ҶАШНИ САДА –МУЖДАИ БАҲОР

510

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эҳё гардонидани анъана ва расму оини ниёгонамон, бозгашт ба гузаштаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузургеро роҳандозӣ кардаанд.

Сада яке аз ҷашнҳоиқадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби30-юм ва оғози рӯзи31-уми январ ростмеояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари фарҳангпаравари мо расман рӯзи 30-юми январ ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯйи анъана ба кандани каналу ҷуйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, чорабиниҳо меандешиданд. Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бо чаппотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо оро медиҳанд ва бештар аз донагиҳо ғизо омода мекунанд. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз дар баробари дигар ҷашнҳо иди Садаро чун иди миллӣ ҷашн мегиранд, ки ин иқдом асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардан, балки ба арзишҳои миллии ниёгон арҷгузоштан мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон дар ин хусус барҳақ фармудаанд: «…чунончи сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёти нек табрик мекарданд.

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла Абулқосими Фирдвсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард,

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

(А. Фирдавсӣ, “Шоҳнома”)

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Каримова Зулфия,ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик