(Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», 10-13.06.2024, шаҳри Душанбе)
Имрӯз беш аз 50% аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳадди ақал як моҳи солба норасоии об дучор мешаванд. 30 дарсади аҳолии ҷаҳон, тақрибан 2,1 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 60 дарсади аҳолии ҷаҳон, ё 4,5 миллиард нафар ба оби равон (тавассути қубур) ё канализатсия дастрасӣ надоранд. Агар тамоюли мазкур идома ёбад, пас то соли 2030 талабот ба об аз ҳаҷми мавҷуда 40% зиёд хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ дар Осиёи марказӣ ҷойи якум, дар фазои пасошуравӣ ҷойи дуюм ва дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Ҳаҷми умумии захираҳои обии Тоҷикистон – захираи об дар кӯлҳо 46 км3, захираи об дар пиряхҳо 460 км3, захираи оби зеризаминӣ 6,6 км3 ва маҷрои дарёҳои солона ба 56,8 км3/сол баробар мебошад. Ҳамзамон, кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҳаҷми 525-27 млрд. кВт. соат мебошад, ки истифодаи самараноки он баҳри эҳёи иқтисоди миллӣ ва ба содиркунандаи асосии неруи барқ табдил ёфтани ҷумҳурӣ муосидат менамояд. Аз ин рӯ, ҷойгоҳи об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад.
Имрӯз дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат дипломатияи об ба шиносномаи миллати тоҷик табдил ёфта, ҳалли мусолиматомези мушкилоти марбут ба идора ва истифодаи захираҳои обиро дар минтақа ва ҷаҳон пешниҳод мекунад.
Аҳамияти дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фарқ аз дигар кишварҳо бо ба эътибор гирифтани манфиатҳои тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ фарқ мекунад.
Аз ҷониби дигар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи обро дар арсаи ҷаҳонӣ барои муаррифии истифода менамояд. Ин махсусият роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба обро тавассути гуфтушунид пешниҳод намуда, инчунин, манфиатҳои давлати тоҷиконро дар ин соҳа ифода мекунад. Айни замон ташаббусҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пазириши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.
1) Соли байналмилалии оби тоза, 2003;
2) Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015;
3) Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013;
4) Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028;
5) Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025.
Муваффақияти Пешвои миллат аз ташаббусҳои марбут ба ҳалли масоили об дар он ифода меёбад, ки ҳамаи панҷ иқдоми кишвари мо якдилона пазируфта шуда, далели самаранокии дипломатияи тоҷик мебошад.
Халқи тоҷик бо пешбурди дипломатияиоб ҳамзамон арзишҳои таърихию фарҳангии худро нишон медиҳад, ки умдатарин принсипҳои он инсондӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад. Ин нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боло мебарад, ки кишварро ҳамчун шарики боэътимод ва масъул дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Ҳадафи асосии дипломатияи дохилии оби Тоҷикистон ба муносибати оқилона ба захираҳои обии башарият алоқаманд мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба масъалаи пурра таъмин намудани аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ ва навсозии инфрасохтори об таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар маҷмуъ, дар дастрасӣ ба оби тоза мушкилӣ надорад. Ҷиҳати расондани об ба навоҳии гуногуни кишвар мушкилоти техникӣ мавҷуданд.
Дастрасии боэътимод ба манбаъҳои бехатари оби тоза ва нӯшокӣ барои рушд ва шукуфоии ҳар як ҷомеа муҳим аст. Мушкили шадидтарин масъалаи нарасидани оби ошомиданист, ки масъалаи ҳаётро ифода менамояд. Барои ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, ба мо ҳамкории калонмиқёс ва ҳамаҷониба, инчунин, дастгирии мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст.
Захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муҳиманд. Ҳама бояд дарк кунанд, ки арзиши об аз арзиши нафту газ, ангишт ва дигар манбаъҳои сӯзишворӣ ва энергия барои ояндаи устувори кишвару минтақа камтар нест. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки захираҳои обро барои пешрафти иқтисодии кишвар истифода барад.
Дар Тоҷикистон, ки беш аз 95%-и неруи барқро неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунанд, байни обу энергия алоқаи бузурги мутақобила мавҷуд мебошад. Рушди кишоварзӣ низ асосан ба об асос ёфтааст, зеро зиёда аз 80% маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби кишоварзии обёришаванда истеҳсол мешавад.
Об ҳамчун захираи муҳимтарини рушди устувор дар бисёр ҳуҷҷатҳо ва стратегияҳои рушд дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ворид гардидааст. Ҷанбаи муҳимми ин талошҳо ворид намудани ҳадафҳо барои ҳалли ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои об ба Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ мегардад.
Об ҳаётро дастгирӣ мекунад, аммо бе сарчашмаҳои тоза ва бехатари оби ошомиданӣ дар бораи тамаддун сухан гуфтан ғайриимкон аст. Дастёбӣ ба Ҳадафи 6-и Рушди Устувор беҳбуди бесобиқа дар сифат ва дарозумрӣ дар кишварҳои фақиртарини ҷаҳонро ифода хоҳад намуд. Бо эълон кардани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон, ҳамаи мо масъулияти барномаҳои таълимӣ, рушди инфрасохтори заруриро қабул намуда, барои бомуваффақият ноил шудан ба Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор мусоидат хоҳем кард.
Дар маҷмуъ, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош дорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли масъалаҳои об дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷалб кунанд. Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии кишвар на танҳо ҳамчун роҳҳҳои рафъи мушкилоти глобалии сайёра, балки ҳамчун ифодаи махсусиятидипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.
Шоҳрух Ғаффорзода,доктори илмҳои филологӣ, профессор