КИТОБХОНА ДАР СИНА БУВАД…

38

Бахшида ба Рӯзи китоб – 4 сентябр

Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори беминнат хизмат намуда, инсонро ба ростиву росткорӣ, некиву накӯкорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамоӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Он барои мардум забону чашм аст ва барои заифон қувват. Он беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, асрорҳои олами ҳастӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳифаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд.

Инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковати бузурги худ фарқ мекунад. Лек заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм – китоб аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, бояд маъниҳои бузурги онро дарёфт карда, ҷавҳари маъниро дар дил ҷой бидиҳад. Ба қавли шоир:

Сад хона китоб хонӣ суде набувад,

Бояд, ки китобхона дар сина бувад.

Шахсе, ки китобро сармашқи кори худ намешуморад, ӯ аз одамиёнест, ки на пешрав асту на комёбии ҳаёт мехоҳад ва на шахсест ибратомӯз. Пас мо ҷавононро лозим аст, ки бояд барои дарёфт кардани китобҳои хуб бисёр шитоб кунем ва илму маърифат омӯзем, то ин ки инсони асил шавем.

Муминзода Кимиёҷон,омӯзгори факултети филологияи ДМТ