Чунин аст, ки арзиши моли асили санъат бо гузашти рӯзгор беш аз пеш меафзояд. Гоҳе дар мавриди тасвире мешунавем, ки чанд миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Чун намуна зикр кардани “Наҷотбахши дунё” ном асари Леонардо да Винчи кофист, ки соли 1499 офарида шудаасту соли 2017 бо арзиши беш аз 450 миллион доллар фурӯхта шудааст. Дар назари аввал ба ин миқдор арзиш доштани чунин мусаввараҳо шубҳа мекунӣ, чун он як тасвири одӣ ба назар меояд, аз ҷониби дигар, дарк менамоӣ, ки он асар моли асили санъат асту вақт низ кори худро кардааст. Ба ҳамин монанд, гоҳе бозёфтеро муаррифӣ мекунанд, ки, масалан, танҳо як зарф ё ашёи дигарест, аммо бо арзиши ҳангуфт. Маълум мегардад, ки он моли таърих аст, ба ҳодисаи таърихие рабт дорад ва ё моли кадом шахси таърихиест.
Зикр бояд намуд, ки дар радифи ашё гоҳе як падидаи иҷтимоӣ низ бо гузашти вақт арзиши бештару бештар касб менамояд. Сухан аз имзо гардидани санаду ҳуҷҷатҳои таърихиест, ки дар сарнавишти ин ё он қавму миллат нақши калидӣ бозидаанд. Дар таърихи башар чунин аснод зиёд будаву муаррифӣ шудааст. Ба ин гуна аснод ё ҳуҷҷат ҳамон Созишномаи сулҳи тоҷиконро низ метавон мансуб донист. Ҳамон созишномае, ки дар таърихи навин барои тоҷикон баъди муноқишаҳо сулҳ овард, ҳамон созишномае, ки тоҷиконро дубора ба ваҳдат расонид. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармуда: “Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирем”. Имрӯз санади мазкур танҳо 27-сола шудааст, аммо сол то сол мардуми Тоҷикистон онро беш аз пеш қадр мекунанд, гиромӣ медоранд ва аз қудрати он сухан мегӯянд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, воқеан, амри наҷибест. Мо, шояд мутаассифона, одат кардаем, ки дар ину он боб ё мавзуъ танҳо дар рӯзҳои муайян суҳбат кунем. Масалан, дар мавриди Истиқлоли давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзу Меҳргон, Рӯзи модар ва дигар ҷашну санаҳои таърихӣ танҳо он замон бештар ҳарф мезанем, ки таҷлилашон мекунем. Аммо аз мушоҳидаҳо ба чунин хулоса расидам, ки дар Тоҷикистон дар мавриди Рӯзи ваҳдати миллӣ бештар ва тақрибан ҳамеша сухан мегӯянд, интизор намешаванд, ки 27-уми июн фаро расаду баъдан чизе бигӯянд. Албатта, як андоза фаъолӣ наздик ба ин сана мушоҳида мешавад, аммо мунтазаму муназзам сухан гуфтан аз ваҳдату ба ёд овардани Рӯзи ваҳдати миллӣ тамоми сол идома мекунад. Суол: Чаро чунин аст? Ҷавоб, албатта, ин аст, ки ин рӯзи таърихиву ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистони азизро, мардуми шарифи Тоҷикистонро аз хатари нобудӣ наҷот дод. Пешвои миллат бамаврид таъкид намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.
Мусаллам аст, ки танҳо пас аз имзо гардидани Созишномаи сулҳ – 27-уми июни соли 1997, шаҳрвандони Тоҷикиситон аз вартаи яъсу ноумедӣ раҳо гардидаву дубора ба ояндаи нек умед бастанд.
Санади мазкур дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, сарнавиштсоз маҳсуб мегардад. Пешвои миллат дар мавриди аҳаммияту мақоми созишномаи мазкур сухан гуфта, онро ҳатто бо Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ҳамвазн донистаанд: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”. Бидуни шак, маҳз сулҳу субот калиди зиндагии осуда ва омили пешрафти кишвар буда метавонад. Баҳри дарки ин сухан танҳо як нигоҳ ба нуқтаҳои ноороми ҷаҳони муосир кофист.
Иттифоқ аз ваҳдат аст ва қудрат низ аз ваҳдат бармеояд. Дар ин боб нобиғагони классики мо андарзҳои гаронмояе ба насиҳат гузоштаанд, амсоли “Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ, Шери жаёнро бидаронанд пӯст”, ки дар ҳама давру замон воқеияти зиндагист. Ва ё: ҳикояти машҳури имтиҳони падар писаронро, ки дар навбати аввал ба ҳар яке як донагӣ навдаи дарахт доду фармуд, то бишкананд (осон бишкастанд) ва баъдан дастаи навдаҳоро якҷо доду амри шикастан кард (касе натавонист бишканад) ва бад-ин далел онҳоро ба ваҳдату иттиҳод хонд. Пас, танҳо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки метавонад мардумеро, кишвареро ба саодат бирасонад, ваҳдат аст, ки қудрат эҷод мекунад ва он қудрат нигаҳбони кишвар мегардад. Бешак, ваҳдати мо иқтидори мост!
РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ФАРХУНДА БОД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Камолзода Хуршед, дотсент, мудири кафедраитаърихи забон ва типологияи ДМТ