Исми академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Яке аз хидматҳои шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат эҳёи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори халқи куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замоне Б. Ғафуров ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллат рӯ овард, ки вазъи мафкуравии ҷомеа дар ҳоли мураккаб қарор дошт.
Ташаббуси ӯ боис шуд, ки раванди таназзули афкори таърихии ҷомеа ба охир расида, саҳифаҳои аз хотираи таърих фаромӯшгардида аз нав эҳё гардад. Мактаби ташкилкардаи Б. Ғафуров дар роҳи шинохти таърихи миллат боис гардид, ки минбаъд дар ин замина муаррихини зиёде ба саҳнаи илм ворид гарданд. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо талошу заҳмати ҷонфидоёнаи академик Б. Ғафуров ташаккул ва рушд кард. Ӯ«Таърихи мухтасари халқи тоҷик»–ро соли 1947 таълиф намуд. Дар тақризи он устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «ҳодисаи бузург» номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори худ зимни муаррифии китоби «Тоҷикон» онро «шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати сисолаи академик Бобоҷон Ғафуровро «хидмати рустамона» арзёбӣ карданд. Чунин арҷгузориҳо ба хидматҳои шоёни арбобони илму фарҳанг ҳикмати «Бузургонро бузургон зинда медоранд»–ро пеши назар меорад. Китоби «Тоҷикон» арзиши баланди илмӣ дошта, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ истифода намудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси китоб дар он ифода меёбад, ки муаллиф пурра принсипҳои илмӣ-таҳқиқотиро истифода намудааст.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар изҳор доштанд, ки «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Тавре ки маълум аст, китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷик дастрас гардид. Бо мақсади тадбиқи ҳадафи ин иқдом 7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар асоси он соли 2023 ба муносибати 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, беназир ва мондагор аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва ҳаҷми маблағи умумии он аз фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, ки 1 млн 480 000 сомониро ташкил медиҳад. Гап сари он аст, ки Пешвои миллат ин андоза маблағҳои калонро ба хотири босавод гардонидани миллат ва аз роҳи илму дониш расидан ба саодати зиндагӣ ҷудо мекунанд.
Чанд нуктаро бояд ба таври ҷудогона зикр намуд, ки аз муҳимият ва мубрамияти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» далолат мекунанд.
Дар асри технологияи иттилоотӣ, ки ба истилоҳ асри тамаддуни иттилоот низ ном мебаранд, муборизаҳои иттилоотӣ ченаки асосии мавқеи ҷомеаҳо гардидааст, мо ба таърих рӯ меорем, то дар муборизаҳои иттилоотӣ бо иттилооте иштирок намоем, ки ҳувияти моро муаррифӣ мекунад ва аз манфиатҳои милливу давлатии мо дифоъ менамояд. Яъне таърих низ иттилоот аст, маълумот аст, ба ин манзур, ки дар маҷмуъ, донишҳои таърихии мо дар набардҳои иттилоотӣ ҳамчун сипар хидмат намояд. Ҳамон гуна, ки устод Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Мо бояд таърихро ҳамчун сипар истифода барем».
Ҳоло мо дар шабу рӯзе роҷеъ ба озмуни мазкур андешаронӣ мекунем, ки озмун аз ҷониби доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад, вале, вақте ки озмун баргузор мегардад ва дар ниҳояти мақсад мебинем, ки як ҷавони тоҷик ё як узви ҷомеаи Тоҷикистон дигар дар ҷангҳои иттилоотӣ на ба иттилооти камарзиш, балки бо бурҳони қотеъ бо баҳрамандӣ аз китоби «Тоҷикон» баромад мекунад ва устуворона манфиатҳои давлату миллат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро бо нигоҳандохтан ба саргузаштҳои таърихии ниёгон дифоъ менамояд, ғайриихтиёр ба иродаи матин ва нигоҳи бикру дурандешонаи Пешвои миллат эҳтиромро қоил мешавем. Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» на танҳо гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои манфиатҷӯву тундхӯву иғвоангезу ҷудоиандоз пешгирӣ мекунад, балки онҳоро ба муборизаҳои беамон алайҳи чунин ҷараёнҳои радикалӣ водор месозад.
Ин озмун на фақат қишрҳои васеи ҷомеаро ба омӯзиши таърих тавассути китоби «Тоҷикон» ҷалб менамояд, гузашта аз ин, иштирокчиёни озмун ба сарчашмаҳои дигари таърихӣ, ки оид ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик маълумоти муфассал, мушаххас ва дақиқ медиҳанд, ошно мешаванд. Ба саҳифаҳои таърих ба воситаҳои гуногун роҳ меёбанд ва ҳақиқати таърихиро дар оинаи таърих мебинанд.
Китоби «Тоҷикон» сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳсуб ёфта, озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Вақте ифтихори миллӣ дар заминаи донишҳои амиқи илмӣ ташаккул меёбад ва мафкура дар доираи ормонҳои миллӣ шакл мегирад, пас, ваҳдати комил, истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ низ устувору пойбарҷо аст.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади дар дили донишҷӯён бедор кардани шуълаи майлу рағбат нисбат ба омӯзиши таърих баргузор мегардад. Ба ин муносибат раёсати ДМТ тасмим гирифтааст, ки аз имрӯз ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур омодагӣ гирад.
Дар воқеъ, омӯзиши таърих яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Таърих тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос қарор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат аст. Яке аз асарҳои нодири илмӣ, ки таърихи халқи тоҷикро ба таври хеле барҷаста инъикос менамояд, «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.
Насли имрӯзи меҳан дар рафти омӯзиши ин шоҳасар аз сарнавишти ниёгони хеш бо тамоми ҷанбаҳояш ошно мегардад. «Тоҷикон» инъикосгари муборизаҳои оштинопазири ниёгони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба муқобили аҷнабиён аст. Ҳамчунин, дар китоб ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат сабт гардидааст, ки барои насли имрӯз, махсусан, ҷавонон намунаи олии дарси ибрат мебошад.
Ҷавононро мебояд, ки ин китобро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватану миллат талош намоянд.
Қ. ХУШВАХТЗОДА,ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистондоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор