ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ОИНУ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ

22

Андешаҳо дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд»

Хусусиятҳои хоси дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёии мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Он аз қадимтарин  идҳои мардумони Ориёии  буда, умри дарози беш шашҳазорсола дорад. Яке аз суннатҳои деринаи Наврӯз бахшидани гуноҳҳо ва оштӣ бо якдигар, инчунин, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву меҳрубонӣ мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад”. Оину суннатҳо ин ҷашни бузурги маънавӣ дар фарҳанги тоҷикон мавқеи хоса дошта, ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ ҳидоят мекунад. Ба ҳамин хотир, бахшиш ва афв яке аз оинҳои муҳимми фарҳанги наврӯзӣ ба шумор меравад.

Ҳамин аст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ва моҳи шарифи Рамазон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми инсонпарваронаро амалӣ намуда, бо имзои фармони вижа 897 нафарро аз ҷавобгарӣ озод карданд. Ин ибтикор баёнгари сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлат ва пайравӣ аз арзишҳои суннатии наврӯзӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳои башардӯстона на танҳо барои озодшудагон, балки барои тамоми ҷомеа паёми сулҳ, раҳмдилӣ ва эҳтиром ба инсонро мерасонад.

Мо бояд аз Наврӯз танҳо шукуҳу шодиро интизор нашавем, балки суннатҳои онро дар амал татбиқ намуда, бо ҳамдигар меҳрубон бошем, бахшишро ба ҳукми одат дарорем ва барои суботу оромии ҷомеа саҳмгузор бошем.

Ба ҳамин маънӣ, устоди сухан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Мардӣ набувад, фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Ин байт, ки асоси ахлоқи ҷавонмардӣ ва инсонпарвариро таъкид мекунад, бо корномаи Пешвои муаззами миллат ҳамоҳанг аст. Дастгирии шахсони муҳтоҷ ва бахшидани онҳо дар руҳияи аҷдодӣ ва суннатҳои фарҳангии тоҷикон реша дошта, дар сиёсати башардӯстонаи давлат мавқеи хос дорад.  Ҳар касе, ки ба бенавоён, афтидагон ва нотавонон кӯмак мекунад, шахси комил ва мардона аст. Ҷомеае, ки чунин арзишҳоро эҳтиром мекунад, ҳамеша бо ваҳдат, ҳамбастагӣ ва муҳаббат устувор мемонад.

Таъкид намудан зарур аст, ки  масъалаи дастгирии занон ва кӯдакон дар мадди назари Ҳукумати кишвар  қарор гирифтааст. Ҳамин аст, ки миёни озодшудагон шумораи муайни занону кӯдакон низ мебошанд. Яъне, дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занону кӯдакон ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор гирифта, нисбати онҳо тадбирҳои амалӣ андешида  мешавад. Маҳз бо дастгирии бевоситаи роҳбари давлат, занону кӯдакон дар баробари мардон ба зиндагии орому осоишта баргаштанд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии кишвар барои рушди оила, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари иқдомҳои инсонпарварона, ҳалли масоили сиёсӣ низ муҳим аст. Дар давоми солҳои охир  мушкилоти марзӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати минтақавӣ буд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ин масъала дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ҳалли худро ёфт ва тарафҳо бо ҳиммати баланди инсондӯстона ба муовофиқа расиданду мардуми ҳарду ҷониб минбаъд осоишта зиндагӣ мекунанд. Музокирот ва созишномаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки сулҳ ва субот дар минтақа авлавияти сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Пас, метавон таъкид намуд, ки яке аз оинҳои наврӯзӣ таъмини шароити орому осоиштаги мардум мебошад. Чунончи Пешвои миллат иброз доштаанд: “Ҳамаи оинҳои наврӯзӣ дорои аҳаммияти инсондӯстона, ҳикмати рӯзгор ва ташвиқи ҳаёти орому осоиштаи аҳли башар мебошанд”.

Дар хотир дошт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни бедории табиат, балки таҷдиди муносибатҳои инсонӣ ва тақвияти арзишҳои ахлоқии ҷомеа аст. Сиёсати Пешвои миллат дар робита ба бахшиш, ҳалли мушкилоти марзӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазир нишон медиҳад, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон роҳи инсондӯстӣ ва сулҳро чун ҳамешагӣ пеш гирифта, оину суннатҳои наврӯзиро пайваста эҳё менамояд.

Сироҷиддини Эмомалӣ,

Талабшоҳ Иҳромов