Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

Кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамсоли Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, баробари ба фаъолият оғоз кардани он, дар соли 1948 таъсис ёфтааст. Кафедра аз аввали таъсис то кунун, бо таваҷҷуҳ ба васеъ шудани доираи фаъолият, густариши донишҳои филологӣ, пайдо шудани имкониятҳои моддию техникӣ, ниёзи ҷомеа ва омилҳои дигар, дар қолаби забон ва адабёти тоҷик (солҳои 1948-1953), адабиёти тоҷик (1953-1962), адабиёти классикии тоҷик (аз соли 1962), таърихи адабиёти тоҷик (дар замони Истиқлол) тағйири ном кардааст. Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик донишманди машҳури тоҷик, академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Ин шахсияти илмии беназир, ки ба муаррифӣ ниёз надорад, дар ташаккули кафедра ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи адабиётшиносӣ саҳми шоистаи худро гузоштааст. Дар замони роҳбарии академик А. Мирзоев таълими забон ва адабиёти тоҷик дар як кафедра ба роҳ монда шуда буд. Шуруъ аз соли 1953 кафедра ба ду тақсим мешавад: 1) кафедраи забони тоҷикӣ ва 2) кафедраи адабиёти тоҷик. Ба кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф. (баъдҳо д.и.ф., профессор) Д. Тоҷиев ва ба кафедраи адабиёти тоҷик н.и.ф. С.Ш. Табаров мудир мешаванд. Ҳамин тавр, аз соли 1953 вазифаи мудирии кафедраи адабиёти тоҷик ба уҳдаи шогирди академик А. Мирзоев, адабиётшинос ва мунаққиди машҳур, узви вобастаи АФ Тоҷикистон С. Ш. Табаров вогузор мегардад. Соли 1962 кафедраи адабиёти тоҷик ба ду кафедра тақсим мешавад: 1) кафедраи адабиёти классикии тоҷик ва 2) кафедраи адабиёти советии тоҷик. Ба кафедраи адабиёти классикии тоҷик профессор Ш. Ҳусейнзода ва ба кафедраи адабиёти советии тоҷик дотсент С. Ш. Табаров мудир таъйин мешаванд.

Аз соли 1962 то соли 1985 профессор Ш. Ҳусейнзода ба кафедра роҳбарӣ карда, дар ташаккули пояи илмию фаннии кафедра, омода кардани мутахассисони адабпажӯҳ, омӯзгорони шоиста ва барои ҳамчун яке аз асоситарин марказҳои донишгоҳии илми филология ва таҳқиқи адабиётшиносию нақди адабӣ эътибор пайдо кардани кафедра нақши муҳимму мондагор гузоштааст. Яке аз фазилатҳои неки профессор Ш. Ҳусейнзода дар таҳқиқи адабпажӯҳӣ дар якҷоягӣ фаро гирифтани таҳқиқи адабиёти классикию муосир, ҷараёнҳои адабии асримиёнагию равандҳои адабии муосир ва нақди назарию амалӣ мебошад, ки ин равиши мутолиа ва таҳқиқро имрӯз низ аксарияти устодони кафедра идома дода истодаанд.

Аз соли 1985 то соли 1993 адабиётшинос ва мунаққиди машҳури тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода вазифаи мудирии кафедраи адабиёти классикиро ба уҳда дошт. Дар муддати мусофирати ӯ ба Афғонистон як сол Турсунбой Неъматзода ва як сол Худоӣ Шарифов иҷрокунандаи вазифаи мудириро ба уҳда доштанд ва соли 1993 як сол ҳамин вазифаро Саъдоншо Имронов ба ҷой овард. Аз соли 1994 то соли 2009 профессор Худоӣ Шарифов мудири кафедра буд ва маҳз дар замони роҳбарии ӯ кафедра, бо тақозои ниёзҳои замони Истиқлол, таърихи адабиёти тоҷик номида шуд. Аз соли 2009 то 2016 вазифаи мудири кафедра бар уҳдаи н.и.ф., дотсент М. Солеҳов вогузор шуда буд. Аз марти 2016 то кунун ба сифати мудири кафедра д.и.ф., профессор М. Нарзиқул фаъолият дорад.

Ҳамаи мудирони кафедра, баъд аз профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, шогирдон-дастпарварони кафедра буда, таҳти роҳбарии Шарифҷон Ҳусейнзода ва Худоӣ Шарифзода рисолаҳои номзадию доктории худро дифоъ кардаанд. Дар навбати худ, ҳар кадом мудири кафедра дар тарбияи мутахассисони соҳаи филология ва омода кардани номзад ва докторҳои илм аз рӯйи тахассуси адабиётшиносӣ саҳми шоистаи худро гузошта ва гузошта истодаанд.

ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Аз оғози таъсис вазифаи кафедра таълими таърихи адабиёт, назария ва нақди адабӣ аз замони қадим то оғози садаи бистуми мелодӣ буда, ин замони тӯлонии сайри таърихи адабиёт ба се марҳала тақсим мешавад: 1) адабиёти қадим, 2) адабиёти асрҳои миёна. Адабиёти асрҳои миёна низ дар ду қисм таълим дода мешавад: адабиёти асрҳои IX-ХV ва адабиёти асри ХVI оғози асри ХХ ва 3) адабиёти давраи нав. Аз оғози таъсиси кафедра назмшиносӣ ҳамчун фанни ёвари таърихи адабиёт таълим дода мешавад. Асоси фанни назмшиносиро илмҳои арӯз, қофия, бадеъ ва анвои шеър ташкил медиҳанд. Тадриҷан таълими фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, мактабҳо ва сабкҳои адабӣ ва таҳлили мутуни адабиёти классикӣ, инчунин, фанҳои усули таълими адабиёт ва адабиёти хориҷа (адабиёти араб, Туркия ва Ҳинду Покистон) ба ҷумлаи фунуни таълимии кафедра шомил шуданд.

Усули таълим. Дар тӯли мавҷудияти кафедра усул ва тарзҳои таълими фанҳои асосӣ такмил ёфтанд. Дар замони Шӯравӣ дар таълими таърихи адабиёт назари синфигароӣ ва мафкураи мувофиқи он имтиёз дошт. Ҳоло тамоюли асосии таълим ба озодии андеша ва баҳои воқеӣ ба ҳаводиси адабӣ нигаронида шудааст.

Барномаи таълими таърихи адабиёт дар давраҳои гуногун панҷ маротиба таҳриру такмил ёфта чоп шудааст. Дар солҳои охир барномаи таълим барои фанҳои сарчашмашиносӣ, балоғат ва суханварӣ, назмшиносӣ, сабкҳои адабӣ, матншиносӣ ва фанҳои таълимии ихтисоси мероси хаттӣ, ки дар назди кафедра амал мекунад, тартиб дода шуда, ба чоп расидаанд. Дар ин хусус дар қисми дуюми ҳамин рисола сухан меравад.

Дар замони Шӯравӣ дар кафедра китоби таълимӣ таълиф нашудааст. Барои таълими фанни таърихи адабиёт китоби “Таърихи адабиёти тоҷик”-и Холиқ Мирзозода ва силсилаи китобҳои таърихи адабиёти тоҷики аз ҷониби кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон таълиф шуда, пешниҳод карда мешуд. Агарчи ин китобҳо то ҳанӯз қимати илмии худро ҳифз кардаанд, таъсири рӯҳияи замон ва мафкураи ҳокими аҳди Шӯравӣ дар онҳо ошкор аст. Имрӯзҳо, дар шароити замони Истиқлол, чунин китобҳоро бо назари интиқодӣ мебояд мутолиа кард.

Роҳ барои навиштани китобҳои дарсӣ барои фанҳои таълимии кафедра дар замони Истиқлол боз шуд. Китобҳои таълимӣ барои фанҳои балоғат ва суханварӣ ва назмшиносӣ аз ҷониби устодони кафедра Шарифов Х. ва Тоиров У. навишта шуда, инчунин, доир ба таълими арӯз устодон М. Нарзиқул, У. Тоиров, М. Солеҳов ҳар кадом алоҳида китобҳои таълимӣ таълиф карданд. Барои фанни таҳлили матн Ш. Исрофилниё васоити таълим омода кард. Азбаски китоби дарсии таърихи адабиёт мавҷуд набуд, кафедра талхиси китоби Забеҳуллоҳ Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон»-ро бо хатти тоҷикӣ нашр кард. Ҷилди аввали китобро Шарифов Х. ва Абдусатторов А., ҷилди дуюмро Имронов С. ва Мақсудов Б., ҷилди сеюмро Шарифов Х. ва Абдусатторов А. ва ҷилди чаҳорумро Шарифов Х. ва Низомов М. ба чоп омода карданд. Барои нахустин бор дар замони Истиқлол китоби таълимӣ аз фанни таърихи адабиёти тоҷик таҳти унвони “Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри XIII” аз ҷониби профессорон Худоӣ Шарифзода ва Мисбоҳиддини Нарзиқул таълиф ва соли 2017 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо чоп шуд. Китоби “Вазни шеъри тоҷикӣ”-и профессор М. Нарзиқул аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҳамчун китоби дарсӣ барои тадриси фанни арӯз пешниҳод шудааст. Бо номгӯй ва нишондоди библиографии китобҳои мазкур дар зерфасли “Китобҳои дарсӣ”-и бахши “Рӯйхатти муҳимтарин осори чопӣ”, ки дар охири рисола меояд, шинос шудан мумкин аст. 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:

  • Ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи адабиёти тоҷик вобаста ба  давраҳо ва марҳалаҳои инкишофи адабӣ.
  • Адабиётшиносӣ ва марҳилаҳои рушд.
  • Масъалаҳои таъсири Арасту ба афкори назарӣ-адабии тоҷик.
  • Масъалаҳои пайдоиш, таҳаввул ва инкишофи методу ҷараёну мактабҳои адабӣ, сабкҳои адабӣ ва услубҳои эҷодӣ.
  • Таҳқиқи масъалаҳои таърих, назария ва нақди адабиёти қадим ва асрҳои миёна.
  • Таҳқиқу омӯзиши сарчашмаҳои илмӣ-адабӣ ва ривоҷи илми сарчашмашиносӣ.
  • Пажӯҳиши ҷудогонаи ҳаёту  эҷодиёти адибон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ.
  • Анвои адабӣ ва пайдоишу инкишофи онҳо.
  • Шинохти адабиёт ва масъалаҳои равобити адабӣ бо адабиёти дигар халқҳои ҷаҳон.
  • Таҳқиқи шеършиносӣ ва баҳси масъалаҳои адабӣ.
  • Масъалаҳои поэтикаи ашъори адибони асримиёнагӣ.
  • Пайдоиши қолабҳои шеър (вазну қофия) санъатҳои бадеъ ва инкишофи онҳо.
  • Ташаккули афкори адабии тоҷик дар асрҳои миёна.
  • Масъалаҳои назарии наср дар осори форсӣ-тоҷикӣ.
  • Сайри сужа, ривоят ва қиссаву достонҳо дар таърихи адабиёт.
  • Пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабиёт: адабиёти ҳамосӣ, адабиёти дидактикӣ, адабиёти ирфонӣ, адабиёти фалсафӣ, адабиёти инзивоӣ, адабиёти ҷавонмардӣ, адабиёти иҷтимоӣ ва ғ.
  • Сайри ҳамосаи миллии тоҷикон то “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ.
  • Тасаввуф: таъсири дину ойин, таълимоти фалсафию иҷтимоӣ ва таъсири он ба мазмуну шакли адабиёт.
  • Фароҳам намудани баҳсу ҷустуҷӯҳои илмӣ дар барқарор намудани  адабиёти асрҳои ХVI- ХIХ тоҷик.
  • Масъалаҳои адабиёти нимаи аввали асри ХIХ ва адабиёти маорифпарварӣ.
  • Омода намудани китобҳои дарсии аърихи адабиёти тоҷик барои макотиби олӣ.
  • Омода намудани китобҳои адабиёти тоҷик барои макотиби таҳсилоти умумӣ.

Фаъолияти таълимӣ:

Кафедра дар асоси базаи илмҳои адабиётшиносӣ фаъолияти таълимиро ба роҳ монда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи адабиётшиносӣ аз рӯйи ихтисоси – Адабиёти халқҳои мамолики хориҷӣ (Адабиёти тоҷик)” амал менамояд. Самти дигари фаъолияти таълимии кафедраро омода намудани мутахассисони нусхашинос дар бар мегирад, ки ба таъсиси ихтисоси “Мероси хаттӣ” дар факултет алоқаманд мебошад. 

Таъсиси ихтисоси “Мероси хаттӣ – 25050110” дар назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо мақсади омода кардани мутахассисони матншинос ҷиҳати омӯзиши нусхаҳои хаттӣ, таҳқиқ ва чопи дастхатҳои қадимаи аз ниёкон ба мерос монда роҳандозӣ шудааст, иқдоми нахустин оид ба омода кардани мутахассисони мазкур дар кишвари азизамон мебошад. Чунин иқдоми муҳим самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи махсуси Давлат ва Ҳукумат ба осори хаттии асримиёнагии миллати шарифи тоҷик ва сиёсати фарҳангпарваронаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдоми мазкур натиҷаҳои некро дар пай хоҳад дошт.

Устодони кафедраи таърихи адабиёти факултети филологияи ДМТ дар ҳафт ихтисоси амалкунандаи факултет: забон ва адабиёти тоҷик, забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора, фолклор, тарҷумаи бадеӣ, мероси хаттӣ ва нақди адабӣ дарс мегӯянд, ки яке аз онҳо – ихисоси мероси хаттӣ бевосита марбути кафедра аст.

Фанҳои умумии тахассусӣ

барои бакалаврҳо (шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона)):

  1. Таърихи адабиёти тоҷик
  2. Назмшиносии тоҷик
  3. Усули таълими адабиёт
  4. Сабкшиносӣ
  5. Балоғат ва суханварӣ
  6. Сарчашмашиносӣ
  7. Нома ва номанигорӣ
  8. Таърихи адабиёти Шарқ (Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Туркия)
  9. Таҳлили матни адабӣ

Фанҳои тахассусӣ барои ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик:

  1. Таърихи насри адабӣ.
  2. Поэтикаи каломи бадеъ.
  3. Матншиносии осори адабӣ.
  4. Равиши таҳқиқи адабӣ.
  5. Поэтикаи классикӣ.
  6. Шарҳнигории адабии форс-тоҷик.
  7. Таърихи илми бадеъ.
  8. Адабиёти арабизабони тоҷик.
  9. Таърихи ҳамосаи миллӣ.
  10. Адабиёти тамсилии форсу тоҷик.
  11. Адабиёти арабизабони тоҷик.
  12. Тафсир ва шарҳи адабӣ.
  13. Ҷустуҷӯи авзон дар адабиёти шифоҳӣ.
  14. Равобити адабиёти касбӣ бо фарҳанги мардумӣ.

Фанҳои тахассусии ихтисоси мероси хаттӣ:

  1. Шинохт ва тавсифи дастнависҳо(нусхашиносӣ ё кодикология)
  2. Таърихи тарҷума ва баргардони осор
  3. Тафсир ва шарҳнигорӣ
  4. Таърихи насри адабӣ
  5. Матншиносии осори асримиёнагӣ
  6. Феҳристнома ва таърихи он
  7. Осори чопи сангӣ

Магистратура (шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона) дар самти адабиётшиносӣ ва мероси хаттӣ:

  1. Назария ва таърихи афкори адабии форс-тоҷик.
  2. Методологияи тадқиқотии илмӣ.
  3. Таърихи назму насри форс-тоҷик.

Кори илмӣ як навъи пешрафти дониш ва маърифати устодон буда, ба сатҳи таълим таъсири бевосита дорад. Бино бар ин, натиҷаи кори илмии устодон дар дарсҳои умумии таърихи адабиёт ва дигар фанҳои марбут ба кафедра, инчунин, дар шакли курсу семинарҳои ихтисосӣ ба донишҷӯён расонда мешавад.

Устодони кафедра барои таъмин намудани ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва мероси хаттӣ бо барномаҳо, силлабусҳо, дастуру воситаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ҳамеша ҷаҳд мекунанд. Маводи таълимии аз ҷониби устодони кафедра таълиф шуда ҳамеша дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ мешаванд. Айни замон аз аксари фанҳои таълимии кафедра китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ, васоити таълим ва силлабусҳо омода шудаанд, аз ҷумла: китобҳои “Назмшиносӣ”, “Муқаддимаи шеършиносӣ (вазни шеър)”, “Таърихи адабиёти тоҷик”, “Балоғат ва суханварӣ”, “Нома ва номанигорӣ”, “Таҳлили матн” (Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ашъори Ҳофиз, “Гулистон”-и Саъдӣ). Китоби “Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар қаламрави забони форсӣ”-и Забеҳуллоҳи Сафо аз ҷониби устодони кафедра ба хатти кириллии тоҷикӣ баргардон ва дар се ҷилд чоп шудааст, ки ҳамчун маводи асосии таълим дар омӯзиши фанни таърихи адабиёт истифода мешавад.

Докторантура ва аспирантура:

Дар кафедра кор бо муҳақиқону унвонҷӯён аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти халқҳои мамолики хориҷӣ (адабиёти тоҷик) ба роҳ монда шудааст.

 Ҳамаи устодони кафедра ба истиснои профессорон Субҳон Амирқулов ва Султон Воҳидов, дар аҳди Шӯравӣ хатмкардагони факултети таъриху филология ва ё филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошанд. Онҳо таҳсили аспирантураро дар ҳамин кафедра гузашта, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми донишмандони бузурге чун профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода(зиёда аз 30 нафар аспиранту унвонҷӯй зери роҳнамоии ӯ  рисолаи номзадии худро ҳимоя кардаанд) ва Худоӣ Шарифзода (дар тарбияи илмии 44 нафар аспиранту докторанту унвонҷӯй саҳм гузоштааст, ки аксарияти онҳо дар баробари дифои рисолаҳои номзадӣ рисолаҳои докторӣ низ  ҳимоя кардаанд) назаррас аст, ки дар бунёди мактаби адабии кафедра нақши муассир гузоштаанд. Аз идомадиҳандагони ин мактаби адабӣ профессор Абдушукур Абдусатторов низ ба шумор меравад, ки беш аз понздаҳ нафар аспиранту унвонҷӯйро дар дифои рисолаҳои номзадию докторӣ роҳнамоӣ кардааст.

  1. Урватулло Тоиров – арӯзшинос; рисолаи номзадии худро соли 1990 дар мавзуи “Қасида дар адабиёти тоҷик (асрҳои IX-XI)” ва рисолаи докториашро соли 1996 дар мавзуи “Таҳаввул ва такомулоти арӯз дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ” дифоъ кардааст. Зери роҳбарии профессор Урватулло Тоиров се аспиранту унвонҷӯй рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд.
  2. Мирзо Солеҳов – адабиётшинос; рисолаи номзадии худро соли 1987 дар мавзуи “Таҳқиқи қиёсии “Калила ва Димна”-и Абулмаолии Насруллоҳ бо “Анвори Суҳайлӣ”-и Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ” ва рисолаи докториашро дар мавзуи “Саноии Ғазнавӣ ва марҳалаҳои асосии инкишофи назми тасаввуфии форсу тоҷик” соли 2020 ҳимоя кардааст. Зери роҳбарии профессор Мирзо Солеҳов ду муҳаққиқ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
  3. Бадриддин Мақсудов – адабиётшинос; моҳи феврали соли 1992 дар мавзуи “Хусусиятҳои асосии ғоявию бадеии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ” рисолаи номзадӣ (дипломи номзади илми филология, Серия КД, № 060040, Маскав, 15 майи 1992), ноябри 2007 дар мавзуи “Фахриддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” рисолаи докторӣ(дипломи доктори илми филология, Серия ДДН, № 008354, Маскав, 19 сентябри 2008),  дифоъ кардааст ва то имрӯз беш аз панҷ аспиранту унвонҷӯй зери роҳбарии ӯ корҳои илмиашонро дифоъ намудаанд.
  4. Мисбоҳиддини Нарзиқул – адабиётшинос ва мунаққид; рисолаи номзадии худро дар мавзуи  “Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV” (таҳти роҳбарии профессор Х. Шарифов) (дипломи номзади илми филология, серия КТ № 037065, Москва, 17 октябри 1997) ва рисолаи доктории хешро феврали 2010 дар мавзуи “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)” (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов) (дипломи доктори илми филология, серия ДДН № 015463, Москва, 15 сентябри 2010) дифоъ карда, худ низ дар дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории беш аз   ёздаҳ муҳаққиқ саҳм гузоштааст.
  5. Муҳриддин Низомӣ Зайниддин – адабиётшинос ва мунаққид; рисолаи номзадии хешро декабри соли 2002 дар мавзуи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ» (таҳти роҳбарии профессор Х. Шарифов, КТ № 099127) ва рисолаи докториро бо унвони ««Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва суннати силсилаи достонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикии асри XV» (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов, Серия ДОК № 000620) дар таърихи 08.02.2019 ҳимоя кардааст. Бо роҳбарии профессор Муҳриддин Низомӣ як нафар муҳаққиқ рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст.
  6. Абдулло Юлдошев– арабшинос; соли 1987 рисолаи номзадии хешро дар мавзуи “Таҳаввули лирикаи ишқии арабӣ (ғазал) (асри VI-миёнаи VII)” зери роҳбарии (дипломи номзади илми филология, серия ФА № 010627, Москва, 23 сентябри 1987) дар Институти Шарқшиносии АФ СССР, дар Москва дифоъ кардааст. Айни ҳол ба таълифи рисолаи докторӣ дар мавзуи “Таҳаввули сужа ва образҳои шоҳону паҳлавонони сосонӣ дар адабиёти-тоҷик” машғул аст.
  7. Фахриддин Ҳайдаров соли 2002 зери роҳбарии профессор Худоӣ Шарифзода рисолаи номзадии хешро дифоъ намуда, ҳоло фаъолияти илмиро дар бахши докторантураи ДМТ барои омода намудани рисолаи доктории худ дар мавзуи “Амир Муиззӣ ва муҳити адабии замони Салҷуқиён (нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII)” равона намудааст.
  8. Лола Ҳоҷибоева рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Хусусиятҳои бадеии рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр” ба анҷом расонидааст ва қарор аст то охири соли таҳсил онро дифоъ намояд.
  9. Гулрухсор Нозимова соли 2012 рисолаи номзадии хешро зери роҳбарии профессор Абдусатторов Абдушукур дар мавзуи «Пайдоиш ва рушди тамсил дар адабиёти асри X ва нимаи аввали асри XI» (дипломи номзади илми филология, серия ДКН № 182789, Москва, 15 апрели 2013)  ҳимоя карда, айни ҳол фаъолияти илмиро дар таҳия ва таълифи рисолаи докторӣ дар  мавзуи “Достонҳои тамсилӣ дар назми эпикӣ ва лиро-эпикии форс-тоҷик (нимаи дуюми асри XI оғози асри XIII)” ба роҳ мондааст. Курсҳои такмили ихтисосро дар ДМТ гузаштааст: 1. Гувоҳномаи донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, № 590, равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ, Душанбе, 13 феврали 2014. 2. Дипломи донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, № 5244, технологияи иттилоотӣ, Душанбе, 29 декабри 2016//  
  10. Аминӣ Алишер Файзуллоҳ – адабиётшинос; соли 2018 рисолаи номзадии хешро таҳти роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул дар мавзуи «Шеъри маснуъ ва оғози рушди он дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои XI-XII)» ҳимоя карда (дипломи номзади илми филология, серия КАН № 001251, Москва, 7-уми майи 2019), ҳоло дар таҳия ва таълифи рисолаи доктории хеш дар мавзуи «Адабиёти тоҷик дар Бухорои асри XV» машғул мебошад. Курсҳои такмили ихтисосро дар ДМТ гузаштааст: 1. Гувоҳномаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, № 472, низоми кредитӣ, Душанбе, 24 декабри 2013. 2. Гувоҳномаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, № 590, равияи ҷамъиятии бахши забономӯзӣ, Душанбе, 10 ноябри 2015. 3. Гувоҳномаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, № 590, равияи гуманитарӣ-филологӣ, Душанбе, 11 ноябри 2019.
  11. Наботӣ Рустам соли 2014 рисолаи номзадии худро бо роҳбарии проффессор Бадриддин Мақсудов дар мавзуи “Образи Кайхусрав дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ҳимоя карда (рисолаи номзадиаш 10-уми ноябри 2014 аз ҷонби КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия тасдиқ гардидааст), алъон фаъолияти илмии худро дар  таҳия ва талифи рисолаи докторӣ дар мавзуи “” идома дода истодааст.
  12. Ҳамза Собиров – адабиётшинос; соли 2019 рисолаи номзадии худро бо роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул дар мавзуи “Мақоми Абдулвосеи Ҷабалӣ дар адабиёти асри XII форсу тоҷик” ҳимоя карда (Рисолаи илмиаш дар таърихи 07-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст), ҳоло пажӯҳиши худро аз рӯйи мавзуи рисолаи докторӣ – “” идома дода истодааст. 
  13. Саврия Дурманова дар мавзуи “Маснавии “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ ва хусусиятҳои бадеию ғоявии он” таҳқиқот бурда истодааст.

Айни ҳол дар кафедра донишҷӯён ба сифати унвонҷӯ ва доктор PhD ба таҳқиқ ва навиштани рисолаҳои номзадию докторӣ машғул ҳастанд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ:

Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ҳамкориҳои судманди илмиро миёни макотиби олии Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Олмон ва ғ. ба роҳ мондааст.

Ҳайати кафедра:

Мудири кафедра

 hasti70@mail.ru

 (+ 992) 936 00 12 29

н.Сино, кӯчаи Қарабоев 150/14

Мисбоҳиддини Нарзиқул (Маҳмудзода)

д.и.ф.,  профессор

19-уми сентябри соли 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, таҳсилоти миёнаи мактабиро дар зодгоҳаш гирифтааст.  Номзади илмҳои филологӣ (1997), дотсент (2005), доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2010), мунаққид ва адабиётшинос, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) ва дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007).

Мисбоҳиддини Нарзиқул фаъолияти кориашро пас аз хатми аълои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар соли 1993  аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент ва профессор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ҳамин Донишгоҳ то кунун идома дода истодааст. Аз ноябри 2002 то октябри 2007 ба ҳайси ҷонишини декани факултет оид ба илм фаъолият  дошт ва айни замон низ (аз соли 2012) вазифаи мазкурро ба уҳда дорад. Ҳамчунин, сарварии Шурои олимони ҷавони факултети филологияро аз соли 1997 то 2007 ва Шурои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДМТ-ро аз соли 2000 то 2007 ба уҳда дошт.

Дар ин фосила ду маротиба ба ҶИЭ сафар карда, бори аввал ба муддати як моҳ ва дафъаи дуюм панҷ моҳ ба сифати бозомӯзи забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) дар донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Теҳрон ба таҳсил ва тадқиқ машғул ва аз 1-уми сентябри соли 2007 то феврали 2010 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ буд.

Мисбоҳиддини Нарзиқул моҳи июли 1997 дар мавзуи “Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV” (таҳти роҳбарии профессор Х. Шарифов) рисолаи номзадӣ (дипломи номзади илми филология, серия КТ № 037065, Москва, 17 октябри 1997), феврали 2010 дар мавзуи “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)” (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов) рисолаи докторӣ дифоъ карда, аттестати дотсентиро аз Вазорати маорифи Федератсияи Россия ва шаҳодатномаи профессориро бо қарори Раёсати КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 (№ 9) ба даст овардааст.

М. Назриқул соли 1993 факултети филологияи ДДТ (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аълочӣ (ЛВ № 444596), соли 1996 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти ҳамин донишгоҳро хатм карда, то имрӯз дар кафедра фаъолият дорад ва аз фанҳои таърихи адабиёти тоҷик, назмшиносӣ, сарчашмашиносӣ, сабкшиносӣ, таҳлили матни бадеӣ ва курсу семинарҳои ихтисос дарс медиҳад. Давраҳои фурсати мутолиотӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар китобхонаҳо ва баъзе марказҳои илмии шаҳрҳои Тошканд, Теҳрон, Москва ва донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ, Тарбиятмударрис ва Теҳрони ҶИЭ гузаронидааст.

    Дар соли 1997 барои хидматҳои шоиста дар рушди соҳаи маориф ва илм бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003 бо Ифтихорномаи Идораи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, соли 2007 бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2021 бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолияти ҷамъиятиву роҳбарӣ: Солҳои 2002-2007 ва 2012-2013 ҷонишини декан оид ба илм; солҳои 1997-2007 сарвари Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филология; солҳои 2000-2007 раиси Шӯрои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДМТ; солҳои 2013-2016 декани факултети филология; аз моҳи марти 2016 мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ.

Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (шаҳодатномаи № 389) ва аз соли 2013 узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи № 2023) аст.

Бо роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул 11 нафар аз тахассуси адабиётшиносӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Таълифоти илмию методии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул дар китобу монография ва мақолаҳои ҷудогона фароҳам омадааст, ки шумораи онҳо наздик ба 200 номгӯй буда, дар самтҳои гуногуни илми адабиётшиносӣ навишта шудаанд ва аз дастовардҳои муҳимми илми адабиётшиносӣ ба шумор меравад.

Инчунин, оид ба ӯ ниг. ба: Чароғи равшан, энсиклопедияи олимони зодаи диёри Панҷакенти бостонӣ. Мураттибон: Бахтиёр Қодиров, Исроил Исмоилов, Тоҳирхуҷа Хуҷазод, Худойқул Ҳамроқулов. – Душанбе, 2009. – 260 саҳ. – С. 161; Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин. Таҳиягарони китоб: Абдурауф Раззоқов, Иброҳим Ҷабборов, Парвина Усмонова. – Хуҷанд: Ношир, 2020. 528 саҳ. – С. 500-502. 

toirov@mail.ru

(+992) 905 55 99 00

кӯчаи Айнӣ 61а

Тоиров Урватулло

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

Санаи 10-уми майи соли 1942 дар деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1961 мактаб-интернат, соли 1966 факултети таъриху филология, соли 1971 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм кардааст. Соли 1991 аз ЭСТ ба ДДТ гузашта, дар вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ба кор шурӯъ кардааст.  Дар соли 1988 барои нашри ҳаштҷилдаи Энсиклопедияи Советии Тоҷик бо Грамотаи фахрии Шӯрои Олии ҶТ, соли 2002 барои хидматҳои шоиста дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” ва дар ҳамин сол барои хидматҳои шоиста дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо медали “Нишони фахрӣ” сазовор гардидааст.

Профессор У. Тоиров дар самти фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ аз ҷумлаи пурмаҳсултарин устодони кафедра маҳсуб мешавад. Вай муаллифи китобҳои “Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам” (1991),  “Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам” (1994), “Таҳқиқ ва таълими арӯз” (1995), “Фарҳанги истилоҳоти қофия” (1997),  “Офтобе дар миёни сояе (ду қисм) (1999), “Назмшиносӣ” (2004, бо ҳамроҳи Худоӣ Шарифов), “Каломи манзум” (2005, бо ҳаммуаллифӣ), “Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ” (2007), “Роҳе ба сӯйи ғафлат” (2007), “Мавлавии Рум хуб бидонад арӯз” (2007), “Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 10, 2010, ҳамроҳи М. Солеҳов),  “Баёзи таърихи адабиёти тоҷик”, ҷ.1. (2010, ҳамроҳи М. Солеҳов), “Баёзи адабиёти тоҷик” (2011, ҳамроҳи М. Солеҳов), “Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 7, 2013, ҳамроҳи Мӯсоев М.), “Рӯдакӣ-офаридгори назми оламгир” (2013, бо ҳаммуаллифӣ), “Меъёр ва андозаҳои шеър” (2013), “Рисолаҳои илмии Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2014), “Се рисолаи арӯз” (2014), “Таҳаввул ва такомули арӯз” (2015), “Китобҳои таълимии адабӣ”  (2016, бо ҳаммуаллифии дотсент М. Солеҳов), “Донишномаи илми бадеъ” (2021, дар ду ҷилд) ва беш аз 1000 мақоли илмӣ ва илмӣ-омавӣ мебошад.

Инчунин, дар таҳияи матн ҳам саҳми шоиста дошта, дар ин замина матни чанд асари гаронбаҳои адабиётшиносии асримиёнагии форс-тоҷик, аз қабили “Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1986, ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов), “ал-Муъҷам”-и Шамси Қайси Розӣ (1991), “Меъёр-ул-ашъор”-и Насируддини Тӯсӣ (1992), “Бадоеъ-ул-афкор”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (2007), “Рисолаи рубоӣ”-и Мулло Саъдуллоҳ (2007) ва ғайраро бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳ таҳияву нашр кардааст. Китоби “Фунун ва саноеи адабӣ”-и Ваҳидиёни Комёрро ба хатти кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп кардааст (1995). Дар баргардон, тасҳеҳ ва тавзеҳи тазкираҳои “Майхона”-и Абдуннабии Фахруззамонӣ (2019, дар ду ҷилд, ҳамроҳи А. Авғонов) ва “Маҷолис-ун-нафоис”-и Амир Алишер Навоӣ (2018, ҳамроҳи М. Низомов) саҳм гузоштааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1974-1975 мудири редаксияи санъат ва маданияти Энсиклопедияи Советии Тоҷик, солҳои 1976-1991 мудири редаксияи луғатнома, истилоҳот ва нашри луғатҳои дузабонаи Энсиклопедияи Советии Тоҷик, солҳои 1994-1996 мудири кафедраи фолклоршиносӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, солҳои 2002-2006 сардабири маҷаллаи “Маърифат”, солҳои 2006-2008 сармуҳаррири Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Муддати шаш сол аст, ки ба маҳфили илмии “Таҳлили каломи манзум” роҳбарӣ мекунад.

Таҳти роҳбарии профессор У. Тоиров се аспирант ва унвонҷӯ (Барот Латиф, Саидова Барно, Аюб Мансурӣ) рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Биобиблиографияи профессор Урватулло Тоиров соли 2013 ба муносибати 70-солагии зодрӯзи эшон чоп шудааст[1].

Профессор Урватулло Тоиров (Биобиблиография). Тартибдиҳандагон ва муаллифони сарсухан: Мирзо Солеҳов, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Саврия Дурманова. – Душанбе: Шумон, 2013. – 60 с.

solehov@mail.ru

(+992) 981 06 78 75

50-солагии Тоҷикистон, х.23, ут.19

н.Фирдавсӣ

Солеҳов Мирзо Одинаевич

д.и.ф.,  профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

15-уми марти соли 1950 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) таваллуд шуда, соли 1966 мактаб-интернат, соли 1973 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ), соли 1976 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик хатм кардааст. Муаллифи китобҳои “Шоири тавоно” (1990), “Рубоиёти Хоқонии Шарвонӣ” (1993), “Андеша ва маърифати адабӣ” (2001), “Арӯз ва омӯзиши он” (2005), “Саноии Ғазнавӣ”, “Рубоиёт” (2006, бо ҳаммуаллифии академик Имомзода М.С.), “Дар боғи рӯшноӣ” (2006, таҳияи сарсухан ва матни шарҳу тавзеҳоти Аҳмад Маҳдии Домғонӣ бар “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат ва шариъат-ул-тариқат”-и Ҳаким Саноии Ғазнавӣ), “Гулчини андарзҳои Мавлавӣ аз “Маснавии маънавӣ” (2008), “Адабиёти тоҷик барои синфи 10” (2008, бо ҳамроҳии проф. У. Тоиров ва Р. Шарифов), “Адабиёти тоҷик барои синфи 10. Баёз. (2010, бо ҳамроҳии проф. Тоиров ва Н. Маҳмадхоҷа)”, “Дар ҳарими сухансанҷӣ” (2011), “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ (2015, бо шарҳи вожаҳо ва таъбироту ифодаҳо, дар ҳамкорӣ бо Ф. Ҳайдаров), “Арӯз ва омӯзиши он” (2016) “Китобҳои таълимии адабӣ”  (2016, бо ҳаммуаллифии профессор Тоиров У.) ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-омавӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1980-1985 мудири Кабинети Ҷомӣ, солҳои 2009-2016 мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ.

Дар соли 2010 барои хидматҳои шоиста дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, соли 2014 барои корҳои пурсамар дар соҳаи илм ва маориф бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Бо роҳбарии М. Солеҳов ду нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Дар бораи савонеҳи зиндагӣ, чеҳраи инсонӣ, фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва феҳристи осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методии устод Мирзо Солеҳов китоби “Пайроҳаи камол” шоҳиди гӯё мебошад.

Maksudov-56@mail.ru

(+992) 919 13 98 19

н.Сино, кӯчаи Борбад, гузари 2, хонаи 4.

Бадриддин Мақсудов

д.и.ф., профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

31-майи соли 1956 дар ш. Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1973 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 1 зодгоҳашро хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шудааст. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, бевосита пас аз хатм, шурӯъ аз октябри соли 1978, дар кафедраи

таърихи адабиёти тоҷики ДДТ ба ҳайси лаборант ба фаъолият шурӯъ кардааст. Солҳои 1985-1989 мудири кабинети ба номи Ҷомии (ҳоло Ганҷинаи профессор Ш. Ҳусейнзода) буд. Аз соли 1989 бевосита ба фаъолияти педагогӣ шурӯъ кард. Б. Мақсудов моҳи феврали соли 1992 дар мавзуи “Хусусиятҳои асосии ғоявию бадеии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ” рисолаи номзадӣ, ноябри 2007 дар мавзуи “Фахриддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ карда, аттестати дотсентиро аз Вазорати маорифи Федератсияи Русия 29 марти 2000 (№ 238-д) ва шаҳодатномаи профессориро аз КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2019 (№ 5) ба даст овардааст.

Б. Мақсудов дар оғози даврони Истиқлол (солҳои 1991-1992) дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик кор карда, аз фанҳои “фолклори тоҷик” ва “методикаи таълими адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дарс медод. Аз соли 1993 ба кафедраи таърихи адабиёти тоҷик гузаронида шуд. Тайи солҳои зиёд аз фанни “таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои X-XV)” дар факултетҳои филология, забонҳои Шарқ (ҳоло факултети забонҳои Осиё ва Аврупо), журналистика ва дар факултети филология аз фанҳои навтаъсиси “балоғат ва суханварӣ” ва “таҳлили матни адабӣ” дарсҳои лексионию амалӣ мебурд. Инчунин, дар солҳои гуногуни замони Истиқлол аз мавзуъҳои “Мушкилоти шеъри Ҳофиз”, “Таҳлили ғоявию бадеии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ”, “Хусусиятҳои адабӣ-эстетикии ғазалиёти Ироқӣ”, “Усули таҳлили асари адабӣ” ва “Равишҳои таҳқиқи адабӣ” дарсҳои ихтисосӣ мегузашт.

Чунонки қаблан зикр гардида буд, шурӯъ аз соли 2014 дар назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ шуъбаи нав бо номи “Мероси хаттӣ” таъсис дода шуд. Мақсад аз ин ихтисос, ки таҳсилаш фақат рӯзона аст, он буд, ки акнун барои ҷумҳурии мо матншиносону нусхашиносони ҳирфаӣ лозиманд, то матнҳои осори гузаштагон ба дурустӣ шинохтаву ба хонандагони имрӯзӣ пешниҳод карда шаванд. Профессор Б. Мақсудов дар курсҳои якум ва дуюми ҳамин шуъба таълими фанни “кодикология”-ро бо номи “шинохт ва тавсифи дастнависҳо” шурӯъ кард ва то ба имрӯз идома медиҳад. Бинобар он ки кодикология барои ихтисоси мазкур аз ҷумлаи фанҳои асосии таълимӣ маҳсуб мешавад, дар се семестр ва дар ҳар семестр се кредитӣ дарс дода мешавад. Барномаи таълимии ин фанро низ устоди мазкур омода кардааст. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик барои таълими фанни кодикология аз ҷониби профессор Б. Мақсудов китоби дарсӣ ба чоп пешниҳод шавад. Мусаввадаи ин китоб ба сурати пешнавис омода шуда ва аз рӯйи ҳамин мусаввада ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Дар ҳамин шуъба таълими фанни “Матншиносии осори адабии асримиёнагӣ” низ бар уҳдаи устоди мазкур аст.

Профессор Б. Мақсудов панҷ нафар аспирант ва унвонҷӯён (2 нафар хориҷӣ ва 3 нафар дохилӣ)-ро ба сифати роҳбари илмӣ раҳнамоӣ намуд, ки ҳамаи онҳо соҳиби дараҷаи илмии номзади илми филология гардидаанд. Айни замон низ робарии илмии аспирантону унвонҷӯёнро ба уҳда дорад.

Ӯ  Аълочии маорифи Тоҷикистон  (1997), дорандаи Ордени Шараф – дараҷаи 2 (2013) буда, бо Ҷоизаи давлатии Камоли Хуҷандӣ  (2020) ва ифтихорномаҳои ДМТ сарфароз гардидааст.

nizomi73@mail.ru

(+992) 918 71 43 50

н.Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, 150/2, утоқи 12.

Низомӣ Муҳриддин Зайниддин

д.и.ф.,  профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

 ректори МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”

2-юми феврали соли 1973 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1990 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №11 ноҳияи Файзободро бо медали нуқра хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шудааст. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, бевосита пас аз хатм, аз сентябри соли 1995, дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ ба ҳайси ассистент ба фаъолият шуруъ кардааст. Рисолаи номзадиро декабри 2002 дар мавзуи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ» (таҳти роҳбарии профессор Х. Шарифов), рисолаи докториро бо унвони ««Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва суннати силсилаи достонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикии асри XV» (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов) дар таърихи 08.02.2019 ҳимоя кардааст.

Низомӣ М.З. аз ҷумлаи устодони фаъол, соҳибтаҷриба ва пуркор буда, дар бахши таҳқиқ низ дасти тавоно дорад. Вай муаллифи монографияҳои ««Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ва анъанаи достонсароӣ дар асри XV» (2014), «Хусусиятҳои ғоявию бадеии маснавии «Силсилат-уз-заҳаб»-и Ҷомӣ» (2016), «Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ» (2022), 10 барнома ва дастури таълимӣ, беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Китобҳои «Мурғи саҳар»-и Маликушшуаро Баҳор (2006, ҳамроҳи Х. Шарифзода), «Таърихи адабиёти Эрон (ҷилди чорум)» (2011, ҳамроҳи Х. Шарифов), «Девон»-и Камолуддин Баноӣ (2012, бо устод Х. Шарифзода), «Даромаде бар китобшиносии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ» (2016, бо Алии Илнет), «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ (2018, бо профессор У. Тоиров), «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Алишер Навоӣ (2018, 2021)-ро ба чоп омода кардааст.

Фаъолияти ҷамъиятиву роҳбарӣ: Солҳои 1998-2000 ҷонишини декани факултети филология оид ба тарбия; сентябри 2007 то майи 2012 ҷонишини декан оид ба илм; аз 2 май то 31 декабри 2012 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; январи 2013 то декабри соли 2015 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ.

Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 21-январи соли 2020 ба вазифаи ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» таъйин шудааст. Ҳамзамон дар кафедра ҳам фаъолият дорад.

Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2020), медали “Хизмати шоиста” (2021) ва Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (2021) сарфароз гардонида шудааст.

Бо роҳбарии М. Низомӣ як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ду докторант (Phd), ва чор унвонҷӯ рисолаи номзадӣ навишта истодаанд.

romish2004@inbox.ru

(+992) 93 991 49 49

н. И.Сомонӣ,к.М.Холов 4, ҳ.14

Юлдошев Абдулло Қурбонмамадович

 н.и.ф, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

20-уми октябри соли 1948 дар шаҳри  Оҳангарони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда, соли 1972 факултети шарқшиносии ДМТ-ро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АФ Тоҷикистон оғоз кардааст. Аз соли 2015, баъд аз нафақа баромадан аз сохтори Вазорати корҳои хориҷаи кишвар фаъолияташро ҳамчун омӯзгор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома медиҳад.

Муаллифи китобҳои “Рӯзгори Борбади ромишгар” (1987), “Санъо дар сарчашмаҳои забони арабӣ” (Санъо,1990), “Тамаддуни исломӣ: Тоҷикистон” (ба забони арабӣ) ва беш аз 50 мақолаи омавӣ ва илмӣ-омавӣ.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1970-1972 тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман; солҳои 1977-1981 тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ;  соли 1992 – 1994 мудири шуъбаи Осиё ва Африкаи Идораи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1994-1997 мудири Идораи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 1998-2004 мудири Идораи Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2004-2006 мушовири Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай, Пекин; аз 03.04.2006 то 20.06.2007 ҷонишини Вазири корҳои хориҷӣ; аз 20.06.2007 то 2010  ҷонишини якуми Вазири корҳои хориҷӣ; аз 10. 2010 то 11.2014 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ.

Юлдошев А.Қ. айни замон ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст.

fakhrizamon@mail.ru

(+992) 918 64 00 40

Ҳайдаров Фахриддин Наботович

н.и.ф., дотсент,

докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

10-уми марти соли 1968 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 1996 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000-ум шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро дар назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст.

Соли 2004 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника” ва соли 2012 барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф ва саҳми босазо дар таълим ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Муаллиф, мураттиб ва таҳиякунандаи китобҳои “Бадри Чочӣ. Гулчини девони ашъор” (2000), “Рӯзгор ва осори Бадри Чочӣ” (2002), “Дастури методӣ оид ба таълифи рисолаи дипломӣ аз фанни таърихи адабиёти тоҷик” (2010, ҳаммуаллиф), “Гулистон”-и Саъдӣ : бо шарҳи вожаҳо ва таъбироту ифодаҳо (2015, ҳаммуаллиф), “Равзанаи нигоҳ. Маҷмӯи мақолаҳо” (2015, ҳаммуаллиф) ва зиёда аз 50 мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои  2001-2004 мушовири ноиби аввали ректори ДДМТ, солҳои 2004-2006 мудири шуъбаи таълими бахши ғоибонаи ДДМТ, солҳои 2006-2008 мудири сектори тарбияи ДДМТ, солҳои 2008-2010 мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими ДМТ, солҳои 2010-2013 сардори Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими ДМТ, августи 2013-феврали 2016 декани факултети журналистикаи ДМТ.

tulip.m@gmail.com

(+992) 918 14 26 77

н.Сино, кӯчаи Нахимов 64/8, хонаи 100

Ҳоҷибоева Лола Тоҷибоевна

муаллими калони кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

5-уми майи соли 1972 дар ноҳияи Зафаробод таваллуд шуда, соли 1989 мактаби миёна, соли 1994 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Аввал дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил карда (1994-1995), сонӣ ба шуъбаи рӯзона интиқол шуда, соли 1997 курси пурраи аспирантураро дар назди кафедра ба итмом расонидааст. Октябри 2002-марти 2003 як фурсати мутолиотӣ ва пажӯҳишӣ дар кафедраи Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҳумболдти ш. Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон дошт. Дар ин муддат бо роҳнамоии илмии профессор Лутс Ржеҳак ба гирдоварии сарчашмаҳо ва пажӯҳиш дар мавзуи “Маснавии ҳамосии “Барзунома”-и Ато ибни Яъқуб” оғоз намуда буд.

Муаллиф як идда мақолаҳои илмӣ мебошад, ба мисли“Таъвили ашъори Рӯдакӣ дар гуфтори Абӯсаиди Абулхайр” (2012), “Тасвири ҷамол дар рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр” ва ғайра. Тасҳеҳ ва пешгуфтори китоби “Маҷмӯаи рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр” (2013) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ҳамчунин, тарҷумаи (аз форсӣ ба русӣ)-и китоби “Тӯморҳои наврӯзӣ”, таълифи Эраҷ Баширӣ (2004) ва баргардони се китоби Эраҷ Баширӣ: “Таъсири Миср дар тамаддуни Эрони бостон” (2007), “Мероси ишроқии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ” (2008), “Турк ва Тур дар Шоҳномаи  Фирдавсӣ” (2009)-ро аз алифбоӣ форсӣ ба алифбои кириллӣ анҷом додааст.

Муддате муҳарририи фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии “Андеша”-и Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати ҶИ Эрон дар Тоҷикистон (аз соли 2012)-ро ба уҳда дошт.

Gulrukhsor_78@list.ru

(+992) 907 57 77 11

н.Сино, к.Ҳисорӣ х. 28/1.

Нозимова Гулрухсор  Саидисломовна

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

12-уми сентябри 1978 дар ноҳияи Муъминобод, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1995 мактаби №30 ноҳияи мазкурро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2002 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дохил шуда, соли 2007 донишгоҳро бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Аз соли 2011 то соли 2012 дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ фаъолият намудааст.

Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгории худ  Г.С. Нозимова як монография ва зиёда аз 30 мақолаи илмию методӣ ва барномаву васоити таълимӣ таълиф намудааст. Самти дигари фаъолияти эҷодии ӯ бо шеъру шоирӣ пайванд буда, нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Тулӯи сабзи як орзу” соли 2012 аз ҷониби нашриёти “Адиб” ба табъ расидааст[1]. Маҷмӯаи дигараш таҳти унвони “Шаафи гул” дар дасти чоп аст, ки бештар шеърҳои даврони донишҷӯии муаллиф дар вай гирд оварда шудаанд.

 Гулрухсор Нозимова фаъолияти меҳнатии худро аз телевизион оғоз намуда, чор сол  ба ҳайси мухбири телевизион фаъолият карда, бо ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 2007 аъзои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.

alisher-tj@bk.ru

(+992) 907 70 60 21

н.Сино, кӯчаи Маяковский 70/2

ш. Ваҳдат, ҷ/д. Гулистон, д. Даҳана

Аминӣ Алишер Файзуллоҳ

н. и. ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

ноиби ректори МДТ “Донишкада давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”

26-уми ноябри соли 1987 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2004 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №109-ро хатм карда, ба шуъбаи рӯзонаи факултети улуми башарӣ, ихтисоси эҷоди адабии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ (Оли Сомон) дохил шуд. Соли 2006, бино бар қатъ шудани фаъолияти донишкадаи мазкур, ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интиқол гирифт. Аз 8-уми сентябри соли 2008 то 28-уми сентябри соли 2009 дар вазифаи муаллим-коромӯзи фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №1 шаҳри Ваҳдат кор кардааст. Солҳои 2006, 2007, 2008 ва 2009

дар Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ду маротиба сазовори ҷойи сеюм (2006, 2008) ва ду маротиба сазовори ҷойи аввал (2007, 2009) гардид.

Соли 2009 ДМТ-ро бо ихтисоси филолог, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик дохил шуд. Бештар аз як сол ба ҳайси раиси Шурои аспирантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хобгоҳи умумиҷумҳуриявии аспирантон фаъолият кардааст. Аз 4-уми феврали 2013 то 10-уми январи 2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи донишгоҳ фаъолият намуда, 10-уми январи соли 2019, тибқи озмун, ба вазифаи муаллими калон интихоб шудааст. Солҳои 2014-2016 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети филологияи ДМТ кор кардааст.

Аминӣ Алишер Файзуллоҳ бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (аз 30.19.2019 тањти № 10425) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 03.09.2021, № 17-У) сарафроз гардидааст.

Кори илмиро аз давраи донишҷӯӣ сар карда, ба сурати мақсаднок ҳангоми таҳсил дар аспирантура ҷустори илмиро пайгирӣ намуда, то кунун идома дода истодааст. Дар мавзуи Адабиёти тоҷик дар «Бухорои асри XV» ба навиштани рисолаи докторӣ маш-ул мебошад. Ҳоло фаъолияти илмӣ-пажӯҳиширо дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ки дар он ҷо аз 19.09.2020 ба сифати ноиби ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ фаъолият дорад, давом дода истодааст. Айни замон дар кафедра ҳамчун ҳамкор фаъолият дорад.

Муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ, 2 монография («Искусственная поэзия и начало ее развития в персидско-таджикской литературе (XI-XII вв.)». – Душанбе, 2020. –  218 с. ва «Шеъри маснуъ ва оғози рушди он дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои XI-XII)». – Душанбе, 2022. – 288 с.), 2 дастури таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ буда, матни дуҷилдаи тазкираи «Майхона»-и Мулло Абдуннабии Фахруззамониро ба хатти кириллии тоҷикӣ таҳия карда, соли 2019 чоп намудааст.

Аминӣ Алишер барномаҳои таълимии «Осори чопи сангӣ» ва «Таҳлили матн (матни мунтахаби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ)»-ро низ омода кардааст, ки ҳар ду фан ҳам баъди Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаҳои таълимии филологӣ ворид шудаанд. Барномаҳои мазкур бори аввал аз ҷониби ӯ таҳия шудаанд.

rustamnaboti@inbox.ru

(+992) 918 97 31 41

Наботӣ Рустам

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

21-уми майи соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ (2009) ва шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ (2013)-ро  хатм кардааст. Дар вазифаҳои сардори шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ (2014-2018), сардори раёсати илм ва навоварии ДМТ (2018-2021) кор карда ва аз 28-уми сентябри соли 2021 ба вазифаи раёсати илми донишгоҳи мазкур таъйин гардидаву то кунун ҳамин вазифаро бар уҳда дорад. Соли 2019 барои 2 сол ба вазифаи раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар кори банақшагирии “Нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ”-и панҷсола, нақша ва барномаҳои солонаи чорабиниҳои илмии донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Барои фаъолияти хуби корӣ ва дастовардҳои илмӣ бо Ифтихорномаи ДМТ (солҳои 2016, 2016, 2018, 2020), Диплом ва Ҷоизаи АМИ ҶТ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ (2014), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2018)  қадр гардидааст.

Дар айёми донишҷӯӣ гирандаи «Идрорпулии Президентӣ» ва идрорпулии раиси вилояти Хатлон (2008) буда, ҳамон давра бо Ифтихорномаи ДДК (солҳои 2005, 2006, 2008) қадрдонӣ шудааст. Соли 2019 бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Рустам Наботӣ фаъолияти илмию пажӯҳиширо ҳам давом дода истодааст. Монография ва мақолаҳояш чоп шудаанд.

(+992) 988 52 70 83

н.Варзоб, ҷ/д. Зидеҳ, д/Намозгоҳ  х. 77.

Собиров Ҳамза Юсуфович

н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

15-уми феврали соли 1983 дар деҳаи Намозгоҳи ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Якуми сентябри соли 1990 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба синфи якум рафта, дар мактаби номбурда то синфи 4-ум таҳсил намуда, барои идомаи таҳсил ба мактаби деҳаи Насруд рафта ва то синфи 9-ум дар ин деҳа таҳсил намудааст. Баъдан ба шаҳри Душанбе омада, синфҳои 10-11-ро дар Литсей-интернати президентӣ барои бачаҳои лаёқатманд мехонад. Соли 2000-ум ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз кардааст. Солҳои 2015-2019 унвонҷӯйи кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултаи филология ДМТ буд. Солҳои 2020-2021 дар кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси муаллими калон ва ҳамзамон дар вазифаи ҷонишини декан оид ба илми факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст. Аз 01-уми сентябри 2021 дар вазифаи ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ фаъолият намуда истодааст.

Кори илмиро дар давраи донишҷӯӣ сар карда, то кунун идома дода истодааст.  Муаллифи беш аз 10 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ ва сонӣ борҳо бо ифтихорномаҳои ДМТ қадрдонӣ шудааст. Бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарфароз гардидааст.

savriya.73@mail.ru

(+992) 985 19 19 02

н. Сино. маҳ. Зарафшон, м.5, ҳ.52.

Дурманова Саврия Раҳматуллоевна

ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик

26-уми октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1992 мактаби миёнаи рақами 26-ро бо медали нуқра, соли 2010 шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2013 ба ҳайси унвонҷӯйи кафедра қабул гардида, дар мавзуи “Маснавии “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ ва хусусиятҳои бадеию ғоявии он” таҳқиқот бурда истодааст.

Дурманова С.Р. муаллифи мақолаҳои илмӣ мебошад, ба мисли “Баррасии муқаддимаи маснавии “Хирадномаи Искандарӣ”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2017), “Анъана ва навоварӣ дар “Хирадномаи Искандарӣ”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2017), “Тасвири шаҳри ормонӣ дар “Искандарнома”-и Низомӣ ва “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ” (2018), “Муқоисаи сохтории “Искандарнома”-и Низомӣ ва “Хирадномаи Искандарӣ”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2018), “Мавзуъ ва хусусиятҳои бадеии муқаттаоти Саййидои Насафӣ” (2019), “Масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ дар хирадномаҳои донишмандони юнонӣ” (2021).