СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ: ТАДБИРЕ, КИ ИДОМА МЕХОҲАД…

14

Ҳар падидаи нав дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон манзури ҷомеа мешавад ва табиист, ки вокунишу таассурот низ ба вуҷуд меорад.

Устод Ҳафиз Раҳмон зимни таълими адабиёти тоҷик ва ҷаҳон тарзи нави дарсро ҷорӣ кардаанд ва ният доранд, ки дар семинарҳои адабиашон худи адибон низ ширкат кунанд.

Дар нахустин семинар дар ин силсила, ки бо ширкати Муҳаммад Ғоиб гузаронида шуд, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – мудири шуъбаи наср, нависандаи маъруф Сироҷиддин Икромӣ ширкат карда буданд ва натиҷаи мушоҳидаву хулосаҳояшонро ба мо ирсол карданд.

Инак, он таассурот, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр шудааст.

Бо ибтикори адабиётшинос, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология Ҳафиз Раҳмон рӯзи 17-уми апрел бо ширкати донишҷӯёни соли аввали риштаи рӯзноманигорӣ нахустсеминари адабӣ баргузор гардид, ки банда низ дар он ҳузур доштам.

Устод чунин тадбирро ба ҷойи дарси маъмулӣ барои шогирдон муассиртару манфиатовартар дониста. Ҳикмати кор бурди чунин усули таълим, дар замоне ки мавриди истифода қарор гирифтани василаҳои тозаи иттилоотӣ китобро ба ҳошия бурдааст, он буда, ки дар дили шогирдон нисбат ба китоб ва мутолиаи он ҳисси муҳаббатро бедор намояд. Гузашта аз ин, фард дар ин синну сол ҳофизаи қавӣ дорад ва маълумотеро, ки аз худ мекунад, дигар ҳаргиз аз ёдаш зудуда намегардад.

Барномаи дарс аз ин қарор буда, ки устод мутолиаи намунаи осори як нависандаро ба шогирдон барои муҳлати муайян тавсия медиҳад ва баъди омода шуданашон муаллифи осорро ба донишгоҳ хонда, дар ҳузури ӯ андеша, диду назари шогирдонро роҷеъ ба асарҳои мутолиакардаашон мешунавад.

Нахустдарси бо тарзи тоза роҳандозишуда ба осори насрии Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб бахшида шуда буду муаллиф ҳам он ҷо ҳузур дошт. Гардонандаи семинари адабӣ дар маросими ифтитоҳи он доир ба шарҳи ҳоли шоиру нависандаи хубамон Муҳаммад Ғоиб, тавре дар бисёр маҳфилҳо ба мушоҳида мерасад, ҳарфе ба забон наовард, балки ба таври хеле фишурда роҷеъ ба фаъолияти эҷодии адиб ишора намуда, дар бораи ҳадафи баргузории дарс ба чунин сурат кӯтоҳак маълумот дод ва сипас минбарро дар ихтиёри шогирдони китобдӯсти худ гузошт.

Донишҷӯён ба навбат паси минбар рафта, аввал роҷеъ ба шумори асарҳои хондаашон маълумоти фишурда ироа намуда, сипас фикру андешаҳои худро доир ба ҳикоя ва қиссае, ки барояшон писанд афтодаву аз таъсир орӣ набудааст, баён намуданд. Ҳолате ҳам буд, ки ду ё се шогирд дар мавриди як ҳикоя назари худро баён карданд. Ин ҳеҷ бадӣ надорад. Бигзор чунин ҳам бошад. Бардошти хонандаҳои як асар наметавонад билкул яксон бошад, чунки дарку бардошт аз мутолиа рабт ба сатҳи фаҳму фаросати хонанда дорад ва ин омил боиси гуногунии андешаҳову назарҳо мегардад. Ба ҳамин хотир, устод дидаву дониста, барои шогирдоне, ки як асарро хондаанд, дар ибрози андеша монеа пеш наовард, имкон дод, ки ҳарфи худро гӯянд.

Баъдан миёни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар ин радиф устод низ канор намонда, бо шогирдон доир ба паҳлуҳои мухталифи осори мутолианамудаашон гуфтугӯ намуда, ба саволҳои худ посух шунид. Ба мо пинҳон намонд, ки устод ба ин васила хост барои худ рӯшан намояд, ки оё шогирдонаш ҳадафу мароми нависандаро аз иншои асар дарк кардаанд ё на.

Ҳарчанд фурсати як дарс тӯлонӣ нест, аммо дар ҳамин фурсати кӯтоҳ низ аксари шогирдон – Собир Холматов, Оминабону Ҳаитзода, Аҳтам Саъдуллозода, Маҳфуза Азиззода, Сарвиноз Боймуродзода, Наҳтуллоҳи Раҳматуллоҳ, Муҳаммадҷон Иброҳимов, Рӯҳулло Шоймуродов, Нуриддин Давлатбеков, Озод Малахов имкон пайдо намуданд, ки таассуроти худро аз мутолиаи осори нависанда баён созанд. Чун забони таълими шогирдони риштаи рӯзноманигории дар дарси мавриди назар ҳузурдошта русӣ будаву на ҳама донишҷӯён (чун дар соли аввали таҳсил қарор доранд) онро хуб медонанд, устод барои бархе аз онҳо имкон фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ таассуроти хешро аз асарҳо баён кунанд.

Дар поёни нишаст устод Муҳаммад Ғоиб натанҳо ба саволҳои донишҷӯён посух гуфт, балки ҳамзамон дар мавриди роҳи пуршебу фарози эҷод, нақши адабиёт дар сарнавишти инсон ва ҷомеа низ изҳори назар намуд, ки барои донишҷӯён аз манфиат холӣ набуд.

Чунин усули таълим дар замоне ки интернет ҷойи китобро маҳдуд кардааст, натанҳо таваҷҷуҳи шогирдонро ба мутолиаи китоб бештар мегардонад, дари дунёи дигарро ба рӯяшон боз мекунад, бо ҳазорҳо қаҳрамони дорои хулқу атвори гуногун ошно мегардонад, ба тавсеа ёф тани ҷаҳонбинии онҳо муосидат мекунад, балки фосилаи миёни адибу хонандаро аз миён мебарад, аз шебу фарози роҳи эҷод маълумот медиҳад ва гузашта аз ин, чун ба онҳо имкони суханронӣ дар ҳузури устодону адибон дода мешавад, мусаллам аст, ки барои озодона сухан ронӣ намудану фасоҳату балоғат ёфтани нутқашон низ мусоидат хоҳад кард.

Аз донишгоҳ бо хотири болида баргаштаму ба дастандаркорони ин ташаббуси тоза – Ҳафиз Раҳмон ва декани факултаи рӯзноманигорӣ Бахтиёр Ҳошимзода, ки ҷиҳати татбиқи чунин иқдоми наҷиб мусоидат кардааст, аҳсант хондам.

Умедворам, ки чунин услуи тозаи таълим минбаъд (моҳе як ё ду маротиба) низ идома ёфта, ба ҳукми анъана медарояд.