БУЗУРГДОШТИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

377

Имрӯз (28.09.2021) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, субҳи имрӯз бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи устод Сотим Улуғзода рафтанд. Баъд аз дуову фотеҳа устодони факултет Зайниддинзода М. ва Кӯчарзода А. дар робита ба фаъолияти эҷодӣ ва мавқеи устод С.Улғзода дар адабиёт суханронӣ намуданд.

Сипас меҳмонону устодони донишгоҳ ба Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ ва Ганҷинаи ба номи профессор Ш.Ҳусензода боздид намуданд.

Баъдан дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бахши аввали конференсияи байналмилалии илмию амалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Баъдан Саломиён М. Қ. – муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ А.Самадов ва Ато Мирхоҷа суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ «Пайвандҳои ҷуғрофиёву миллии осор ва андешаи Сотим Улуғзода», муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия Фарида Аҳмадӣ «Баррасии осори Сотим Улуғзода аз дидгоҳи инсоншиносӣ» ва профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ А.О.Худойдодов «Муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш» баррасӣ шуданд.

Дар охири ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ таҳия гардида буд, намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш дар ду бахш: бахши адабиётшиносӣ ва бахши забоншиносӣ давоми ду рӯз идома ёфта, дар он беш аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.