• Тоҷики
Домой Блог
Ин конференсия ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ (қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса), яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии форсӣ баргузор шуда, аҳаммияти ҷаҳонии мероси адабии ӯро боз ҳам бештар намоён сохт. Иштироки намояндагони кишварҳо, аз ҷумла олимон ва адибони Тоҷикистон нишон аз арҷгузории ҷаҳонӣ ба фарҳанги муштараки форсизабонон ва нақши...
Шахсиятҳои бароямон муътабар ва азизони ба дил қарин баракати умру љон ва зиндагии моанд. Онҳо то замоне ки чун сарчашмаи файзбори зиндагӣ дар байни мо ҳастанд, аз дидорашон шод мешавем, аз суҳбатҳояшон лаззат мебарем, аз насиҳату роҳнамоиҳояшон баҳравар ва бо мурури замон худ роҳнамою роҳбар мешавем, дар сояи давлату бузургӣ ва баракати онҳо чӣ будани мушкилоту...
Имсол аз қабул ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми...
Имрӯз (13.06.2025) таҷрибаомӯзии фолклории донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун оғоз гардид. Масъулини таҷрибаомӯзӣ устодони соҳибтаҷрибаи факултет - Боймурод Шарифзода, Ҳафиз Раҳмон ва Наврӯзи Қаландар мебошанд. Таҷрибаомӯзӣ дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори минтақа сурат гирифта,...
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ, ки аҳли илму адаб ва ҳофизшиносони шинохта аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ширкат доштанд. Дар қатори намояндагони Тоҷикистон...
Бо ифтихор иттилоъ дода мешавад, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ ба ҷашни 700-солагии зодрӯзи ориф ва шоири бузурги форс-тоҷик – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуда, аҳамияти хоссаи фарҳангиву маънавӣ дошт. Дар ин...
Дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ устодону Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла устодони факултети филологияи Донишгоҳ, профессорон Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Махсудов, Мирзо Солеҳов ва дотсент Ваҳҳобзода Рустам дар Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, иштирок менамоянд.
Чанде қабл Халмурадов Рустам Ибрагимович - ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардид. Ин иқдом дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар ва...
Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, маҳорати баланди суханварию сухандонӣ, завқи баланди китобхонӣ, захираи луғавӣ ва қобилияти эҷодии донишҷӯдухтарон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони «Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад...» озмуни ҷумҳуриявӣ...
Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол дар бахши аввал субҳгоҳон устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби...

Эълонҳо