ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ – МЕВАҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

194

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ китобе таҳти унвони “Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол” аз чоп баромад.

Китоби мазкур дастовардҳои илмию омӯзгорӣ, таълимию ҷамъиятии устодону кормандон ва зумрае аз хатмкунандагони факултетро дар замони Истиқлоли давлатӣ дар бар мегиранд. Китоби “Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол” зери назари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ба чоп омода гашта, аз пешгуфтор ва се бахш иборат мебошад.

#Бахши_аввал “Истиқлол-омили рушди фарҳанги миллӣ” ном гирифтааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Истиқлоли миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва баъдан ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо тавонистем пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Донишҳои адабӣ дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи басо баланду пурифтихор доранд. Маҷмуи донишҳои филологӣ, ки дар гузашта бо мафҳуми “адабиёт” ёд мешуд, давра ба давра ташаккул ёфта, ҳамзамон бо пайдо шудани шохаҳои ҷадиди маърифати адабӣ теъдоди он афзоиш меёфт. Дар асрҳои миёна бисёр китобҳои доиратулмаориф мавҷуд буданд, ки дар онҳо улуми адабӣ дар радифи дигар шохаҳои илму дониш баррасӣ шудаанд. Илми адаб ё улуми адабӣ марҳилаи муҳимми таълим ба шумор мерафт. Устод Рӯдакӣ ва Шайхурраис Ибни Сино дар ибтидои таълим аз илмҳои адаби баҳравар гардида буданд. Алоқамандони донишҳои филологӣ асосҳои дониши марбут ба улуми адабиро, қабл аз ҳама, аз фарҳангу донишномаҳо азхуд мекарданд.

Дар зинаи болотар аз он ба манбаъҳои асосӣ муроҷиат менамуданд, ки аз матнҳои манзуму мансур, девонҳо, тазкираҳо, маҷмуаҳо, баёзҳо, ҷунгҳо, сафинаҳо ва дигар маъхазҳои адабию таърихӣ иборат буданд. Дар низоми таълими мадрасаҳо ҳам ба донишҳои адабӣ таваҷҷуҳ мешуд. Донишомӯзон дар зинаи муайяни таҳсил ба таври ҳатмӣ ба омӯзиши девонҳои шоирони машҳур, ба монанди Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мирзо Абдуқодири Бедил машғул мешуданд. Гузашта аз ин, таваҷҷуҳ ба донишҳои филологӣ дар миёни мардуми тоҷик таърихи дерина дошта ва то кунун ҳам идома дорад. Дар асри бистум, замоне, ки дар Осиёи Миёна таъсиси донишгоҳҳо ба расмият даромад, аз ҷумлаи нахустин факултетҳои навтаъсиси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин факултети таъриху филология буд”. Муаллиф таъкид менамояд, ки “Ташкили факултети филология дар сохтори Донишгоҳ тақозои замон маҳсуб меёфт, зеро барои муассисаҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, матбуоту расонаҳои ахбори умум мутахассисони соҳибмаълумот хеле зарур буданд. Аз ин ҷиҳат, аз замони таъсиси Донишгоҳ то ҳол факултети филология мароҳили шуҳратёр ва пурифтихореро аз сар гузаронида, барои пешрафти маориф ва илму фарҳанг дар Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштааст”.

#Бахши_дуюм “Қадршиносии устодону кормандон дар даврони Истиқлол” унвон гирифтааст, ки дар он қаблан дар робита ба таъсиси ордену мукофотҳои давлатию соҳавӣ сухан рафта, сипас ному насаби устодону кормандоне, ки бо ордену нишонҳои гуногуни ифтихорӣ шарафёб гаштаанд, оварда шудааст. Мукофотҳои олӣ, Ордени Дӯстӣ, Ордени Шараф, Медалҳо, Хизмати шоиста, Корманди шоиста, Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ифтихорномаҳо аз ҷумлаи онҳост.

#Дар_бахши_сеюм бошад, ки “Дастовардҳои факултети филология дар замони Истиқлол” унвон гирифтааст, муҳимтарин дастовардҳо, аз қабили гирандагони “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, “Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ”, “Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ”, “Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода”, “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ”, ҳамзамон, гинадагони стипендияҳо: “Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ”, “Стипендияи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ”, “Стипендияи шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ва ғолибони олимпиадаҳо ҷой гирифтаанд. Воқеан ҳам, китоби мазкур дастовардҳои муҳимми факултети филологияро дар бар гирифта, саҳифаҳои таърихӣ ва масъалаҳои гуногуни худшиносию ватандӯстиро дар бар мегирад. Тавре муаллиф қайд менамояд: “Давлати соҳибистиқлоли мо дар омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи филология ҳамвора эътибори ҷиддӣ медиҳад ва дар як муддати кутоҳи таърихӣ чандин коллеҷҳои омӯзгорӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳои дорои равияи филологӣ ифтитоҳ шуданд, ки дар таълимкадаҳои мазкур мутахассисони соҳаи филология тайёр карда мешаванд. Замони соҳибистиқлолиро ба маънои томаш даврони эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг метавон гуфт, ки бо ному пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабти бевосита дорад.” Ҷойи дигар менигорад, ки “Баъд аз таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани шуроҳои диссертатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои филологӣ аз ҷиддитарин иқдомоти ғамхоронаи давлату ҳукумати миллӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ аст, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи соҳа комилан мусоидат намуд. Ин худ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти мамлакат ба рушди илмҳои филологӣ ҳамчун соҳаи тафаккурсози миллат ғамхориҳои пайваста менамояд.”

Инъикоси саҳифаҳои гуногуни таърихии замони Истиқлол, дарҷи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи филология, овардани асноду ҳуҷҷатҳои нодир, ба рӯйхат овардани дастовардҳои илмию омӯзгории ҳайати устодону кормандони факултет, инъикоси исми гинадагони муофоду ҷоизаҳои гуногуни давлатию соҳавӣ ва ғолибони стипендияву олимпиадаҳои гуногунисатҳ кори ниҳоят мушкил, вале, хеле мондагор аст. Метавон гуфт, ки дастовардҳои факултет меваи замони Истиқлол мебошанд.

Т.Иҳромов