Ваҳдати миллӣ, ҳиси ватандӯстӣ, кӯшиши пойдору устувор нигоҳ доштани ватани аҷдодӣ мавзуъҳое ҳастанд, ки хамеша диққати илму адабро ба худ ҷалб мекунад. Аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 26-сол сипарӣ гардид.
Созишномаи умумие, ки 27-июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, санади муҳимми тақдирсоз ва деринтизори миллати мо ба ҳисоб меравад. Тақдирсоз ба ин маънӣ, ки бо имзои он сулҳу оромӣ қариб дар саросари мулки мо таъмин гардид. Деринтизор барои он, ки фаро расидани чунин рӯзи муборакро тамоми сокинони Тоҷикистон чанд сол бо умеди зиёд мунтазир буданд.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам мебошад ва чун қутбнамо моро ба сӯйи оянда ҳидоят менамояд. Агар ваҳдати миллӣ бо таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас, истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасавур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем. Аз ин рӯ, мо ин тамоюли некро идома дода, аз он пуштибонӣ мекунем, ки то дастовардҳои истиқлолият боз ҳам мустаҳкам шаванд ва моро ба қуллаи мурод расонад. Албатта роҳи сулҳ осон нест, вале он ногузир аст.
Бояд дарк намуд, ки ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, мардумро сарҷамъ кард. Маҳз ваҳдат тавонист, ки мо ҷавононро зери дарахти худ сарҷамъ кунад ва бояд дарк намуд, ки ваҳдатро илму дониш таҳким мебахшад, ҳар қадар насли имрӯз маърифатноку босавод шаванд, ҳамон қадар пояи Ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад ва ба ин васила ояндаи неки давлатро хуб интизор шудан мумкин аст.
Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо ба даст меояд. Имрӯз миллати мо дарк намуд, ки танҳо тавассути ваҳдати миллӣ рушди минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию техникии кишварро таъмин кардан мумкин аст. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар пайваста афзоиш меёбад. Ба ин маънӣ шоири сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Беҳтарин неъмате, ки мо тоҷикон дар қарни 20 соҳиб гаштем, ин соҳиб шудан ба сулҳи деринтизор буд. Ҳамин тариқ сулҳи Тоҷикистон сулҳи воқеӣ ва ҳақиқист, ки ин миллати худшинос ба дарки ҳувияти хеш расид.
Дарахти дӯстӣ биншон, ки комидил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Саъдуллозода Умедҷон, номзади илмҳои филология, дотсенти ДМТ