Бо чунин унвон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ маҷмӯи мақолаҳо аз чоп баромад. Китоби мазкур масъалаҳои мубрами таърихи забон, луғатшиносӣ, фразеология, истилоҳшиносӣ, сарфу наҳв, калимасозӣ, пунктуатсия, сотсиолингвистика ва этнолингвистикаро фаро гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду такомули забони тоҷикӣ марҳилаи нави таърихӣ маҳсуб меёбад, барои кашфиётҳои нави илмӣ, таҳқиқи шохаҳои нав ва таҳлилу баррасии масъалаҳои кашфношудаи илми забоншиносӣ заминаҳои мусоидеро фароҳам меорад. Ба ин васила дар таҳқиқи масъалаҳои мубрами забонӣ пажӯҳишҳои ҷиддӣ ба миён омада, мақоми забони адабии тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ миёни ҷомеа боз ҳам устувор гардид. Забони тоҷикӣ имрӯз забони илму адаб, коргузорӣ, муносибатҳои дипломатӣ, муоширати миёни ақаллиятҳои миллӣ буда, аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо медиҳад. Метавон гуфт, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ зери ғамхории давлату ҳукумат ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он сатҳе қарор гирифт, ки ҳамчун забони тавонманд ва дорои захираи бойи луғавӣ имрӯз дар рӯёрӯи фишорҳои забонҳои бегона пойдор аст ва ба ҳайси рукни муҳимми фарҳанг ва давлатдории миллӣ эътироф мешавад. Алҳол забони тоҷикӣ ба сифати унсури асосии миллатсоз вазифаи хешро беш аз ҳарвақта дар назди ҷомеаи навини тоҷикон иҷро намуда, баробари он такмил ёфта истодааст.
Дар «Пешгуфтор»-и маҷмӯа қайд шудааст, ки «бо вуҷуди дастовардҳои чашмрас дар самти рушду такомули забони тоҷикӣ то ҳол як қатор мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ба ҳаллу фасли саривақтӣ ниёз доранд. Масъалаҳои зиёде дар сатҳи луғатшиносӣ, истилоҳшиносӣ, луғатнигорӣ, савтиёт, имло, услубшиносӣ, калимасозӣ ва дастури забони тоҷикӣ ба таҳқиқи ҷиддии илмӣ ниёз дошта, дар асоси онҳо метавон чандин асарҳои илмии арзишмандеро таълиф намуд. Ин дар ҳолест, ки як зумра китобҳои бунёдии шохаи забоншиносии тоҷик моли солҳои 70-80-уми асри тузашта буда, кайҳо боз ба таҷдиду бознигорӣ эҳтиёҷ доранд.
Аз ин ҷиҳат, маҷмӯаи илмии «Забон – ҳасти миллат» дар ҳаллу фасли масъалаҳои зикршуда кӯшиши навбатӣ буда, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ таваҷҷуҳ шудааст”.
Ёдовар мешавем, ки маводи чопшуда барои мутахассисони соҳа, унвонҷӯён, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии кишвар ва ҳаводорони забони тоҷикӣ судманд мебошад.
Домой Ахбор