БОЗТОБИ МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

184

Мусаллам аст, ки ҳамасола тариқи Паём ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми дастовардҳои соли сипаришуда ёдоварӣ намуда, ба нуктаҳои муҳимтарину заъфи ҷомеа низ ишораҳои саривақтӣ менамоянд.

Аз ин фарзия Паёми имсол низ истисно набуд ва, ба андешаи инҷониб, яке аз масъалаҳои асосии матраҳшудаи онро зикри махсуси беҳдошти вазъи забон, забономӯзӣ ва фарҳангу маданияти миллии тоҷикона ташкил медод. Қобили зикри махсус аст, ки масъалаҳои зикршуда имсол аз ҷониби Сарвари давлат ба таври ниҳоят худшиносона, ифтихорбарангезона ва дурбинонаву ояндабинона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар пайи он ба як қатор вазорату идора ва кумитаҳои дахлдор супоришу вазифаҳои қатъӣ дода шуда, иҷрои саривақтии онҳо дар муҳлатҳои муайян талаб гардид.

Президенти маҳбуби кишварамон, пеш аз ҳама, ба сатҳи зиндагии кормандони қишри иҷтимоии ҷомеа дахл намуда, таъкид сохтанд, ки шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи маориф ва дигар қишрҳои буҷавии ҷомеа ба миқдори 40% зиёд карда мешавад. Ба андешаи мо, чунин ташаббуси молиявӣ дар ҳамин шабу рӯзе, ки ҷаҳонро буҳрони сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, аз ҷониби Пешвои миллат иқдоми шоиставу саривақтист. Чунин ғамхорӣ аз ҳар яки мо кормандони соҳаи маорифи мамлакат, устодону донишҷӯён масъулияти баландро тақозо намуда, бар дӯши мо вазифаҳои наву мувофиқ ба замони муосирро бор мекунад. Таваҷҷуҳи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлату ҳуқумати ҷумҳурӣ зери партави сиёсати созандаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурустро интихоб намуда, доиман дар пайи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ мебошад.

Пешвои миллат ҳамасола дар Паёми худ мавқеи забони тоҷикӣ, бузургдошту тоза нигоҳ доштани он ва омӯхтани забонҳои хориҷиро махсус таъкид менамоянд ва ҳамзамон таъкид медоранд, ки донистани забону фарҳанг рукни муҳимми худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги гузаштаи миллиамон мебошад. Мо, ки миллати соҳибтамаддун буда, дар ҳама давру замонҳо аз забону фарҳанги хеш ба таври барҷаставу шоиста пуштибонӣ намудаем, бояд имрӯз низ ин анъанаи неки ниёконамонро бо риояи беҳтарин арзишҳо дар амал татбиқ намоем. Забони тоҷикиро аз таъсиру фишори ҳар гуна фарҳангу забонҳои дигар эмин нигоҳ дошта, то тавонем онро ба гунаи сараву суфташуда ва оммафаҳму содда барои тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза муаррифӣ намоем. Мо набояд фаромӯш созем, ки забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузорӣ дарҷ гардида, дар симои давлату ҳукумат ва, пеш аз ҳама, Сарвари давлат пуштибони худро дарёфтааст. Забони тоҷикиро ҳамчун забони миллати тоҷик имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудаву онро дар қатори забонҳои дорои асолату решаҳои устувори таърихӣ дар қатори забонҳои пешрафтаи дунё раддабандӣ намудаанд. Забони тоҷикӣ имрӯз муаррифгари ҳама гуна арзишҳои миллии мо буда, мояи ифтихору сарбаландии ҳар як фарди худогоҳ мебошад. Пас, месазад, ки ин таъкидҳои Пешвои миллат барои ҳар як нафари худшиносу фарҳангдӯст ва соҳиби ин забони ширину ширадор сармашқи фаъолияти ҳаррӯза гардида, дар пайи он бояд боландагиву шукуфоӣ ва рушди бесобиқаи забони миллӣ таъмин карда шавад. Мо бояд дар мавриди ҳифзи асолати дирӯзу имрӯзи забони тоҷикӣ аз касеву чизе наҳаросем ва то тавонем мушти обдореро дар ҷавоб ба иғвову дасисаангезиҳо ба даҳони душманони фарҳангу забонамон зада бошем. Ба қавли устод Рустами Ваҳҳоб:

Аз даҳони хеш мегӯям сухан,

Эй даҳанмардум! Даҳонам тоҷикист!

Нуктаи дигари меҳварие, ки дар Паёми имсола мавриди таҳлили амиқи Сарвари давлати тоҷикон қарор гирифт, чун анъана масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аниқтараш забонҳои сатҳи муоширати байналмилалӣ (ба мисли забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра) буд. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат аз қишри ҷавони ҷомеаи имрӯза бо қаноатмандӣ даъват намуданд, ки боз ҳам забонҳои хориҷиро бештар омӯзанд, то аз фарҳанг ва таъриху тамаддуни дигар миллатҳо низ огоҳии бештар дошта бошанд. Ин василаи муҳиммест дар шинохти қавму миллатҳои дигар ҳамчун ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бардошту амалӣ намудани таҷрибаҳои хубу пешқадами онҳо ҷиҳати таъмини рушди боз ҳам бештари ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик. Аз ин ҷиҳат, забондонӣ, пеш аз ҳама, пайванд мехӯрад ба омӯзиши забону фарҳанги халқҳои дигар. Имрӯз, ки ҷомеаи мутамаддин дар асри илму технологияи пешқадам ҳаёт ба сар мебарад, ҷиҳати огоҳии комил доштан аз урфу одат ва фарҳангу маънавиёти миллатҳои дигар зарурати омӯзиши забони онҳо пеш меояд. Омили дигаре, ки ҷавонони имрӯзаро ба омӯзиши забонҳои дигар таккон медиҳад, ин додугирифти миёни кишварҳои гуногун дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Ҷавони тоҷик имрӯз хуб дарк менамояд, ки барои муваффақ шудан дар зиндагӣ ва таъмини кору фаъолияти беҳтар дар хориҷи кишвар ӯ бояд ҳатман забони хириҷиеро ҳадди ақал дар сатҳи муоширати кӯчагӣ донад. Мутаассифона, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки мушкилии надонистани забони хориҷӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами фаъолияти носолими ҷавонони имрӯза дар кишварҳое чун Русия, Британияи Кабир, Олмон, Кореяи ҷанубӣ ва дигар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ муваффақ гаштааст. Маҳз ҳамин нуқсони забониро эътибор дода, Президенти кишвар дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон ба масъалаи забономӯзии ҷавонон диққати махсус медиҳанд ва ҳатто онро дар сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии мамлакат аз роҳбарони муассисаҳои давлатӣ низ талаб менамоянд. Таъкидан зикр менамоянд, ки «роҳбар бояд ҳадди ақал як ё ду забони хориҷиро дар сатҳи лозимӣ донад ва бо он муошират карда тавонад»:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба риояи унсурҳои фарҳанги миллӣ дар Паёмҳои ҳамасолаашон ба ҳукми анъана даромада, мардуми тоҷик аз ҳар як Паём вобаста ба ин нуктаи меҳварӣ бардоштҳои тозаеро интизорӣ мекашанд. Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат ба масъалаи тозагии кӯчаву хиёбонҳо, роҳу шоҳроҳҳои шаҳру навоҳии кишвар аҳаммияти махсус дода, дар пайи он бо эҳсосот таъкид доштанд, ки ин ҳолат барои фарҳанги бою оламгири мардуми тоҷик бегона аст. Мо аз азал мардуми озодаву тозаандеш будем ва ин афзалияти миллиамонро ҳамеша ба дигар халқиятҳо низ таҳмил намудаем. Мутаассифона, тоҷике, ки ҳамеша бо фарҳанги волои худ ангуштнамои ҷаҳониён гардидааст, имрӯз одитарин қоидаҳои беҳдоштиву тозагиро дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто назди хонаву ҳавлии хеш риоя намекунад. Ҳамин аст, ки ҳангоми сафар ба манотиқи гуногуни мамлакат дар шоҳроҳҳо миқдори зиёди партовҳои пластикиву дигар ашёҳои нодаркорро мушоҳида мекунем, ки ин ҳолат аз саҳлангориву маданияти пасти бархе аз ронандагону мусофирон дарак медиҳад. Агар ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст вобаста ба ин масъалаи одӣ, вале дар навбати худ хеле муҳиму саривақтӣ диққати хосса медод, бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба қатори кишварҳои тозатарини сайёра дохил мешуд. Агар ҳар нафари мо тозагиро аз бинои истиқомативу ҳавлии худ оғоз намоем, пас, метавонем камбудии ҷойдоштаро аз миён бурда, саҳми худро дар таъмини ободии кишварамон ба таври назаррас гузорем. Пешвои миллат бо забони содаву оммафаҳм ба масъалаи зикршуда дахл намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботи мазкур давлат метавонад қонуни махсусеро ба тасвиб расонад, ки мувофиқи он вайронкунандагони қоидаҳои беҳдошту тозагии муҳити зист метавонанд дар шакли ҷарима ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба ин тариқ, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ бо он тафовут дошт, ки мазмуну муҳтавои асосии онро ифтихороти миллӣ ташкил дода, дар ин роҳ аз унсурҳои мухталифи фарҳанги миллӣ ба таври шоиставу қобили таҳсин ёдоварӣ гардид. Бо қаноатмандӣ метавон хулоса намуд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми имсола бармеоянд, ҷиҳати боз ҳам рушду тавсеа ёфтани фарҳанги миллии мардуми тоҷик бояд сармашқи асосии фаъолияти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошанд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем боз ҳам рушди босуботи кишвари азизамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба як давлати мутараққии замони муосир табдил диҳем.

Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ