Дар назди кафедра таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмии “Ганҷи сухан” амал мекунад. Семинари навбатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар иштирок намуданд.
Иштирокчиёни семинар аз зиндагинома ва корномаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Қосимова Мукаррама Набиевна ёдовар шуда, саҳми шодравон М. Н. Қосимоваро дар рушди забоншиносии муосири тоҷикӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
Зимнан дӯстону наздикон ва шогирдони шодравон М. Қосимова, ки дар сохторҳои гуногун фаъолият мекунанд, атрофи ҳаёт ва фаъолияти илмию омӯзгории ӯ суханронӣ намуданд.
Дар семинар таъкид шуд, ки профессор М. Н. Қосимова ва мактаби қавии илмии ӯ дар арсаи забоншиносии умумӣ ва, хосатан дар эроншиносӣ, соҳиби мақому манзалати хос мебошад. Ӯ дар фаъолияти омӯзгорияш аз бахшҳои гуногуни забоншиносӣ ба донишҷӯёни факултетҳои филология ва забонҳои шарқи ДМТ дарсҳои назарӣ хондааст ва осори зиёди таълимӣ, илмӣ ва методӣ таълиф намудааст. Дар ин мактаб беш аз 50 нафарро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо шогирдон соҳиби унвонҳои номзадию докторӣ мебошанд.
Гуфта шуд, ки забоншиноси донишманду зиндаёд профессор М. Н. Қосимова16-уми январи соли 1933 таваллуд шудааст. Шодравон хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДТ(1955) буда, таҳсилкардаи шуъбаи аспирантураи ҳамин боргоҳ (1955-1959) аст. Солҳои 1956-1986 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори кафедраи забони тоҷики факултети филологияи тоҷик кору фаъолият кардааст. Солҳои 1966 – 1968 ва 1974 – 1977 декани факултети филологияи тоҷики ДДТ буда, солҳои 1971-1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ фаъолият карданд. Солҳои 1986 – 1995 мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995 – 2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ ифои вазифа карданд. Муаллима 2 октябри соли 2020 дунёро падруд гуфтаанд.
Таъкид шуд, ки рӯзгори ҳикматомӯзи муаллима Мукаррама Набиевна Қосимова барои шогирдон ва хусусан насли ҷавону муҳаққиқи имрӯз намунаи ибрату пайравӣ мебошад. Зеро муаллима як шахси ба дилу дидаҳо наздик, хушзоту хушасл, хушгилу меҳрубон ва модари мушфиқу роҳбари сахтгиру ғамхор буд.