Кабинетҳо

КАБИНЕТИ ҶОМӢ ВА МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ БА НОМИ ПРОФЕССОР ШАРИФҶОН ҲУСЕЙНЗОДАИ НАЗДИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Соли 1962 кафедраи адабиёти тоҷик ба ду кафедра тақсим мешавад: кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик. Аввалин мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва муассиси кабинети адабиёти назди кафедра Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода буданд. Нахустин мудири кабинет хатмкардаи факултет Ҳайдар Ҷӯраев буд ва ӯ то соли 1976 фаъолият кард. Дар солҳои минбаъда ба ҳайси мудири кабинет пас аз устоди равоншод Ҳайдар Ҷӯраев шахсони зерин фаъолият кардаанд: Н. Валиева, М. Солеҳов, И. Калонов, Б. Мақсудов, Б. Раҳимов, З. Толибов, З. Алиева, С. Имронов, Н. Тӯраев, Х. Муҳибов, Д. Муҳиддинова, А. Ҳакимов, Н. Маҳмадуллоева.

Соли 1964 ба истиқболи 550 солагии бузургтарин адиби тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ, кабинети мазкур ба номи ин мутафаккир- кабинети ба номи Ҷомӣ номгузорӣ гардид.

Захираи умумии китобҳо дар кабинет ба 7 ҳазор нусха мерасад ва дар ин миён миқдори дастнависҳои гирдоваришуда дар кабинети мазкур 291 нусха аст. Кадимтарин дастнавис, ки дар захираи кабинет нигоҳдорӣ карда мешавад, «Китоб-ул-масобеҳ» ном дошта, дар асри ХIII китобат шудааст, асари мазкур мазҳабӣ буда, ба забони арабӣ аст.

Захираи кабинети ба номи Ҷомӣ аз 2 қисмат иборат аст: 1. Осори дастнависҳо, чопҳои сангӣ ва ҳамчунин чопҳои муосири Эрон, Афғонистон ва баъзе кишварҳои арабӣ, ки дар кабинет нигоҳдорӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, маҳз ба хотири нудрати бахши мазкури осори хаттӣ, онро “Ганҷина” ва ё “Фонди тиллоӣ” номидаанд. 2. Китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои муосири Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои собиқ Шӯравӣ. Солҳои охир теъдоди муайяни бахши осори эҳдоии қисмати мазкур, аз ҳисоби хазинаи шахсии шодравон профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, дотсентҳо Саъдоншоҳ Имронов ва Пӯлод Ниёзов ғанитар гардонида шудааст, ки мутаносибан миқдори китобҳои эҳдоии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода бештар аст.

Дар байни осори дастнавис, ки дар захираи кабинети Ҷомӣ нигоҳдорӣ мешаванд, девонҳо, куллиёти шуарои асримиёнагӣ, ҳамчунин, осори туркиву арабӣ, тазкираҳо, баёзу ҷунгҳо, осори таърихӣ, динӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, фалсафӣ мавҷуданд. Дар замони шӯравӣ кабинети Ҷомӣ як идда рӯзномаҳою маҷаллаҳои кишварҳои Шарқи ҳориҷӣ, мисли «Ал-ахбор», «Савт-ул-араб», «Ал-баҳс», «Ал-айём» ва маҷаллаҳои «Кайҳон», «Сухан», «Паёми навин», «Китоб-ул-олам», «Ал-вақт», «Афғонистон» ва монанди инҳоро мегирифт ва нигоҳ медошт.

Захираи дастнависҳои кабинети Ҷомӣ дар ибтидо хеле андак будааст, вале бо мусоидату ёрии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода миқдори дастхатҳо тадриҷан афзун гардидааст. Мавсуф барои такмили захираи дастнавсиҳо ва чопҳои нодир аҳаммияти бештар медод. Бо ҳидояту роҳнамоии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода кормандони кабинет дар вақтҳои муайян ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ экспедитсияҳо ташкил карда, аз миёни аҳолӣ ин гуна китобҳоро ҷамъоварӣ менамуданд. Масалан, дар интиҳои солҳои 60-ум кабинети мазкур аз сокини ш. Конибодом Малоҳат Тӯрахоҷаева ба маблағи 275 сум китобҳои дастхат ва чопҳои сангиро харидорӣ кардааст, ки дар миёни онҳо «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Куллиёт»-и Бедил, «Бурҳони қотеъ», «Матлаъ-ул-улум», «Таърихи Табарӣ» ва «Кашф-ул-луғот» будааст. Ё худ, тирамоҳи соли 1980 аз тарафи сокини ноҳияи Ленин (ҳоло н. Рӯдакӣ) Қирғизбоев Қундузалӣ ва ҷиянаш Аҳтам 52 номгӯй китобҳои гуногунмавзӯи асримиёнагӣ ба захираи кабинет ҳадя карда шудааст. Ин амали хайр бо эҳтиром ва нуфузи бузурги профессор Шарифҷон Ҳусейзода ба амал омадааст. Дар миёни осори ҳадякардаи ашхоси зикршуда нашрҳои нодири литографӣ, сангӣ ба забонҳои форсии тоҷикӣ, туркӣ ва арабӣ мавҷуданд ва, дар маҷмӯъ, миқдори умумии нашрҳои нодири захираи кабинет 2079 ададро ташкил медиҳад.

Азбаски профессор Ш. Ҳусейнзода ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани осори хаттии ниёгон буданд ва дар нуқоти гуногуни Осиёи Марказӣ бо китобфурӯшони сершумор ошноӣ доштанд, сари чанд вақт онҳо ба суроғи профессор Ш. Ҳусейнзода меомаданд ва китоб меоварданд. Бо дастгирии раёсати ДДТ он осори хаттӣ аз аҳолӣ харидорӣ карда мешуд. Инчунин, як миқдори муайяни асъори хориҷӣ барои харидории нашрҳои хориҷӣ (Эрон, Афғонистон) аз ҷониби раёсат ҷудо карда мешуд.

Мутаассифона, пас аз даргузашти профессор Ш. Ҳусейнзода ҷустуҷӯву талошҳо барои харидории дастнавиҳо, чопҳои нодир, китобҳои нашри Эрон ва дигар мамолики Шарқ қатъ гардид.

Дар соли 2007 ба истиқболи 100-солагии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода толори фарҳангии кабинет ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода гузошта шуд ва инчунин бо супориши кафедра профессор Б. Мақсудов бори нахуст «Феҳристи нусхаҳои хаттии Марказии фарҳангии ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода»-ро тавсиф намуда, онро бо очерки шарҳиҳолие таҳти унвони «Шарифҷон Ҳусейнзода ва ақрабои ӯ» ва инчунин бо муқаддимаи ихчами илмӣ ба табъ расонид.

Дар кабинети Ҷомӣ «Дафтари хотираи зоирин» вуҷуд дорад, ки донишмандони дуру наздик таассуроти худро аз шиносоӣ бо фонди кабинети Ҷомӣ дар он сабт мекунанд.

Масалан, профессори Университети Тарту (Эстония) хотираҳои хешро чунин сабт кардааст: «Ман дар ҳамаи Донишгоҳҳо ва донишкадаҳои республикаҳои иттифоқӣ будам ва кабинетҳои адабиёти он таълимкадаҳоро дидаам. Бояд бигӯям, ки дар ягон Донишгоҳу донишкада мисли ин кабинет (кабинети Ҷомӣ) дида намешавад».

Дар кабинети Ҷомӣ «Гӯшаи эҳдоӣ» мавҷуд аст, ки устодони кафедра, муаллимони факултет, пажӯҳишгоҳҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғолибан хатмкардагони факултетанд, асарҳои таълифнамудаи худашонро ба он ҷо бо соядаст месупоранд.

М. Солеҳов

Б. Мақсудов