Ба ҳамагон маълум аст, ки дар охири солҳои 80-уми асри гузашта мо сараввал истиқлоли забонамонро ба даст овардем. Ҳамчунин баъди ба даст овардани истиқлоли комил қомати хамгаштаи забонамон рост гардид ва аз ҳама гуна ҳуҷумҳои сиёсӣ ва фишору тангназариҳо дар амон монд. Ин ҷиҳати муҳимро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 дар суханронии худ дар таҷлили Рӯзи забон гуфта буд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Ҳоло ба чанд нуктаи муҳимме дар самти сиёсати забондӯстдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ хоҳем кард.
Якум, қобили қайд аст, ки тақдири забон аз мавқеъгирии чеҳраҳои сиёсӣ, бахусус агар онҳо роҳбари давлат бошанд, вобастагии хеле калон дорад. Дар ҷаҳони имрӯза кам касонеро чун саврвари давлат зикр намудан мумкин аст, ки ба масъалаи забон ва тақдири он таваҷҷуҳ зоҳир карда бошанд. Аз солҳои аввали ба сари давлат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳо нисбат ба забон афзун гардид ва забону миллат дар симои ин чеҳраи мондагор паноҳандаи худро ёфт.
Пеш аз ҳама аз диди Президент масъалаи забон на фақат падидаи фарҳангӣ, балки он масъалаи сиёсию давлатист. Бо чунин андешаҳои хирадмандона Сарвари давлат ҳанӯз соли 1995 «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 1995, таҳти №662 Қарор қабул намуд. Ин Комиссия ҷараёни иҷрои татбиқи Қонуни забонро дар тамоми вазорату корхонаҳо, муассисаву ташкилоти давлатӣ месанҷид ва натиҷаашро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекард. Қобили қайд аст, ки масъалаи ҷараёни татбиқи Қонуни забон дар тамоми муассисаҳои давлатӣ мавриди баррасиву арзёбӣ қарор гирифт ва оҳиста-оҳиста ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳоло ки коргузорӣ дар тамоми вазорату корхонаҳо пурра ба забони тоҷикӣ сурат гирифтаву забон мақому ҷойгохи муносибро касб намудааст, саравал бояд нақши Президенти мамлакатро мадди назар гирифт.
Дуюм, бояд зикр намуд, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумату давлат нисбат ба забон қарорҳои дахлдор қабул мегарданд ва риояи онҳо бечунучаро сурат мегиранд. Инчунин санаҳои таърихие, ки дар барои забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумат қабул шудаанд, боиси боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба забони тоҷикист. Чунончи, соли 2008 элон гардидани «Соли забони тоҷикӣ», мунтазам таҷлили «Рӯзи забон» дар рӯзи 5-уми октябр, қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз ҷумлаи онҳост.
Олимону муҳаққиқони тоҷик роҷеъ ба ғамхориҳои Сарвари давлат доир ба забону фарҳанг асару мақолаҳои арзишманде навиштаанд. Донишманди тоҷик, академик Муҳаммаҷон Шакурӣ дар яке аз китобҳои худ бо номи «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» дар ин хусус навиштаааст: «Ҷаноби Олӣ ба вежа дар бораи забони модарӣ ва азиздошти он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри дарозам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам…».
Баъдан, қобили зикр аст, ки дар ҳар як давру замон асарҳои илмии дорои аҳаммияти миллидошта ба миён меоянд, ки минбаъд боиси инкишофи ягон соҳаи илм мегарданд. Бо нашр гардидани асари арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат» (– Душанбе, 2016. 492с, Ҷ.1) ва «Забони миллат – ҳастии миллат» (– Душанбе, 2020. 432с, Ҷ.2) дар ду ҷилд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои норавшан ва ҷиҳатҳои баҳсноки таърихи забони тоҷикӣ бо далелҳои раднопазир исботи худро ёфт.
Дар ҳоле ки хатари ҷаҳонишавӣ ба забонҳои хурд таҳдид мекунад, чунин кори мондагор барои забони тоҷикӣ ва барои миллати тоҷик ниҳоят арзишманд ба ҳисоб меравад.
Инчунин Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардид. Вобаста ба ин Қарор нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ низ пешниҳод ва тасдиқ гардидааст. Муассисаҳои илмиву таълимии дахлдори кишвар низ нақшаи чорабиниҳо омода намуда, мувофиқи он кору фаъолият доранд.
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба бандҳои дахлдори ин Нақшаи чорабинӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Ба таври намуна метавон гуфт, ки доир ба банди 27 (Таҳқиқи муқоисавии лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ) ду рисолаи илмӣ, яке рисолаи номзадӣ (Таҳқиқи муқоисавии лексикаи гӯйиши Тахори Афғонистон бо ҷануби Тоҷикистон) ва дигаре рисолаи докторӣ (Гӯйишҳои тоҷикони ҳавзаи Сурхондарёи Ӯзбекистон ба таври муқоиса бо лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ) анҷом дода шуд. Доир ба банди 36 (Таҳия ва нашри китоби таълимии забони тоҷикӣ аз рӯйи ихтисос) бошад, бояд зикр кард, ки устодони ДМТ аввал китоби дарсӣ ва баъдан дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин шуда, китобҳои таълимии забони тоҷикиро аз рӯйи ихтисос барои тамоми равияҳо омода ва ба чоп расониданд. Доир ба банди 70 (Бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ бо забони давлатӣ таъмин намудани тоҷикони берун аз ҳудуди Тоҷикистон) бошад, устодони факултети филологияи ДМТ ба Донишгоҳи Самарқанд ва Бухоро дар 4-5 соли ахир китобҳои зиёди дарсӣ, илмӣ ва бадеӣ фиристодаанд.
Чунин пешравиҳо барои забон, пеш аз ҳама, дар фазои сулҳу субот ва оромии сартосарӣ ба даст меоянд ва ин ҳама аз ғамхориҳои Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.
Доир ба омӯзиши забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ бояд таълимро ҷиддитар ба роҳ монем. Аз мушоҳидаҳои 3-4 соли ахир бармеояд, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои русӣ, ки дар боғча ва дар мактаби миёна дар гурӯҳҳои русӣ таълим гирифтаанд, мазмуни дилхоҳ матни тахассусӣ ё бадеиро дарк карда наметавонанд. Дар ҳоле, ки онҳо то давраи хатми мактаб пурра забони давлатиро меомӯзанд ва имтиҳон месупоранд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи забон санаи 27.09.2022 доир ба поку бегазанд нигоҳ доштани забон ва ба таври ҷиддӣ омӯзондани забони тоҷикиро таъкид карданд:«Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем. Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем».
Дар замони басо тезутундшавии муносибатҳо ва бархӯрди тамаддунҳо давлатҳои абарқудрат дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон марказҳои омӯзишии забони худро кушодаанд ва ин амалро идома дода истодаанд. Айни замон мо чунин имконро, ки надорем, бояд ба таври ҷиддӣ талаботи Нақшаи чорабиниҳо доир ба забон (чи тавре дар боло зикр гардид)-ро ба ҷо орем ва таъкидҳои Пешвои миллатро ҳамеша мадди назар дошта бошем: «Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад».
Дар ҳақиқат ғамхориҳои ин чеҳраи мондагор барои боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доштани вазъи кунунӣ ва ояндаи дурахшони забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.
Назрулло Каримов – н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ