишт – монанди биҳишт, хурдодмоҳ – моҳе, ки мардумро хӯрданиҳо диҳад, тирмоҳ – моҳе, ки тири офтоб аз ғояти баландӣ фуруд омадан гирад, аввали тобистон, мурдодмоҳ – яъне, хок доди худ бидод, дар он меваҳои пухта ба камол бирасанд, шаҳривармоҳ – дахли подшоҳон дар ин моҳ бувад, боҷу хироҷ, меҳрмоҳ – меҳрубонӣ бувад мардумонро, аз он чӣ расидааст ғалла ва мева ба якдигар бидиҳанд, обонмеҳр – яъне обҳо дар ин моҳ зиёд шавад, об гиранд аз барои кишт, озармоҳ – оташ, яъне ҳаво сард шавад ва ба оташ эҳтиёҷ бувад, даймоҳ – дев, яъне замин аз хуррамӣ дур бувад, аввали зимистон, баҳманмоҳ – сард ва хушк, исфандмоҳ – яъне меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гиранд.

Дар солшумории бостонии мо ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ҷашнҳои асосӣ ҳастанд.

Солшумории форсӣ- тоҷикӣ дар Эрон бо ҳамин номи моҳҳо корбурд мешавад. Имрӯз 25 марти соли 2025 мелодӣ баробар бо 3 фарвардини соли 1404 солшумории хуршедӣ аст. Мувофиқи ҳисоби модҳо 3025 (ин ҳам ба ҳақиқат наздик аст, чунки мувофиқи гуфтаи муаррихон қабилаҳои ориёӣ дар ҳазораи якуми пеш аз мелод аз Хуросон ба самти фалоти Эрон кӯч бастанд) ва бо ҳисоби Ҳахоманишӣ 3 фарвардини соли 2584 аст. Сабаби дар Эрон ва Афғонистон соли 1404 будани солшуморӣ дар он аст, ки баъди қабули дини ислом солшумориро аз соли 622 мелодӣ, аз соли шуруъ шудани солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз нав оғоз карданд.

Ҳамчунин сано ба фарзонамарди тоҷик, намоди сулҳ дар дунё, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли нави мо – ҷашни Наврӯзро ҷаҳонӣ карданд. Забони форсӣ-тоҷикӣ ҳастии миллати мо ва Наврӯз шаҳодатнома, шиноснома, ҳуҷҷат, сармояи миллати тоҷик аст. Наврӯз бо анъана ва расму оинҳои зиёдаш бузургтарин дастоварди эронитаборон аст, ки ҳикматҳои фаровон дорад ва фоидаи он барои инсон беинтиҳост. Соли нави воқеӣ на шаби 31 декабр ба 1 январ, балки Наврӯз аст.

Наврӯз ҷашни астрономиест, ки дар ин вақт офтоб аз нимкураи шимолӣ ба нимкураи ҷанубӣ мегузарад. Соли нави мелодӣ асоси динӣ дорад, вале Наврӯз асоси динӣ надорад ва сирф кашфиёти илми астрономия аст. Наврӯз ҷашни беҳамто аст, ки онро тоҷикон падид овардаанд ва он ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Мебояд дар тақвимҳои имрӯза дар баробари моҳҳо ва рӯзҳои соли мелодӣ номи моҳҳо ва рӯзҳои солшумории тоҷикӣ низ дарҷ ёбад, то ки мардум ба асли худ ошно шаванд.

Ин маълумоти кӯтоҳро барои онҳое, ки аз таърихи гоҳнома ё тақвимҳои ниёгони мо огоҳ нестанд, пешниҳод намудем. Маълумоти бештарро аз “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва асарҳои дигар метавонед пайдо намоед.

Дар аксҳо маълумот дар бораи моҳҳои форсӣ- тоҷикӣ аз ” Наврӯзнома”-и Умари Хайём бо хатти форсӣ пешниҳод мешавад. Аксҳо аз китоби Саид Ҳалимов ” Алифбо ва имлои осори ниёгон” , Душанбе, 2003., саҳифаҳои 80- 82.

Акси мард бо хони Наврӯзӣ аз сангнигоштаҳои кӯҳи Бесутун аз даврони Ҳахоманишиён аз 2550 соли пеш. Акси Умари Хайём, акси муаллифи китоби “Алифбо ва имлои осори ниёгон Саид Ҳалимов

Сафаргул Ҳалимиён, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология