Ба наздикӣ дар факултети филологияи тоҷик маҳфили “Фарҳанги мардум”, ки раҳбари он профессор Равшан Раҳмонӣ аст, баргузор шуд. Дар маҳфил асосан донишҷӯёни курси аввал иштирок доштанд. Дар аввал устод дар бораи аҳамияти маҳфилҳо сухан гуфта, ҳозиринро бо гузаштаи маҳфилҳои фолклорӣ шинос намуданд. Баъд мувофиқи пешниҳоди донишҷӯён дар мавзӯи хоб ва хоббинӣ, ки дар солҳои охир ин гуна матнҳо диққати олимони фолклоршинос ва мардумшиносро ҷалб намудааст, баҳс сурат гирифт.
Дар баҳс аввал устод аз таърихи гузаштаи хоб ва хоббинӣ дар адабиёт ва байни мардум ёдовар шуданд. Сипас ишора бар он намуданд, ки хоб ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар “Шоҳнома”, “Маснавии маънавӣ” ва садҳо асрҳои адибони классик ва муосир мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар натиҷаи баҳсу мунозира донишҷӯён фаҳмиданд, ки матни “хоббинӣ” ро дар кишварҳои гуногуни олам гирд оварда таҳқиқ менамудаанд. Аз ҷумла мо фаҳмидем, ки яке аз олимони машҳури равоншинос Зигмунд Фрейд ҳангоми корҳои илмии худ аз хоббинии одамон истифоад намудааст.
Дар раванди маҳфил донишҷӯён Ҳусейнова Навбаҳор, Умари Нурулло, Нуров Разиаллоҳ, Самадов Шаҳром, Одилзода Саломат, Одинабекова Анора, Каримова Наргис, Нуралиев Мафтуна, Ҳомидзода Саламшо, Абдуллоева Омина фикри худро дар бораи хоб дар байни мардум баён намуданд. Ҳамчунин оид ба хоб ба устод саволҳо доданд ва устод ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд.
Дар охир ёдовар шуданро лозим медонам, ки маҳфил барои мо донишҷӯён хеле завқовар буд. Дар он ба таври озод андешаи худро баён намуда чизҳои нафаҳмидаи худро фаҳмидем. Маълум мешавад, ки аз тариқи маҳфилҳо донишҷӯён дониши иловагӣ мегирифтаанд.
Саломат Одилзода
Суратгир Анора Одинабекова
Донишҷӯёни курси аввали факултети филология