СОТИМ УЛУҒЗОДА ДАР НАҚДИ СОҲИБ ТАБАРОВ

39

Бо чунин унвон ба истиқболи 100-солагии профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ аз ҷониби декани факултети филолгияи ДМТ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ омода ва чоп гардид. Барои ҷолибияти мавзуъ қисме аз сарсухани китобро манзури хонандагон мегардонем.

Танқиди адабӣ баҳри рушду инкишофи адабиёти бадеӣ, осори намояндагони ҷудогонаи он басо аҳам­миятнок буда, ҳамчун муҳаррик хидмати беғаразонаро адо мекунад. То чи андоза аҳаммият доштани танқиди адабиро аз таҳриру такмили минбаъдаи асарҳои наслҳои гуногуни адибони тоҷик ба хубӣ дарк кардан мумкин аст. Вале бо гузашти вақт тағйири фаҳмишҳои илмию адабӣ ва дигар шудани арзишҳои миллию умумибашарӣ ба соҳаи танқиди адабӣ таъсир карда, касро ба андеша водор менамояд.

27-уми августи соли 2020 дар шумораи №35 рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» (саҳифаҳои 10-12) пеш аз очерки «Дар размгоҳ»-и Сотим Улуғзода «Таърихча» ном пешсухани адиби шинохтаи тоҷик Ато Мирхоҷа чоп мешавад. Ин «Таърихча» дар баробари оне, ки хусусияти муқаддимавӣ дорад, инчунин, ҷанбаи мустаҳками илмӣ дошта, барои бозгӯ намудани ҳолати танқиди адабии солҳои 40-ум ва 50-уми асри ХХ тоҷик аз аҳаммият холӣ нест. Аз ин рӯ, овардани ин «Таърихча»-ро дар ин ҷо ва очерки «Дар размгоҳ»-ро дар мавриди муайян зарур донистем:

«ТАЪРИХЧА. Ҳангоми ҷамъ овардани мавод барои китоби «Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик» (нашриёти «Сухан», Душанбе, соли 2020), – қайд кардааст Ато Мирхоҷа, – дар саҳифаи матбуоти даврӣ ба як қатор матлабҳое дучор омадем, ки ба сабаби минбаъд нашр намуданашон ба сандуқи фаромӯшӣ афтода, барои хонандаи имрӯза тамоман чизи наванд. Банда тасмим гирифтам, ки баъзе навиштаҳои арзишманди адибони номварамонро ҳуруфчинӣ намуда, ба нашр расонам ва ба ин тариқ ба онҳо умри дубора бахшам.

Очерки ҷангии устод Сотим Улуғзода «Дар размгоҳ» аз ҳамин қабил навиштаҳост. Ба гумони ғолиб, устод онро соли 1945, пас аз як соли баргаштанаш аз ҷабҳаи ҶангиБузурги Ватанӣ ба қалам оварда, моҳи сентябр–октябри ҳамон сол дар газетаи «Тоҷикистони сурх»чоп мекунад.

Сабаби дар солҳои минбаъда интишор наёфтанаш шояд он бошад, ки мунаққиди барҷаста Соҳиб Таббаров дар бораи очерки мазкур таҳти унвони «Асари камқимат» мақолаи шадиди танқидӣ навишта, онро дар шумораи 1 октябри соли 1946 (174) ба табъ мерасонад. С. Табаров навиштаашро бо чунин суханони талх ба охир мерасонад: «Хулосаи калом, очерки «Дар размгоҳ» дорои қимати бадеӣ нест, чунки, дар як тараф, дар он берунравӣ аз роҳи реализми сотсиалистӣ, нодуруст кашидани образҳои офитсерони советӣ дида шавад, аз тарафи дигар вазифаи асосии нависандагон, ки “ба наслҳои оянда кушода додан ва нишон додани он одаме, ки яроқ ба даст гирифта, дар ин рӯзҳои ҷангҳои сахттарин чангид ва ғалаба намуд» (иқтибос аз як маърузаи узви иттифоқи нависандагони ССР Тихонов А. М.) аз тарафи Улуғзода иҷро карда нашуда бошад, аз тарафи сеюм, асар қиммати бадеӣ надорад».

Чунин ба назар мерасад, ки мақолаи танқидии С. Табаров бояд фармоишӣ бошад. Зеро Сотим Улуғзода он замон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва шояд райъи боло он будааст, ки ӯ аз ин вазифа барканор гардад. Иқтибос гардидани ҷумлаи ИН ССР ва пас аз чанд рӯзи чоп шудани мақолаи С. Табаров аз вазифа сабукдуш шудани Сотим Удуғзода ин тахминро ҳарчи бештар ба ҳақиқат наздик меорад. Агар ба ин далелҳо афзоем, ки С. Табаров шояд иштибоҳи худро дарк намуда, мақолаи мазбури худро дар китобҳояш на ин ки ҷой надодааст, балки аз он дигар ёд ҳам накардааст, гумони тибқи фармоиш навишта шудани он ба ҳақиқати ҳол табдил меёбад.

Муҳаққиқи дақиқкор Усмонҷон Ғаффоров дар ин бора чунин навиштааст: «Мудири шуъбаи КМПК (б) Тоҷи­кистон А. Имомов … ҳикояҳои С. Улуғзода «Атака» ва «Дар размгоҳ»-ро дар назар дошта, навиштааст: очеркҳои фронтии Улуғзода, ки дар газетаи республикавии «Тоҷикистони сурх»дарҷ шудаанд, гӯё аз ҷиҳати сифати бадеии худ паст ва ғайриҳақиқӣ мебошанд. Рафиқ Улуғзода дараҷаи ғоявӣ-сиёсии худро баланд намекунад. Ӯ аз талаботи имрӯза ақиб монда истодааст». Ин гапи корманди ҳизб ба ҳукми анъана даромад, танқиди сахти бетаҳлили он ҳикояҳои хуби С. Улуғзода як чизи муқаррарӣ шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки устод Табаров баъдан ба ҳаводор ва тарғибгари осори устод Улуғзода табдил меёбад. Дар охири солҳои шастуми асри гузашта вақте ки писари нависанда ба Инглистон фирор мекунад ва падараш зери фишори ҳукумати замон қарор мегираду осорашро мамнуъ эълон менамоянд, маҳз С. Табаров ба тарафдории ӯ овоз баланд карда, барои ба барномаҳои таълимӣ ворид намудани асарҳояш талош меварзад.

Бо ҳамин таърихчаи кутоҳ очерки «Дар размгоҳ»-и устод Улуғзодаро пас аз 75 сол ба дасти чоп дода, довариро ба хонандагони азиз ҳавола менамоем» [Адабиёт ва санъат, №35 аз 27.08.2020, саҳ.10,11,12].

Мо низ ба хотири аз байн бардоштани ҳар гуна фикрҳои ботил оид ба арзиши аслии очерки «Дар размгоҳ» робитаи илмию адабӣ, фарҳангӣ ва дӯстие, ки миёни Сотим Улуғзода ва Соҳиб Табаров побарҷо буд, кӯшиш намудем ба таври комплексӣ дар ин маводи таълимӣ онро пешкаши хонанда намуда, қазоватро ба дасти мутолиа­кунандагони гиромӣ бидиҳем.