БАРОДАРОН ГРИММ ДАР МАҲФИЛИ «ФАРҲАНГИ МАРДУМ»

295

Чанде қабл маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ баргузор гардид. Ин навбат дар маҳфил баҳс дар атрофи асфсонаҳои Бародарон Гримм сурат гирифт. Аввал Р.Раҳмонӣ дар бораи шахсияти Бародроан Гримм хонавода ва саргузашти онҳо, чи гуна ба гирдоварии устура ва афсонаҳои халқӣ машғул шудани онҳо суҳбат карданд. Устод Раҳмонӣ ба таври мухтарс дар бораи рӯзгор ва осори Бародарон Гримм нақл карда гуфтанд, ки онҳо нуҳ бародару хоҳар буда, баъзеҳо дар хурдсолӣ ва ҷавонӣ вафот кардаанд. Ин ду бародар пасопеш таваллуд шуда, бо якдигар мисли дӯстони меҳрубон будаанд. Тибқи гуфтаи устод Якоб 4-уми январи 1785 дар шаҳри Ҳанау таваллуд шуда, 20 феврали соли 1863 дар ш. Берлин вафот кардааст. Вилҳелм 24 феврали соли 1876 дар ш. Ҳанау таваллуд шуда, 16-уми декабри 1959 дар ш. Берлин вафот кардааст. Падарашон ҳуқуқшинос будааст. Онҳо бо гирдоварии лаҳҷаҳои забони олмонӣ, устураҳо, афсонаҳо, ривоятҳо машғул шудаанд. Падарш барвақт вафот мекунад. Онҳо бо ёрии холаашон мактабро хатм намуданд. Ин ду бародри тиффоқ литсеи ш.Касселро хатм карда, ҳамчун пайрави падар ба донишгоҳи ҳуқуқ дохил мешаванд ва тамом мекунанд. Вале онҳо ҳамеша бо омӯхтани забон, адабиёт, фолклори мардуми худ машғул буданд.

Ба гуфти устод Раҳмонӣ бародарон Гримм аз соли 1807 маводи зиёди устураҳо, афсонаҳо, ривоятҳо, нақлҳои олмониро гирд меоварнад. Аввалин чопи маҷмӯаи онҳо соли 1812 бо номи «Афсонаҳои хонавода ва кӯдакон» ба нашр мерасад. Ин маҷмӯа то охири умри бародарон Гримм бо иловаҳо ва бо тасвирҳои зебо борҳо чоп мешавад.

Дар маҳфили «Фарҳанги мардум» донишҷӯён Раҳима Давлатзода, Зулфия Иқболшоева, Умедҷон Маҳмадиев, Фарзона Машрабова, Оқил Ниёзбоқизода ва Сабрина Раҳматова дар бораи афсонаҳои бародарон Гримм тарҷумаи тоҷикии онҳо, мазмуни баъзе афсонаҳо ва гунаҳои тоҷикии онҳо сухан гуфтанд.

Баъдан донишҷӯён ба устод Р.Раҳмонӣ роҷеъ фаъолияти кории бародарон Гримм, давраи ҷавонии онҳо, теъдоди афсонаҳои гидовардаи бародарон Гримм, музейи онҳо, тарҷумаи тоҷикии ин афсонаҳо саволҳо доданд.

Аз баҳс дар маҳфил маълум шуд, ки бародарон Гримм дар асоси маводи зиёди лаҳҷавӣ ва забони олмонӣ китобҳои «Таърихи забони олмонӣ» (ҷ.1-2, 1848), «Грамматикаи олмонӣ» (ҷ.1-4, 1819-1837)-ро таълиф намудаанд. Вале барои онҳо «Афсонаҳои бародарон Гримм» шуҳрати ҷаҳонӣ оврад.

Ҳангоми саволу ҷавоб маълум шуд, ки ин афсонаҳо аз ҷониби Ҷ.Икромӣ, С.Ғозиева, Ф.Додохоҷаев, Б.Умарӣ, З.Воҳидов, Б.Сиддиқова, Ҳ.Неъматов, Ҷ.Шарифов, АҒафуров, Р.Раҳмонов ва дигарон ба забони тоҷиқи тарҷума ва чоп шудааст.

Баъд аз баргузории маҳфили «Фарҳанги мардум» мо донишҷӯён ба чунин хулоса омадем, ки бояд забону фарҳанги худро бештар дӯст дорем, мисли бародарон Гримм барои рушди забон, адабиёт, фолклор ва дигар расму оинҳои халқамон талош намоем.

Умедҷон Маҳмадиев, донишҷӯи курси 2, факултети филология