«Махзани адаб» солҳои 1993-1994 бо ибтикори профессор Х.Асозода таъсис ёфтааст. Дар оғоз «Махзан» дорои 500-600 нусха китоб оид ба адабиёти муосири тоҷик буд. Ҳамчунон ин ҷо осори адибони муосири Эрон ва Афғонистон низ ҷамъоварӣ шуда буд. «Махзани адаб» бо расмҳои адибон, адабиётшиносону мунаққидон музайян карда, шуда буд. Бояд таъкид кард, ки кори «Махзан» то соли 1999 хеле фаъол буда, донишҷӯён аз он ғизои маънавӣ мебардоштанд. Баъд аз ин ки проф. Асозода аз ин боргоҳ рафт, «Махзан» ҳам мақомашро аз даст дод. Соли 2008, вақте ки проф. Х.Асозода боз ба ин даргоҳи илмӣ пазируфта шуд, мавзӯи обод кардан ва барқарор намудани он аз нав зинда шуд. Азбаски бештари ин китобҳои муҳимми «Махзан» ба талаву тороҷ гирифтор шуд, проф. Х.Асозода ба ин хулоса омад, ки тамоми китобхонаи шахсиашро, ки дар тӯли 50 соли ҳаёташ гирд овардааст, ба «Махзан» кӯчонад ва «Махзан»-ро ҷузъе аз қироатхонаи Донишгоҳи миллӣ эълон бидорад. «Махзан» ягона макони фарҳангие мебошад, ки беш аз се ҳазор ҷилд маводи адабӣ ва илмии муосирро дарбар мегирад.
Домой Аз таърихи «МАХЗАНИ АДАБ»