Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати зинда гардонидани анъана ва расму оини ниёгонамон, бозгашт ба гузашаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузургеро роҳандозӣ кардаанд.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, мардуми мо онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат на танҳо ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Бояд қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз бо кӯшиши бевоситаи Сарвари давлат мақоми баландро дар арсаи байналхалқӣ гирифта, ҳукми байналмилалӣ пайдо кард. Имрӯз дар баробари дигар ҷашнҳо иди Меҳргонро чун иди миллӣ ҷашн мегиранд, ки ин иқдом асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардан, балки ба арзишҳои миллии ниёгон арҷгузоштан мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус барҳақ фармудаанд: «…чунончи сарчашмаҳои кӯҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёти нек табрик мекарданд.
Суфраи ҷашни Меҳргонро бо матое, ки ранги арғувон дорад, паҳн мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрокҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, сипанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида, урфу одатҳои мардум, фарҳангу маънавиёти халқи тоҷик дарак медиҳад».
Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракат дар рӯзгори кишоварзонро инъикос менамояд. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ваон ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Воқеан, дар даврони истиқлолият иди қадимаи тоҷик Меҳргон ба иди дӯстию меҳру муҳаббат, бунёдкориву созандагӣ, ватандӯстӣ табдил ёфта, ҳар солаз аввали моҳи октябр то охири моҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Месазад, ки барои ташаккули худшиносии миллӣарзишҳоиниёгони худро аз нав эҳё намоем ва баҳри ворисони худ ватани ободу озодро мерос гузорем, ки ин рисолати неказ ҳамагонбунёдкориҳои бузургро тақозо дорад.
Каримова Зулфия,ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ваусули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ