НАВРӮЗ БАҲОРИ ТОЗАПАЙДОИ ВАТАН

37

Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин ҷашн бо эҳё гардидани расму оинҳои миллии мардуми тоҷик, ки аз таъриху фарҳанги бостон сарчашма мегирад алоқамандӣ дорад. Наврӯз дар фарҳанг рӯзи навро гӯянд ва он рӯзест, ки инсонро бо сафову фурӯғ ва некӣ мепайвандад. Решаҳои бунёдии ҷашни Наврӯз ба рӯзгори шоҳи пешдодиён Ҷамшед рафта мерасад ва пайдо гардидани нақлу ривоятҳои зиёде аз ин ҷашн, гувоҳи он аст, ки шукӯҳи ҷашни Наврӯз ба рӯйишу эҳёи дигарбораи зиндагӣ тавъам аст.

Нақл аст, ки дар замони пеш вақте Ҷамшед аввалин бор найшакарро пайдо мекунад, фармон медиҳад шаҳди вайро берун оварда ба ҳамагон тақсим кунанд ва он рӯзро Наврӯз хонданд, ки ҳамчунон ин ривоят ба расм шудани ҳафт шин дар хони наврӯзӣ далолат мекунад. Тибқи ахбори сарчашмаҳо дар аҳди Ҷамшед Аҳриман дар хушксоливу қаҳтии замин ба сари инсонҳо даст ёфта буд. Ҷамшед барои ҷанг бо Аҳриман ва аз миён бурдани қаҳтиву сахтӣ бо Аҳриман дар набард мешавад ва бар ӯ пирӯз мегардад. Ҷамшед бо амри Худованд балои қаҳтиро аз сари мардум дур месозад ва ҳангоми ба замин фуруд омаданаш дар чеҳраи вай наврӯз метофт. Дар ин рӯз долу дарахтон ва ҳар чуби хушк ҳам сабз шуду мардум хуррамӣ ёфта, ин рӯзро Наврӯз хонданд ва ҳар касе барои табрик дар табақе ҷав кошт ва ба истиқболи рӯзи хушу накӯиву нусрат онро ба якдигар тақдим намуданд. Ин расми сабза коштан дар аёми Наврӯз аз он замон монда аст ва ин ривоят ба расм гардидани ҳафт син дар хони наврӯзӣ далолат мекунад.

Дигар ривояте ҳаст, ки чун аз подшоҳии Ҷамшед чорсаду бисту як сол гузашт, ҷаҳон бар вай рост гашт. Девон ҳама мутеъи ӯ шуданд, бифармуд то гармобаҳо сохтанд, дебо бофтанд, ва зару сим, мису сурб аз мадан бароварданд. ва он рӯзи аввали ҳамал буд. Ҷашне барпо сохт ва Наврӯзаш ном ниҳод ва фармуд ҳар сол чун фарвардин шавад он рӯзро ҷашн гиранд.

Аз эҳтимол дур нест, ки Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар “Шоҳнома” низ аз бунёд гузоштани ҷашни Наврӯз ба далели ҷой доштани чунин нақлу ривоятҳо мепардозад.

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,

Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Умари Хайём дар “Наврӯзнома” овардааст: “Аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рабъе аз шабонарӯз ба аввали даққиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин даққиқа натавон омадан, чу ҳар сол аз мудат ҳаме кам шуд ва чун Ҷамшед, аввал мулуки аҷам он рӯз ба подшоҳӣ биншаст хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумони онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввали даққиқаи ҳамал омад, мӯбадони аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд”.

Аттори Нишопурӣ мегӯяд:

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,

Сабои гарми ӯ анбарфишон шуд.

Аз сарчашмаҳои таърихи баргузории ҷашни Наврӯз маълум аст, ки Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни инсон ва рӯзи додхоҳиву адолат аст.

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ низ Наврӯзро сароғози додгарии Ҷамшед донистааст: “Ҷамшед уламоро фармуд, ки он рӯз, ки ман бинишастам ба мазолим шумо назди ман бошед, то ҳар чи дар ӯ доду адл бошад бинамоед, то ман он кунам.

Ва он рӯз, ки ба мазолим нишаст, рӯзи ҳурмуз буд аз моҳи фарвардин, пас он рӯз расм карданд”.

Наврӯз аз ҷашнҳои муқаддаси мардуми тоҷик аст, ки бо рӯҳи тозаи баҳорӣ покиву нузҳатро армуғон меорад ва тамоми инсониро ба накукориву пок сохтани хонаҳои дил даъват мекунад ва ҳар нафаре барои муҳайё намудани асбоби наврӯзӣ аввал хонаву дар ва баъд атрофи худро тозаву озода мекунанд ва чӣ доро ва чӣ фақир, ҳар чӣ аз неъмати даврон доранд, аз сидқи дил ба хони наврӯзӣ мегузоранд. Дар ин маврид Абӯрайҳони Берунӣ ишорае дорад: “Ин ид яке аз асбобе аст, ки тангии рӯзии фақиронро ба зиндагии фарох мубаддал мекунад”. Яъне ин тасвир аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз ҳукми адолати пойдорро дорад.

Камолиддин Исфаҳонӣ мегӯяд:

Шох сарсабзу чаман дилшод аст,

Олам аз адли баҳор озод аст.

Ва ҳамин озодагӣ аст тараннуми Наврӯзи хуҷастапай. Чи тавре Фаррухӣ мегӯяд:

Рӯзи Наврӯз аст имрӯзу чу имрӯз гузашт,

Кас бад-ин дарнарасад, то нарасад соли дигар.

Аз дигар суннатҳои пойдори ҷашни Наврӯз ин аст,ки ба ҳангоми истиқболи ин ҷашн, ниёкони мо рубоӣ ва дубайтисароӣ менамуданд ва шукӯҳу асолати хонаводагии худро ба василаи хуш истиқбол намудани ҷашни Наврӯз нишон медоданд. Бо таманнои файзу нусрату шодии Наврӯзи бостон чакидаҳоеро аз қалами Наврӯзи ба шодбошии азизон мефиристам:

Бар чашми дилу гавҳари ҷон Наврӯз ой,

Чун бодаи гул, зеби ҷаҳон Наврӯз ой.

Дар пираҳани гул ба чаман муждарасон

Булбулсифату ошиқсон Наврӯз ой.

Ман ишқи баҳор мерабоям аз гул,

Парвози хаёл мекушоям аз гул.

Дар нусхаи ёди рӯи Наврӯзи Аҷам

Сармояи сол мефизоям аз гул.

Гуломӯз омадам, Наврӯз, боз о,

Баҳорамро тарабафрӯз, боз о.

Ба мисли хандаҳои офтобӣ,

Тавофи гул ба шабу рӯз, боз о.

Ба Наврӯзу баҳорат мешукуфам,

Ватан дар ҳар канорат мешукуфам.

Чу нахли ҷодаҳои ёдгорӣ

Ба пойи обшорат мешукуфам

ГУЛРУХСОР НОЗИМОВА,дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ