АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД АЙНӢ: ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ ПАЙКАРАИ МУТАФАККИР

19

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти шахсияти барҷаста ва поягузори адабиёти муосири тоҷик — устод Айнӣ дар оромгоҳи устод Садриддин Айнӣ маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар рафти гулгузорӣ ташрифи намояндагони муассисаҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар – устодону донишмандон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рӯдакии АМИТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ тавъам афтод.

Ҳозирин бо эҳтироми бузург ва шукргузорӣ аз мероси гаронбаҳои устод Айнӣ, гирди муҷассамаи устод ҷамъ омада, гулчанбару гулдастаҳо гузоштанд.

Устодону намояндагони ниҳодҳои илмию адабӣ дар суханронии худ аз ҷойгоҳи таърихии устод Айнӣ дар бедории миллӣ, рушду таҳкими забон ва ташаккули худшиносии миллӣ ёдовар шуданд.

Бахши шеърхонӣ яке аз ҷиҳатҳои пурмазмуну рӯҳбахши чорабинӣ буд. Шеърҳо аз ашъори худи устод Айнӣ ва ашъори бахшидашуда ба эшон қироат гардиданд, ки фазои маънавиро ғанитар сохтанд. Донишҷӯён ва адибони ҷавон бо эҳсоси гарми муҳаббат ба мероси адабӣ шеърҳо қироат намуда, симои равшани устод Айниро дар зеҳни ҳозирин зинда сохтанд.

Ин маросим на танҳо ба ёдбуди як шахсияти таърихӣ бахшида шуда буд, балки ҳамчун ҷашни арҷгузорӣ ба фарҳангу маърифат ва хештаншиносии миллӣ маҳсуб меёфт. Чунин иқдомҳо боиси тақвияти робитаи наслҳо ва ҳифзи мероси бузурги фарҳангии миллати тоҷик мегарданд.

Лозим ба таъкид аст, ки устод Садриддин Айнӣ аввалин академики тоҷик ва муассису раҳбари нахустини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, бо осори пурарзишаш ба рушди илму адаби тоҷик замина гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. фаъолона иштирок намуданд.